Аз рӯи одат ҳар саҳар як бор бозорро давр мезад. Донистан мехост, ки оё растаҳои холӣ аз меваю сабзавот пур шудаанд ё не. Баъди он ки бинои як вақтҳо касногузару касмабини ҳукумат аз ҷониби дастаҳои мухталифи мусаллаҳ зуд–зуд аз даст ба даст мегузаштагӣ шуд, бозор ҳам камодаму камчиз гардид. Дар ҳар шаҳр чанд ҷои муҳим ҳаст, ки аз зиндаву подор будани зиндагӣ гувоҳӣ медиҳад. Вақте ки фурудгоҳу вокзал ва бозор камодам шуд, пайдост, ки зиндагӣ дар ҷои худ таваққуф кардааст ва ё рӯ ба завол ниҳодааст.
Шаҳрҳои Берлингтон ва Мюнхен ду марказҳои маъмурие мебошанд, ки дар ду қитъаи тараққикардаи сайёра (Амрико ва Аврупо) ва дар ду кишвари пешрафтаи олам (ИМА ва Олмон) воқеъ гардидаанд.
Берлингтон - маркази округи Читтенден ва калонтарин шаҳр дар иёлоти Вермонт (ИМА) буда, соли 1785 бунёд ёфтааст. Шаҳр дар соҳили шарқии кӯли Шамплейн воқеъ гардида, аз тарафи шарқ бо кӯҳҳои сабзпӯш иҳота шудааст ва аҳолии он ба 42 282 нафар мерасад.
Вақтҳои охир, мутаассифона дар воситаҳои ахбори оммаи баъзе кишварҳо оид ба гӯё маҳдуд гардидани озодиҳои динии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаҳои ғаразнок ба нашр мерасанд, ки асоси воқеӣ надоранд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта ба бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд оғоз намуда, таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро дар сархати ин сиёсат қарор додааст. Роҷеъ ба ин мавзуъ андешаҳои устоди ДМТ Номвар ҚУРБОНОВро ба таваҷҷуҳи хонандагон пешкаш менамоем.
Андар масири илм чу ту устувор нест!
(шодбошии ҳайати кормандони Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи илмҳои ҶТ)
Устоди гиромӣ, Фарҳод Раҳимӣ!