JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Таърихи миллӣ ва башарӣ собит кардааст, ки ҷомеаи тавонманд давлати неруманд месозад ва дар раъси қудрат ва тавоноиҳои миллию башарӣ, ки ба вуҷуд ва ҳузури давлатҳои мустақил сабаб мегарданд, хирад меистад. Ин аст, ки муҳаққиқон асл ва нишонии ҷомеаҳои мутамаддинро дар вуҷуди истиқлоли фикрӣ ва хиради ҷамъӣ арзёбӣ кардаанд. Гузашта аз ин, ташаккули истиқлолияти фикрию эҷодӣ, ки дар марҳилаи ибтидоӣ аз афроди ҷомеа буруз мекунад, роҳро барои сохтани фазою муҳитҳои солим ва бози иҷтимоӣ ҳамвор мекунад. Аз ин ҷост, ки дар ташаккул ва рушди тафаккуру биниши дунявӣ, ки санги асоси ҷомеаи хирадмеҳвар шинохта шудааст, давлати дунявӣ ва мутаносибан, равиши зиндагии…
Муқаддима Ҳар фарҳанге дар ҷаҳон сарнавишти хоси худро доштааст. Мо чанд мулоҳизаи мухтасаре доир ба сарнавишти тамаддун ва фарҳанги тоҷикро ба хонандагони арҷманд пешкаш менамоем. Сарчашмаҳои ин баҳс аз маълумоти китобҳои ватанӣ ва хориҷӣ бо забонҳои гуногун аст. Шеваи баргардон нисбат ба дигар навъҳои таълиф дар ин баҳс афзалият хоҳад дошт. Мо аз истилоҳоти печида ва душвори илмӣ дурӣ меҷӯем ва то ҳадди имкон ба забони возеҳу равшани мардум такя мекунем. Ангезаи ин иқдом ин буда, ки баъди истиқлоли сиёсии Тоҷикистони азиз мо аз сарчашмаҳои фаровони фарҳанги ҷаҳонӣ, аз ҷумла китобу рисолаҳо ва маводу маълумоти интернетӣ бархӯрдор гардидаем. Таҳиягарони ин…
Панҷшанбе, 12 Марти 2020 11:04

Наврӯз - ҷашни нуру сафо

Муаллиф:
Истиқбол ва ҷашни Наврӯз аз суннатҳои қадимтарини мардуми ориёӣ буда, то замони муосир арзишҳои худро гум накардааст ва мардум онро ҳамчун иди суннатӣ ва фарорасии соли нав бо шодмониву сарафрозӣ дар шаҳру ноҳия ва деҳот бо базму тараб ва пухтупазҳои солинавӣ-баҳорӣ барои баракату фаровонӣ ва нуру сафо овардан ҷашн мегирифтанд. Имрӯз ба туфайли Истиқлолияти миллӣ маросимоти Наврӯзӣ зеботару бошукӯҳтар мегузарад. Пешвозгирӣ ва ҷашни Наврӯз ҳамчун иди баҳор, иди кишту кор ва заминагузорӣ барои ҳосили сол, тару тоза намудани чаманзорҳову хиёбону кӯчаҳо, шинондани ниҳолу гулчанбарҳо, коштани сабзиҷот аз расму оинҳои беҳтарини айёми наврӯзӣ ба шумор меравад.
Таърихи ҷомеаи инсонӣ борҳо собит намудааст, ки маҳз дар давраи гузариш аз як тарз ба тарзи дигари муносибатҳои истеҳсолӣ, ки он дар заминаи куллан тағйир ёфтани шакли моликият сурат мегирад, зуҳуроти номатлуб, аз қабили тундгароӣ, ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ бештар рӯйи кор меоянд. Далели ин гуфтаҳо даргириҳои сиёсӣ ва ҳарбии ибтидои солҳои навадуми асри гузашта бар асари гусастани ҳамгироии иқтисодии дар байни ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар як қатор кишварҳо, аз он ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рухдода, мебошанд.
Аз замони зиндагии Ибни Сино бештар аз ҳазор сол гузаштааст. Дар тӯли ин муддат таълимоти фалсафии вай аз тарафи ҷонибдоронаш рушду такомул ёфта, аз ҷониби рақибонаш мавриди нақду инкор қарор гирифтааст. Ба интиқоди шадиди рақибон нигоҳ накарда, таъсири ақидаҳои Ибни Сино ба аксари мутафаккирони асримиёнагии Шарқу Ғарб барало ба мушоҳида мерасад. Асарҳои Ибни Сино ҳамчунин дар маркази диққати мутафаккирони давраи Эҳёи Аврупо қарор доштанд. Доир ба таъсири Ибни Сино ба мутафаккирони ин давра осори зиёди донишмандони давраи нав шаҳодат медиҳад. Вале аз тарафи дигар, Ибни Сино он эътибору шукӯҳеро, ки дар асрҳои миёнаи Аврупо дошт, дар давраи Эҳё то андозае…