JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

  Шеър, қабл аз ҳама, ба ангезиш додани зеҳн, эҳсосу авотиф, такон додани ҷомеа ва бад-ин васила бедор кардани равони хоболуди инсонӣ сари кор мегирад. Шоир ҳама умр талош мекунад, ки ба воситаи шеър ҷомеаро бедору ҳушёр намояд ва ба роҳи худҷӯшӣ ва худсозӣ ҳидоят кунад. Дар ин масири мушкилписанд шоир чашми худро мебандад, то чашми дигарон боз шавад.

 

 Аз бозе ки инсон худро дар баробари ҳастӣ ва мушкилоти рӯзмарраи зиндагӣ шинохт, бо фарҳанг сари кор гирифт ва онро ба сифати ҳастаи муносибатҳо ва меъёри шинохти табиат, ҷамъият ва кайҳон пазируфт. Зимнан, агар инсон дар муҳити биологӣ ба арсаи вуҷуд қадам ниҳода бошад, бо фарҳанг ба фазои сохтану офариш ворид гардид ва олами пешорӯйи худро аз нав тавлиду бозсозӣ кард. Бар ин мазмун, фарҳанг маҷмӯаи дастовардҳои моддию маънавии инсон дар тӯли таърих аст ва раванди таъсироти мақсаднок ва ҳадафманди инсон ва ҷомеаи инсониро ба табиат дар идомати ҳастӣ талаққӣ мекунад. Аз ин ҷост, ки комплекси илму донишҳо, бинишу ҷаҳонфаҳмиҳо, фаросату фазилатҳо, ибтикороту ташаббусҳо ва иқдомоту роҳкорҳои инсонӣ, ки бар таҳаввулоту тараққиёт сабаб мегарданд, фарҳанг номида мешаванд.

  Соли дуюм аст, ки дар макотиби олӣ фанни нави таълимӣ бо номи «Диншиносӣ» ва дар мактабҳои миёна он чун предмети «Таърихи дин» ҷорӣ ва омӯзонида мешавад. Маврид ба зикр аст, ки ба вуҷуди доштани мухолифони зиёд дар зарурати таълими ин фан он яке аз соҳаҳои бисёр муҳими илмҳои ҷомеашиносиву гуманитарӣ ва фалсафӣ ба шумор рафта, дар низоми маорифи аксари давлатҳои дунё, аз он ҷумла низомҳои маорифи дунявӣ яке аз фанҳои калидӣ ба ҳисоб меравад. Зеро дин ҳамчун падидаи ҷамъиятию таърихӣ ва унсури фарҳанг дар шаклгирии дигар соҳаҳои ҳаёти маънавӣ, меъёрҳои ахлоқӣ ва ҷаҳонбинии инсонҳо нақши муайян дошта, омӯзиши як қатор фанҳо аз қабили адабиёт, таърих, забоншиносӣ, мардумшиносӣ, ҷомеашиносӣ, маданиятшиносӣ, инсоншиносӣ ва дигар илмҳо, ки бо таълимоту тасаввуротҳои динӣ рӯи баъзе масъалаҳо робита доранд,  бидуни шинохту маърифати воқеии илмӣ дар бораи дин,  мушкил хоҳад буд.

  Дар дигар мавридҳо ноогоҳии моҳият ва хусусияти символикии забони дин  ифодаҳои диниро, ки дар тафаккури оммавии шаҳрвандон ҷойгоҳи муайян доранд, мутлақ гардонида фазои илму дониши воқеиро, ки абзори аслии инкишофи ҷомеа мебошанд, маҳдуд ва бар зарари он меоварад. Инчунин, тайи солҳои охир дар ҳаёти иҷтимоӣ фаъолшавии омили динӣ ва ба таври сунъӣ сиёсисозии дин, ҳамчунин дар ин росто аз эътиқоди динии шаҳрвандон барои манфиатҳои гурӯҳиву шахсии худ суъистифода намудани равияву гурӯҳҳои мухталиф ҷомеаро нигарон ва зарурати омӯзиши воқеии илмии динро чун падидаи ҷамъиятию таърихӣ пеш овардааст. Аз рӯи ин заруратҳо диншиносӣ кайҳо боз на танҳо дар кишварҳои Аврупо, инчунин дар ҳамсоякишварҳои мо низ ба мисли Қазоқистон, Россия, Озорбойҷон, Қирғизистон ва ғайраҳо дар макотиби миёнаву олӣ омӯзонида мешавад. Аз ин нигоҳ ҷорӣ намудани фанни диншиносӣ дар ҷумҳурии мо низ зарурияти воқеии ҷомеаи имрӯза буда, дар низоми таълими маорифи муосири кишвар он ҳадафҳои муайян, вазифа ва мақсади лозимаро дар пай дорад.

