JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

  Филми мустанади Ҷашни сари сол аз ТВ Синамо, бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯз. Муаллиф ва ровӣ: Далер Ҳасанзода. Дар барнома донишмандони тоҷик Бӯризода Анвар Маҳмад, Мирҳусен Нарзиев, Суннатулло Ҷонбобоев, Ризои Баҳромзод, Нурзода Ҳабибҷон ва Номвар Қурбон иштирок кардаанд.

 «Саҳми ҷавонон дар ҳифзи Модар – Ватан шоистаи таҳсин буда, онҳо дар тамоми ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ содиқона хизмат мекунанд».  Эмомалӣ Раҳмон

Ҳар сол Рӯзи артиши миллӣ дар Тоҷикистон бо шукуҳи махсус ҷашн гирифта мешавад. Зеро маҳз артиш такягоҳу муҳофизи давлату миллати мост. Пешвои миллат ба артиши миллӣ таваҷҷуҳи хос дошта, ба таври доимӣ ба сарбозону афсарони шуҷоъи Ватан, ки асосан ҷавононанд ғамхории падарона зоҳир менамоянд. Воқеан, Артиши миллӣ имрӯз мактаби бузурги мардонагию ҷасорат, далерию шуҷоат аст, ки ҳазорон навҷавонро тарбия менамояд ва ба роҳи дурусту пурифтихори ҳимояи Ватан ҳидоят мекунад.

Дар барномаи навбатии Нобиғаҳо аз ТВ Синамо сухани сари се нобиғаи тоҷик бародарон Бану Мусо меравад: Муҳаммад, Аҳмад ва Ҳасан писарони Мӯсо ибни Шокири Хуросонӣ. Онҳо дар инкишофи илмҳои риёзӣ, табиатшиносӣ ва назарияи мусиқӣ нақши бузурге гузоштаанд. Муаллифи «Таъриху-л-ҳукамо» — Қифтӣ менависад, ки Мусо ибни Шокир аз Хуросон буда, дар овони ҷавониаш роҳзаниву авбошӣ мекардааст. Бо ҳокими Хуросон Маъмун (786—833) шиносоӣ пайдо карда, ба ӯ наздик мешавад. Пас аз сар задани ҷанги шаҳрвандӣ Маъмун (с. 813) Бағдодро гирифта, халифа мешавад ва Мусо ибни Шокир бо Маъмун ба Бағдод мекӯчад. Ӯ дар Бағдод илми нуҷумро омӯхта мунаҷҷими машҳури замон мешавад. Пас аз фавти Мусо ибни Шокир Маъмун ба писарони ӯ мурооти бисёр мекунад. Банӣ Мусо дар «Байтулҳикма»-и Бағдод фаъолият доштанд. Бародари калонӣ Абуҷаъфар Муҳаммад ба ҳандаса, нуҷум, мусиқӣ ва мантиқ, бародари миёна Аҳмад бештар ба «илми ҳийал» (механика) ва бародари хурдӣ Ҳасан ба ҳандаса машғул буданд. Бино ба маълумоти «ал-Феҳрист»-и Ибни Надим, Банӣ Мусо дар роҳи андӯхтани дониш сарфи молро дареғ надоштанд. Ибни Юнус дар «Зиҷи кабири Ҳокимӣ» аз шаш расади Банӣ Мусо ёд мекунад. Абурайҳони Берунӣ дар «Осору-л-боқия» ба зиҷҳои Банӣ Мусо баҳои баланд дода, онҳоро аз нодирони асри худ мешуморад. Чунончи, бино ба қавли Берунӣ, Муҳаммад ва Аҳмад с. 857 дар Рай қимати баландтарин (79°22´) ва пасттарини (32°13´) Офтоб ва аз рӯйи ин ду қимат майли эклиптикаро (23° 34´ 30´´) ҳисоб карданд. Онҳо трисексияи кунҷ ва бо ёрии тор кашидани эллипс, қимати π (пи) ва ҳалли муодилаи -ро медонистанд. Рисолаҳои зерин намунаи осори Банӣ Мусо маҳсуб мешаванд: «Муқадамот китобу-л-махрутот» ("Шарти муқаддима бар китоби «Бурришҳои махрутӣ»), «Китоб маърифат масоҳа ал-ашколу-л-басита ва-л-курийа» («Китоб дар маърифати ченкунии шаклҳои мусаттаҳ ва куравӣ»), «Китобу-л-ҳийал» («Китоб дар илми ҳилаҳо», яъне механика), «Китоб фӣ карастун» («Китоб дар бораи тарозуҳои фишангӣ»), «Рӯъёу-л-ҳилол ало раъй Аби Ҷаъфар Муҳаммад ибни Мусо ибни Шокир» («Намудории моҳи нав аз назари Абуҷаъфар Муҳаммад ибни Мусо ибни Шокир»), «Китоб фӣ амалу-л-устурлоб» («Китоб андар сохти устурлоб») ва ғ., ки дар китобхонаҳои дунё маҳфузанд. Муаллиф ва ровии барнома Далер Ҳасанзода

   Ҷашни Сада ҳамчун яке аз қадимтарин ва мураккабтарин падидаҳои фарҳангии марбут ба тамаддуни мардуми форс на танҳо як оини тақвимӣ ё маросими мавсимӣ, балки сохтори бисёрқабатаи семиотикӣ ва идеологӣ мебошад, ки дар худ маҷмӯи унсурҳои асотирӣ, космологӣ, фалсафӣ, иҷтимоӣ, динӣ ва ахлоқиро мутамарказ месозад. Таҳқиқи илмии ин оин имкон медиҳад, ки равандҳои бунёдии ташаккули ҷаҳонбинии ориёӣ, низоми рамзҳои муқаддас, механизми танзими муносибати инсон бо табиат ва замон, ҳамчунин усулҳои интиқоли арзишҳои фарҳангӣ аз насл ба насл дар ҷомеаҳои бостонӣ ва баъдӣ бозсозӣ карда шаванд. Ҷашни Сада аз ҷумлаи он падидаҳои фарҳангиест, ки бо вуҷуди тағйироти шадиди таърихӣ, ивазшавии низомҳои динӣ ва сиёсӣ, ҳамчунон қобилияти мутобиқшавӣ ва бозтаъбиркунии маъноиро ҳифз намуда, дар зеҳни фарҳангии мардуми ориёитабор ҷойгоҳи устувор касб кардааст.

Саҳифа аз 1 то 201