JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 26 Апрели 2022 09:04

Ҷаҳон ва инсон (чанд андешаи фалсафӣ)

Муаллиф: Нусратуллои НАЗАРИЁН

  Дар ҳеҷ давру замон шумораи олимон, оқилон, донишмандон ва хирадмандон ба ин ҳад зиёд набуд, ки имрӯз ҳаст. Аммо ҳеҷ гоҳ башар то ба ин ҳад дар ҳалли мушкилии замони худ оҷиз набуд, ки имрӯз аст. Инсон чунин як зарфияти тағйири ҷаҳон, сафар ба кайҳон ва фароҳам овардани шароити зист дар онро пайдо намудааст, аммо дар баробари оддитарин мушкилҳои ҷамъиятиву ҷаҳонӣ ҳайрону нотавон аст. Ҷомеае, ки инсон онро сохтааст, дар он зиндагӣ кардан барои худи ӯ мушкил ва ҳатто номумкин гаштааст. Ҳамарӯза ҳазорҳо нафар дар ҷаҳон бо нишони эътироз аз ин навъи ҷомеа даст ба худкуши мезананд ва робитаи худро ба таври ҳамешагӣ бо ин ҷаҳон қатъ месозанд.

  Бо вуҷуди пешрафти илму техналогия мушкилоти инсони на танҳо ҳал нагаштааст, балки дар ҳоли афзоиш аст. Дар баробари дастовардҳои бузурги иқтисодӣ, ҳамарӯза ҳазорҳо нафар аз гуруснагӣ мемиранд ва дар баробари сохтани ҳазорҳо беморхонаву дармонгоҳ, шумораи фавтидагон аз бемориҳо нисбат ба шумораи фавтидагон аз марги табии сол то сол зиёд мегардад. Тасаввур кардан номумкин аст, ки дар кадом вазъияти душвор имрӯз башарият қарор дорад. Тули асрҳост, ки инсон ҷиҳати барқарор сохтани назми ҷаҳонӣ ва таъмини адолату озодӣ, мубориза мебарад, аммо ин муборизаҳо бо эҷоди як мушкилии ҷадид ба поён мерасанд. Шуруъ аз бомдоди таърих, ҳадафи рушанфикрон ва давлатмардон, инчунин тамоми адёни ҷаҳон ин аз миён бурдани ҷангу зулм, барқарор намудани адолат, фароҳам сохтани фазои сулҳу дӯстӣ ва хӯшбахт намудани инсоният будаву ҳаст. Аммо чаро чунин ҳадафҳои созанда воқеӣ намегарданд? Ва ё роҳи расидан ба ин ормони таърихии башар кадом аст, гиреҳест сарбаста. Ва аммо муамое аз ин ҳам мураккабтар ва ҳақиқате талху дарднок ин аст, ки бо гузашти қарнҳо аз пайдоиши инсон дар ин ҷаҳон то ҳанӯз масири рӯшд ва ё саодати инсон муайян нагаштааст. Инсоният бо вуҷуди аз сар гузаронидани ҷангҳои ваҳшатбор ва қатлу кушторҳои саршор аз кинаву адоват, то ба ҳол ба хулоса наомадаанд, ки чӣ мехоҳанд ва ба куҷо равонаанд. Ва ё онҳое, ки зимоми қудрат ба даст доранд, масире баҳри саъодати башар муайян насохтаанд. Имрӯз мо дар ҷаҳони баъд аз ҷанг қарор дорем, ки баъд аз анҷоми ҷанги ҷаҳонии дуввум чунин номро гирифтааст. Башар он замон ба хулоса омад, ки ҷанг роҳи ҳали мушкилот нест, вале то ба имрӯз роҳе ҷуз ҷанг баҳрии ҳалли мушкилоти худ пайдо накардаанд. Инсон ягона махлуқи бошуур дар рӯйи замин аст. Аммо ин махлуқи бошуур барои маҳв сохтани худ ва ҷаҳони худ силоҳ месозад, ва саодати худро дар ҷанг мебинад.

  Шояд баъд аз садсолаҳо бигӯянд, ки ин насли ҷангии инсон на махлуқи бошуур, балки аблаҳе беш набудааст.