  Мутаасифона, надоштани таҷрибаи пешинаи таълими ин предмет, норавшании соҳаҳои он, набудани мутахассисони соҳавӣ ва чанде проблемаҳои методологии омӯзишаш иҷрои ин вазифаҳоро мушкил ва онро аз доираи ҳадафу вазифаҳояш метавонад берун барад. Дар сурати набудани низому методологияи муайян омӯзиши ин фан метавонад баръакс ба костагии ҷаҳонбинии илмӣ ва мазҳабишавии фазои илмию таълимӣ оварда расонад. Ҳадди ақал таҷрибаи ду соли таълими берабту бенизоми ин фан ба ин фикрҳо далолат мекунад. Бо назардошти ин гуфтаҳо ва хадафи ислоҳи онҳо чанде мулоҳизаҳои худро сари ин масъала дар ин ҷо баён карданием.

  Аввалан, дар барномаи таълимии ин ё он соли таҳсил ворид намудани фанни диншиносӣ ҳатман бояд сатҳи омодагии дониши фалсафии донишҷӯён дар макотиби олӣ ба назар бояд гирифта шавад. Зеро диншиносӣ дар макотиби олӣ чун ҷузъе аз донишҳои фалсафӣ ва бо методологияи фалсафӣ бояд омӯзонида шавад, дар сурати ғайр он ба сӯи ҳамон илоҳиёт ва диникунонии ҷомеа меравад. Вале мутаасифона мебинем, ки ин фан дар аксари донишгоҳҳои  мо имрӯз дар курсҳои аввал ва ё курси дуюм, ки дарси  фалсафа ва дигар донишҳои фалсафиро нахондаанд, ба мафҳуму категорияҳои онҳо ошно нестанд, заминаи баррасии илмии онро надоранд ва хусусияту фарқи забони фалсафиву диниро ҳанӯз намедонанд, ҷорӣ шудааст, ки хеле ҳайратовар  мебошад. Донишҷӯи соли аввал дар ҳеҷ сурат наметавонад ба фаҳмиши фалсафаи дин, ки ҳадаф дар макотиби олӣ ҳам таълими он аст, сарфаҳм биравад. Диншиносӣ ҳадди аққал бояд дар курсҳои сеюм ва ё чорум баъди супоридани имтиҳони давлатӣ аз фанни фалсафа, ахлоқ ва дигарҳо дар асоси аппарати категориалии илмияш омӯзонидаву таълим дода шавад. Намешавад ҳангоми сохтани бино зербинову табақаи аввалашро насохта, ба сохтани табақаи болоию болопӯшаш гузарем, ки ҳеҷ мазмун  ва самарро нахоҳад дошт. Тасаввур бикунед, ки ҳангоми баррасии мавзӯи « Хусусият ва сохтори шуури динӣ», ки аз масъалаҳои ҷавҳарӣ ва аслии диншиносӣ буда, хатти байни тафаккури фалсафӣ ва диниро аз ҳам ҷудо месозд, донишҷӯ, ки то ҳанӯз масъалаи асосии фалсафа- робитаи шуур ва ҳастиро аз худ накардааст, ба ин гуна мавзӯъ чӣ тавр сарфаҳм меравад? Масъалаи заминаҳои иҷтимоию маънавии пайдоиши адёни гуногун, низ аз ҳамин гуна масоили мураккаб аст, ки бе дониши заминавӣ аз худ намудани онҳо ғайриимкон аст. Дар ин гунна сурат он чи дар мо мегузарад, матали тоҷикии «хоҷа боғ дорӣ, бале дорам» -ро ба ёд меорад, ки маънояш аз сари худ соқит намудани масъала  аст.

