JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 30 Марти 2020 05:00

Ҳадафи Пешвои миллат – рушди тафаккури техникӣ ва ҷаҳонбинии илмӣ

Муаллиф: Фарҳод РАҲИМӢ

Муқаддима

  Ҳазор сол аз ин муқаддам ниёгони бузурги мо донишро дар дил чароғи равшан ва аз ҳама бад дар тани инсон ҷавшан гуфтаанд, аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал ҳама мушкилоти гетиро ҳал кардаанд, аммо ҷойи тааҷҷубу таассуф аст, баъди ҳазору чанд сол, ки инсоният ба асри бистум – асри пуршўру пуровозаи инқилобҳои илмию фикрӣ ва оғози асри бистуякум – асри инқилобҳои технологию техникӣ расид ва мо шоҳиди он будем, ки инсони донишпажӯҳ на танҳо нақши пояшро дар рўйи Моҳ ба ёдгор гузошт, балки сафинаҳои худкорашро ба моварои мадори Зуҳал фиристода, ҳатто аз ҳудуди манзумаи Офтоб ҳам берун баровард ва ба омӯхтани мустақими сайёраҳои фаразан маскуни ситораҳои дигар (ба ғайр аз Офтоб) шурӯъ намуд… дар пасманзари ин ҳама ҷаҳишҳои илму фан, дар пеши чашми муосирону шоҳидони чунин комёбиҳои фавқулодаи ақлу фаросати одамӣ воқеоти аҷибу ғарибе сурат мегирад, ки бар асари он ҷомеаи пешрафта зарар мебинаду оммаи пасмонда ба он бовар мекунад. Яъне, манзурам ин аст, ки имрўз навъҳои гуногуни хурофоту найранги аз аҳди Дақёнус монда – аз тилисму азоимхонӣ гирифта то фолбинию (рамл) саноати танҷим (астрология) – аз нав ҷон мегиранд ва торафт ақлу ҳуши мардумро рабуда онҳоро ба доми худ медароранд: на фақат ховариёнро, балки фарангиёнро ҳам, на танҳо мардуми авомро, балки бархе аз аҳли саводро низ!

  На, ҳаргиз. Фикр мекунам ки ин тавр набояд бошад, охир бо чашми сар мебинем, ки “зиндагӣ дар пайи таъмири ҷаҳони дигар аст”. Қуфлкушои ҳама дарҳо, яъне илм ба омўзиши кваркҳо расид, тағйир дар нанову макроолам дорад ва бо “азми дурусту саъйи комил” кайҳонкушоӣ мекунад ва розу сози Коинотро меомўзад.

  Маҳз бо дарки амиқу дақиқи ҳамин масъала ва бо мақсади дар ҷомеаи Тоҷикистон фарогир шудани тафаккури техникӣ ва ҷаҳонбинии илмӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бист соли оянда – солҳои 2020-2040- ро солҳои омўзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон намуданд, зеро маҳз илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ, ва риёзӣ муҳимтарин рукни ҷаҳонбинии дунявӣ ва муассиртарин воситаи тарбияи шахсияти соҳибназар арзёбӣ мешаванд.

  Зикр  кардан бамаврид аст, ки ин  иқдоми  созандаву дурандешонаи Пешвои муаззами миллат, инчунин роҳандозӣ гардидани ду иқдоми муҳим – озмунҳои «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон — ватани азизи ман»-ро аҳли илми тоҷик бо рўҳбаландии бузург истиқбол намуд. Ин ташаббусҳо ҳамчун дастури роҳнамо ҷавобгӯи ниёзҳои таърихиест, ки дар оғози ҳазораи сеюми мелодӣ пеш омадаанд. Аз ин рӯ, онҳоро аҳли илми кишвар ҳамчун барномаи умдаи рушду такомули минбаъдаи ҷомеаи имрўзӣ, қадами ҷиддӣ дар роҳи рушди илми ватанӣ, ташаккули тафакури техникӣ ва ҷаҳонбинии илмии ҷомеа ва болоравии маърифати мардуми кишвар пазируфтанд.

  Суханронии Пешвои мидлат дар мулоқот бо олимони кишвар аз 18 марти соли 2020 бошад ҳамчун оғози амалии бистсолаи омўзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ҳисобида шуд ва аҳли илми кишвар вазифадор аст, ки ҷиҳати ба ҳадафи худ расидани ин ибтикороти созанда ва дурандешонаи Роҳбари давлат тамоми неру, тавон ва имконияти худро сафарбар намояд.

Чанд мулоҳиза дар бораи илм ва нақши он барои инсоният

  Ҳарчанд дар мақолаи гузашта доир ба мафҳуми илм чанд мулоҳизаро баён намуда будам, зарур медонам, ки ин ҷо шарҳи бештари онро орам. Гуфтан мумкин аст, ки илм чунин самти фаъолияти инсон мебошад, ки вазифаи он коркард ва мураттаб гардонидани донишҳои обйективӣ оид ба воқеият ва тарзи махсуси дарёфти донишҳост. Илмро низоми ягона, ҳамбаста ва рушдкунандаи донишҳо оид ба олами атроф ва қонунҳои инкишофи он ба вуҷуд меоварад. Шубҳае нест, ки илм дастоварди бузурги фарҳанги инсонӣ мебошад. Бинобар ин, мегўянд, илм қисме аз фарҳанг аст, ки он маҷмўи донишҳои обйективӣ оид ба ҳастӣ мебошад. Вале илм на танҳо унсури муҳимтарини фарҳанг ва шакли олии донишҳои инсонӣ, балки нишондиҳандаи асосии фарҳанги миллӣ ва кафолати рушди бемайлони давлат низ мебошад.

  Аз нуқтаи назари иттилоотӣ, илм яке аз тарзҳои ҷамъоварӣ, ҳифз ва коркарди иттилоот мебошад. Назария ва қонунҳоро дар ин маврид ба сифати воситаҳои махсуси мураттабгардонии иттилоот номбар кардан мумкин аст. Илм на танҳо донишҳоро захира мекунад ва тасаввуротро оид ба олам эҷод менамояд, балки меъёрҳои муайянеро ба вуҷуд меоварад, ки қонун ё қоидаҳои интихобро кашф намояд, ки онҳоро инсон ҳангоми таҳлили иттилоот бояд истифода кунад.

  Ҳамадонӣ ва кўшиши ҷамъ овардани донишҳо аз замонҳои қадим хоси инсон буд. Нахустинсон донишҳоро ҷамъ ва онҳоро истифода кард ва ҳамин тариқ бунёди илми амалӣ гузошта шуд. Сипас ў ба мураттаб кардани донишҳо ва татбиқи онҳо шурўъ намуд. Дар фаҳмиши муосир илм ҳеҷ вақт танҳо ҷамъоварии иттилоот набуд. Олимон кўшиш мекарданд фаҳманд, ки ин ё он ҳодиса чӣ тавр ва барои чӣ рўй медиҳад.

 Вале кўшиши дарёфти донишҳо метавонист аз рўйи зарурат, масалан, аз тарс низ ба вуҷуд ояд. «Илм инсонро аз тарс дар назди худоҳо озод намуд» — гуфта буд Лукректсий 2000 сол аз ин пеш.

  Яке аз муҳимтарин аломатҳои илм мушоҳидаи ҳодисаҳо, равандҳо ё рўйдодҳое мебошанд, ки дар олами атрофи мо рух медиҳанд. Дар раванди мушоҳида муҳаққиқ бо ҳиссиёт обйектҳои моддӣ ва ҳодисаҳоро дарк мекунад. Як замон ҳисоб мекарданд, ки олам аз мушоҳида оғоз мегардад, вале имрўз мегўянд, ки илм аз масъала оғоз мешавад. Дар айни замон ҷойи мушоҳидаро таҳқиқи таҷрибавӣ гирифта истодааст. Ба ҳар ҳол соҳаҳое низ дар илм вуҷуд доранд, ки дар онҳо мушоҳида усули асосӣ ва ягонаи таҳқиқ мебошад (масалан, астрономия (ситорашиносӣ), вулканология (вулканшиносӣ), климатология (иқлимшиносӣ) ва ғайра).

