JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 06 Апрели 2022 03:25

Хизмат ба Ватан шарафи инсонист  

Муаллиф: Фирдавс Мирзоёров

  Артиш дар ҳама давру замон ҳомии марзу бум ва нигаҳбони давлат аз ҳуҷуми бегонагон мебошад. Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар замони соҳибистиқлолӣ тавонист, ба дастовардҳои назаррас дар кулли соҳаҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ шарафёб гардад.

  Артиши миллии Тоҷикистон яке аз ниҳодҳои асосӣ ва муҳимтарини муташаккил буда, асоситарин пояи давлату миллати тоҷикон ба ҳисоб меравад. Ин мақоми ҳарбӣ аз замони таъсис то ин ҷониб собит намудааст, ки дар иҷрои вазифаҳои муқаддасу пуршарафи худ устуворона қадам мегзорад. Маҳз хидмати содиқонаи ҳомиёни кишвар аст, ки имрӯз мо сокинон ва шаҳрвандон дар фазои амну осоиш ва ваҳдати миллӣ кору фаъолият кишвар дорем. Нигоҳдории амнияту таъмини суботи ҷомеа, мустаҳкамии аркони давлат яке аз вазифаҳои аслӣ ва муқаддаси Артиш ба ҳисоб меравад, ки аз ҷониби сарбозони далеру шуҷоъ ва ватандӯсти кишвар сарбаландона иҷро мешаванд. Хидмати шабонарӯзӣ ва содиқонаи хизматчиёни ҳарбии сохторҳои низомӣ аст, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ тамоми чорабиниҳо ва маъракаҳои муҳими сиёсӣ дар фазои амну субот ва орому осуда баргузор мегарданд.

  Ҳукумати Тоҷикистон хидматҳои шоёну қобили таҳсини сарбозону афсаронро ба назар гирифта, ин родмардони ватанро бо мукофоту ҷоизаҳои давлатӣ сарфароз ва қадрдонӣ мекунад. Дастгириҳои бевосита ва роҳнамоии мантазами Пешвои миллат аст, ки дар Артиши миллӣ ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи касбӣ, омодабошии ҷангӣ ва обутоби ҷисмониву маънавӣ таваҷҷуҳи доимӣ ба назар мерасад. Ҳамин таваҷҷуҳи дастурҳои саривақтист, ки рӯз аз рӯз сафи афсарону сарбозон афзоиш меёбад.  Аз таваҷҷуҳу шароити созгор аст,ки аксари сарбозоне, ки хизмати ҳарбиро ба итмом мерасонанд, баҳри идома додани фаъолияти касбии сарбозии худ камари ҳиммат мебанданд. Баъзеи дигар ба хотири содиқ мондан ба касби интихобнамудаи худ ва барои дастёб шудан ба рутбаҳои баланд ба таҳсил ва омӯзиш ҷалб гардида, донишу малакаи ҳарбию ватандорӣ худро такмил медиҳанд.

  Дар баробари ин ҳама хидматҳои шоёни сарбозон ва афсарони шуҷоъи ватану миллат ва афзун гардидани сафи довталабони ҷавон ба хизмати ҳарбӣ, баъзе нохалафону хоинони миллат барои амалӣ намудани ҳадафҳои пасту разил ва нопоки худ ҳар гуна иттилооти бардурӯғро дар байни мардум паҳн месозанд, ки маҳкуми интиқод мебошанд. То ҳанӯз ҳастанд разилону душманони дохиливу хориҷӣ, ки тавассути расонаҳои ифротгаро дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ шаъну шараф ва номуси ҷавонони бонангу номуси сарсупурдаи миллату давлатро зери суол мебаранд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳар як ҷавонмарди бонангу номуси миллати тоҷик хуб медонад, ки мактаби ҷасорату матонат, дӯстиву рафоқат ва худогоҳиву меҳанпарастӣ ин хизмат дар сафи Артиши миллӣ мебошад. Боиси хушнудӣ аст, ки ҳар фарзанди фарзонаи кишвари соҳибихтиёри Тоҷикистон ин вазифаи бузург ва муқаддаси худро азиз дониста бо иродаи қавӣ дар хидмати марзу буми хеш мебошад.