  Дар иддае аз донишгоҳҳо бошад, ин фанро шомили кафедраҳои таърих ва ё филология намудаанд, ки дар ҳеҷ сурат қобили қабул нест. Мушкилоти дигари таълими он набудани мутахассисони касбӣ мебошад, ки устодони дигар тахассусҳо аз ҷумла таъриху забону илмҳои дигар онро меомӯзонанд ва дар бисёрии донишгоҳҳо ассистентҳо ба таълими он ҷалб  мешаванд. Ин мутахассисон на ин, ки имтиҳони илми диншиносӣ насупоридаанд, балки курсҳои омодашавии ин фанро низ нагузаштаанд ва худашон дар сари фаҳмиши ин фан душворӣ мекашанд. Дар ин баробар набудани адабиёту китобҳои дарсӣ  ва ҳамчунин  барномаҳои таълимии ягона мушкилоти онҳоро дучандон  мекунад.  Мушоҳида мешавад, ки  дарсҳои лексионӣ  ва амалӣ аз рӯи барнома ва мавзӯъоти мухталиф ҷараён  мегиранд, байни онҳо ҳамоҳангии мавзӯиву мантиқӣ нест, ки дар ин сурат донишҷӯ ба моҳияти мавзӯъ умуман сарфаҳм намеравад  ва фанни диншиносиро аз соҳаи донишҳои динӣ фарқ карда наметавонад.

  Дар раванди роҳандозии таълими ин фан сараввал бисёр муҳим аст, то ҳам барои омӯзгор ва ҳам барои толибилм равшан бошад, ки диншиносиро аз донишҳои бо ном «илмҳои динӣ»  фарқ бояд кард. Зеро ба гурӯҳи «илмҳои динӣ» баъзе донишҳои соф дохилидинӣ аз қабили   илоҳиётшиносӣ, фиқҳ, таълими ақида ва чанде дигар маърифатҳое дохиланд, ки матлаби онҳо аз таблиғ ва асосноккунии  асли эътиқоди ягон дини муайян, яъне ақида иборат мебошад. Онҳо ҳадафи ташаккулдиҳии ҷаҳонбинии диниву эътиқодиро доранд. Дар чунин омӯзаҳо тахлил, таҳқиқ ва баррасӣ нест, аввал эътиқод аст, баъд омӯзиш. Таълими ин гуна соҳаҳо метавонад фақат дар муассисаҳои хусусияти динидошта роҳандозӣ шавад.

  Аммо диншиносӣ ин таълими ақида ё тарғиби он нест. Он ҷаҳонбинии илмӣ аст, динро ҳамчун соҳа ва предмети омӯзиш мавриди таҳқиқ қарор медиҳад. Онро аз мавқеи илм чун хориқаи ҷамъиятиву таърихӣ дар робита бо заминаҳои пайдоишу инкишоф ва таҳаввулаш, чун талаботи маънавии инсон объекти омӯзиш мегузорад. Дар ин самт он аз таълимоти атеизм низ фарқ  мекунад, зеро атеизм чун идеологияи муқобил динро аз мавқеи инкорӣ бо ҳадафи  берунсозӣ аз ҷомеа ва аз мафкураи инсонҳо арзёбӣ  мекунад. Диншиносӣ бо фарқ аз он динҳои мухталифро дар баробарӣ чун талаботи маънавии ҷомеа, бар пояи усули муқоисавӣ, ҳамчун унсури маданияти халқиятҳои гуногун, дар асоси  принсипи озодии виҷдон бо ҳадафи эҷоди таҳаммулпазирии динӣ, гуманизатсияи ҷамъият ва ҳамзистии мафкураву ғояҳои мухталиф чун  кори хусусии ҳар як фард  меомӯзад. Ҳадафи он баръакси атеизм на инкориву илҳодӣ, балки омӯзиши ҳаматарафаи паҳлуҳои дин, бо роҳи созандагӣ равона намудани он ва пешгирӣ аз ҷиҳатҳои манфиву харобиовар мебошад.

  Ҳамин тариқ, диншиносӣ предмет ва объекти муайяни омӯзиш дошта, инчунин методологияи таҳқиқотӣ-таълимӣ ва сохтори категориалии худро дорад, ки ҳам аз теология ва ҳам аз атеизм фарқ мекунад.

  Чунончи қайд кардем, он дар баробари дигар илмҳои фалсафӣ ба мисли ҷомеашиносӣ, мардумшиносӣ, фарҳангшиносӣ, сиёсатшиносӣ, инсоншиносӣ ва ғайраҳо дар Аврупо ва ҳатто  аз ин илмҳо ҳам  пештар дар миёнаҳои асри ХIХ пайдо шуда, чун фанни  мустақилу алоҳида бевосита ба омӯзиши таҳлилию муқоисавии динҳои гуногун, ошкор намудани қонуниятҳои объективии пайдоиш ва такомули онҳо, падидаҳои ифротиву иртиҷоии динӣ, сабабу пешгирии онҳо,  чигунагии шеваҳои онҳо ва ғайраҳо машғул мебошад. Аввалин бор мафҳуми диншиносиро бо маънои дақиқи дониши илмӣ дар бораи дин мардумшиноси бритониёӣ Макс Мюллер ба кор бурдааст. Нахустин кафедраҳо ва марказҳои диншиносӣ дар Женева, Париж, Бонн, Копенгаген, Вена ва дигар шаҳрҳои Аврупо пайдо шуда, оҳиста-оҳиста дар ҳама донишгоҳҳову марказҳои илмӣ ташкилу густариш ёфтаанд. Диншиносӣ  на танҳо дар донишгоҳҳо омӯхта мешавад, балки  имрӯз кафедраҳо ва марказҳои  мухталифи он  қариб  дар  тамоми  кишварҳо аз он ҷумла дар Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон ва дигар давлатҳо фаъолият доранд.

  Дар китоби «Диншиносӣ дар  кишварҳои пасошӯравӣ», ки соли 2011 дар Институти шарқшиносии Маскав ба чоп расидааст, қайд мешавад, ки маҳз дастовардҳои илми диншиносӣ ва таълими он барои кишвари сермиллату гуногунмазҳаби  Россия  имкон фароҳам овардааст, ки  равандҳои иҷтимоӣ пешгӯӣ карда шуда, мушкилотҳои минтақавӣ ва муносибатҳои байни халқияту қавмиятҳои гуногун ба таври дурусту самарабахш роҳандозӣ карда шаванд. Инчунин он имкон доааст, то  ҳадди муайяне пеши ифротгароии динӣ гирифта шавад.

Дар ин ҷо қайд намудан лозим аст, ки гарчи диншиносӣ ҳамчун илми мустақил дар асри ХIХ дар Аврупо ташаккул ёфта бошад ҳам, вале масоили зиёди он дар дохили илмҳои дигар аз қабили таърих, фалсафа, фарҳанг ва дигар илмҳо дар асрҳои пешин ҳам омӯхта мешуданд, ки дар фарҳанги кишварҳои Шарқ ва аз он ҷумла тоҷикон низ таърихи қадима дорад. Барои мисол асарҳои Ибни Сино, Берунӣ ва дигаронро, ки ба омӯзиши илмии паҳлуҳои гуногуни адён бахшида шудаанд, мисол овардан мумкин аст. Абӯрайҳони Берунӣ  бошад, дар асараш «Осор-ул-боқия» қисмати алоҳидаеро чун ойиншиносӣ, ки онро метавон диншиносӣ номид, унвонгузорӣ намудааст. Ин олими ҷаҳонӣ дар ин асараш дар баробари овардани маълумотҳои соф илмӣ оид ба парастишҳову эътиқодҳои динии ҳаррониён, калдониён, собеиён, зардуштиён, буддоиён, монавиён, маздакиён, масеҳиён ва ғайра инчунин маълумотҳои нодиреро дар мавриди сабаби паҳншавиву гуногунрангии ин бовариҳо, тақвимҳои онҳо, маросиму идҳо, расму одатҳо, ҷашну анъанаҳои онҳо овардааст, ки бо гузашти чандин сол аҳамияти худро гум накардаанд.

