JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 31 Марти 2022 04:19

Ҷаҳиши нарх: роҳи наҷот барои Тоҷикистон кадом аст

Муаллиф: Меҳр Собириён

  Пандемияи “COVID-19” ба ғайр аз гирифтани ҷони миллионҳо инсон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ хисороти зиёди иқтисодӣ овард. Аз оғози вокунишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин вабои аср маълум буд, ки моро мушкилоти иқтисодӣ низ дар пеш аст. Чунки чораҳои иҷбории гирифташуда дар баробари паҳншавии босуръати бемории мазкур ба даромади мардум, истеҳсоли маҳсулот ва интиқоли молу коло таъсири манфӣ мерасонд. Илова бар ин, аз меъёр зиёд шудани талабот ба молу маҳсулот дар сатҳи ҷаҳонӣ дар соли 2021, боиси болоравии нархи аксари маҳсулот дар ҷаҳон гашт. Сар карда аз нархи нафт, ки нақши он дар арзиши аслии анқариб тамоми молу маҳсулот муассир аст. Халалдор шудани занҷираи интиқоли молу маҳсулот дар баъзе кишварҳо, аз ҷумла ИМА ва Британия, ба пастшавии таклифот ва қимматшавии онҳо дар соли гузашта оварда расонд. Дар натиҷа қимматшавии молу маҳсулот дар соли 2021 дар 13 соли ахир аз ҳама зиёдтар буд.

  Болоравии сатҳи таваррум дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ба кумакҳои зиёди ҳукуматҳои онҳо ба аҳолӣ низ вобастагӣ дошт. Миллиардҳо доллаи амрикоӣ ҳамчун дастгирии давлатӣ ба мардум додан боиси зиёдшавии таваррум шуд. Зиёдтар шудани монеаҳо дар тиҷорати ҷаҳонӣ, дар пайи тасмимгириҳои сиёсии кишварҳои муайян, низ дар болоравии нархи молу маҳсулот саҳми худро дошт. Дар шароити ҷаҳонишавӣ истеҳсоли молу маҳсулот тавре ба роҳ монда шуда буд, ки истеҳсоли ҳар як маҳсулотро дар кишварҳое ба роҳ мемонданд, ки бартарии нисбӣ ва ё бартарии мутлақ дар истеҳсоли он доштанд. Ду соли охир бо сабаби мушкилоти бархоста аз пандемия ин раванд то дараҷае халалдор гашт. Чунки хатҳои кашондани бор нисбатан маҳдуд шуданд ва тарифҳои гумрукии нисбатан баланд боиси зиёд шудани нархи маҳсулоти воридотӣ дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон гашт. Дар ин ҳолат истеҳсоли маҳсулоти муайян дар кишварҳое, ки бартарии нисбӣ дар истеҳсоли он надоштанд самаранокӣ дар иқтисоди ҷаҳонро пасттар гардонд.

  Таваррум дар сатҳи ҷаҳонӣ дар соли 2021 эҳтимолан хеле зиёд буд. Ҳарчанд имрӯз маълумот оид ба он дастрас нест, вале кишварҳои алоҳида ин маълумотро барои соли 2021 аллакай мунташир кардаанд ва аз рӯйи онҳо метавон хулоса кард, ки сатҳи таваррум дар соли гузашта ба соли 2008 наздик хоҳад буд. Дар соли 2008 ин нишондиҳанда дар сатҳи ҷаҳонӣ ба 9 дарсад баробар буд. Барои муқоиса ҳамин нишондиҳанда дар соли 2020 ба 1.9 дарсад баробар аст. Масалан дар ИМА тибқи маълумоти мунташиркардаи Департаменти меҳнати ин кишвар таварруми моҳона аз моҳи майи соли 2021 ба таври назаррас боло меравад. Агар дар моҳи майи соли 2020 он 0.1 дарсадро ташкил карда бошад, дар ҳамин моҳи соли 2021 он ба 5 дарсад баробар шудааст. Ҳамин тариқ таваррум дар ин кишвар дар соли гузашта пайваста зиёд шуда, дар моҳи декабр ба 7 дарсад расидааст. Ҳол он ки ин нишондиҳанда дар моҳи декабри соли 2020 ба 1.4 дарсад баробар будааст.

Ин раванди зиёдшавии таваррум дар ду моҳи аввали соли ҷорӣ низ идома пайдо кардааст. Ҳамин тариқ дар январу феврали соли ҷорӣ таваррум дар ИМА мутаносибан ба 7.5 ва 7.9 баробар мешавад. Дар ҳоле ки сабабҳои дар боло зикршудае, ки боиси болоравии босуръати таваррум дар сатҳи ҷаҳонӣ шудаанд, бартараф нашудаанд, буҳрони кишвари Украина мушкилоти нав ба миён овард. Акнун рақобатҳои геополитикии кишварҳои абарқудрат вазъияти бе ин ҳам номувофиқро мушкилтар сохтаанд. Таҳримҳо ва маҳдудиятҳои нави ҷоришуда нисбати кишварҳое, ки дар иқтисоди ҷаҳонӣ саҳми арзанда доранд, шароити иқтисодиро вазнинтар кардаанд.

