JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

    Имрӯз зодрӯзи донишманди шинохта ва омӯзгори варзидаи тоҷик устод Нозим Нурзода аст. Тӯли солҳои ҳамкорӣ бо Устод ба мо муяссар гашт, ки бо ин шахсияти воқеан ҳам милливу инсондӯст аз наздик ошно шавем. Нозим Нурзода бо доштани дониши васеъ муносибати баланди инсониро доро мебошад. Ҳамчун олим бениҳоят сахткӯш буда, ҳамеша пӯёву ҷӯёст. Ҳамчун раҳбар ҳеҷ гоҳ худро аз ҳамкорон боло намедонад ва бо ҳама муносибати самимонаи инсонӣ дорад. Ҳамчун дӯст ҳамеша барои дастгириву кумак омода буда садоқатпеша аст. Ин хислатҳои накӯи Устод омили обрӯи рӯзафзуни ӯ дар назди дӯстону ҳамкорон гардидааст.

Душанбе, 13 Июли 2020 09:24

Рози шод зистан (2)

   Намунаи “Ман ҳамеша ҷо мемонам”. Маънояш ин аст, ки мо ҳамеша, чи дар мавқеи тавлид, чи дар шурӯъи мадраса, чи дар тиҷорат ва чи дар рафтан ба таътилот ё хеле дер мерасем ва ё хеле зуд. Ҳамеша дар вақти нодуруст дар ҷои дуруст будан. Ҳамчунин истеъдоди хуб ва муаллими бад доштан ё муаллими хуб ва истеъдоди бад доштан ва ё фоқиди ҳарду будан (надоштани ҳарду).

Чоршанбе, 08 Июли 2020 07:54

Ваҳдати миллӣ – асоси рушди илм

  Ҳар як фарде, ки бо нигоҳи нек ва кўшишу ғайрати намунавӣ бо омўзиши илму ҳунар машғул аст, оғоз аз азхудкунии фаннҳои таълимӣ ва ҳосил намудани ҷаҳонбинии базавии илмӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, баъдан бо ҷустуҷўи донишҳои нав дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва ниҳоят дар роҳи пажуҳиши беканори илмӣ дар таҳқиқотҳои оянда – табиатан ҳифзкунандаи сулҳу субот мебошад. Зеро муҳите, ки дар он шахси босавод ва боҳунару бофарҳанг арзи вуҷуд ва рушд карда метавонад – танҳо фазои сулҳу оромӣ аст. Табиати олим ва ҳунарманди ҳақиқӣ ба равандҳои неку бомаром ва машварати илмӣ ба монанде, ки инсон бе обу ҳаво наметавонад, ниёз дорад. Рушди системавии илму ҳунар танҳо дар фазои солими сулҳу оромӣ имконпазир аст, ки дар сохторҳои беғубори он ходимони фидоии илм фаъолияти зеҳниро барои ҳалли масъалаҳо ва кушодани асрори олами воқеӣ сарҷамъ намуда, дар машварату баҳсҳои илмӣ паҳлўҳои мухталифи таҳқиқотҳоро боз ҳам саҳеҳтару дақиқ менамоянд.

 «Ба Академияи илмҳо зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо олимони кишварҳои дигар дар самти пайомадҳои тағйирёбии иқлим таҳқиқоту омӯзиш гузаронида, дастовардҳои кишварро дар ин самт ҳамаҷониба муаррифӣ намояд

Эмомалӣ Раҳмон

 Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст баъд аз ба даст овардани истиқлолияти миллӣ тоҷиконро душманони он ба ҷанги бародаркуш оварданд. Агар ваҳдати миллии тоҷикон намебуд мо ба вартаи ҳалокат дучор мегардидем. Ин ваҳдат бузургтарин ва тақдирсозтарин ва арзандатарин дастоварди бузурги халқи тоҷик буд, ки он маҳз бо кӯшишу талошҳо ва ҷонбозиҳои қаҳрамононаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амал татбиқ шуд. Феълан дар минтақаҳои гуногуни олам ҷанги шаҳрванди давом дорад ва месазад, ки  ин таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар ин кишварҳо барои ба даст овардани сулҳи бардавом тадбиқ шуда, мавриди омӯзиши дигар кишварҳо гардад. Зиёда аз чоряк аср тоҷикон дар фазои сулҳи бардавом, боварӣ ба ояндаи дурахшон умр ба сар мебаранд, ҳар яке дар ҷои кори худ фаъолияти пурсамари хешро давом дода шукрона аз истиқлолият, шукрона аз ваҳдати пойдори миллати куҳанбунёди худ мекунанд. Бигузор ин ваҳдат абадӣ бошад.