JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 24 Августи 2020 05:24

Шариат ва суннат дар баробари таҷаддуд

Муаллиф:

 Аъзам Раҳнаварди Зарёб (Адиби Афғонистон)

 

(Гуфтугӯ бо Раҳнаварди Зарёб дар бораи сайри таҷаддуд дар Афғонистон. Гуфтугӯ аз Сируси Алинажод)

  Ҷунбиш ё наҳзати таҷаддуду таҷаддудхоҳӣ дар кишварҳои Шарқи Наздику Миёна, ба вижа дар кишварҳои ҳавзаи форсизабон дергоҳест, ки мавриди бознигарии пажӯҳишгарон қарор гирифта, заминаҳои айнӣ ва зеҳнии он, побарҷоии суннатҳои мазҳабиву қабилавӣ ва хурофоту ҷаҳолат дар ақибмондагии ҷомеа, гузашта аз ин, иллатҳои нокомиву шитобзадагии таҷаддудхоҳон дар таҳаққуқи ормонҳои наҷиби хеш арзёбӣ мегардад.

  Барои дарёфти муштаракоту вижагиҳои ҳаракати ҷадидӣ дар Осиёи Миёна бо ҷунбиши таҷаддудхоҳӣ дар кишварҳои ҳамҷавору ҳамзабон, дар навбати аввал зарур аст, раванди ин ҷунбиш дар Эрону Афғонистон мавриди мутолиа қарор гирад. Аз ин рӯ , барои касби иттилоъ, аз фоида холӣ нест, то мусоҳибаи доманадори нависандаи маъруф ва пажӯҳишгари варзидаи риштаи адабу фарҳанги Афғонистон Аъзам Раҳнаварди Зарёб, ки соли 2005 бо хабарнигори барномаи форсии радиои БИ БИ СИ (ВВС) Сируси Алинажод перомуни таърихчаи таҷаддудхоҳӣ дар Афғонистон анҷом додааст, хидмати хонандагони гиромии маҷаллаи вазини “Илм ва Ҷомеа” бо андаке тавзеҳоти зарурӣ дар қавсайн пешкаш гардад.

  • Мехоҳем миқдоре роҷеъ ба таърихи тафаккур дар Афғонистон ҳарф бизанем. Намедонам, ки метавон аз таҷаддуд дар Афғонистон суҳбат кард ё на, вале агар битавон, мехоҳам бипурсам таҷаддуд дар Афғонистон аз чӣ замоне шурӯъ шуд ва чӣ масиреро тай кард ва ба чӣ мавонее бархӯрд?
  • Агар бихоҳем ба суоли таҷаддуд посух гӯем бояд ду паҳлуро дар назар бигирем. Паҳлуи моддӣ ва паҳлуи маънавӣ: тамаддун ва фарҳанг. Тамаддунҳои ғарбӣ дар кишварҳои шарқӣ хеле зуд тавонистанд роҳ биёбанд, аммо фарҳанге, ки тамаддунро ҳамроҳӣ кунад ақиб монд. Нарасид, дер расид ва ё то кунун ҳам нарасидааст. Робитаи фарҳангу тамаддун чист? Худи тамаддун чист? Ба ақидаи ман тамаддун талоши одамӣ барои осон сохтани зиндагист. Барои мисол, одамӣ хост фосилаҳоро кӯтоҳ бисозад, дар натиҷа мошинро сохт. Талоши одамӣ барои кӯтоҳ сохтани фосилаҳо мошинро ба вуҷуд овард. Аммо вақте мошин ба вуҷуд омад, лозим буд, ки ду мошин ба ҳам тасодуф накунанд (барнахӯранд – О. Х), лозим буд ин мошин маҳдудиятҳоеро бипазирад. Дар натиҷа муқаррароти ронандагӣ ба вуҷуд омад, ки дар воқеъ фарҳанги ронандагист. Яъне, мошин аввал ба вуҷуд омад, ки унсури тамаддун аст, баъд муқаррароти ронандагӣ ба вуҷуд омад, ки фарҳанги марбут ба мошин аст. Шумо мебинед, ки мо охирин мудели мошинҳоро дар Кобул дорем, аммо фарҳанги ронандагӣ надорем. Фарҳанг бо мошин якҷо намеояд. Бад-ин сон ҳама ҷанбаҳои тамаддун ба кишварҳои шарқӣ, аз ҷумла Афғонистон омад, вале фарҳанги он наёмад. Тамаддунро ворид карда метавонем, аммо бисёр душвор аст, ки мо фарҳангро ворид кунем. Фарҳангро ворид карда наметавонем. 

  Вақте мо сари мудерните (модернизатсия, яъне таҷаддудгароӣ, ё асришавӣ – О.Х) суҳбат мекунем, дар Афғонистон мазоҳири моддии мудерните  омад, яъне сохтмонҳо, барқ, мошин, корхонаҳо ва хиёбонҳои мудерн. Аммо ин мазоҳири тамаддун бо як фарҳанги бегона бархӯрд кард. Чун фарҳанги худаш ҳамроҳаш набуд. Дар натиҷа, байни фарҳангу тамаддун тазод ба вуҷуд омад ва ин тазод то ҳанӯз вуҷуд дорад.

  • Ба лиҳози торихӣ аносури тамаддун аз чӣ замоне вориди Афғонистон шуд?
  • Агар иштибоҳ накарда бошам нахустин бор дар замони Амир Шералихон мазоҳири аввалияи тамаддун ба вуҷуд омад, яъне эҳтимолан дар ҳудуди соли Аввалин нашрия ба номи “Шамсуннаҳор” дар ҳамин замон ба мошин табъ мешуд. Низоми аскарӣ (низомномаи сарбозӣ – О.Х) дар ҳамин замон ба вуҷуд омад ва баъзе корхонаҳо дар ҳамин замон эҷод шуд. Вале дар ин замон ҳама чиз омодаи як навъ хараҷу мараҷ буд. Ҳама чиз ба вазъияти иҷтимоии Афғонистон бармегашт. Яъне чӣ? Бояд маънии ин ҳарфро то ҳадде рӯшон кунам.