 Таҷриба – яке аз усулҳои маърифат аст, ки ба воситаи он ҳодисаҳои воқеӣ дар шароити назоратшаванда ва идорашаванда таҳқиқ карда мешаванд. Вай таъсири муайянро ба обйекти таҳқиқот расонида, абзорҳои зарурӣ ва усулҳои таҳқиқро талаб мекунад. Дар рафти таҷриба муҳаққиқ танҳо ба мушоҳидаи ҳодисаҳо маҳдуд нашуда, балки бошуурона ба рафти табиии онҳо бо роҳи таъсиррасонӣ ба раванди омўхташаванда, тағйир додани шароит ва андозагириҳо дахолат мекунад. Нақши муҳимро дар илм таҷрибаи фикрӣ мебозад ва хусусиятҳои муҳимми обйекти таҳқиқшаванда фикран муайян карда мешаванд.

 Натиҷаи мушоҳида ва таҷрибаҳо, ки аз тафтиш гузаштаанд, ба далел (факт)-ҳои илмӣ танҳо дар мавриде табдил меёбанд, ки онҳо аз тарафи муҳаққиқони дигар такрор карда шаванд. Маҳз такя ба мушоҳида ва таҷрибаҳои санҷидашуда «дақиқӣ» ва «обйективӣ» будани иттилооти илмиро собит менамояд.

 Барои шарҳи далел (факт)-ҳои илмӣ назарияҳои илмӣ эҷод карда мешаванд, ки онҳо муҳимтарин аломати дигари илм мебошанд. Назарияҳои илмӣ – донишҳое мебошанд, ки ба шакли муайяни илмӣ такя мекунанд ва усулҳои шарҳдиҳӣ ва пешгўии ягон соҳаи илмро доранд. Назарияи илмӣ шакли дониши илмии боварибахш дар бораи ягон маҷмўи обйектҳо ва ҳодисаҳо, яъне низоми пурраи тасдиқот ва исботҳо, инъикоси қонунҳои табиат мебошад. Назарияҳои илмӣ на дар асоси мушоҳида, балки барои тасниф ва шарҳи воқеияти дар заминаи таҷриба бадастовардаи инсон бо роҳи андешаронӣ ва дарк (фаҳмидагирӣ) эҷод карда мешаванд. Илм олами донишҳоеро ба вуҷуд меорад, ки танҳо аз маълумот ва ҳодисаҳои дар таҷриба исботшуда иборат аст. Бинобар ин, мегўянд, ки илм ба мо донишҳои оқилона (ратсионалӣ) медиҳад.

  Ҳамаи назарияҳои бузурги илмӣ бо ақли эҷодии инсон ба вуҷуд оварда шудаанд. Чун дастоварди бузург онҳоро бо офаридаҳои бузурги адабиёт ва санъат муқоиса кардан мумкин аст. Вале илм аз соҳаҳои дигар бо фаъолияти эҷодӣ фарқ мекунад. Фарқи асосии он дар он зоҳир мегардад, ки вай тафтиши мафҳум ва назарияҳои худро дар таҷриба талаб мекунад.

 Назарияҳои илмӣ метавонанд фаҳмиши олами атрофро ба таври куллӣ тағйир диҳанд. Дониши илмӣ (оқилона) асоси тамаддуни муосирро ташкил медиҳад, бинобар ин, талаботи ҳаёт дар замони мо маҷбур мекунад, ки асосҳои табиатшиносӣ, пеш аз ҳама илми физика, омўхта шаванд.

  Ҳамин тавр, илм – низоми фаъолияти таҳқиқотии ҷомеа, қисми ҷудонашавандаи раванди донистани табиат, ҷамъият ва тафаккур мебошад, ки дорои усулҳои донистани воқеияти обйективист. Мақсади бевоситаи илм – тасниф, тавзеҳ ва пешгўии равандҳо ва ҳодисаҳое мебошад, ки мавзўи омўзиши онро дар асоси қонунҳои кашфшуда ташкил медиҳанд. Ба сифати хусусият (муайянкунанда)-ҳои илм вазифаҳои он хидмат мекунад: вазифаи таснифии илм – ошкор кардани хосият ва муносибатҳои асосии воқеият; вазифаи мураттабгардонии илм – аз рўйи синфҳо ва фаслҳо тақсим кардани хосият ва муносибатҳои таснифшуда; вазифаи тавзеҳии илм – баёни бомароми моҳияти обйекти омўхташаванда, сабабҳои пайдоиш ва рушди он; вазифаи амалии илм – имконияти татбиқи донишҳои бадастомада дар истеҳсолот, идораи иҷтимоӣ ва ғайра; вазифаи дурнамоӣ (ояндабинӣ)-и илм – пешгўӣ кардани кашфиёти нав дар чаҳорчўбаи назарияҳои мавҷуда ва тавсияҳо ба оянда; вазифаи ҷаҳонбинии илм – ба манзараи олами мавҷуда ворид намудани донишҳои бадастомада мебошад.

