JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 03 Майи 2022 05:43

Дунявият дар Фаронса: мафҳум ва заминаҳои пайдоиши он

Муаллиф: Ардамеҳр АШӮРОВ

  Дар низоми давлатдори Фаронса зери мафҳуми дунявият, асосан ҷудо будани давлат ва дин фаҳмида мешавад. Яъне, давлат ба равандҳои ҳаёти динҳои мухталифи дар кишвар мавҷудбуда бетараф аст. Ба дигар маъно, мафҳуми дунявият ифодакунандаи шарти конститутсионӣ дониста шуда, ҷудоии давлат аз созмонҳои диниро мефаҳмонад.

  Нуқтаи назари дунявият дар Фаронса таърихи беш аз дуасра дорад. Аммо аввалин зикри ин мафҳум дар қонунҳои Ҷул Ферри, соли 1882 ба тасвиб расида буд, ки таҳсилотро ҳатмӣ, озод ва дунявӣ медонист. Истилоҳи секуляризм ё дунявият дар луғатҳои фаронсавии “Larousse” ё” Littre” дар ибтидои солҳои 1870 пайдо шуда, асосан бо соҳаи маориф  алоқамандии бештар дошт. Заминаи ҳуқуқии ин масъала бошад, нуқтаи назари ҷудо будани калисо ва давлатро ифода месохт, ки ҳанӯз 9-уми декабри соли 1905 дарҷ ёфта, шакли қонуниро гирифта буд.[1]

  Мувофиқи моддаи якуми Конститутсияи Фаронса: «Ҷумҳурии Фаронса кишвари тақсимнашаванда, дунявӣ, демократӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Он баробарии ҳама шаҳрвандонро дар назди қонун бидуни тафовути нажод ва дин эътироф менамояд”.  

  Дунявият ё ба истилоҳ, «секуляризм» (аз калимаи лотинии saecularis ба маънои дунявият) бо чанд маъно ифода меёбад:

  • якум - ба маънои бадалшавии моликияти ибодатгоҳҳои динӣ ба дунявӣ;
  • дуюм - мусодираи амволи муассисаҳои динӣ ва интиқоли онҳо ба ҳукумати дунявӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ;
  • сеюм - аз доираи фаъолиятҳои ҷамъиятӣ ва зеҳнӣ озод намудани таъсири дин.

  Ба ин тариқ, секуляризм ё дунявият чизеро аз таъсири калисо баровардан ва ба муассисаҳои шаҳрвандӣ супурдан ва аз таъсири калисо раҳо карданро ифода мекунад. Дар мафҳуми оддитар секуляризм чунин фарзияе аст, ки тибқи он бояд ҳокимияти сиёсӣ ва ҳама гуна сарчашмаҳои ҳуқуқӣ аз ҳама анвои дин ҷудо бошад. Аз ҷониби дигар, секуляризм маънои ба фаъолияти сиёсӣ машғул шудани одамонро бидуни дахолати динӣ ифода месозад. Аммо ҳаргиз секуляризмро набояд бо атеизм омехта кард. Ин мафҳум бори нахуст ҳангоми бастани сулҳи Вестфал (1648), ки дар натиҷаи он моликияти калисо мусодира шуда буд, ба вуҷуд омадааст.[2]

  Нуқтаи назари дунявият дар ҷомеаҳои аврупоӣ ва хусусан, дар Фаронса аз ақидаҳои файласуфони қадим монанди Эпикур ва Марк Аврелий, аз осори исломиёни асримиёнагӣ ва мутафаккирони Аврупо (Ибни Рушд, Марсилий Падуанский), файласуфони давраи маорифпарварӣ (Дидро, Волтер, Ҷефферсон) маншаъ мегирад. Масалан, файласуфи бузурги олмонӣ Иммануил Кант, “яке аз вазифаҳои асосии давлатро расонидани мардум ба саодати маънавӣ ” медонад.[3] Ба назари мо, маънии ин гуфта дар он инъикос меёбад, ки роҳҳои дарёфти саодати маънавиро андешамандону мутафаккирон аз даврони антиқа то замони мо меҷӯянд ва то ин давра садҳо таълимоту ғояҳо ва нуқтаҳои назари мухталиф рӯйи кор омадаанд.