   Вақте Аҳмадшоҳ мурд (16.X.1772 - О. Х) писараш Темуршоҳ подшоҳи Афғонистон шуд ва як импературии васеъро ба мерос гирифт. Ин импературӣ аз Деҳлии нав оғоз мешуд ва то Машҳаду Нишопур мерасид. Дар ҷануб то Халиҷи Форсу баҳри Ҳинд ва дар шимол то рӯди Ому. Аммо Темуршоҳ тавоноиҳои падарашро надошт. Айёш буд. Дар Ҳирот парвариш ёфта буд, ки маркази фарҳангӣ буд. Дафтари шеър дошт, занҳои мутаадид дошт. Вақте Темуршоҳ мурд ба як ривоят 24 ва ба як ривоят 30 писар аз ӯ барҷо монд. Пас аз ӯ ҳар як аз ин писарон даъвои подшоӣ доштанд. Дар натиҷа, аз соли 1793, ки соли марги Темуршоҳ аст, то замони амир Абдураҳмонхон Афғонистон як майдони ҷанги доимӣ буд.

  Амир Шералихон дар ҳамин давра ба подшоҳӣ расид, аммо дар баробари бародарон шикаст хӯрд ва ба Ҳинд паноҳ бурд. Баъд аз чанд сол баргашту ба подшоҳӣ расид, вале дар подшоҳии дуввум бо мухолифати, англисҳо рӯ ба рӯ шуд. Иштибоҳе, ки кард ин буд, ки фикр мекард русҳо ба кумаки ӯ меоянд ва эҳтимолан, русҳо ба ӯ ваъдаҳое дода буданд. Вақте равобит ба англисҳо хароб шуд ва онҳо шурӯъ ба амалиёи низомӣ карданд, ба вилояти Балх рафт, ки аз русҳо кумак бигирад. Муттаасифона, дар шаҳри Мазори Шариф бемор шуд ва ҳамон ҷо даргузашт. Ба ин тартиб фотиҳаи мудернсозии (навсозӣ, таҷаддуд – О. Х) Афғонистон хонда шуд.

  Пас аз ӯ англисҳо писараш Муҳаммад Яъқубхонро, ки дар зиндон буд, ба тахт нишонданд ва як манёври низомӣ ба ӯ нишон доданд, ки ӯро сахт ба ҳарос андар сохт. Чун дар замони падар солҳо дар зиндон ба сар бурда буд, аз назари равонӣ бисёр заиф шуда буд. Дигар ҳарчӣ англисҳо мегуфтанд, имзо мекард. Ҳамин “хатти (марзи – О.Х.) Диюранд”, ки имрӯз байни Афғонистону Покистон маҳали мунозиа аст, дар воқеъ имзои Муҳаммад Яъқубхон аст. Ӯ подшоҳ буд, вале ҳамаи умур ба дасти намояндаи англисҳо дар Кобул буд. Ин вазъият барои мардум хушоянд набуд. Ғозиҳо ҷамъ шуданд, ки амирро қабул надорем, англисҳоро қабул надорем. Дар Кобул як ҷиргае (шӯрое – О.Х.) сурат мегирад ва қиём мешавад ва ҷанг мешавад ва англисҳо шикаст мехӯранд.

  Амир Абдураҳмонхон, ки дар соли 1880 ба подшоҳӣ расид, англисҳо номашро амири “Фӯлодинирода” гузоштанд, ба хушунати тамом кор кард. Саросари кишварро ба қабза даровард. Марзҳоро таъйин ва мушаххас сохт, аз ҷумла сарҳадот бо Эронро. Худаш дар китоби “Тоҷ-ут-таворих” менависад: “Аввалин коре, ки мехостам бикунам ин буд, ки марзҳои Афғонистон таъйин шавад”. Мисол мезанад, ки вақте шумо мехоҳед хона бисозед, аввал атрофашро девор мекунед, ки маҳфуз бошад. Ман ҳамон корро кардам. Ҳамон корро кард ва баъд дар дохили ин марз ҳарчӣ хост бар сари мо овард. Як низоми пулисии аҷибе ба роҳ андохт. Масалан, дар Қандаҳор зане буд, ки ҳама хонҳо ва мулуки тавойиф аз ӯ ҳарос доштанд. Ба хотири ин ки ҳар коре, ки мешуд ба амир гузориш медод. Дар натиҷа волии аслии Қандаҳор ин зан буд. Эъдому сиёҳчол (зиндон – О.Х.) ва ҳукумати бисёр мутамарказ. Ӯ дар соли 1901 мурд ва он қадр тарсу раъб дар дили мардум офарида буд, ки то як ҳафта касе ҷуръат намекард бигӯяд: амир Абдурраҳмонхон мурда аст. Пас аз ӯ Ҳабибуллохон ба подшоҳӣ расид ва дар тӯли як саду ҳафтод сол ин аввалин подшоҳест, ки бидуни дарди сар ба подшоҳӣ мерасад. Чун падараш як кишвари бо инзибот (бо низому тартиб - О.Х) ба вуҷуд оварда буд, ки вақте ӯ ба подшоҳӣ расид, касе дигар нафас кашида натавонист. Ҳоло ин Ҳабибуллохон як сарзамини орому мутеъ дар ихтиёр дошт. Сафаре ба Ҳинд кард ва дар Ҳинд мазоҳири тамаддунро дид. Вақте пас омад аввалин мадрасаи мудернро дар Афғонистон эҷод кард. (Мадрасаи Ҳабибия, ки бо номи литсеи Ҳабибия маъруф аст ва соли 1903 таъсис шудааст – О.Х). Мактаби низомӣ ва баъзе корхонаҳо эҷод кард.    

