JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 06 Апрели 2022 06:36

Ватан – дилҷамъию озодии мост

Муаллиф: Сангинов Н.Н.

Ба ифтихори 30 солагии Иҷлосияи XVI-уми Шȳрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Қайд бояд кард, ки соли 2022 барои халқи тоҷик соли ҷашнӣ ба ҳисоб меравад. Агар соле пеш, яъне соли 2021, мо 30 солагии Истиқлолияти давлатиамонро бо шаҳомати хоса ҷашн гирифта бошем, пас имрȳз дар арафаи ҷашнгирии 30 солагии Иҷлосияи XVI-уми Шȳрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Тавре медонем, Иҷлосияи мазкур дар таърихи мамлакатамон ҳамчун Иҷлосияи тақдирсоз сабт гардидааст.

  Иҷлосияи XVI-ро аз он ҷиҳат тақдирсоз медонанд, ки дар рафти он, пеш аз ҳама, масъалаҳои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, қатъ кардани ҷанги шаҳрвандӣ, таъмини амнияту суботи сиёсӣ дар мамлакат, баргардонидани тамоми гурезаҳои иҷборӣ ба Ватан, эҳёи сохторҳои қудративу махсуси дар он вақт фалаҷгардида, таъсиси Артиши миллӣ ва ғайра мавриди ҳаллу фасл қарор гирифтанд. Зеро, ҳалли ин проблемаҳо ба тақдиру дурнамои давлат ва миллати тоҷик таъсири бевосита дошт.

  Дар қатори масъалаҳои қайдгардида, ба Ватан баргардонидани тамоми гурезагони иҷборӣ, дар мадди аввал қарор дошт. Дар робита ба ин, дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 чунин омадааст:

  «Ба Ватан баргардонидани беш аз як миллион нафар гурезаҳо, ки бо мақсади аз парокандагӣ наҷот додани миллати тоҷик дар як муддати кӯтоҳ амалӣ гардид, иқдоми муҳимтарини таърихӣ дар он давраи мураккабу вазнин ба ҳисоб меравад».

  Воқеъан, татбиқи чунин чорабинӣ имкон дод, ки дар як муҳлати кȳтоҳ халқи тоҷик аз парокандагиву фироқ аз марзу буми хеш наҷот ёфт. Дар ин кор, пеш аз ҳама, саҳми Пешвои миллат басо арзанда мебошад. Чунончи, дар суханронии худ дар Иҷлосияи тақдирсози XVI-уми Шȳрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат ба ин масъала аҳамияти хоса дода, ҳаллу фасли онро вазифаи муҳимтарини Ҳукумати тозаинтихобгардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобида буданд.

 Ҳамагон огаҳанд, ки Иҷлосияи мазкур дар як шароити ниҳоят вазнини сиёсӣ ва иҷтимоии мамлакат доир гардид. Он солҳо дар ҷумҳурӣ сохти конститутсионӣ тахриб гардида, сулҳу ваҳдат, суботу оромӣ вуҷуд надошт. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба миллати тоҷик хатари парокандагӣ ва нобудро пеш овард.

 Дар ин бора дар Паёми зикргардидаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст: «Барои расидан ба бузургтарин дастоварди замони истиқлолият – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босаодати имрȳза ва бунёди Тоҷикистони навин, ки ҳоло аҳли башар онро мешиносад ва эътироф мекунад, мардуми шарафманди тоҷик содиқона заҳмат кашиданд, мушкилоту маҳрумиятҳои ниҳоят вазнинро аз сар гузарониданд, фидокориву ҷоннисориҳо нишон доданд ва қаҳрамониҳо карданд. Дар оғози солҳои навадуми асри гузашта – замоне, ки давлати соҳибистиқлоли мо аввалин қадамҳои худро мегузошт, Тоҷикистон бо фитнаву дасисаи нерȳҳои ифротгарои дохилӣ ва хоҷагони хориҷии онҳо ба гирдоби мухолифати шадиди сиёсӣ ва баъдан ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд, ки он боиси қурбониҳои зиёди ҷонӣ ва хисороти бузурги моддиву маънавӣ гардид».

