JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

Панҷшанбе, 02 Майи 2024 08:25

Дар масири маънавиёти миллӣ!

   (Шодбошии аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша” ба ифтихори зодрӯзи фаъоли иҷтимоӣ Фирдавси Мадё)

   Чанд соли қабл аз тариқи дӯсту бародари гиромӣ Меҳр Собириён бо фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ ва рӯшангари ҷавони миллӣ Фирдавси Мадё ошно шудем. Аз нахустин рӯзҳои ошноӣ Фирдавс худро ҳамчун ҳимоятгари дониши илмӣ ва муҳофизи бедареғи адабу фарҳанги миллӣ ба намоиш гузошта, тавассути талошҳои пайгирона дар самти бедории фикрӣ ва тақвияти руҳияи миллӣ таваҷҷуҳи аҳли маҳфили “Ҷаҳони андеша”-ро ҷалб намуд. Ин аст, ки минҳайси марде донишманд бо тафаккури илмӣ ва дидгоҳи миллӣ байни маҳфилиён маҳбубият касб кард.

     Адабиёт ҳамчун шакли шуури ҷамъиятӣ ва як навъ ҳунар аз замони зуҳур дар қолиби осори манзуму мансур сарнавишти башарро рақам зада, вазъу ҳолоти рӯҳию равонии мардумро инъикос намуда, барои бароварда сохтани ниёзҳои иҷтимоӣ, ахлоқӣ, фикрӣ, эстетикӣ ва мадании инсон дар ҳар давру замоне саъю талош варзидааст. Ҳадаф аз адабиёт адабиёти бадеӣ аст, ки тавассути ду унсури маънавӣ – назму наср, маърифати адабӣ-бадеиро дар низоми зиндагӣ мушаххас карда, сатҳи завқи бадеӣ-эстетикии мардумро боло мебарад. Худовандони олами адабиёт шоирону нависандагонанд, ки дар маҷмўъ, дар мафҳуми адиб шинохта шуда, барои ҷомеа фазо, муҳит ва масири адабӣ-бадеӣ сохта, ба василаи осори бадеӣ бурду бохтҳои зиндагии инсониро ба риштаи тасвири бадеӣ мекашанд ва саранҷом завқи бадеӣ-эстетикии хонандаро бедор, тақвият, таҳким ва таҳрик медиҳанд. Инсоният бошад, аз рўйи тавонмандии эҷодии худ аз осори адабӣ-бадеӣ истифода мекунад ва камбуду навоқис, дарду ранҷ, яъсу ноумедӣ, шўру шавқ, ҷуръату ҷасорат, фақру бенавоӣ, меҳру хушнудӣ, некию накукорӣ, ҷабру зулм, ормону умед, ростию садоқат, дурўѓу адоват, самимияту  отифат ва амсоли инҳо барин категорияҳои ахлоқию равониашро дар ойинаи худнамои адабиёт мебинад ва дар ин масир давра ба давра, марҳила ба марҳила, ба таври тадриҷӣ ташаккулу инкишоф ёфта, симои инсонӣ касб мекунад ва билохира аз сатҳи шахс ба дараҷаи шахсият мерасад. Аз ин ҷост, ки адабиёт ва мероси бадеӣ дар ташаккули шахсият, тақвияти ҳайсият, болоравии ҳамият, таҳкими ҳувият ва тараққии ҷамъият нақши калидӣ дорад. Аз ҷониби дигар, шоирон дар баробари тасвирсозию тасвиркорӣ ва бурун рехтани эҳсосу авотиф, ба баёни воқеиёти зиндагӣ мекпардозанд ва аз ин тариқ сатҳи огоҳиҳои иҷтимоиро боло бурда, ҷомеаро ба сӯйи бедории фикрию маданӣ савқ медиҳанд.

 Дӯсту бародари гиромӣ Меҳрдод Субҳонӣ,

басо рамзист, ки мелоди Шумо бо Рӯзи байналмилалии меҳнаткашони ҷаҳон ҳаморӯз шудааст. Чун Шумо як ҷавони меҳнаткаш ва меҳнатзод ҳастед, таваллудатон ҳам ба ин рӯз рост омадааст. Ин аст, ки қаблан зодрӯзи Шумо ва Рӯзи байналмилалии меҳнаткашонро барои мардуми шарифи Тоҷикистони азиз муборакбод мегӯем. Баъдан, ошноӣ бо Шумо барои мо саҳифаи тозаеро дар шинохти насли нави ҷавони замони соҳибистиқлолӣ боз намуд.

 Хушо, Наврӯз созу чанг овард,

Навою савту на оҳанг овард.

 Ба мо бар рағми ҷаҳлу нотавонӣ

Тавону қудрати фарҳанг овард!

    Инак, имрӯз Наврӯзи Ҷамшедӣ дар ҳамбастагӣ бо Соли нави аҷдодӣ ба сарзамини мо қадам ранҷа фармуда, фазою муҳити наврӯзию баҳориро бароямон ҳадя месозад. Асотири паҳлавӣ гувоҳи онанд, ки Наврӯз ба Ҷамшед  ва Ҷамшед бо Наврӯз тамъаманд ва дар муколимот ва танзими зиндагӣ яке дигареро комил месозад. Ақвоми ориёӣ аз бомдоди таърихи инсонӣ миёни мардуми манотиқи гуногун аз аввалинҳо шуда, ба парастиши аносири табиӣ ва заминӣ, мисли офтоб, борон, оташ, хоку бод даст заданд. Дар қолаби тафаккури устуравии онҳо ашёи табиӣ ё ба истилоҳ, воқеӣ ҷойгоҳи вижа дошт.  Ин буд, ки ҳангоми муколамаи Аҳурамаздо бо Ҷамшеди Пешдодӣ дар фаргарди дуюми “Вандидод”-и “Авасто” Шаҳриёри Ориёӣ  аз Аҳурамаздо танҳо Заминро хостор мегардад ва сохтмони биҳишти рӯйи заминро бо таҷлили Наврӯз шуруъ мекунад. Бар мабнои он,  Наврӯз ҷашни пирӯзии хирад бар ҷаҳолат, воқеият бар мовароуттабиат, рӯшанӣ бар торикӣ ва ҳувият бар беҳувиятист. Муҳимтар аз ҳама, Наврӯз номи Зиндагӣ ва пирӯзии Зиндагӣ бар Нозиндагист. Наврӯз бо омадани худ зиндагиро бар марг тарҷеҳ медиҳад ва ҳукумати ҳастӣ бар нестӣ пирӯз мешавад. Ба ин маънӣ фармудаанд:

Саҳифа аз 5 то 192