Меъморони ҷомеа моро бовар кунонидан мехоҳанд, ки ҳар инсон он чизеро мебинад, ки мехоҳад. Ҳолати имрӯзаи ҷомеаи инсонӣ, ки ба сифати як мусаввараи дилхарошу ғамангез, барои мо намоён аст, асли воқеият буда наметавонад. Зеро он чи ки инсон мебинад ва эҳсос мекунад дар асл воқеият набуда, балки аз фикру андешаи ӯ сарчашма мегирад. Аммо ин як фиреби назар аст. Зеро фикру андешаи инсон зери таъсири омилҳои беруна ва вазъи олами атроф шакл мегирад. Пас ҳар он чӣ, ки мо дарку эҳсос менамоем ва аз ин дарку фаҳмиши мо падидаҳои ноумеди ва нобоварӣ падид меояд ва ё ояндаи норавшанеро пеши назари мо ҳувайдо месозд дар асл ҳақиқатанд. Аммо ҳамарӯза шунидани ваъда ва суханҳои такрори, инчунин умеди нек бар ояндаи дурахшон ва орзуҳои беинтиҳо, моҳияти ин ҳақиқатро аз мо пинҳон нигоҳ медорад. Пас ба хотири дарки воқеият ва ҳақиқату қонунҳои зиндагӣ лозим аст, то аз олами орзуву тахайюл як қадам берун шавем ва дунёе, ки дар он қарор дорем ба таври воқеӣ бубинем. Зеро ҷаҳоне, ки мо дар он қарор дорем ба он ҳад зебо нест, ки имрӯз аҳли қалам тасвир месозанд. Дунё ба таври воқеӣ зебо нест, ин ваъдаҳои такрори ва дурӯғҳои восифон аст, ки дунёро барои мо зебо ҷилва дода, намегузоранд то зебоиро бишиносем ва дунёи зебои худро бисозем. Бо ин ҳама сардаргуми пай бурдан мумкин аст, ки инсони ғофил ҳамеша тобеъи равандҳои иҷтимоӣ буда, маром ва мақсади ҳастии худро дар ҷаҳон гум кардааст. Ва зери таъсири омилҳои гуногун ба таври ноогоҳона ба тағири ҳолат, муносибат, рафтор, гуфтор ва афкори хеш пардохта аз дарки маъонии зинадгӣ ғофил мемонад.

  Инсон дар дунё қоида ва низомеро эҷод сохта ва рӯйи кор овардааст, ки ҷомеаи инсониро мувоҷеҳи буҳрони азими ахлоқи ва инсонӣ сохтааст. Башар роҳи раҳои аз ин буҳронро дар тағири ҳақиқат меҷӯяд, ҳол он ки бо пазириши ҳақиқат он ҳама мушкилот бартараф хоҳанд гашт. Зиндагии инсонҳо ба ҳам пайванд аст. Баъзеҳо барои хӯшбахт сохтани худ ва дигарон зиндагӣ мекунанд, идае барои он зиндагӣ мекунанд, то дигаронро бадбахт бисозанд. Онҳо хӯшбахти ва саодати худро дар маҳв сохтани дигарон меҷӯянд. Ончунон зиндагӣ мекунанд, ки гӯё касе саодатро аз онҳо рабудааст ва бояд қасос бигиранд. Баъзеҳоро барои бадӣ кардан ҷазо медиҳанд ва баъзеро барои анҷом додани амали хуб. Муамост, ки назди аҳли башар кадом амале хуб асту кадоме бад. Шояд башар ба мизоне, ниёз дорад то дар он амали хубу бад ва ё ҳақу ботилро баркашад. Маҳз набудани меъёри ягона, ҷиҳати шинохти ҳақиқат, инсонҳоро аз асли хеш дур андохта, ҳуқуқи зиндагӣ карданро аз онҳо ситонидааст. Бовар кардан душвор аст, вале дӯруғ бо ҳақиқат чунон омехта гашта, ки ҳатто мавқеъи якдигарро иваз кардаанд. Имрӯз аксар инсонҳо арзиши ҳақиқатро бар дӯруғ нисбат медиҳанд, зеро дар шинохти ҳақиқат оҷизанд. Бидуни ҷустуҷӯйи ҳақиқат, боварҳои исботнашуда ва қазоватҳои худро ҳамчун ақли комил шинохта, онро меъёри шинохти ҳақиқат қарор медиҳанд. Бо ин роҳ доираи ҷаҳонбинии худро маҳдуд намуда бо фаҳмишу дониши андаке, иктифо менамоянд. Гумон мекунанд, ки ақл(қазоват) ба танҳоӣ меъёри шинохти воқеият аст, дар ҳоле ки худ муътақид бар онанд, ки ҳазорҳо соҳибақл, ғофил аз ҳақиқатанд. Пас он ҳама инсонҳое, ки ҷуз ақл дигар чизе надоранд ва ба фаҳмиши андаке қаноат намудаанд, гумон накунанд, ки оқилони замонанд, балки маҳкум дар зиндони ҷаҳолатанд.

Нусратуллои НАЗАРИЁН

Хондан 1159 маротиба