JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

Душанбе, 15 Январи 2018 08:59

Сада - иди ниёгони ориёнажод

   Мувофиқи махзанҳои таърихӣ, иди Сада таърихи беш аз 3000 то 5000-соларо дорост. Калимаи Сада аз забони мардуми ориёии қадим гирифта шуда, Оташро ифода менамояд. Дар таърих аввалин подшоҳе, ки иди Садаро ҷашн гирифтааст ва амалӣ сохтааст, Хушанг мебошад.

  Дар таърихи инсоният дар рӯйи замин ба ҳисоби миёна зиёда аз 100 ҳазор тонна тилло истеҳсол карда шудаст. Тилло зиёда аз 6 ҳазор сол пеш аз милод истифода бурда мешуд. Дар аксарияти мамлакатҳои дунё тиллои истихроҷшуда ва ғанигардонидашуда дар фонди давлат дар шакли хӯлаҳои тиллоӣ нигоҳ дошта мешавад, ки онҳоро ба ном «захираи тиллоӣ»-и ин ё он кишвар ном мебаранд. Тиллоро дар ҳама ҷо дидан мумкин аст. Аз ҷумла, дар ҳама гуна хок, дар ҷинсҳои кӯҳӣ дар оби баҳр, аммо ҳосилнокии он дар бештари маврид ночиз аст. Ба ҳисоби миёна, дар як тонна маводи қаъри замин аз рӯйи ҳисобҳои ҷорӣ, 4 мг тилло мавҷуд мебошад. Ҳарчанд, ки тилло дар таркиби 20 минерал мавҷуд аст, аммо асоси истеҳсолоти бисёри давлатҳоро тиллои худрӯй ташкил медиҳад.

Чоршанбе, 10 Январи 2018 05:56

Масоили хиради инсон аз нигоҳи илмӣ

Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, директори маркази аниропологии АИҶТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Муҳаммадалӣ Музафарӣ иштирок намуда. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзӯи «Масоили хиради инсон аз нигоҳи илмӣ» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

  Тоҷикон дар рушди фарҳанги башарӣ аз замонҳои бостон то имрӯз бо ҳунарҳои гуногуни мардумии худ ҳиссаи арзанда гузоштаанд. Агар ба сарчашмаҳои таърихӣ, бозёфтҳои бостоншиносӣ, осори адабии классик ва рӯзгори кунунии мардуми тоҷик нигоҳ намоем, ба пеши назар ҳунарҳои зебое ҷилвагар мешаванд, ки ҳазорон сол аст онро тоҷикон то замони мо овардаанд. На фақат овардаанд, балки нишонаҳои фарҳанги бостонии хешро дар пайванд бо табиат, дар ҳунарҳои мардумӣ инъикос кардаанд, ки ин нукта дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оқилона ва одилона чунин садо дод: