JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

  Ду ҷуфт кафши чӯбӣ, як айнак, ду косаи чӯбӣ, як соати кисагӣ, як қошуқи чӯбӣ, як намакдон, Китоби муқаддас ва як камарбанди сода боигарии шахсе буд, ки императори Биритониёи кабирро бо он ҳама шукӯҳу шавкаташ, ба зону шинонд, то истиқлоли мардуми Ҳиндустонро ба расмият бишносад. Равиши муборизаи бидуни зуроварии ӯ, ки тавонист миллате бузургро аз зери юғи истеъмори бегонагон берун биовард, барои ҳама ҷаҳониён улгу шуд.

   Одамушшуаро Абуабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад Рӯдакӣ (858-941) на танҳо маъруфтарин сухансарои рӯзгори давлати сомонӣ, балки аз бузургтарин устодони забону адаби мо барои ҳамаи давру замонҳост, ки то ба имрӯз сурудаҳои ширину шево ва ҷаззобу дилкашаш вирди забони мардуми мо ва дигар форсизабонони ҷаҳон қарор гирифтаанд. Ин ҳақиқат, ки «султони шоирони ҷаҳон», «соҳибқирони шоирӣ» ва «падари шеъри форсӣ» устод Рӯдакӣ парвардаи хони давлату неъмати Сомониён аст, ҷойи шакку шубҳа надорад ва худи ӯ ҳам ин матлабро возеҳан таъкид кардааст:

Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад,  ходими пешбари илмии Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умаров, Ризо Баҳромзод иштирок намуданд. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзӯи «Нақши ҳамгироии илмӣ ва таъсири он ба муносибатҳои сиёсии кишварҳои ҷаҳон» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

   Субҳи дирӯз --- 15 сентябр қалби пуршӯру пурэҳсоси шоир, адиб, публитсист ва равшанфикри муосири миллӣ, устод Мирзо Боқӣ дар синни 74-солагӣ аз тапидан бозмонд. Қалбе, ки бо гармию ҳарорати ҳамешагӣ дар ёди миллият, Меҳан, халқ, инсоният метапид ва барои расидан ба аҳдофи олӣ дар тапиш буд. Аз бозе ки устод Мирзо Боқӣ худро шинохт, сарнавишташро бо шеъру сухан пайваст ва рисолати шоириро ба унвони миссияи адабӣ, фикрӣ, ҳунарӣ, эҷодӣ ва иҷтимоӣ бар дӯш гирифта, то вопасин лаҳазоти умр дар масири рӯшангарии миллӣ гомҳои устувор бардошт. Устод хуб дарк карда буд, ки тавассути шеъру каломи мавзун метавон ҷомеаро ангезаю таҳрик ва ба сӯйи огоҳӣ, шинохт, ҳушёрӣ ва бедорӣ савқ дод.