 Ба чунин шароити сахт нигоҳ накарда, дар аввалин санад, яъне Изҳороти Иҷлосияи мазкур аз 20 ноябри соли 1992, аз ҳамаи фирориёни иҷборӣ даъват гардид, ки ба ватан, деҳа ва маҳаллаи худ баргарданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ чунин қайд карда буданд: «Ба хотири истиқрори сулҳи пойдор ва бозгашти ҳамаи фирориён ба ватан ман тайёр ҳастам, ки ҷонамро қурбон созам».

 Дар он замон вазъият хеле муташанниҷ буд, даргириҳо ва садои тиру гулула хомўш намешуд. Албатта, дар чунин шароит на ҳар кас масъулияти сангинро ба дўш мегирифт. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба авҷи олии худ расида, ояндаи мамлакат номуайян буд. Абарқудратҳои ҷаҳониву минтақавӣ аз ин вазъият истифода карда, дар атрофи ҷумҳурии ҷавон «бозиҳо»-и худро амалӣ мекарданд. Мухолифини давлат, ки аз носолимии вазъият манфиат меҷустанд, гуреза шудани тоҷикон ва дигар омилро ба манфиати худ истифода менамуданд.

Аз рўи мантиқ, ба ватан баргардонии фирориён танҳо баъд аз бастани сулҳ дар байни тарафҳои даргир бояд сурат мегирифт. Вале вақт нишон дод, ки ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ то панҷ соли дигарро дарбар гирифт. Сарфи назар аз ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар фикри наҷот додани миллат буданд.

Имрўз, ҳама шоҳиди он ҳастем, ки бо дурандешии худ Президенти мо ба ваъдаи худ вафо карданд ва миллати тоҷикро аз вартаи нобудӣ наҷот доданд. Ин фидокории фарзанди сарсупурдаи миллат – Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд.

Ҷиҳати амалӣ намудани иқдоми мазкур ба тамоми сохторҳои тоза барқароршудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри андешидани чорабиниҳои қатъӣ, супоришҳои дахлдор дода шуд. Тибқи маълумоти расмӣ ва ғайрирасмии он давра, гурезагони тоҷик ба мамлакатҳои дуру наздик, аз ҷумла ба Россия, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва ғайра фирор карданд. Аксарияти гурезагони тоҷик дар ҳудуди беш аз 60 ҳазор нафар ба мамлакати ҳамсоя – Афғонистон гуреза шуда буданд.   

 Ба мақсади иҷрои супориши Пешвои миллат барои баргардонидани гурезаҳои тоҷик аз Афғонистон, ду гурȳҳи кории ҳукуматӣ ташкил дода шуд, ки ҳайати асосии онро кормандони мақомоти амниятӣ ташкил доданд. Ин сабаб дошт, чунки вазъияти сиёсиву низомии Афғонистон хеле муташанниҷ арзёбӣ мегардид, ҷанги шаҳрвандӣ дар ин мамлакат идома дошт. Идораи давлатро дар Афғонистон ҳизбу ҳаракатҳои ба ном «панҷгона» ва «ҳафтгона»-и муҷоҳидон ба даст гирифта буданд. Тибқи тафоҳуми байни онҳо суратгирифта, роҳбарони ҳизбу ҳаракатҳои номбурда ҳукумати муваққатии интиқолии Афғонистонро ташкил дода, ба навбат ба он роҳбарӣ мекарданд. Дар чунин шароит на ҳар як шахс ҷуръат ё кўшиш мекард, ки худро ба оташи ҷанг дар мамлакати бегона партояду фирориёни тоҷикро ба ватан баргардонад.

 Гурȳҳи якум барои баргардонидани гурезагони Кампи Сахии вилояти Балхи Афғонистон ва гурȳҳи дуюм бошад, бо ҳамин вазифа ба вилояти Қундуз сафарбар гардиданд. Банда ба гурȳҳи кории якум, ки бояд дар Балх фаъолият мекард, шомил будам. Он солҳо вилояти Балхи Афғонистон зери нуфузи Ҷунбиши Миллии Исломии Афғонистон таҳти саркардагии генерал Абдурашид Дўстум қарор дошт.