  Мутмаинем, ки дар мавсими навбатии даъвати тирамоҳӣ низ ба мисли даъвати мавсими баҳорӣ довталабон ихтиёран ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар ҷалб гардида, нақшаи иҷроиши даъватшудагонро пеш аз муҳлат ва бо сари баланд иҷро мекунанд, зеро  ҳимояи Ватан ва марзу буми он барои ҳар фарди миллатдӯсту меҳанпараст мояи ифтихор ва сарбаландӣ ба шумор меравад.

  Ҳифзи марзу бум барои ҳар сокини Тоҷикистон муҳимтарину муқаддастарин амали созанда буда, аз ҳар нафар ҳушёрӣ ва ҷасоратро тақозо мекунад. Сулҳу субот ва осоиши ҷомеаи ҳар кишвар  ба ҳифзи сарҳади он вобаста аст. Ҳамин аст, ки артиши миллӣ яке аз асоситарин омилҳои ҳифз ва нигоҳдошти давлату миллат ва осоиши ҷамъият ба ҳисоб меравад. Ҳифзи Ватан - Модар барои ҳар шаҳрванд қарзи виҷдонӣ аст. Аз замоне, ки умумиятҳои иҷтимоӣ дар шакли давлату миллатҳо ташаккул ёфтааст ва инсонҳо ба худшиносиву умумиятҳои муштарак расидаанд, нигоҳдории қаламрав, суботи иҷтимоӣ ба ҳайси зиндагии оромиши осудаи мардумон шинохта шуда, нисбат ба он арзиши муҳими сиёсию иҷтимоӣ қоиланд.

  Чунонки зикр намудем, яке аз масъалаҳои муҳиму рӯзмарраи ҳама гуна ҷомеаҳо ин мавзӯи Ватану ватанпарастӣ ва ҳифзи якпорчагии қаламрави кишвар ба ҳисоб меравад. Аз пайдоиши давлат ва ҳатто пештар аз он инсонҳои ибтидоӣ бошгоҳ ва қаламраверо, ки дар он ба сар мебурданд ҳифз ва ҳимоят менамуданд. Кушиш менамуданд ҳамон қисмате, ки ба онҳо тааллуқ дошт аз дасти душманон ва нафароне, ки ба он ба назари соҳибӣ менигаристанд, мавриди бархурд қарор мегирифт. Зина ба зина бо болоравии фарҳанги башарӣ дигаршавии арзишҳо ва ба як ҷузъи зиндагонии инсонӣ табдил ёфтани онҳо, арзиши Ватану ватандӯстӣ ба як арзиши аслию меҳварии башарият табдил ёфт. Ҳамин аст, ки дар ҳамаи фарҳангу тамаддуни ҷаҳонӣ ватану ватандорӣ, ҳифзи марзу бум нигоҳдошти озодиву истиқлол ва муборизаи тӯлонии мардумон ба хотири ҳифзи ҳамин гуна арзишҳо будааст. Мусаллам аст, ки ҳар нафар вобаста ба маконе, ки тавлид мешавад аз он обу хок ғизо мегирад ва устухонаш бо аносири он ҷо бузург мешавад, ҳамон мавзеву маконро дӯст медорад. Тоҷикон низ аз замони ба давлатсозиву давлатдорӣ дастёб шудан, сарзамин ва қаламрави худро ҳамчун маъбад ва оғозгоҳ ҳамеша нигаҳбонӣ ва азиз медонанд.