  Банди (истгоҳи – О.Х.) барқ эҷод кард, сохтмонҳои модерн сохт ва роҳҳои модерн ба вуҷуд овард. Аммо ин мадрасаи Ҳабибия як дарди сар шуд барои ӯ, ба хотири ин ки, ҷунбиши аввали Машрутият (ҳаракат барои қабули Қонуни асосӣ ё конститутсияхоҳӣ – О.Х) аз ҳамин мадраса оғоз шуд. Гурӯҳе ба вуҷуд омаданд, ки хоҳони машрута буданд. Ба инҳо машрутахоҳони аввал мегӯянд. Дар воқеъ ин унсури дуввуми таҷаддуд, ки фикр ё фарҳанг бошад, дар ҳамин замон рӯй нишон дод, яъне машрутият. Амир бояд қудраташ маҳдуд бошад, бояд ислоҳот шавад ва махсусан, озодии Афғонистон ҳосил шавад (то соли 1919 Афғонистон дар сиёсати хориҷӣ тобеи Англия буд – О.Х.) Амир Ҳабибуллохон ҳам ҳамон равобити падару падаркалонашро ба англисҳо дошт, ки дар масоили дохилӣ озод буд ва дар масоили хориҷӣ бояд ба англисҳо машварат мекард.

  • Оё машрутахоҳон алайҳи подшоҳ, ки то ҳадде модернсозӣ карда буд, иқдоме ҳам карданд?
  • Ин машрутахоҳон дар садад шуданд, ки амирро терур кунанд, вале хабарчинҳо хабарро ба амир расонданд. Дастур дод, ки инҳо дастгир шаванд ва иддае аз онҳо ба тӯп парранда шаванд. Иддаи дигарро зиндонӣ карданд ва ин дар соли 1909 буд. Ҷунбиши машрутияти аввал шикаст хӯрд ва амир то соли 1919 подшоҳӣ кард. Дар ин муддат ҷунбиши дуввуми Машрутият дар Афғонистон ба вуҷуд омада буд, ки бар хилофи Машрутаи аввал як шоҳзодаи Афғонистон ҳам дар он саҳм дорад ва ӯ Амонуллохон аст. Як теъдод аз дарбориҳо ҳам дар ин ҷунбиш саҳм доранд. Инҳо амирро монеи мақосиди худ мебинанд. Дар натиҷа шаҳзода Амонуллохон касонеро маъмур мекунад, ки падарашро террор кунанд. Вақте амир дар шикоргоҳи Каллагӯш дар Ҷалолобод, шаб дар хаймаи худ хобида буд, яке аз дарбориён дохили хайма шуд ва амирро бо тӯфангча ба қатл расонд. Чанд рӯз баъд, Амонулло, ки подшоҳ шуда буд, бо як ҳаракати бисёр эҳсосотӣ, яъне бо як шамшери бараҳна дар майдони Кобул дар байни марду зоҳир шуд ва ба мардум ваъда дод, ки ман озодии кишварро мегирам ва дар ин ҷо ислоҳот меоварам. Мардум аз саросари кишвар омодаи ҷиҳод мешаванд. Амонулло неруҳои худро дар се ҷабҳа алайҳи англисҳо савқ медиҳад (равон мекунад – О.Х). Дар ду ҷабҳа шикаст мехӯрад, аммо Нодирхон падари Муҳаммадзоҳиршоҳ, ки фармондеҳи ҷабҳаи Пактиё буд, пирӯз мешавад ва бахшҳое аз қаламрави англисро ба хатар меандозад. Дар натиҷа оташбас мешавад ва ба сурати нимарасмӣ озодии Афғонистон ба расмият шинохта мешавад.
  • Амонуллохон гӯё ҳамон подшоҳест, ки дар давраи Ризошоҳ ба Эрон ҳам сафар карда буд?
  • Бале, Амонулло мехост дар канори мазоҳири моддӣ мазоҳири маънавии Ғарбро ҳам биёварад. Дар натиҷа теъдоди зиёди қавонин ба вуҷуд овард. Аз туркҳо хост, ки барои Афғонистон қонун бисозанд. Барои ҳама чиз қонун сохтанд, аммо ин қонун дар амал наметавонист татбиқ шавад. Мардум ба қонун ошноӣ надоштанд, бо шароит ошноӣ доштанд. Ҳамин имрӯз ҳам дар бисёре аз гӯшаҳои Афғонистон мардум қонунро ба расмият намешиносанд, суннатҳои қабилаиро ба расмият мешиносанд. Масалан, дар шариати исломӣ зан ҳақ дорад, мерос бигирад, аммо дар баъзе қабоили Пактиё ҳақ надорад. Дар шариати Ислом зан ҳақ дорад, ки молик бошад, аммо дар қабоили Пактиё зан ҳаққи моликият надорад. Яъне ҳанӯз суннатҳо ҳокиманд.
  • Ба ин тартиб, ин қавонин қобили татбиқ набуд. Мунтаҳо Амонулло бо фишори низомӣ як миқдор ислоҳот кард ва падидаҳои модернро пиёда кард, вале бузургтарин нуқтаи заъфаш ин буд, ки бо англисҳо сари хусумат дошт. Дар ин вақт инқилоби болшивекӣ дар Русия сурат гирифта буд ва Шӯравӣ аввалин кишваре буд, ки озодии Афғонистонро ба расмият шинохт ва намояндаи худро ба Кобул фиристод ва аз Амонулло хост, ки бо Русия сафар кунад. Амонулло ба як сафари тӯлонӣ дар Русия ва Урупо даст зад. Дар Урупо ӯ ба унвони шаҳзодаи рӯшанфикри тараққихоҳ, ки ҳамсараш бо либоси урупоӣ ӯро ҳамроҳӣ мекунад, истиқбол шуд ва вақте дар бозгашт ба Эрон расид, Ризошоҳ тааҷҷуб кард. Амонуллохон ҳангоми бозгашт ба Кобул бо шитоби фаровон мехост Афғонистонро ба Пориж ва Ландан табдил кунад. Ва ин барои мардуме, ки бо суннатҳо зиндагӣ мекарданд, ғайри қобили таҳаммул буд. Англисҳо ҳам дар интизори ҳамин лаҳза буданд.

