JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

Ҷумъа, 15 Марти 2019 09:33

Шеъри рӯз: Шаҳри гулҳо

 Шаҳри мо аз гулрухон мисли гулистоне бувад,

Аз  лаби  хандонашон  боғи  шукуфоне  бувад.

 Миллати Озарбойҷон ба монанди тоҷикон решаҳои куҳан ва таърихи қадима дорад.

Дар асри X-и пеш аз  мелод дар ҳудуди давлати Озарбойҷони кунунӣ  заминаҳои бунёди аввалин  давлатҳои қудратманди он замон, ба монанди Мания ва Модияро дар саҳифоти таърих сабти ном кардаанд, ки таҳти тасарруфи онҳо дар тӯли зиёда аз  300 сол миллат ва халқиятҳои зиёд умр ба сар бурда, барои ташаккулёбии хеш  шароити мусоид фароҳам  оварда буданд.[1]

Таърих гувоҳ аст, ки он замон бо назардошти бо суръат пайдошавии давлатҳои зиёди ғуломдорӣ, набардҳои шадид бо мақсади ҳарчӣ бештар васеъ намудани ҳудуди давлати худ ба мушоҳида мерасад.

Дар ин замина,  дар асри VII-и пеш аз  мелод давлати Мидҳо,  баъд аз  задухӯрдҳои шадид зери тасарруфи форсҳо афтода, бо амри шоҳ  номи Атропатро гирифт.

Панҷшанбе, 14 Марти 2019 06:26

Шеъри рӯз: Дар зери борон

Ҳар гаҳе пироҳанат дар зери борон тар шавад,

Тарҳи андоми  қашанги  ту  намоёнтар шавад.  

(Дар арафаи соли нав духтари ношиносе ба воситаи телефон ба ман изҳори ишқ намуд...)

Дар хазони ишқ пайғоми баҳорам додааст,

Дар шаби ялдо нишоне аз наҳорам додааст.

Гуфтугӯе доштам бо ҳотифе аз аҳли қудс,

Аз ҷаҳони нуриён бонги шиорам додааст.

Китобҳо