Табиат ва омўзиши он, табиатшиносӣ

  Илми муосир ба соҳаҳои гуногуни донишҳо ё илмҳои хусусӣ тақсим мешавад, ки байни якдигар бо мавзўи таҳқиқи воқеият фарқ мекунанд. Аз рўйи мавзўъ ва усули маърифат илм оид ба табиат – табиатшиносӣ ва илм оид ба ҷамъият – ҷамъиятшиносӣ номида шудааст. Гурўҳи алоҳидаро илмҳои техникӣ ва технологӣ ташкил медиҳанд. Илми дорои махсусияти хос математика (риёзӣ) мебошад. Ҳар як гурўҳи илм дар навбати худ ба як қатор фан ҷудо мешавад. Илм оид ба қонунҳои умумитари воқеият фалсафа мебошад, ки онро танҳо ба илм мансуб донистан мумкин нест.

  Ҳамчунин меъёрҳои дигари таснифи илмҳо низ вуҷуд доранд. Аз рўи робитаи онҳо бо амалия илмҳо ба ду навъи калон ҷудо мешаванд: илмҳои бунёдӣ (фундаменталӣ), ки дар онҳо тамоюли бевосита ба амалия вуҷуд надорад; илмҳои амалӣ (бо назардошти технология), ки бевосита ба татбиқи натиҷаҳои маърифати илмӣ барои ҳалли масъалаҳои истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ нигаронида шудаанд. Дар онҳо принсип ва қонунҳои табиат, ки илми бунёдӣ ба даст овардааст, ба таври васеъ истифода мешаванд. Илмҳои бунёдӣ, дар навбати худ, ба техника ва технология вобастагӣ доранд, ки онҳо барои илмҳои бунёдӣ абзорҳо ва таҷҳизоти дигарро коркард мекунанд ва воситаҳои «озмоишӣ» барои эҷоди назарияҳои нав мебошанд. Сарҳади байни илмҳои алоҳида ва фанҳои илмӣ шартӣ ва тағйирёбанда мебошад.

  Илм ҳамчун шакли маърифат ба воситаи як қатор фанҳои махсус омўхта мешавад, масалан, таърих, фалсафа ва мантиқи илм, илмшиносӣ, забони илм ва ғайра. Дар айни замон фалсафаи илм хеле фаъолона рушд мекунад: вай мушаххасоти умумии фаъолияти илмию маърифатӣ, сохтор ва динамикаи дониш, ҷиҳатҳои мантиқию маърифатӣ ва монанди инро таҳқиқ мекунад.

  Табиат барои одамон саҳнаи бузургест, ки дар он ҳодисаҳои гуногунмиқёс дар ҳоли нақшофарианд. Омўзиши табиат мавзўи табиатшиносиро ташкил медиҳад. Зимни таҳқиқи ҳодисаҳои табиат мо мафҳумҳоро ворид мекунем, қонунҳоро кашф менамоем ва назарияҳои илмиро меофарем, ки ба воситаи онҳо ин ҳодисаҳо шарҳу тафсир карда мешаванд. Моҳиятан ин маънии онро дорад, ки мо оид ба низом, такроршавандагӣ ва қонуниятҳои мавҷудаи табиат фаҳмише ба вуҷуд меоварем.

 Ҳар як илми табиатшиносӣ, масалан, физика, химия, биология, геология, география, минерология ва монанди ин яке аз тарафҳои табиатро ифода мекунад.