 Гурезагони тоҷик дар Кампи Сахӣ зери таъсири бевоситаи мухолифин қарор доштанд. Ин фирориён аз ҳар навъ робита бо гурȳҳи корӣ дар рўзҳои аввал канорагирӣ мекарданд, беасос барои вазъияти бавуҷудомада Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро айбдор медонистанд. Ба туфайли гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ, ба гурȳҳи корӣ муяссар шуд, ки аксарияти гурезагонро барои бозгашт ба Ватан моил гардонад. Ба онҳо фаҳмонида шуд, ки фирориёни тоҷик дар Кампи Сахӣ қисми ҷудонашавандаи аҳолии Тоҷикистон мебошанд ва ба Ватан ҳатман баргардонида мешаванд, чунки Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин хусус хеле қатъӣ мебошад.

 Тавъам бо корҳои фаҳмондадиҳӣ, гуруҳҳои корӣ хосту талаботи гурезагонро иҷро карданд, аз қабили ташкили вохȳрӣ бо мақомоти салоҳиятдори ҳукуматӣ; таъмини амнияти будубошашон ҳангоми бозгашт ба Ватан; авфи онҳо; барқарор кардани муросилот бо хешовандони дар Тоҷикистонбуда; ташкили вохȳрӣ бо вакилони халқӣ аз Шаҳритусу Қубодиён Талбак Садриддинов ва Аҳлиддин Авғонов ва ғайра. Дар ниҳояти кор хираду тавоноии гурезагон бар қувваи аҳриманӣ ғалаба кард ва бозгардонии онҳо ба Ватан оғоз гардид.

 22 майи соли 1993 аввалин қатора бо беш аз 1000 гурезаи тоҷик аз тариқи бандари Хайратон ба вилояти Хатлон раҳсипор гардид. Дар тамоми масири ҳаракати қатораҳо аз Хайратон то Шаҳритус амнияти фирориён таъмин карда шуд. Барои тезонидани ин маърака дар давоми ҳафта се маротиба қатораҳо ба кашонидани фирориён сафарбар карда мешуданд. Дар маҷмуъ, аз рўи омори тартибдодаи Комиссариати Созмони Милали Муттаҳида оид ба кор бо фирориён, то охири соли 1993 аз Кампи Сахӣ дар ҳудуди беш аз 20000 фирории тоҷик ба Ватан баргардонида шуд.

 Ҳамзамон, дар самти Қундуз ва Толиқон низ ин маърака идома дошт. Дар ин ҷо гурезагон аз тариқи киштиҳо интиқол дода мешуданд.

 Хулоса, дар давоми кори яксолаи худ Гурўҳи кории аввалини ҳукуматӣ ба мушкилиҳо нигоҳ накарда, аз уҳдаи вазифаи ба зимма гузошташуда баромад ва аксарияти фирориёнро аз ин минтақа берун кашид. Гурўҳҳои кории баъдӣ то солҳои 1996-1997, яъне замони зери тасарруфи толибон қарор гирифтани шимоли Афғонистон, бозгардонии фирориёнро идома доданд. Хусусан хизматҳои кормандон Ф.Х. Маҳкамов, С. Зуҳурзода, Б. Бȳрихонов, А. Ғайбуллоев, ки имрȳз дар байни мо нестанд, арзанда буд. Рȳҳашон шод бошад.

 Соли 2007 дар суханронии худ ба ифтихори 10-умин солгарди Рўзи ваҳдати миллӣ Пешвои миллат чунин ишора кардаанд: «Ва муҳимтар аз ҳама, баъди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ шароити мусоид ва кафолати воқеӣ ба вуҷуд омад, ки қариб як миллион нафар гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонем, хонаву дарашонро обод созем ва пайвастани онҳоро ба зиндагии орому осоишта таъмин намоем».

 Ба туфайли заҳматҳои кашидаи Сарвари давлат, имрўз халқи тоҷик дар фазои сулҳу суботи комил, ки асоси он дар Иҷлосияи таърихӣ ва тақдирсози XVI-уми Шȳрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст, зиндагӣ мекунад ва он қобили қадрдонист.

 

Сангинов Н.Н.,

н.и.с., ходими калони илмии Шуъбаи

масъалаҳои сиёсии муносибатҳои байналмилалии ИФСҲ АМИТ

Бознашр: https://ifppanrt.tj/tj/ilm-va-navidho/andeshai-muhakkikon/item/1233-vatan-dil-am-iyu-ozodii-most.html 

Хондан 917 маротиба