  Агар ба саргаҳ ва бунёди фарҳангии хеш назар намоем, маъмуламон мегардад, ки ҳифзи Ватан ва марзу буми он яке аз арзишҳои меҳварии авастоӣ ба ҳисоб меравад. Махсусан дар матнҳои авастоӣ мафҳумҳои аз қабили немания – аъзои оила, висия - эзидон шаҳр, фравашиҳо – фариштаҳои кишвар, вира- мард, сарбоз, нафа – иттиҳод, вис – маънии масканро дорад ки онҳо мавриди ситоиш қарор мегиранд. Дар осори баъдӣ махсусан дар Шоҳномаи  Фирдавсӣ ватану ватандорӣ ҳифзи он муқобила ба бегонагон яке аз мавзӯҳои меҳварӣ ба ҳисоб рафта, ҳанӯз аз қисмати асотирии Шоҳнома  муҳим будани ватану ватандорӣ, зодгоҳ дифои қаламрав бисёр муҳим арзёбӣ мешавад. Дар қисмати дуввуми он низ ҳамагуна паҳлавонӣ, сипоҳдорӣ ва сипоҳсолорӣ яъне ба тарзи дигар бахши қаҳрамонии он ин қаҳрамонӣ намудан ба сарзамину ватанро дорад. Ин ҳама бозгӯйсозандаи он аст, ки арзиши ватандорӣ ва номуси диёрдорӣ ҳамеша барои мардуми мо ва барои фарҳанги миллиамон ниҳоят муҳим ба ҳисоб меравад. Пас аз Шоҳномаи Фирдавсӣ то ибтидои асри XX тамоми донишмандону шоирон ва нависандагони мо ин мавзӯъро ситоиш кардаанд ва барои пояндагии ин марз ва ин фарҳанг бо сухан, шеър, мусиқӣ ва илм кушиш ба харҷ додаанд ва сабабгори пойдорӣ ва мондагории миллат шудаанд.

  Дар тӯли таърих миллатҳо ва давлатҳо ҳамеша барои ҳифзу бақои худ тавсия додани манофеашон аз артиш ва ниҳодҳои ҳарбию амниятӣ кор гирифтаанд. Дар ҷаҳони имрӯз низ артиш ҳамчун яке аз муҳимтарин рукнҳои давлату давлатдорӣ ба ҳисоб рафта,  аз нишонаҳо муайянкунандаи бартарияти миллату давлат ва қудрати он ба ҳисоб меравад. Тавонмандии артиш аз лиҳози низом ва таъмини он ба таҷҳизоти муосир кафили асосии суботи иҷтимоӣ ва пойдории давлат ба ҳисоб меравад. Инро даврони соҳибистиқлолии кишвар комилан собит мекунанад.

  Артиши Тоҷикистон артиши нисбатан ҷавон, зодаи даврони истиқлоли давлатӣ бошад ҳам имрӯз қудрат ва тавони онро дорад, ки ин марзу буми муқаддасро бонӣ намояд, зеро ҳар сокини баномуси он сарбози ин Ватани биҳиштосост.