 Дар айни замон ду таърифи табиатшиносӣ вуҷуд дорад: 1) табиатшиносӣ – илм оид ба табиат аст; 2) табиатштиносӣ – маҷмўи илмҳо оид ба табиат аст.

 Илмҳои табиатшиносӣ физика, химия ва биология ҳисоб ба мераванд. Дар вақтҳои охир ба ин гурўҳи илмҳо равоншиносӣ (психология)-ро, ки илми гуманитарӣ мебошад, низ шартан мансуб медонанд. Дар заминаи омўзиши гуногуншаклии чизҳо ва ҳодисаҳо қонунҳои асосие бармеоянд, ки микро, макро ва мегаолам, Замин ва Кайҳон, ҳодисаҳои физикӣ ва химиявиро байни худ ва бо ҳаёту ақл алоқаманд мегардонанд. Вале омўхтани танҳо яке аз фанҳои табиатшиносӣ имкон намедиҳад, ки табиат бо ҳамаи хусусиятҳояш дониста шавад. Аз тарафи дигар, чунин равиш имкон медиҳад алоқаҳои ниҳоние ошкор карда шаванд, ки ягонагии ҳамаи ҳодисаҳои физикӣ, химиявӣ ва биологиро ба вуҷуд меоранд ва дар натиҷа ин ҳодисаҳо хеле амиқ ва дақиқу пурра фаҳмида шаванд ва то дараҷаи муайяне илмҳои физика, химия ва биология аз худ карда шаванд. Мақсади табиатшиносӣ дарёфти моҳияти ҳодисаҳо, қонунҳои онҳо ва дар ин замина пешгўӣ ё кашф кардани ҳодиса ва қонунҳои нав ва муайян кардани имкониятҳои нави дар амалия истифода кардани қонунҳои табиат мебошад.

  Дар табиатшиносии муосир ду раванди зикршуда ҳаста (мағз, ядро)-и табиатшиносиро ташкил медиҳанд. Ин соҳаи табиатшиносиро аз шаклҳои ҳаракати материя (ҳаюло) фарқ мекунанд.

  Мавзўи табиатшиносӣ донистани шаклҳои гуногуни ҳаракати материя (ҳаюло) мебошад. Сохт ва ташкили ҳар он чизе, ки дар Кайҳон мавҷуд аст, мавзўи омўзиши табиатшиносӣ мебошад. Табиатшиносӣ қонуниятҳои махсусеро ошкор месозад, ки онҳо хосиятҳои мушаххаси олами моддиро шарҳ медиҳанд. Илмҳои табиатшиносӣ дар замони мо ба дастовардҳои бузург ноил гардиданд. Олами физикӣ имрўз фосилаи калони миқёсҳоро фаро гирифтааст. Дар миқёсҳои микроскопӣ, масалан, дар физикаи зарраҳои бунёдӣ бо бузургиҳои тартиби 10-22см ва 10-15см сарукор мегирем. Дар миқёсҳои макроскопӣ, масалан, дар кайҳоншиносӣ (космология) вақт баробари 1010 сол (синни Кайҳон), масофа бошад, 1028 см (радиуси уфуқи рўйдодҳо, яъне масофае, ки аз он сигналҳои физикиро қабул кардан мумкин аст) буда метавонад.

  Дар марҳилаи муосир табиатшиносӣ робитаи худро ба иқтисодиёт, донишҳои гуманитарӣ ва ҳатто ба санъат қавӣ намуда, ба инсон хеле наздикӣ пайдо мекунад. Тасаввурот оид ба ягонагии инсон ва табиат – коэволютсия дар асри гузашта дар Русия шурўъ ба ташаккул намуда, номи космизми русиро гирифт. Намояндагони он (П. Флоренский, В. Соловев, Н. Федорова, Л.Н. Толстой, В. Вернадский) андеша меронданд, ки фикр ва шуур низ аз мавҷудоти табиат мебошанд.

  Моҳият ва хусусиятҳои асосии ин таълимотро ба таври кўтоҳ чунин маънидод кардан мумкин аст: инсон қисми таркибии табиат аст; онро мебояд бо табиат муқобил нагузошт, баръакс дар ягонагӣ бояд баррасӣ намуд; инсон ва ҳамаи он чизе, ки ўро иҳота кардааст, қисми Кайҳони ягона мебошад; инсон омили фаъоли табиат аст.