  Агар ба масъалаи дин дар Фаронса назар кунем, маъмултарин динҳо дар ин кишвар дини католикӣ –масеҳият ва дини ислом ба ҳисоб мераванд. Дигар ин ки пас аз инқилоби соли 1798 дин дар Фаронса таҳти назорати давлат бо мақсади нигоҳ доштани рӯҳияи инқилобӣ қарор ёфтааст.

  Масъалаҳои ба вуҷуд омадани ҳокимияти дунявӣ бошад, дар Фаронса аз асри XVIII дар солҳои мубориза бо бартарияти калисои католикӣ оғоз меёбад. Аз охири асри XVIII таълими дин дар синфҳои ибтидоӣ манъ карда шудааст. Дар аввали асри XXI дар муассисаҳои давлатӣ, аз ҷумла мактабҳо, пӯшидани рамзҳои динӣ, аз қабили салибҳои азими масеҳӣ  ва рӯймолҳои мусалмонӣ манъ гардидааст.[4]

  Бояд тазаккур дод, ки дар робита бо куштори Самуэл Пати аз ҷониби як нафар террорист ва ҳамзамон зуҳуроти террористӣ дар Фаронса, вазири маорифи ин кишвар Жан-Мишел Бланке дунявиятро синоними озодӣ ва асоси арзишҳои асосии Ҷумҳурии Фаронса, аз қабили озодӣ, баробарӣ ва бародарӣ номида буд.[5]

  Ҳамин тариқ, идеяи дунявият дар ҳамон замоне пайдо шуд, ки давлатҳои миллӣ пас аз шартномаи Вестфал дар соли 1648 бунёд шуданд. Пас ин раванд, ба муайян кардани нуқтаи назари тамоман нави сохибихтиёрии миллӣ мусоидат кард. Ба дигар маъно, дунявият мафҳумест, ки тибқи он ҳукумат ва дигар сарчашмаҳои волоияти қонун бояд аз ҳар як намуди дин ҷудо бошанд. Аз як тараф, дунявият метавонад маънои озодӣ аз қонунҳои динӣ ва таълимоти диниро ифода сохта, озодӣ нисбат ба эътиқоди диниро аз ҷониби давлат ва ҷомеа дошта бошад, ки ин муфҳуми дунявиятро дар масоили бетараф будани дин равшан менамояд. Аз ҷониби дигар, дунявият метавонад мафҳуми фаъолияти одамон, бахусус доираи фаъолиятҳои сиёсиро дар бар гирад, ки онҳо бояд ба далелу ҳуҷҷатҳо асос ёфта, нисбатан дахолатнопазир бошанд.

Ардамеҳр АШӮРОВ

номзади илмҳои таърих, 

ходими пешбари илмии

Институти омӯзиши масъалаҳои

 давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Маҷаллаи академии илмию оммавӣ "Илм ва Ҷомеа"-№1 (28), 2022

 

Адабиёт

  1. Jean BaubérotLes 7 laïcités françaises, Paris, Maison des Sciences de l'Homme, coll. « interventions », 2015, 176 p., ISBN : 978-2-7351-1985-1.
  2. Pascal Boyer: "Et l'Homme Crea Les Dieux:Сomment expliquer la religion". — М.: Альпина нон-фикшн, 2016. — 496 с.
  3. Valentine La laïcité française, une exception historique, des principes partagés- 2019/ p. 193-205. https://doi.org/10.4000/rdr.305
  4. What about religion in France? https://nsdelvalle.com/biblia/que-pasa-en-francia-con-la-religion.html.
  5. Ҳафиз Раҳмон. Давлат ва секулоризму дунявият. Адабиёт ва санъат”, №5, 05.08.2021.

[1] Pascal Boyer: "Et l'Homme Crea Les Dieux:Сomment expliquer la religion". — М.: Альпина нон-фикшн, 2016. — 496 с. 

[2] Valentine Zuber.La laïcité française, une exception historique, des principes partagés- 2019/ p. 193-205https://doi.org/10.4000/rdr.305   

[3] Ҳафиз Раҳмон. Давлат ва секулоризму дунявият. Адабиёт ва санъат”, №5, 05.08.2021

[4]Источник: https://nsdelvalle.com/biblia/que-pasa-en-francia-con-la-religion.html.

[5] Jean BaubérotLes 7 laïcités françaises, Paris, Maison des Sciences de l'Homme, coll. « interventions », 2015, 176 p., ISBN : 978-2-7351-1985-1.

Хондан 925 маротиба