Аслан Конститутсия ин санади меъёрӣ- ҳуқуқӣ буда, дорои қувваи олии ҳуқуқиест, ки муносибатҳои ҷамъиятиро ба таври мушаххас дар меъёрҳои муайян ба танзим медарорад. Дар таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд Конститутсия тавассути меъёрҳои муқараркардаи махсус нақши асосиро дорад. Бояд қайд кард, ки ҳангоми вайроншавии тартиботи ҷамъиятӣ ва вайрон шудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд тибқи тартиботи муайянкардаи Конститутсия меъёрҳои вайронгардидаро ба воситаи мақомоти дахлдор бо роҳи маҷбуркунӣ таъмин менамояд. Бахусус нақши Конститутсия дар таҳкими фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ назаррас аст, чунки он муайянкунандаи самту фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 10 боб иборат аст, ду боби он ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бахшида шудааст. Аз ҷумла, боби 8-ум ба самти фаъолияти мақомоти Судӣ ва боби 9-ум ба мақомоти Прократура бахшида шудааст, ки ин мақомот дар таҳкими ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо инсон ва шаҳрванд нақши муҳим мебозад. Яке аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки дар таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши муҳим дорад, ин мақомоти судӣ мебошад, ки Конститутсия боби махсусеро ба ин мақомот бахшидааст ва он 9 моддаро дар бар мегирад.
Яке аз масъалаҳои доғе, ки имрӯз тамоми ҷаҳониёнро ба ташвиш овардааст, ин терроризм ва экстремизми динӣ ва мазҳабӣ мебошад. Ба назари муҳаққиқон ва коршиносон, терроризм - сиёсат бар асоси истифодаи мунтазами террор ба ҳисоб меравад. Аммо, новобаста аз қувваи ҳуқуқии истилоҳи «терроризм», таърифи он то кунун духӯра боқӣ мемонад.
(чанд андеша дар мавридди монеъи рушд будани низоми сиёсии динӣ)
Пас аз нашри мақолаи файласуфи тоҷик Ҳафиз Холиқзода дар мавриди исломи сиёсӣ ва монеъи рушди миллат будани он, дар ин замина интишор ёфтани ҷавобияи хушунатҷавҳари Амруллои Низом таҳти унвони «Гуфту куфт» ва навиштаи файласуфи муосири тоҷик Нуриддини Шаҳобиддин таҳти унвони «Мазҳаб ва инкишоф», ҳамчунин вокуниши С. Истаравшанӣ тасмим гирифтем, як таҳлили иҷмолиро дар мавриди дунявият ва низоми сиёсии динӣ анҷом бидиҳем.
Башарият дар тӯли мавҷудияти хеш аз навъҳои мухталифи идоракунӣ истифода намудааст, ки ҳар кадоме аз ин шеваҳо ба дараҷаи дониш ва фаҳму ҷаҳонбинии башар дар ҳар марҳилаи тараққиёт вобаста будааст.
(чанд мулоҳизаи куллӣ)
Муқаддима
Инсоният аз лаҳзаҳои нахустини шинохти хеш ва мусаллат шудан бар огоҳиҳои муқаддамотӣ, бо ин ё он роҳ мехостааст эҳсос, орзуву омол ва бинишу фаҳмиши худро дар робита бо зиндагӣ ва муҳити иҷтимоӣ баён созад. Зиндагӣ ҳатто дар бомдоди фарҳанги башарӣ барои инсон муқаддам ва муқаддас будааст. Бар ин мабно, башар дар тӯли таърих бардошту эҳсосоти худро аз зиндагӣ бо василаҳои гуногуни ҳунарӣ -- ба воситаи афсона, ривоят, ҳикоя, масал, шеър, тарона, рӯбоӣ, мусиқӣ, театр, кино, наққошӣ, фалсафа, дин, ирфон, адабиёт ва амсоли инҳо ифода намудааст ва то имрӯз ин ҷараён ҳамчунон идома дорад. Дар ин замина, адабиёт ба сифати шакли шуури ҷамъиятӣ ва дар маҷмӯъ, як шеваи муассири фарҳангофарӣ беҳтарин бозгӯкунандаи эҳсосоту авотиф, орзуву омол ва андешаву фикрати инсоният дар таърихи ҳастии башарият ба шумор меравад. Аз ин ҷост, ки адабиёт дар партави фарҳанг бо ҷомеа наздик мешавад ва ҳамчун унсури фарҳангофарӣ ва ҳувиятсозӣ доман мегустурад.