  Омўзиши табиат дар муддати бештар аз дуним ҳазор сол нишон дод, ки ҳарчанд табиатшиносӣ дар воқеияти таҷрибавӣ асос меёбад, вале ин манбаи ягонаи донишҳои бунёдӣ нест. Ҳар гуна дониши назариявӣ дар доираи тасаввуроти умумӣ оид ба табиат амалӣ карда мешавад. Маҳз ҳамин тасаввурот манбаи новобастаи мафҳумҳо, принсипҳо ва гипотезаҳои нав мебошад. Онҳо тасаввуроти умумитар оид ба табиат мебошанд, ки зери таъсири ғояҳои муайяни фалсафӣ – консепсияҳои бунёдии табиатшиносӣ ташаккул ёфтаанд.

  Илмҳои гуманитарӣ, дар тафовут бо илмҳои табиатшиносӣ, (инсонпарастӣ) инсон ва ҷамъиятро меомўзанд. Илмҳои мазкур низоми донишҳо оид ба ҷамъият, қонунҳои пайдоиш ва рушди онҳо, фарҳанг ва монанди ин мебошанд.

  Мавзўи илмҳои гуманитарӣ арзишҳои ҷамъият мебошад. Ба онҳо ғояҳои ҷамъиятӣ, мақсад, меъёрҳо ва қоидаҳои тафаккур, муомила ва рафтор дохил мешаванд, ки ба фаҳмиши муайяни манфиат ба шахс гурўҳ ва инсоният асос ёфтаанд. Дар ҷамъият ҳеҷ чиз бе мақсадҳои бошуурона ва бе манфиат содир намешавад, дар табиат бошад, равандҳои табиӣ новобаста ба инсон амал мекунанд. Аз ин рў, дар бисёр маврид кўшиш мекунанд, ки фарҳанги гуманитариро ба фарҳанги табиатшиносӣ муқобил гузоранд. Вале, новобаста ба тафовути илмҳои табиатшиносӣ ва гуманитарӣ, дар байни онҳо на ҳамеша хатти ҷудоӣ кашидан мумкин аст (масалан, донистани ба кадом соҳа мансуб будани георгафияи иқтисодӣ душвор аст).

  Табиатшиносӣ ба рушди илмҳои гуманитарӣ таъсири назаррас мегузорад. Таваҷҷуҳи мавҷудаи байни илмҳои табиатшиносӣ ва гуманитарӣ аз он иборат аст, ки табиатшиносӣ тамоюл ба омўхтани ҳодисаҳои такроршаванда, умумӣ, универсалӣ дорад, дар сурате, ки илмҳои гуманитарӣ тамоюл ба ҳодисаҳои махсус, мушаххас, нодир ва такрорнашаванда доранд. Мақсади табиатшиносӣ тасниф ва тавзеҳи обйекти худ, идора кардани дониш аз мавқеи принсипҳои берунвақтии ҳастӣ мебошад. Мақсади илмҳои гуманитарӣ бошад, фаҳмиши обйекти худ, ёфтани тарзҳои тафсир ва мазмуни обйекти маърифат, муносибати худ ба он мебошад.

  Илмҳои техникӣ қонунҳо ва махсусияти сохтан ва амалкарди таҷҳизоти мураккаби техникиеро меомўзанд, ки онҳоро одамон дар соҳаҳои гуногуни зиндагӣ истифода мекунанд. Олами техника қонунҳои худро дорад, ки онҳоро барои пешрафти техникӣ омўхтан зарур аст.

Табиатшиносӣ ва фалсафа

  Фалсафа калимаи юнониасос буда, шакли байналмилалияш «философия» аст, ки маънии «муҳаббат ба хирад, дониш»-ро дорад. Фалсафа қонунҳои умумитарини табиат ва ҷамъиятро омўхта, оламро аз нуқтаи назари ягонагӣ ва ҳамбастагии хосиятҳои умумитарини он тавзеҳ медиҳад. Вале, бар хилофи табиатшиносӣ, ки оламро худ ба худ баррасӣ мекунад, фалсафа муносибати инсонро ба олам меомўзад. Дар ин маврид натиҷаҳои фанҳои табиатшиносӣ ба таври васеъ истифода мешаванд. Бинобар ин, мегўянд, ки фалсафа ва табиатшиносӣ чун ду тарафи раванди ягонаи маърифат ҳамбаста мебошанд. Инро ҳамчунин далеле тасдиқ менамояд, ки як вақте илм дар бораи табиатро натурфалсафа – фалсафаи табиат меномиданд.