  Маҳмуд Фаррух дар китоби худ навиштааст, ки ман ҳама чизро як солу ним пеш аз суқути Амонуллохон пешбинӣ карда будам ва дар як гузориш ба вазорати хориҷаи Эрон навиштам ва он гузориш ҳанӯз дар вазорати хориҷаи Эрон мавҷуд аст. Яъне, уқало мефаҳмиданд, ки вазъ аз чӣ қарор аст, аммо Амонуллои мағрур,  ҷавон, хунгарму ошиқи таҷаддуду тамаддуни Ғарбӣ намефаҳмид. Чашмашро шаҳри Порижу Москаву куҷову куҷо гирифта буд. Мегӯянд вақте дар Туркия бо Ататурк мулоқот кард, Ататурк насиҳате ба ӯ кард: Гуфт: аввал бояд неруҳои мусаллаҳи қавӣ фароҳам бисозӣ, баъд ба кори ислоҳот бипардозӣ”. Аммо ӯ ин насиҳатро нашунид ва ҳамин, ки ба Кобул расид, шурӯъ ба ислоҳот кард. Баъзе аз ин ислоҳот ҳам бисёр бачагона буд. Масалан, таътили ҳафтагиро аз рӯзи ҷумъа ба шанбе бурд.

  Ҳеҷ маълум нест, чаро? Махсусан, ки шанбе рӯзи таътили яҳудиҳост. Инҳо аввалин суқути Амонуллохонро фароҳам овард. Албата, Амонулло корҳои хуб ҳам кард. Масалан пеш, аз Амонулло молиётро ба ҷинс мегирифтанд. Мегуфтанд, Ҳазораҷот ин қадар гӯсфанд бидиҳад, фалон ҷо инқадар рӯған бидиҳад ва... Амонулло гуфт, на, пас аз ин мардум молиётро ба пул бипардозанд, аммо мардум пул надоштанд. Инҳо авомили дохилии суқути Амонулло шуд ва авомили хориҷӣ ҳам нохушнудии англисҳо аз вуҷуди ӯ дар Афғонистон буд.

  • Яъне англисҳо мавҷиботи суқути ӯро фароҳам карданд?
  • Амонулло як сафаре ба Ҳинд кард. Дар ин сафар аз тарафи мусулмонҳои Ҳинд ба ҳайси як қаҳрамон пазироӣ шуд. Ҳатто барои он, ки мардуми Ҳиндро ба якдигар ҳамбаста бисозад ба мусулмонҳо дастур дод, ки гав (гов – О.Х.) накушед ё дар малои ом гав накушед. Ба хотири ин, ки куштани гавро Ҳиндуҳо хуш надоштанд ва мусулмонҳо пазируфтанд. Ҳатто аз ӯ хостанд, ки фатвои ҷиҳод бидиҳад, ки подшоҳи онҳо ҳам ҳаст, вале ӯ ин корро накард. Англисҳо бисёр такон хӯрданд, аз ин ки як неруи бисёр азим ва як унсури бисёр хатарнок, дар канори гӯшашон ҳаст.

  Ҳамин буд, ки авомили суқути ӯро фароҳам сохтанд. Амонулло суқут кард ва бо ҷои ӯ Ҳабибулло (маъруф ба бачаи Саққо) подшоҳ шуд. Ва ҳамон рӯзи аввал гуфт; Амонулло чаро молиёт вазъ карда, молиёт ба чӣ дард мехӯрад? Ман аз шумо молиёт намегирам. Мадрасаҳоро баст. Духтарҳоеро, ки Амонулло барои таҳсил ба Туркия фиристода буд, ҳамаро пас хост ва ба хонаҳояшон таслим кард (баргардонд – О.Х.) сохт ва гуфт: шариат бояд бошад. Ҳама чиз дар ҳам барҳам шуд ва норизоятиҳо ва нохушнудиҳо дар байни мардум эҷод шуд.

  Ҳамин буд, ки Нодирхон падари Зоҳиршоҳ, ки дар Нис зиндагӣ мекард, бо англисҳо вориди музокира шуд ва аз роҳи Пактиё вориди Афғонистон шуд. Ва ҷангҳое, ки бо Ҳабибулло кард саранҷом ӯро шикаст дод ва Кобулро тасхир кард: Ҳабибулло ба Парвон дар кӯҳҳо паноҳанда шуд ва мехост, ба истилоҳ, ҷанг чирикӣ  (партизанӣ – О.Х) роҳ биандозад. Нодирхон фаҳмид, ки намешавад бо ин унсур муқобила кард, Қуръон имзо кард, ки “ба Кобул биё ман бо ту ғараздор нестам”. Ҳабибулло ҷавонмарду айёрсифат буд (Ман дар мақолае ӯро бо Яъқуби Лайс муқоиса кардаам), ба Кобул омад ва Нодирхон ӯро дастгир ва чанде баъд эъдом кард.Нодирхон подшоҳ шуд.

Чархишгоҳи таҷаддуд дар Афғонистон

Пайдоиши таҷаддуд асосан бо пайдоиши рӯшанфикрӣ ба маънии ҷадиди калима дар иртибот  аст. Яъне заминаҳои фикрӣ ба василаи аҳли фикр фароҳам мешавад ва баъд ваҷҳи сиёсӣ ё амалии он иттифоқ меафтад. Чӣ касоне заминаҳои фикриро дар Афғонистон ба вуҷуд овардаанд?

  • Аввал мехоҳам бигӯям, ки ин асл шояд дар Афғонистон қобили татбиқ набошад, ба хотири ин ки дар Афғонистон фақат подшоҳ тасмим мегирифт. Аслан заминаи фикрӣ вуҷуд надошт. Масалан, дар давраи амир Шералихон бар хилофи кишварҳои мисли Фаронса ё Инглис ё Олмон, рӯшанфикре вуҷуд надошт. Он вазъияти ҷудогона аст. Дар Афғонистон ин тавр набуд. Аммо дар Афғонистон Маҳмуди Тарзӣ яке аз касонест, ки барои аввалин бор андешаҳои навинро ворид мекунад. Дар аҳди подшоҳии Абдураҳмонхон хонаводаи Маҳмуди Тарзӣ ба қаламравии Туркияи усмонӣ табъид (бадарға – О.Х) шуда буд, дар Шом (шаҳри Димишқ – О.Х.) зиндагӣ мекард. Вақте амир Абдураҳмонхон мурд, писараш роҳи мулоимтаре интихоб кард. Дар натиҷа Маҳмуди Тарзӣ бо хонаводааш ба Кобул баргашт ва ду духтари Тарзиро ду шоҳзодаи Афғонистон гирифтанд. Якеро Амонулло ва дигариро бародараш Иноятулло. Маҳмуди Тарзӣ худ нахустин нашрияи нисбатан модернро ба номи “Сираҷ-ул-ахбор” поягузорӣ кард. “Сираҷ-ул-ахбор” қаблан дар соли 1905 тавассути як гурӯҳи дигар мунташир шуда буд, аммо танҳо як шумора чоп шуда буд. Инглисҳо ба Ҳабибуллохон дастур дода буданд, ки нашрияро мутаваққиф кунад. Ҳоло Маҳмуди Тарзӣ, ки одами муътабар ва хусури ду шаҳзода буд, аз амир хоҳиш кард, ки ин бор ба шакли модерн ин нашрия ба вуҷуд биёяд.

