(чанд мулоҳиза дар ҳошияи китоби тозаи ҳиндшиноси маъруфи тоҷик Ҳабибулло Раҷабов “Тасвири воқеаҳои фоҷеавии тақсимоти Ҳиндустон дар асарҳои нависандагони Ҳинд”) Гузаронидани нишасту конфронс ва семинар-машварату маҳфилҳои илмӣ-фарҳангӣ ва фаннӣ-ихтисосӣ аз ҷумлаи механизм ва ба истилоҳ, роҳкорҳои муассири илмӣ-назариявӣ ва амалӣ-эҷодӣ дар ростои шинохти чеҳраҳои матраҳи миллию фаромиллӣ, ошноӣ бо фарҳангу тамаддуни минтақавию ҷаҳонӣ, дарки авзои сиёсию мафкуравию геополитикӣ, ташхиси масири бархурдҳои тамаддунӣ, ҳифзи ҳувият ва манофеи миллӣ, муаррифии шоистаю боистаи меросу арзишҳои асили қавмию бумӣ ва амсоли инҳо маҳсуб мешавад. Дар ин замина, дар пажуҳишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ-тадқиқотӣ бо ҷалби донишмандону коршиносон ва насли ҷавонони муҳаққиқон семинар-машваратҳои илмӣ-амалӣ доир гардида,…