Дар ҳоле, ки нархи нафт бе буҳрони Украина боло рафтан дошт, ин вазъият онро болотар бурд. Маълум аст, ки болоравии нархи нафт ҳамеша ба нархи дигар молу маҳсулот таъсир мерасонад. Пеш аз сар задани буҳрони мазкур дар санаи 23 феврали соли 2022 нархи як бушка нафти навъи “Brent” дар бозори ҷаҳонӣ ба 97 долари амрикоӣ баробар буд. Ин нишондиҳанда дар 8 марти соли 2022  то ба 128 доллари амрикоӣ боло рафт. Баъдан каме пойин шуда, дар санаи 17 марти ҳамин сол 107.5 доллари амрикоӣ баробар мешавад. Дар ин шабу рӯз ин як сабаби асосии болоравии нарху наво дар ҷаҳон гаштааст. Сабаби дигари он, ки ба болоравии нархи маҳсулоти озуқаворӣ дахл дорад, тарс аз бе кишт мондани заминҳои ҳосилхези Украина мебошад, ки дар бозори озуқавории ҷаҳонӣ нақши арзанда дорад.

Воқеан, болоравии нархи маҳсулоти озуқаворӣ барои аксари кишварҳои ҷаҳон нигаронкунанда мебошад. Тоҷикистони азизи мо низ аз ҷумлаи онҳост. Қиматшавии маҳсулоти озуқаворӣ вазъияти аксари хонаводаҳоро мушкил карда, пеши роҳи амализозии ҳадафи давлат, яъне решакан кардани фақри мутлақро мегирад. Ин аст, ки дар ин шабу рӯз ҳам мардум ва ҳам ҳукумати мамлакат дар пайи кам кардани таъсири манфии ин раванди ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон ва шаҳрвандони он мебошанд. Барои кишвари мо, ки воридкунандаи маҳсулоте, мебошад, ки Украина яке аз истеҳсолкунанда ва содиркунандаи он дар ҷаҳон аст, буҳрони Украина зарари зиёд расонида метавонад. Аллакай нархи орду шакару равған боло рафтааст.

Мушкили дигаре, ки буҳрони Украина дар аксари кишварҳои ҷаҳон, махсусан кишварҳои пасошӯравӣ ба миён овард, беқурбшавии пули миллӣ мебошад, ки қобилияти харидории аксари аҳолиро кам мекунад. Паст шудани қурби рубли русӣ низ ба кишварҳое, ки ба даромади муҳоҷирон дар Русия вобастагӣ доранд, таъсири манфӣ расонида истодааст. Рубли Русия дар як моҳи охир қариб нисфи арзиши кудро аз даст дод. Дар чунин ҳолат ҳам даромади воқеии муҳоҷирон кам шудааст ва ҳам даромади воқеии онҳое, ки дар кишварҳои худ кор мекунанд поён рафтааст. Ин вазъият, яъне рукути иқтисодӣ бо поён рафтани даромади воқеии мардум ва боло рафтани нархи молу маҳсулотро “стакфлятсия” меноманд, ки мушкилро барои мардум зиёдтар мекунад.

Ҳамин тариқ, тибқи маълумотҳо аз расонаҳои электронӣ, дар пайи буҳрони Украина кишварҳои зиёд ба мушкилиҳои дар боло зикргардида мувоҷеҳ шудаанд. Барои мисол дар Қирғизистон дар камтар аз як моҳ қурби асъоли миллӣ нисбат ба доллари ИМА 11 дарсад (аз 84 сом ба 94 сом барои як доллар) зиёд шуда, нархи орд 15 дарсад, равған 22 дарсад, шакар 43 дарсад гаронтар шудаанд. Ҳамин нишондиҳандаҳо дар Қазоқистон дар ин давра ба тариқи зайл аст: қурби асъоли миллӣ нисбат ба доллари ИМА 16 дарсад (аз 429 тенге ба 510 тенге барои як доллар) зиёд шуда, нархи орд 11 дарсад ва шакар 63 дарсад гаронтар шудаанд. Дар Ӯзбекистон: қурби асъоли миллӣ нисбат ба доллари ИМА 6 дарсад (аз 10800 сӯм ба 11500 сӯм барои як доллар) зиёд шуда, нархи орд 25 дарсад, равған 17 дарсад ва шакар 10 дарсад гаронтар шудаанд. Ҳатто дар Туркия, ки ба Русия нисбатан вобастагии камтар дорад: қурби асъоли миллӣ нисбат ба доллари ИМА 11 дарсад (аз 13.2 лира ба 14.8 лира барои як доллар) зиёд шуда, нархи орд 24 дарсад, равған 20 дарсад ва шакар 24 дарсад гаронтар шудаанд.