  Ба ин тартиб дар соли 1911 ду бора ин нашрия мунташир шуд ва барои аввалин бор фикрҳои ҷадид дар ҳамин нашрия матраҳ шуд. Маҳмуди Тарзӣ одами пуркоре буд. Масалан, барои аввалин бор романро ба Афғонистон муаррифӣ кард. Чандин романи Жул Вернро ба забони дарӣ тарҷума кард ва барои аввалин бор дар бораи роман дар “Сироҷ-ул-ахбор”  мақола навишту зарурати романро матраҳ сохт. Шеваҳои нави адабӣ дар “Сироҷ-ул-ахбор” падидор шуд. Шеър, масалан, дигар таърифи зулфи ёр набуд. Аз локомативу тран (поезд – О.Х.) ва ҳавопаймову киштии қорапаймо гап мезад. Яъне, ҳамроҳ бо андешаҳо як теъдод вожа вориди “Сироҷ-ул-ахбор” шуд ва як теъдод шуарро шурӯъ карданд дар ин масир шеър бигӯянд. Бинобар ин оғозгари дигаргунии адабиёт ҳамин “Сироҷ-ул-ахбор” аст. Барои аввалин бор ахбори ҷангҳое, ки дар ҷаҳон рӯй медод ва ахбори ихтирооти ҷадид дар “Сироҷ-ул-ахбор” инъикос меёфт. Ва мавзӯоте аз қабили ин ки забон чист ва оё забон қобили ислоҳ аст?, дар он матраҳ мешуд.

  Худи Маҳмуди Тарзӣ пешниҳоди аҷибе мекунад. Мегӯяд, дар Урупо забони навишторӣ ба забони гуфторӣ бисёр наздик аст, аммо дар кишвари мо забони гуфторӣ бо забонӣ навишторӣ бисёр фарқ дорад. Мо бояд коре бикунем, ки забони гуфторӣ ва навишторӣ ба ҳам наздик шавад. Аз гапҳои муҳимми аср, нахустин рамонвораҳост, ки дар Афғонистон ба чоп мерасад. Романҳои Жул Верн, ки тарҷума шуда буд ва романҳои дигаре, ки маҳсули худи кишвар буд. Нахустин достонворае, ки чоп мешавад “Ҷиҳоди Акбар” ном дорад. Ин “Ҷиҳоди Акбар” зу маънайн (дорои думаънӣ – О. Х) аст: ҳам ба маънои  маънавии он  ва ҳам ба маънои ҷангҳои вазир Муҳаммад Акбархон бо инглисҳо. Ҳамин маънои дуввумаш дуруст аст, чун мавзӯи он ҷангҳои вазир Акбархон аст бо сипоҳи инглис.