 Қобили таъкиди хос аст, ки артиши мо аз Артиши Шӯравӣ чизеро ба мерос нагирифтааст ва дар заминаи холӣ ва сармояи давлати Тоҷикистон таъсис ва ташаккул ёфтааст. Ба касе пӯшида нест, ки дар ибтидо барои ин артиши ҷавон на бинову иншоот буд ва на техникаву таҷҳизот. Бомдоди истиқлол, ки бо ҷанги шаҳрвандӣ тавъам афтод ва таъсири худро дар ҳама соҳоти ҳаёти иҷтимоӣ гузошта буд, имкон намедод, сармояи бузург ба артиш масраф шавад. Бо вуҷуди ҳамаи ин вобаста аз рушди иқтисоди кишвар зина ба зина артиши Тоҷикистон низ рушду такмил кард ва соҳиби техникаву таҷҳизот ва ҷойгоҳи муайян дар байни артишҳои Осиёи Миёна гардид. Боиси хушнудӣ ва мояи сарафрозии ҳар сокини кишвар аст, ки имрӯз Артиши миллии Тоҷикистон ҳифзи тамоми сарҳадоти кишварро ба ихтиёр дорад. Айни ҳол кафили аслии оромиши ҷомеа ҳамин артиши миллӣ буда, масъулиятшиносиву содиқона хизмат кардан ба Ватан, ҳифзи сарҳадоти он ва кафили осоиштагии мардуми кишвар мебошад. Дар ин ҷомеаи пуртакопӯ ва зудтағйирёбанда, ҳар фарди ватандӯсту худшиноси кишварро зарур аст, ки огоҳонаву пайгирона, хидмати артишро арҷгузорӣ намояду онро ҳамчун арзиши муҳими ҳаёту мамот барои ҷавонон таблиғ намоянд. Осудагиву осоиши имрӯзаи кору фаъолияти ҳар шаҳрванди кишвар новобаста аз он ки он дар кадом арсаи ҷомеа ифои вазифа мекунад ё соҳибкор асту дар дигар соҳоти ҷамъият фаъолият менамояд, ҳар як нафар бояд дарк намояд, ки бедорхобию ҳушёрии сарбозон ва ниҳодҳои дигари муҳофизи ватан кафили асосии субботи ҷомеа ва давлат мебошад. Ҳар нафар сароғоз аз падару модар, омӯзгор, соҳибкор ва кулли аҳли маънавии ҷомеаро зарур аст, то арзиши ҳифзи марзу бум хидмат кардан дар сафи артишро ба ҳайси як мактаби мардонагию ҷасорат таблиғ намоянд, зеро ин марзу бум ва ин давлат аз мост ва вазифаи мо аст онро ҳимоят намоему зарур бошад дар роҳи ҳифзи он ҷоннисорӣ кунем. Саркашӣ кардан аз хидмат ё фирор кардан аз он нодида гирифтани ҳифзи Модар ва Ватан мебошад. Таҳдид ва марзу буми Тоҷикистон, таҳдид ба кулли мардум ва миллати тоҷик ба ҳисоб меояд. Ҳамин аст, ки дар фарҳанги мо ҳифзи марзу бум ва дар роҳи ҳифзи модару ватан ҷоннисорӣ намудан яке аз арзишҳои муҳими маънавӣ ба ҳисоб меравад, ки дар тамоми осори гузаштагонамон ҷойгоҳи махсусро соҳиб аст. Имрӯз ҳар сокини кишвар бояд дарк намояд, ки зиндагии осуда ва фазои сулҳу оромӣ ва бетарс аз оромии сарҳадот, бехобию ранҷ ва ҷасорату мардонагии сарҳадбонон мебошад, ки шабонарӯзӣ марзи ватанро аз хатари ҳар гуна нохалаф, ки бо мақсаду ғаразҳои нопоки худ мехоҳад амнияти кишварро халалдор намояд,  аз ҷасуронаю бебокона ва ҳушёру зирак дар постгоҳи ҳарбӣ адои хидмат намудани онҳост. Аз тарафи дигар ҳар ҷавон бояд андеша ва дарк намояд, ки ин мактаби мардонагиро бояд гузашт, зеро номуси ватандорӣ аз ҳифзи модар ватан оғоз мегардад. Ҳимояи сарҳадоти ватан ин ҳифзи модар ва ҳифзи хонаю дари худ аст, зеро хонаю дари мо модару пайвандону фарзандони мо дар як қаламраве ба сар мебаранд, ки он қаламрав Ватан ном дорад. Ончунонки ки таъмини пайвандон вазифаи инсонии ҳар кадоми мост таъмини ҳифзи амният ва ҳифзи қаламрави ин Ватан низ аз муқаддасот ва вазифаи шаҳрвандии ҳар кадом аз афроди миллат аст. Ҳар шаҳрвандони кишвар бояд ин масъулият ва шинохту огоҳиро дошта бошанд, ки кору амали гузаштагон ва ба мо интиқол додани ин сарзамин аз мубориз ва истодагарии аҷдодони бузургамон дар баробари аҷнабиёну ғосибон буд. Имрӯз ҳар кадоме аз мо вазифадорем ин амонатро беосеб ва бегазанд ба наслҳои оянда интиқол диҳем, то қарзи инсонию виҷдонии худро дар назди ватану миллат сарбаландона иҷро намоем.

  Фирдавс Мирзоёров

устоди ДМТ

Хондан 2588 маротиба