  Дар замони атиқа табиатшиносӣ ва фалсафа аз ҳам ҷудо набуданд ва дар ягонагӣ амал мекарданд. Вале шурўъ аз асри ХVII усули таҳлилии тафаккур ба таври васеъ истифода шуд, ки асоси онро тақсими фикрии обйект ба қисмҳо ва таҳлили ин қисмҳо ташкил медиҳад. Ин усул бениҳоят муҳим буд, бе он ин қадар маълумотҳои таҷрибавӣ ҷамъоварӣ карда намешуд. Дар баробари ин норасоии ин усул он буд, ки вай натиҷаҳои бадастомадаро то як чизи шахшуда (догма) расонида, онҳоро мутлақ мегардонид. Дар садсолаҳои охир усули метафизикии тафаккур (метафизика) ба вуҷуд омад. Бинобар ин, ҷудо кардани табиатшиносӣ ва фалсафа дар як марҳилаи муайян аҳаммияти муҳим пайдо кард, он ба манфиати ҳам физика ва ҳам фалсафа равона гардид.

  Дарки табиат раванди диалектикист, ки ба шарофати меҳнат пайдо шуд. Усули асосии дарк дар табиатшиносӣ дар айни замон диалектика мебошад. Усули диалектикии дарки табиат ба принсипи худрушд ва ҳаракати доимии материя асос меёбад. Диалектика чиз ва ҳодисаҳоро дар ҳамбастагӣ, дар ҳаракат ва рушд баррасӣ менамояд. Рушд аз нуқтаи назари диалектика табдили сифатии як чизу ҳодиса ба чиз ва ҳодисаи дигар, нест кардани чизу ҳодисаи куҳнагардидае, ки ба рушд халал мерасонад, тасдиқи чизу ҳодисаи нав, эътирофи худҳаракат, худрушди табиат ва ҷамъият мебошад.

  Ба муқобили диалектика усули метафизикии тафаккур баромад мекунад, ки ба устуворӣ ё доимияти сохти олам ва новобаста будани ҳодисаҳо ба якдигар асос меёбад. Чизҳо ва ҳодисаҳо дар метафизика байни ҳам алоқаманд нестанд, онҳо бетағйир ҳисоб карда мешаванд: рушд чун зиддият ё камшавии сифатҳои тайёр баррасӣ карда мешавад.

Аҳаммияти табиатшиносӣ дар ҷаҳони муосир

  Нақши илмҳои табиатшиносиро дар рушди ҷомеаи муосир баҳо додан душвор аст. Инро дар мисоли физика, ки рушдкардатарин соҳаи дониши инсонист ва асоси тафаккури техникӣ, илмӣ ва назариявии он мебошад, мавриди баррасӣ қарор медиҳем. Тайи 100 соли охир физика дар садри илмҳои табиатшиносӣ қарор гирифт. Асоси манзараи муосири табиӣ – илмии оламро принсип ва консепсияҳои физикӣ ташкил медиҳанд, яъне физика асоси илмҳои табиатшиносӣ мебошад.

  Вай дар раванди маърифат тасаввуроти нав ба вуҷуд оварда, ҳамеша равнақ меёбад ва ба мо имкон медиҳад, ки табиатро беҳтар ва амиқтар фаҳмем, моро бо назарияву фарзияҳои амиқ ғанӣ мегардонад, қобилияти инсониятро афзун менамояд. Бидуни шубҳа гуфтан мумкин аст, ки физика қисми ҷудонопазири фарҳанги умумии инсоният аст.