 Дар кишвари мо низ дар замони истиқлолият ҷиҳати омӯхтани дин ҳамчун як рукни фарҳанги мардум ва бо унсурҳои милливу асосҳои давлати дунявӣ  наздик сохтани он тадбирҳои зиёде  дида мешаванд ва омӯзиши онҳо таъкид карда мешавад. Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як  вохӯрияш бо аҳли ҷамоатчигии кишвар ин нуктаро ёдовар шуда иброз дошта буд, ки: «Давлат ба дин ҳамчун як рукни асосии фарҳанги миллӣ муносибат карда, онро натанҳо аз ҳаёти иҷтимоии шаҳрвандони худ дур насохтааст, балки дар бахшҳои фарҳангӣ, маънавию ахлоқӣ ва иҷтимоӣ бо созмону иттиҳодияҳои динӣ ҳамкории наздиқ дорад ва ин яке аз хусусиятҳои асосии модели давлати дунявии мо мебошад… Аз ин лиҳоз, марказҳои ҷомеашиносии мактабҳои олӣ ва ҳамаи олимону донишмандони соҳаро зарур аст, ки корҳои таҳқиқотиро дар ин самт вусъат бахшида, ба аҳли ҷомеа асарҳои таҳлилии илмӣ пешниҳод намоянд».

  Аз ин рӯ, ҷорӣ намудани фанни диншиносӣ дар мактабҳои олӣ ва фанни таърихи дин дар макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ  амри зарурӣ буда, лозим аст, ки ҷиҳати ба мақсади воқеӣ расидани он амалҳои зеринро ба анҷом расонем.

Аввалан, мутахассисони ҳирфавии соҳа омода  ва ё аз дигар соҳаҳо бозомӯзонида шаванд, то ин фанро бо методологияи илмӣ ва услуби худаш таълим диҳанд. Дуюм, таълими ин фан дар макотиби олӣ ҳатман бояд баъди фанҳои фалсафа, этика, эстетика ва дигар донишҳои фалсафӣ дар курсҳои сеюм ва ё чорум  ҷорӣ карда шавад,  вагарна он ягон самара ва натиҷа нахоҳад дошт. Сеюм, барномаҳои  ягонаи таълимӣ, адабиёту воситаҳои дарсӣ ва саволномаву  маводи иловагии  таълими он омода шуда, онҳо бар асоси фарҳангу таърихи гузаштаи мо таҳия ва омӯзонида шаванд. Фақат дар ҳамин сурат таълими фанни диншиносӣ самарабахш буда, ниёзҳои ҷомеаи имрӯзинаамонро дар бар мегирад ва бо манфиатҳои миллию давлатиамон тавъам меафтад.

                                                     

Ғаффор Мирзоев,

номзади илми фалсафа, мудири Шуъбаи 

                                                     масъалаҳои фалсафии дини Институти  

                                                      фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИ ҶТ

Бознашр аз Рӯзномаи “Омӯзгор”, №15,  12.04.2018

Душанбе, 23 Апрели 2018 04:37

Адабиёт ва шахсият

  Адабиёт ҳамчун шакли шуури иҷтимоӣ ва як навъ ҳунар аз бомдоди зиндагии башарӣ  одамиро ҳамқадам буда, ниёзҳои дарунӣ ё ба истилоҳ маънавии инсониятро дар тӯли таърих бароварда сохтааст ва ин раванд то имрӯз идома дорад. Ҳадаф аз адабиёт адабиёти бадеӣ аст, ки тавассути ду қолаби адабиётсоз – назму наср маърифати адабӣ-бадеиро дар низоми зиндагӣ меофарад ва таъмину танзим мекунад. Худовандони олами адабиёт шоирону нависандагонанд, ки дар маҷмӯъ, дар мафҳуми адиб шинохта шуда, барои ҷомеа фазо, муҳит ва масири адабӣ-бадеӣ сохта, ба василаи осори бадеӣ бурду бохтҳои зиндагии инсониро ба риштаи тасвири бадеӣ мекашанд ва саранҷом завқи бадеӣ-эстетикии хонандаро бедор, тақвият, таҳким ва таҳрик медиҳанд.