JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

  Бидуни тардид, Наврӯз ба унвони рӯзи офариниши ҷаҳон, растохези табиат ва нуқтаи эътидоли баҳорӣ ё баробаршавии шабу рӯз дар ҳаёти мардуми ориёӣ, махсусан эронитабор ба сароғози хуҷастаи таърихие пайваст мебошад. Зеро Наврӯз яке аз куҳантарин боварҳои ақвоми эронӣ аст, ки фалсафаи зуҳури он ба бисёре аз қавмҳои дуру наздик нуфуз кардааст. Ба унвони яке аз ҷашнҳои байналмилалӣ дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид тасвиб гардидани ин рӯз гувоҳ бар он аст, ки доманаи ҳузури ҷашни Наврӯз дар миёни бисёре аз халқияту милали ҷаҳон тӯли асрҳои зиёде густариш доштааст.

  Кометаҳо ҷирмҳои аҷоиби кайҳонӣ буда, баъзан қариб тамоми осмони ситоразорро фаро мегиранд ва аз азал диққати инсониятро ба худ ҷалб кардаанд. Зеро онҳо дар назар баъзан мисли сари мӯйи дарози парешондоштаро мемонанд. Кометаҳо ба гурӯҳи ҷирмҳои хурди осмонӣ дохил мешаванд, ки ба ин қатор ба ғайр аз онҳо астероидҳо, метеороид, болидҳо ва абру ғубори байнисайёравӣ низ шомиланд. Кометаҳо гарчанде аз рӯйи ҳаракати худ дар атрофи Офтоб ба астероид шабоҳат дошта бошанд ҳам, зоҳиран аз астероидҳо фарқ менамоянд. Агар астероидҳо шаъшааи Офтобро инъикос намоянд, кометаҳо ин шуоъро фаъолона дар ҳудудҳои ба худ хос тайф (спектр) паҳн мекунанд. Ҳарчанд қутри (диаметр) ҳастаи (ядро) онҳо аз як то даҳҳо километр зиёд нест, вале ин аҳвол имкон медиҳад, ки кометаҳоро бо чашми одӣ бубинем.

   Ҳамасола дар арафаи таҷлили Рӯзи занону модарон мо, мардон ба худ иҷоза медиҳем, ки роҷеъ ба шахсият ва ҳувияти занону бонувон мунсифона қазоват намоем ва ҷойгоҳи онҳоро дар низоми зиндагии иҷтимоӣ, фикрӣ, ахлоқӣ, сиёсӣ ва маданӣ мушаххас созем. Ба ин маъно, агар асли зан, ки дар зиндагибахшӣ, муҳаббатсозӣ, меҳрварзӣ, вафопешагӣ ва бурдборӣ  ғунҷоиш меёбад, намебуд, ҷаҳону ҳастӣ, аслан қобили таҳаммулу зист намебуд, чунки ваҳшату даҳшат онро фарогир мешуд ва зиндагӣ бемаънӣ ва беҳадаф мегардид. Чун зан бо асли худ – зиндагипарастӣ ва меҳрварзӣ ба ҷаҳону ҳастии бемаънӣ ва беҳадаф ворид гардид, онро, бидуни тардид, тағйир ва бар манфиати башар тарҷеҳ дод. Ин аст, ки зан бо зиндагӣ созгор шуд ва васл (якҷо кардан, пайванд додан)-ро дар муқобили фасл (ҷудо ва пора кардан) ба майдони талошҳо ва гирудорҳо овард. Васле, ки аз асл реша мегирад, инсонсоз ва ҳувиятшинос аст ва он, қабл аз ҳама, ба фитрат, фикрат, малоҳат, муҳаббат, латофат, самимият, шарофат, наҷобат, балоғат, фазилат, матонат, ҷасорат ва инсонияти зан бастагӣ дорад. Сифоти мазкур, ки ҳар як дар мавқеъ ва ҷойи худ чида шудаанд, дар маҷмӯъ, комплекси ҳаста ё ядрои зиндагӣ – Занро таҷассум мекунанд. Ба ин маънӣ:

Чоршанбе, 02 Марти 2022 05:33

Паёми омӯзанда

Муаллиф:

   Дар Паёми имсола аз аввал то охир бо таҳлил мантиқӣ, соҳа ба соҳа «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» изҳори назар шуд. Пешвои миллат дар оғози Паём ишора бар он намуданд, ки соли 2021 низ ба мисли ҳазорон солҳои пешин баъди чанд рӯзи ба шумор ба таърих мепайвандад. Тибқи фармудаи файласуфонаи Пешвои миллат ин чунин маънӣ дорад, ки башарият ана ҳамин тавр ҳазорон-ҳазорон солро тай карда ба ин марҳалаи нави таърихӣ расидааст, ки барои ҳамин умри азизи худро ғанимат шумурда, барои ободии миллат ва кишвар хидмат бояд кард.

Китобҳо