Дар Тоҷикистон низ беқурбшавии пули миллӣ ва болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия ба мушоҳида мерасад. Дар давраи мазкур қурби асъоли миллӣ нисбат ба доллари ИМА 13 дарсад (аз 11.3 сомонӣ ба 13 сомонӣ барои як доллар) тибқи маълумоти Бонки миллӣ зиёд шуда, нархи орд 19,2 дарсад, равған 10 дарсад ва шакар 21,2 дарсад гаронтар шудаанд. Дар ҳамин давра нархи сузишвории “Бензин АИ-92” аз тақрибан 10.50 сомонӣ то 12.30 сомонӣ бола рафтааст, ки ба нархи аксари маҳсулоту хизматрасонӣ таъсир хоҳад расонд.

Пас аз се ҳафтаи сар задани буҳрони Украина, чунин ба назар мерасад, ки бозорҳо муътадил шудан доранд. Рубли Русия аз афтиши озод раҳо шуда, як қисми арзиши аз даст рафтаи худро барқарор кард. Аммо номуайян будани вазъияти кишту кор дар Украина нархи маҳсулоти хӯроквориро дар ҳамон сатҳи баланд нигаҳ медорад. Тибқи маълумоти дастрасшуда мо аз ин кишвар маҳсулоти озуқавории зиёд ворид намесозем. Мо бештар аз Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Покистон маҳсулоти мазкурро ворид месозем. Вале агар заминҳои ҳосилхези Украина бе кишт монанд, нархи он дар бозори ҷаҳонӣ баланд мешавад, ки кишварҳои шарики мо мувоффиқи он моли худро нархгузорӣ хоҳанд кард. Дар чунин ҳолат нархи молу маҳсулоте, ки Тоҷикистон ворид мекунад боз ҳам гаронтар хоҳанд шуд.

Назорати давлатии нарху навои маҳсулоти ниёзи аввалия аз ҷониби давлат наметавонад мушкилро ҳал намояд. Чунки дар шароити иқтисоди бозаргонӣ назорати нарх аз ҷониби давлат қобили қабул нест. Агар чунин шавад маҳсулот камчин шуда, тиҷорати он дар бозори сиёҳ сурат мегирад, ки барои истеъмолкунанда боз ҳам гаронтар меафтад. Роҳҳои кам кардани таъсири манфии буҳрони ҷорӣ зиёд ҳастанд. Пеш аз ҳама бояд имтиёзҳои давлатӣ ба ҳамаки иштироккунандаҳои бозор, ки ба истеҳсол ва ворид кардани маҳсулоти озуқаворӣ машғул ҳастанд, дода шавад. Имтиёз додан ба қисме аз онҳо мушкилро ҳал карда наметавонад, баръакс имкон дорад вазъиятро бадтар кунад.

Роҳи дигари пешгирии таъсири ин буҳрон ба Тоҷикистон фавран ба роҳ мондани кишту истеҳсоли маҳсулоти ниёзи аввалия дар Тоҷикистон ба ҷойи дигар маҳсулоте мебошад, ки аҳамияти дуюмдараҷа доранд. Албатта, дар шароити муқаррарӣ чунин кор маслиҳат дода намешавад ва танҳо маҳсулоте, ки дар истеҳсоли он бартарии нисбӣ дорем, бояд кишту истеҳсол карда шаванд. Аммо дар ҳолате, ки амниятӣ озуқаворӣ дар хатар аст, метавон ин қонуни иқтисодиро барои давраи маҳдуд сарфи назар кард ва истеҳсоли маҳсулоти воридотии дар бозори ҷаҳонӣ камчиншударо ба роҳ монд.

Хулоса, болоравии нарху наво дар сатҳи ҷаҳонӣ, бо сабабҳои зикршуда, ба Тоҷикистон таъсири манфӣ расонида истодааст. Кишвари мо имкон надорад, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ин раванд таъсир расонад. Вале дар дохили кишвар имкон ҳаст, ки таъсири он камтар карда шавад. Умедворем, вазорату кумитаҳои дахлдор тасмимҳои дурусти саривақтӣ, ҷиҳати кам кардани таъсири он ба аҳолии кишварро мегиранд. Набояд гузошт, ки дастовардҳое, ки давлати мо дар самти кам кардани сатҳи камбизоатӣ ноил шудааст, зери фишори буҳрони ҷорӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ, ба чолиш кашида шаванд. Тасмимгириҳои дурусту саривақтӣ дар чунин давраи ҳассос, бозтоби дараҷаи дарки масъулияти вазифавӣ ва сатҳи касбияти кормандони масъули давлатӣ мебошад.

Меҳр Собириён

коршиноси масоили иқтисодӣ

Бознашр аз Рӯзномаи “Фараж”, №13(799) аз 31.03.2022

Хондан 820 маротиба