  • Ишора кардед, ки мутафаккир бо маънии ғарбии калима надоштед. Дар зимн аз машрутахоҳони аввал ва дуввум суҳбат кардед. Вақте аз машрута сӯҳбат мекунем, яъне бояд заминаҳои фикрӣ вуҷуд дошта бошад. Чун маънии машрута ин аст, ки мо шакли истибдодии (мутлақият О.Х)-и ҳукуматро намехоҳем, озодӣ мехоҳем, парлумон мехоҳем ва... Бинобар ин агар заминаҳои фикрӣ вуҷуд надошт, машрутахоҳони аввалу дуввум дар Афғонистон чӣ тавр падид омаданд?
  • Аввал, мехоҳам бигӯям, вақте дар Афғонистон суҳбати Машрута мекунем. Шумо набояд машрутахоҳии Эрон пеши чашматон муҷассам шавад. Дар Эрон машрутахоҳӣ дар ҷомеа таъмим (интишор – О.Х.) ёфта буд. Ақшори (қишрҳои – О.Х.) мухталиф аз Машрута суҳбат мекарданд. Дар ҳоле ки дар Афғонистон он чӣ ба унвони ҷунбиши машрутаи аввал мегӯянд, як ҳалқаи кӯчак буд, ки шумарашон шояд аз сад нафар бештар намешуд ва он ҳам як ҷамъияти сиррӣ буданд. Яъне, мисли Машрутияти Эрон қиёмҳои мусаллаҳона барои машрутахоҳӣ сурат нагирифт, Сатторхону Бақирхоне (роҳбарони қиёмҳои мусаллаҳонаи инқилоби Машрутаи Эрон – О. Х) надошт. Дар ҳалқаҳои кӯчаке маҳдуд буд. Ҳатто дар Машрутаи дуввум ҳам ба шумули аносири дарборӣ, аз ҷумла шаҳзода Амонулло боз ҳам як ҳалқаи кӯчак буданд. Машрутахоҳӣ дар халқаҳо буд, на ба ҳайси як андешаи фарогири иҷтимоӣ, чунонки дар Эрон буд. Ин ҳолат дар Афғонистон набуд (яъне ҷунбиши фарогире мисли Эрон – О.Х). Ҳатто имрӯз баъзе аз андешамандони мо мегӯянд: мо аслан нафаҳмидем, ки машрутахоҳони аввал ё дуввум дақиқан чӣ мехостанд?
  • Ҳоло ки муқоиса мекунед, ишора кунам, ки яке аз авомили таҷаддуду таҷаддудхоҳӣ дар Эрон донишҷӯёне буданд, ки барои таҳсил ба хориҷ рафтанд ва дар бозгашт бо худ фикрҳои нав оварданд. Ё ин ки баъзе аз рӯшанфикрони Эрон, ки дар шаҳрҳои Қафқозу Туркия ба сар мебурданд, бо афкори нав ошно буданд. Оё дар Афғонистон ҳам чунин иттифоқе уфтода аст?
  • Фикр намекунам. Бубинед, дар давраи Носириддиншоҳ Дорулфунун дар Эрон (28 декабри соли 1851 дар Теҳрон – О.Х) эҷод шуд. Носириддиншоҳ муосири амир Абдураҳмонхон буд, ки гуфтам як низоми тарсу ваҳшат дар Афғонистон ба вуҷуд оварда буд. Хуб, Носириддиншоҳ, ҳар айбе, ки дошт аммо инқадар ҳаст, ки Дорулфунун (ба монанди Омӯзишгоҳи политехникӣ – О.Х.) бино кард ва донишҷӯ ба Ғарб фиристод. Ин ҳодиса дар Афғонистон рух надод. Аз ин ҷо метавонед ифтироқи (фарқи – О.Х) ду кишварро ҳадс (таҳмин – О.Х.) бизанед. Аввалин бор донишҷӯёни Афғонистон ба шумули духтарҳо дар замони амир Амонуллохон ба хориҷ фиристода шуданд. Бо вуҷуди ин ҳам дар машрутахоҳии аввал ва ҳам дар машрутахоҳии дуввум аносуре вуҷуд доштанд, ки ба Ҳинд рафта буданд ва дар машрутахоҳии дуввум, бидуни шак Маҳмуди Тарзӣ, ки падарзани амир Амонуллохон буд, бисёр нақш дошт. Маҳмуди Тарзӣ дар замоне, ки дар қаламрави Усмонӣ зиндагӣ мекард, зери таъсири “туркҳои ҷавон” қарор дошт ва аз он ҷо бо миқдоре аз андешаҳо, ки асарбардошта аз туркони ҷавон буд, ба Афғонистон омад. Аз сӯи дигар, Маҳмуди Тарзӣ шаш моҳро бо Сайид Ҷамолиддини Афғонӣ дар Истанбул ба сар бурда буд. Ба тавре ки худаш менависад, ки дар он шаш моҳ он қадар омӯхтам, ки солҳо намешуд биёмӯзам. Ба ҳамин хотир аст, ки вақте Амонулло ба подшоҳӣ расид, бар хилофи суннати қадимӣ мутахассисони риштаҳои мухталиф, монанди пизишкӣ ва низомиро аз Туркия ворид мекунад.
  • Яке аз нукоти ҷолиб дар суҳбатҳои Шумо барои ман ин буд, ки дар Афғонистони он давра духтарҳоро ҳам барои таҳсил ба хориҷ мефиристоданд. Ин иттифоқест, ки дар Эрон рух надодааст.
  • Амир Амонулло ҳам писарҳоро барои таҳсил фиристод, ҳам духтарҳоро. Мунтаҳо писарҳоро ба кишварҳои мухталиф, аз ҷумла ба Иттиҳоди Шӯравӣ фиристод, аммо духтарҳоро ба як кишвари исломӣ, яъне Туркияи Усмонӣ эъзом шуданд.
  • Ишора кардед, ки шеър дар замони интишори “Сироҷ-ул-ахбор” таҳаввул пайдо кард ва вожагони нав вориди шеър шуд. Мехоҳам бидонам ки роҷеъ ба хатту тағйири хат ҳам ҳеҷ гоҳ баҳсҳое дар Афғонистон сурат гирифт?
  • Фикр мекунам дар Афғонистон ҳеҷ гоҳе масъалаи тағйири хат матраҳ нашудааст ва ҳам шуда бошад ман иттилоъ надорам.
  • Аз “Шамс-ун-наҳор” дар давраи амир Шералихон ва аз “Сироҷ-улахбор”- и Маҳмуди Тарзӣ ном бурдед. Оё баъд аз инҳо матбуоти фикрӣ дар Афғонистон густариш ёфт?
  • На. Ба суқуту марги Шералихон ҳама чиз мутаваққиф шуд. Баъд, ҳамин тавре ки гуфтам, диктатураи сиёҳи амир Абдураҳмонхон ба вуҷуд омад. Баъд дар аҳди писараш ҳаст, ки “Сироҷ-ул-ахбор” ба вуҷуд меояд. Маҳмуди Тарзӣ як миқдор андешаҳоро дар ин нашрия бозтоб медиҳад. Аммо замоне, ки Амонулло ба подшоҳӣ мерасад, як мавҷ аз рӯзномаҳо ва нашрияҳо ба вуҷуд меояд ва барои аввалин бор як нашрияи занҳо ба номи “Иршод-ун-насвон”, “Раҳнамои занҳо” ва низ барои аввалин бор як нашрияи вижаи кӯдакон ба номи “Сироҷи атфол” (чароғи кӯдакон) мунташар мешавад ва рӯзномаҳои шахсӣ по мегирад. Масалан, ҳамин “Анис”-е, ки имрӯз дорем, дар замони амир Амонуллохон бунёдгузорӣ шуд. Муҳиддин Анис соҳиб ва сардабири он аз Миср омад. Падараш ба Миср рафта буд ва ҳамон ҷо мондагор шуда буд ва Муҳиддин Анис дар Миср бузург мешавад ва дар замони амир Амонуллохон, ки мешунавад наҳзате ба вуҷуд омада, меояд ба Афғонистон. Аз ҷумла корҳое, ки мекунад, навиштани романгунае ба номи “Нидои талабаи маориф” ё “Садои миллат” аст, ки шабоҳатҳое дорад бо “Эмил”-и Жан Жак Руссо, мунтаҳо дар мавзӯъ тафовут дорад. Муҳиддин дар ин роман, ки гоҳ шакли намоишнома ба худ мегирад, талош мекунад, ба кумаки муколимот баъзе аз мақулаҳои фикрии модернитаро муаррафи кунад. Мисли қонун чист? Ҳукумат чист? Парлумон чист? Як нуқтаи дигар ин аст, ки эҳтимол медиҳам аз “Китоби Аҳмад”-и Толибов (Абдураҳим Толибзодаи Табрезӣ – О.Х) ҳам таъсир бардошта бошад. Чун ҳар ду китоб дар Миср чоп шуда буд.
