JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 09 Январи 2019 07:22

Олим бояд ақли солим дошта бошад ва ё андешае чанд нисбати дастовардҳои олимони «дирӯза»

Муаллиф:

   “Ҳақиқат дар масофа дида мешавад”, мегӯяд халқ. Таърих ҷараёни дарк намудани гузаштаи инсоният аст. Аз замони таъсиси давлати мутамаркази тоҷикон - давлати Сомониён зиёда аз ҳазор сол гузашта бошад ҳам, обруву манзалати ин давлат душманонашро ором намегузорад.

  Дар давоми омӯзиши бисёрасраи таърихи Сомониён олимеро дучор шудан душвор аст, ки ба давлати тоҷикон будани он шубҳа карда бошад. Ин ҳақиқати бебаҳс аст, ки маҳз дар замони Сомониён ҷараёни ташаккули забони адабии имрӯзаи халқи тоҷик ба охир расида, ин раванд ба рушди бемисли илму фарҳанги тоҷикон дар он замон мусоидат намуд.

  Бояд зикр намуд, ки дар ҷараёни тулонии омӯзиши таърихи замони Сомониён “профессорҳое” (мисли Ш. Камолиддин ) пайдо мешаванд, ки рӯҳияи носолим дошта, бо ҳар роҳ мехоҳанд ба худ таваҷҷуҳи атрофиёнро ҷалб намоянд.

   Дар чунин ҳолатҳо саволе ба миён меояд, ки месазад, ки вақти қиммати хешро зоеъ намуда, ба баҳсҳои бепояи чунин “профессорҳо”, ки   ба занони сабукпо шабоҳат доранд, ҷавоб гуем?

  Мо итминони комил дорем, ки он баҳсу мунозирае, ки миёни олимони таърихшиноси Тоҷикистону Узбекистон мавҷуд буданд, пас аз сафарҳои таърихии сарони ду давлати ҳамсоя – Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон ва имзои шартномаи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон аз байн рафта, имконияти фаровон баҳри таҳқиқи таърихи гузаштаи ду халқ дар асоси объективияти таърихӣ, дар асоси эҳтиром гузоштан ба таъриху фарҳанги ҳамдигар ва ҳамзистии осоишта ба миён омад.

   Аз тарафи дигар, бояд ба назар гирифт, ки чунин “профессор”-ҳо дар муддати зиёда аз 27 сол хизматгори режим буданд. Дар ин давра онҳо асару мақолаҳое ба нашр расониданд, ки тобиши сиёсӣ ва фармоишӣ дошта ба сиёсати ҳамон замон тавъам карда шуда буданд. Онҳо имрӯз низ кушиш мекунанд, ки барои “асарҳояшон” бозор ёбанд. Онҳо олимони рӯзи гузашта ҳастанд.

  Ҷавоби қотеъ ба чунин “олимон” кайҳо аз ҷониби олимони эътирофшудаи дунё – академикҳо Б. Ғафуров ва Н. Неъматов дода шудаст ва ҳоҷат ба такрор нест. Асарҳои олимони ҳақиқии Тоҷикистону Узбекистон низ ин ҳарзаҳоро рад мекунанд.

Зикриё Акрами

Хондан 1697 маротиба