“Иқтисод як метод аст, то як таълимот. Як асбоби мағз ва як техникаи андешидан аст, ки ба дорандаи он имкон медиҳад хулосаи дуруст барорад.”
Ҷон Мейнард Кейнс (1883-1946)
Иқтисод истифодаи оқилона ва самараноки захираҳои маҳдуд аст. Дар ҳама замон ва дар ҳама сатҳ захираҳо доимо маҳдуд ҳастанд. Шахсони алоҳида, оилаҳо, ширкатҳои хурду бузург ва давлатҳову созмонҳои гуногун захираҳои муайян ва маҳдуд доранд, ки вазифаи иқтисодшиносон истифодаи дуруст ва гирифтани манфиати бештарин аз онҳо мебошад. Вазифаи иқтисод ҳам дарёфти пули бештар набуда, дарёфти роҳу усулҳои истифодаи дурусту босамари имконоти мавҷудае ҳаст, ки дар ҳама ҳолат маҳдуд ҳастанд. Илми иқтисод чи тавр фикр карданро меомӯзад, на чи фикр карданро. Тарзи фикрронии дурустеро, ки дар сохтани моделҳои иқтисодӣ барои кишварҳои гуногун кумак мекунад ва дар ҳар шароити хос модели муайян барои истифодаи дурусту босамари захираҳои мавҷуда сохта мешавад.
Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, корманди Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмӣ АИҶТ Нозим Нуров иштирок намуданд. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзӯи «Устод Лоҳутӣ ва шеъри иҷтимоии тоҷик» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Нозим Нурзода:
Устод Қамаруддин, шуморо барои ин нишаст ва гуфтугӯи фалсафӣ таҳти унвони “Ҷаҳон аз нигоҳи дигар” хайри мақдам мегӯем ва бидуни ироаи муқаддамот суҳбатро шурӯъ мекунем.
Рушди фарҳанги миллиамон дар даврони Истиқлолияти давлатӣ аз Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз меёбад. Он айём на танҳо масъалаи ҳаёту мамоти миллату давлат, балки фарҳангу тамаддуни тоҷик низ ҳаллу фасл мегардид. Хушбахтона, бо қабули қарорҳои судманд ва сари қудрат омадани фарзонафарзанди сарсупурдаи миллат Эмомалӣ Раҳмон фарҳанги миллӣ ҳифз гардид. Мо шоҳиди он ҳастем, ки дар баробари аҳли ҳунару санъат худи мардум дар рушди соҳа фаъолона ширкат меварзад. Рӯз ба рӯз доираи ҷалби мардум ба чорабиниҳои фарҳангӣ васеъ гардида, бунёди иншооти замонавӣ, эҳёи суннатҳои аҷдодӣ, тарғиби фарҳанги пурғановати миллӣ ва муҳайё сохтани заминаҳои моддии рушди самтҳои гуногуни фарҳанг ба вуқӯъ пайваста истодааст.