  • Ба ин тартиб таҷаддуд дар Афғонистон аз чӣ замоне густурда мешавад ва асосан густорда мешавад ё намешавад?
  • Пеш аз соли 1332 хуршедӣ (1954 мелодӣ – О.Х) донишгоҳ дар Афғонистон ба вуҷуд омада буд ва шуморе аз устодони ғарбӣ дар Афғонистон тадрис мекарданд, аммо соли 1332 як соли чархишгоҳе дар торихи Афғонистон аст. Ба хотири ин ки дар ин сол сардор Муҳаммад Довуд нахуст вазири Афғонистон мешавад. Ман фикр мекунам, сардор Муҳаммад Довуд дар тӯли даҳ соле, ки то соли 1342 нахуствазир буд, симои Афғонистонро аз ҳар назар дигаргун мекунад. Ба хотири ин ки шумо арзиши ин даҳ солро бифаҳмед, як мисол метавонам бизанам. Дар соли 1332, ки сардор Муҳаммад Довуд ба нахуствазирӣ расид, дар саросари Афғонистон мо шаш километр, фақат шаш километр сараки (роҳи – О.Х) асфалт доштем. Аммо даҳ сол баъд, ки ӯ аз нахуст вазирӣ канор рафт, садҳо ва ҳазорҳо километр асфалт вуҷуд дошт. Ба ҳамин тартиб дар соли 1332 шумор донишҷуёни саросари кишвар аз 450 нафар таҷовуз намекард, аммо дар соли 1342 ҳазорҳо донишҷӯ доштем. Ҳамон Донишгоҳи Кобул аз сохтаҳои ӯст. Бисёре аз сохтмонҳои хуби Кобул сохтаи сардор Муҳаммад Довуд буд, ки дар ҷангҳои дохилӣ нобуд шуд. Бандҳои барқ, ки дорем аз сохтаҳои ӯст. Мазореи кишоварзии мехонизаи (механикикунонда шуда – О.Х) мо дар Нангаҳор, ки имрӯз нобуд шудааст, ҳам ҳосили талоши ӯст. Зайтуну пуртақоли (афлесуни – О.Х) мо, ки дар ҳамин мазореъ парварда мешуд, ба хориҷ содир мешуд. Таъсисоти барқ, газ, шоҳроҳҳо аз ҷумла тунели Соланг аз сохтаҳои Довудхон аст.
  • Аммо ба назар мерасад, ҳамин Довудхон аст, ки бо кудетои (табадуллоти О.Х) худ алайҳи Муҳаммад Зоҳиршоҳ асоси модернсозии Афғонистонро бо ҳам мерезад. Зеро пас аз кудетои ӯ буд, ки шерозаи Афғонистон аз ҳам гусехт ва модернсозӣ кораш ба вайронсозӣ кашид. Бинобар ин мақоми Довудхон дар таҷаддуди Афғонистон он тавре, ки шумо мегӯед то солҳои аввалияи чиҳил аст, баъдҳо ба зидди таҷаддуд амал карда аст.
  • Дар воқеъ ҳамин тавр аст. Агар Довудхон дар Афғонистон кудето намекард, ҳеҷ унсури дигаре чунин ҷуръате надошт. Ба хотири ин ки низоми подшоҳӣ чунон бар кишвар мусалат буд, ки аслан кудето ба зеҳни касе хутур намекард. Довудхон вақте даст ба кудето зад фарҳанги кудеторо ба Афғонистон муаррафӣ кард. Касоне ки дар кудето ширкат карда буданд, комилан мутмаин буданд, ки хатари муҳимме мутаваҷҷеҳашон нест. Ба ин маънӣ, ки агар кудето ноком мешуд, раҳбари кудето ҳам писариамуӣ (амакбачаи – О.Х) подшоҳ буд ва ҳам шавҳари хоҳари ӯ. Бидуни шак подшоҳ писари аму (амак) ва шавҳари хоҳари худро намекушт. Вақте роҳбари кудето кушта намешуд, бинобар ин касоне ки дар кудето ширкат доштанд, ҳам кушта намешуданд. Бинобар ин бо кудетои Довудхон аз як тараф фарҳанги кудето дар Афғонистон муаррафӣ шуд ва аз сӯи дигар назму қоида ва тартибе, ки салтанат гузошта буд, барҳам рехт. Довудхон дар замони кудето дигар он Довудхони даҳаи сӣ набуд. Пир шуда буд. Бемор буд. Афғонистон ҳам дигар он Афғонистони даҳаи сӣ набуд. Мардум ҳам мардуми он давра набуданд. Ҷаҳон ҳам ҷаҳони даҳаи панҷоҳ (мелодӣ) набуд. Ҳама чиз тағйир карда буд. Махсусан, ҳамкорони сиёсии низомии Довудхон, ки ғолибан афсарони ҷавони хунгарм буданд. Инҳо худро дар қудрат шарики Довудхон медонистанд, бархилофи даҳаи сӣ, ки вузаро бидуни иҷозаи Довудхон об ҳам намехӯрданд. Воқеан, Довудхон вазъиятро барҳам зад. Тилисмро шикаст, ки бо шикастани он тилисм, як миқдор бадбахтӣ ба Афғонистон рӯй овард ва муҳимтарин нуқта ин ки ҳамон иштибоҳеро муртакиб шуд, ки подшоҳ дар ҳаққи Довудхон муртакиб шуда бад, яъне Довудхонро аз фаъолиятҳои сиёсии машрӯъ ва қонунии худ манъ карда буд. Довудхон ҳам ин иштибоҳро муртакиб шуд, ки ҳизби худро ба унвони систамаи так (як – О.Х) ҳизбӣ дар Афғонистон тасҷил (устувор – О.Х) кард. Дар натиҷа неруҳои сиёсии дигар роҳе барояшон намонд, ҷуз он ки ба зери замин бираванд (ба фаъолияти пинҳонӣ даст зананд – О.Х) ва шохаҳои низомӣ ташкил диҳанд ва омодаи кудетои дигаре шаванд. Ман фикр мекунам, агар Довудхон қадре хирадмандонотар амал мекард, яъне як қонуни асосӣ монанди Қонуни асосии имрӯз Афғонистон ба вуҷуд меовард, бидуни шак ҳизби Демократики халқи Афғонистон, ки аз қавитарин, муназзамтарин ва муташаккилтарин аҳзоби он давра буд ва аҳзоби дигар, монанди давраи салтанат ба корҳои аланӣ (ошкоро – О.Х) мепардохтанд.

