JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 27 Августи 2020 10:06

Соҳибистиқлолӣ рисолати ҳар як миллати тамаддунофар аст!

Муаллиф: Фаридун Юсуфҷонов

  Тоҷикистон 9 сентябри 2020    Истиқлоли давлатиро ҷашн мегирад. Мардуми тоҷик   29 солгарди Истиқлолро дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ қайд хоҳад кард.  Истиқлол пурарзиштарин дастоварди давлату миллати  тоҷик аст, ки бисту нуҳ сол муқаддам муҳимтарин падидаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад: Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Ин ҳодисаи  пурсаодат аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуҷўъ  пайваст ва 9 сентябр расман Рӯзи  Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид  ва минбаъ ин санаи муборак барои миллати тоҷик ҷашнӣ муқаддас  ба ҳисоб меравад.

  Тамоми ҳамватанони кишвари   соҳибистиқлоли мо имрӯз ифтихор доранд, ки бисту нуҳ сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати  мустақилият  соҳиби  рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем. Дар таҳкими Истиқлоли тоҷикон нақши Президенти Тоҷикистон хеле назаррас аст. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули ва таҳкими пойдевори аввалин давлати миллии дунявии Тоҷикон нақши калидӣ доранд.

  Моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби ноҳияи Б.Fафуров Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арсаи сиёсат шахсиятеро баровард, ки дастовардҳои минбаъдаи кишвар ба номи ў иртиботи ҳамаҷониба доранд. Аз рўзи Сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди барўманди халқ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон асосҳои сохтори конститутсионӣ  дар Тоҷикистон барқарор гардид ва Тоҷикистон ба масири сулҳу субот,рушди бемайлони иқтисодӣ, афзоиҳи некуаҳволии мардум кишвар баромад.

  Дар таърихи  навини тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қаҳрамонии худ баҳри саодати миллат аллакай ҷойгоҳи худро пайдо кардааст.  Рушди Тоҷикистонро имрӯз бидуни Эмомали Раҳмон тасаввур кардан имконнопазир аст. Дар аввалин буҳроне,ки ба сари миллати тоҷик омад, яъне ҷанги шаҳрвандӣ дар назар дошта мешавад,муҳтарам Эмомали Раҳмон роҳбарии давлатро ба дасти худ гирифта буд ва ҳамчун менеҷери муваффақ  тавонист миллати тоҷикро аз ин буҳрон раҳо бахшад.Дар ҳамон  давр  миллати  тоҷик дар интихоби худ,яъне интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси роҳбари давлат хато накарда буд

  Маҳз бо ибтикори   Эмомалӣ Раҳмон дар соли 1994  Конститсияи нав қабул гашта дар  Моддаи 1. он омадааст ки “Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад”. Дар давлати дунявӣ муносибатҳои одамонна дар асоси таълимоти динӣ,балки дар асоси Конститутсия  ба амал оварда мешавад.

  Дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо ибтикори Президенти кишвар таҳким ва густариши робитаҳо дар доираи сохторҳои ҳамкории байналмилаливу минтақавӣ, ҳамчунин, созмонҳои байналмилалии молиявӣ аҳамияти  хосса  пайдо кард. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаллифи чор ташаббуси бузургест, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ амалӣ шуда ва мешаванд: «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», «Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028».

  Иқдомҳои  ҷаҳонии муҳтарам Эмомали Раҳмон  доир ба масъалаҳои об    Президенти Тоҷикистонро ҳамчун сиёсатмадори дараҷаи ҷаҳонӣ муаррифӣ  намуд. Дар амали кардани сиёсати хориҷии кишвар албатта нақши шахсият баланд аст. Сиёсатмадорони  сатҳи ҷаҳонӣ, метавонанд бояк сухан,як ишора ва ё як рафтор ба сиёсати байнмилалӣ таъсир расон бошанд ва ҳатто имиҷии байналмилалии давлатро тағйир диҳан. Президенти Тоҷикистон  муҳтарам Эмомали Раҳмон аз зумраи  ҳамин гуна сиесатмадорони ҷаҳон мебошанд,ки бо як рафтори худ ба афкори ҷомеаи ҷаҳони  таъсир  расонанд. 

  Дар натиҷаи  фаъол гаштани    сиесати хориҷии  дар асоси  сиёсати «дарҳои боз»,  ки   муаллифи он Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, равобити мутақобилан судманди Тоҷикистонро бо кишварҳои гуногуни  ҷомеаи ҷаҳонӣ ба роҳ монда шуд. Имрӯз Тоҷикистон бо аксарияти кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, 161 давлат истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро расман эътироф кардааст. Воридшавии инвеститсияҳои бузург аз хориҷи кишвар самараи муваффақи ин  сиёсати хориҷии кишвар мебошад. Бо ҷалби сармояи хориҷӣ  дар  Тоҷикистон роҳи  аҳамияти байналмилалӣ доштаи  Қулма-  Душанбе ба истифода дода шуд, ки он барои рушди иқтисодиёти миллӣ аҳамияти бузург дорад. Доир ба раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ як силсила тадбирҳои мушаххас амалӣ шуда, сохтмонҳои қитъаҳои алоҳидаи  роҳҳои мошингарди Душанбе – Хоруғ – Мурғоб, Душанбе – Рашт – Саритош, нақбҳои автомобилгарди Истиқлол, Шаҳристон, Шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ,  нақби Шаршар  ва ғайра ба истифода дода шуданд. Баъди истифодаи роҳҳои бузурги байниминтақавӣ имкон фароҳам  омад,  ки  ҳаракати нақлиёт дар дохили мамлакат ва берун аз он тамоми фаслҳои сол имконпазир гардад ва дар ин замина вазъи равуо ва боркашонӣ ба манотиқи гуногуни кишвар сад дар сад беҳтар шавад.  

  Бо ибтикори Президенти Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ дар кишвар аз ҳисоби лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ беш аз 2100 километр роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ва зиёда аз 1000 километр роҳҳои мошингарди дохилӣ аз ҳисоби дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ бунёду таҷдид карда шуданд.Роҳҳои  аҳамияти байналмилалӣ дошта рагҳои хунгузари иқтисодиёти миллӣ мебошанд.

  Дар роҳи таъмини истиқлолияти энер­гетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқа­ворӣ, ки ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат мебошанд, бо сохтмони  нерӯгоҳҳои хурду калони барқи обӣ, хатҳои интиқоли қувваи барқ ва даҳҳо иншооти азими инфраструктураи иҷтимоӣ натиҷаҳои нек ба даст оварда шуданд.

  Нақши Президенти Тоҷикистон  барои расидан ба  яке аз ҳадафҳои стратегӣ , яъне таъмини истиқлолияти энергетикӣ хеле баланд аст. Дар расидан ба  истиқлолияти энергетикӣ  чандин НБО дар Тоҷикистон сохта шуд. Бо пурра ба кор даромадани нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” Тоҷикистон дар миқёси олам ба қатори се кишвари аввали тавлидкунандаи “энергияи сабз” шомил мегардад. Дар доираи Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нергоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2009-2020 даҳҳо нерeгоҳи обии хурд сохта ба истифода дода шуд.  Аз ҷумла, сохмони  нерўгоҳҳои барқи  обии «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», ба охир расонда шуд ва он алҳол ба манфиати халқ хизмат мекунад. Хатҳои баландшиддати интиқоли нерўи барқи Ҷануб – Шимол, Лолазор – Хатлон, Лолазор – Сангтӯда-1, 2 ба  истифода  дода шуданд. Хусусан ба кор даромадани  хатти  500 киловаттаи Ҷануб–Шимол ва дар пойгоҳи асосии он насб гардидани трансформатори дуюм – ин ғамхории бузурги Ҳукумати Ҷумҳурӣ барои сокинони вилояти Суғд дар мавсими тобистону зимистон маҳсуб мешавад.

  Дар шароити мураккаби геополитикии ҷаҳон, таҳкими Истиқлолият, устувор  гардонидани рукнҳои давлат ва баланд бардоштани  сатҳ  ва  сифати зиндагии инсон барои ҳамватанони мо, мазмуни ҳаётан муҳим пайдо мекунад. Оғози асри 21  бо пешрафти  босуръати  илму  техника ва раванди  афзоишёбандаи ҷаҳонишавӣ  инсониятро ба муҳити комилан нав ворид намуда, боиси ташаккул ёфтани низоми фарогири равобити сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва иттилоотиву маънавӣ гардидааст.

  Яке воситаҳои  камтаъсир намудани тамоюлҳои манфии ҷаҳонишавӣ ин пеш аз ҳама эҳёи  анаъанаҳои қадимаи миллӣ  ва арзишҳои фарҳангии мо мебошад.Бо ибтикори Пешвои миллат дар даврони Истиқлолияти давлатӣ оину ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки дар давоми асрҳо ягонагии маънавии мардумро ҳифз мекарданд, аз қабили Наврӯз,Тиргон, Меҳргон, Сада, Шашмақом, Фалак, атласу адрас, чакан ва монанди инҳо, эҳё гардиданд.

  Бо талошҳои пайвастаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қисме аз онҳо, аз ҷумла, Шашмақом ва Наврӯз, ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ва шаҳри қадимаи Саразм ба Феҳристи мероси моддии ташкилоти зикршуда ворид гардиданд. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани мероси таърихиву фарҳангии мо аз як тараф эътирофи тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангӣ бошад аз тарафи дигар натиҷаи босамари   талошҳои Пешвои миллат  мебошад .Соли 2020 ҷашни яке аз ёдгориҳои бостонии кишварамон — шаҳри қадимаи Саразмро доир намоем. Ин маъракаи муҳими фарҳанги имкон медиҳад, ки мо маданияти беш аз 5500 — солаи аз ҷониби доираҳои илмии ҷаҳон эътирофшудаи худро ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ созем.  Бояд тазаккур дод ,ки  нақши Пешвои миллат  дар ҳифзи ёдгориҳои таърихии миллати тоҷик, ободгардонии онҳо   муносибати Пешвои миллатро  ба ин едгориҳои таърихӣ ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёдамон нишон медиҳад . Пешвои миллат мутмаин аст ,ки  ҳифзи ёдгориҳои таърихии миллати тоҷик   қарзи мо дар назди таърих ва наслҳои оянда мебошад.

  Даврони Истиқлол барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сўи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлол барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию, фаъолияти  пайгиронаи  созандагӣ,  азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолии сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро тадрис намуд.Мо бояд Истиқлолро ҳамчун гавҳараки чашми худ ҳифз намоем!

 

Фаридун Юсуфҷонов,

номзади илмҳои сиёсӣ,

ходими илмии Шуъбаи масоили сиёсии

 муносибатҳои байналмилалии  Институти фалсафа,

сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

Хондан 1110 маротиба