Ҷаҳишҳои инфиродӣ

  • Гузашта аз арсаи сиёсӣҷтимоӣ, ки таҷаддуд дар он намуди чандоне надошт, дар арсаи шеъру адабиёт навгароӣ чӣ ҷойгоҳе дошт?
  • Гӯё аз Ризо Бароҳанӣ хонда бошам, ки гуфта аст, ба лиҳози фикрӣ ҷаҳиш барои тӯдаҳои мардум номумкин аст. Яъне, имкон дорад аз як кишвари ақибмонда як фард битавонад аз назари фикрӣ аз донишмандони кишварҳои пешрафта болотар биравад. Мо намунаҳое дорем Дар даҳаи бист Абдураҳмон дар кишвари Ҳиндустон дар риштаи физик ҷоизаи Нобел мегирад. Дар заминаи шеър ва офаринишҳои адабӣ дар кишварҳои ақибмонда, аз ҷумла Афғонистон ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки фард осоре биёфаринад, ки роҳгузари арзиши ҳунарӣ аз ҳунармандони Ғарбӣ болотар бошад. Шумо мебинед, ки романи Амрикои Лотин имрӯз ҷаҳонро комилан тасхир кардааст. Гарсия Маркес аз як кишвари ақибмонда бархоста, аммо монанди ситора дар осмони адабиёти ҷаҳон медурахшад. Арундати Рой аз мобайни Ҳиндустон бархост ва бо китоби (романи – О.Х) “Худои чизҳои кӯчак” (номи англисии роман, ки ба он забон таълиф шудааст “The God of Small Things” аст – О.Х) шуҳраташ саросари ҷаҳонро фаро гирифт. Ба-дин тартиб, шоиру наққошу мусиқидон ва ҳар ҳунарманди дигар эҳтимол дорад, ки аз кишвари пасмонда бошад ва бисёр ҷаҳиш кунад. Чунон ки Шафеъи Кадканӣ дар Теҳрон ба ман гуфт, ки “шеъри Афғонистон олист”. Мо ҳунармандоне доштем, ки аз сатҳи ҷомеа болотар буданд ва ба гуфтаи Бароҳанӣ “ҷаҳиш карда буданд”.
  • Вале дар адабиёти имрӯзи Афғонистон чеҳраҳо ва осоре дида мешавад, ки қоидатан, бояд аз як матни иҷтимоӣ торикӣ бархоста бошанд ва вуҷудашон тасодуфӣ наменамояд. Ҳамин романи “Бодбодакбоз” (асари нависандаи афғонистонӣ Холид Ҳусайнӣ ба забони англисӣ таълиф шуда, дар Амрико зери унвони “The Kitte Runner” чоп шуда, сипас онро ба форсӣ Меҳдӣ Ғаброӣ баргардонида, соли 2007 дар Теҳрон ба нашр расонидааст. О.Х) ё “Хокистару хок” (муаллифаш Атиқ Раҳимӣ О.Х) нишон медиҳад, нигоҳи нависандаи афғон ба ҷаҳон тағйир карда  ва ҳунарманди афғон ба ҳамон нигоҳи гузашта ба ҷаҳон наменигарад.
  • Вале ин нигоҳ фардист. Нигоҳи ҷомеа нест. Ман барои Шумо як мисол бизанам. Дар даҳаи панҷоҳ (даҳаи ҳафтоди қарни ХХ – О.Х) ман як силсила достон менавиштам бо унвони “Нақшҳо ва пандарҳо”, ки дар яке аз нашриёт мунташир мешуд. Бахши аввал то панҷум, ки мунташир шуд, вазири фарҳанг маро ба дафтари худ хост. Гуфт: “ман аз Фаронса дуктуро дорам, Ғарбро ҳам дидааму мешиносам, аммо достони туро намефаҳмам, мардум чӣ тур мефаҳманд?” Ва ман ҳеҷ шак надорам, ки ӯ достон мефаҳмид. Мақсуд ин аст, ки он дид диди комилан фардии ман буд. Диди вазири иттилоот ва фарҳанги мо ҳам ҳамин тавр буд. Аз матни ҷомеа бархоста буд. Таъсири бардошта шуда аз нависандагони Ғарбӣ буд. Ҳидоят вақте “Буфи кур”– ро менависад тасодуфи нест. Ӯ дар Фаронса адабиёти ин кишварро мебалъид (бо иштиёқ фурӯ мебурд – О.Х). Алавӣ дар хотироташ навишта, ки ман адабиёти Олмонро намехондам, мебалъидам. Инҳо вақте ба Эрон бармегардад, бо нигоришҳои комилан фардӣ, муҷаззо ва таҷриба шуда аз ҷумла бармегарданд. Ба ҳамин хотир аст, ки Ҳидоят мефаҳмид “Буфи кӯр”-ро дар Эрон ҳеҷ кас чоп намекунад. Меравад дар Бомбей дар панҷоҳ нусха поликопӣ мекунад ва барои дӯстонаш мефиристад. Ҳидоят аз ҷомеаи Эрон барнахоста, балки аз беруни ҷомеа Эрон бархоста аст. Аммо Ҳидоят бо “Буфи кӯр” ҷаҳиш кард. Ба ҳамин тартиб “Чашмҳояш”-и Бузург Аловӣ бархоста аз вазъияти адабии Эрон нест, балки ҳосили нигариши комилан фардии Алавист.

                             Таҳияи, профессор Олимҷон Хоҷамуродов

Маҷаллаи академии илмию оммавӣ "Илм ва Ҷомеа"-№3 (21), 2020 

Хондан 1317 маротиба