  Аз замонҳои қадим масъалаҳои табиатшиносӣ, космология ва космогония мансуб ба физика буданд. Масалан, Арасту пешгузаштагони худро, ки ба ин масъалаҳо машғул буданд, физикҳо меномид, зеро калимаи қадимии юнонии «фюзис», ки ба маънии калимаи тоҷикии «табиат» наздик аст, дар ибтидо маънии «пайдоиш», «тавлид»-ро дошт. Физика ҳоло ҳам дар табиатшиносӣ дар сафи пеш қарор дошта, услуб ва сатҳи тафаккури илмиро муайян мекунад. Омўзиши он қисми ҷудонашавандаи ҳар гуна таҳсилоти табии илмӣ ва техникӣ мебошад. Ҳамин аст, ки аз рўйи синфбандии илмҳо дар ИМА дар категорияи «илмҳои физикӣ» на танҳо геофизика, биофизика ва монанди ин, балки химияро низ дохил мекунанд.

 Физикаи муосир қариб ба тамоми тарафҳои ҳаёти инсон таъсир мерасонад. Вай асоси ҳамаи илмҳои табиатшиносӣ ва техникӣ мебошад. Амалан ягон соҳаи саноат вуҷуд надорад, ки дар он дастовардҳои физика истифода нагардад. Вай ҳамчунин фарҳанг ва тарзи тафаккурро низ фаро мегирад. Масалан, ин дар бознигарии ақидаҳои мо ба Кайҳон ва муносибати мо ба он инъикос мегардад. Омўзиши олами атомӣ ва субатомӣ дар ибтидои асри ХХ маҳдуд будани ғояҳои механикаи классикиро нишон дод, ки ин дар навбати худ боиси таҷдиди назар кардани бисёр мафҳумҳои асосӣ гардид (материя, фазо, вақт, сабаб ва натиҷа ва ғайра). Бознигарии қатъии мафҳумҳои асосӣ бошад, ба бознигарии тамоми манзараи илми олам меоварад.

  Оид ба нақши физика сухан ронда, одатан се ҷанбаи муҳимро аз ҳам ҷудо мекунанд: 1) физика барои инсон муҳимтарин манбаи дониш дар бораи олами атроф аст (вазифаи маърифатӣ); 2) физика имконияти инсонро васеъ ва афзун намуда, бо ҳамин пешрафти техникиро таъмин мекунад (вазифаи рушддиҳанда); 3) физика дар рушди рўҳияи инсон саҳми назаррас дошта, ҷаҳонбинии ўро ташаккул медиҳад ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои фарҳангиро меомўзонад (вазифаи таълимӣ).

  Ҳар як ҷанбаи зикршударо ба таври муфассал баррасӣ менамоем.

Физика ҳамчун манбаи дониш оид ба олами атроф

  Физика хосиятҳои умумӣ ва шаклҳои ҳаракати материяро таҳқиқ мекунад. Вай ба саволҳои «олами атроф чӣ тавр сохта шудааст, ҳодисаву равандҳои дар он рўйдиҳанда ба кадом қонунҳо тобеъ мебошанд?» ҷавоб медиҳад, ки онҳо барои инсон аҳаммияти аввалдараҷа доранд. Физика қонуниятҳои бунёдии табиатро таҳқиқ мекунад, ки нақши пешбари онро дар ҳамаи сикли илмҳои табиӣ-риёзӣ муайян мекунад. Дар ҷойи ба ҳам пайваст шудани физика бо илмҳои дигари табиатшиносӣ фанҳои нав ба вуҷуд омаданд, ки барои ба даст овардани донишҳои мушаххас оид ба олами атроф имкон медиҳанд. Масалан, физикаи химиявӣ сохти электронии атомҳо ва молекулаҳо, табиати физикии алоқаҳои химиявӣ ва ғайраро таҳқиқ мекунад, астрофизика гуногунии ҳодисаҳои физикиро дар Кайҳон меомўзад – физикаи Офтоб, физикаи сайёраҳо, физикаи муҳити байниситорагӣ, кайҳоншиносӣ (космология), биофизика ходисаҳои физикӣ ва физикию химиявиро дар системаҳои зинда ва ба онҳо таъсир овардани омилҳои гуногуни физикиро меомўзад. Самтҳои таҳқиқоти он биоэнергетика, фитобиология, радиобиология ва ғайра мебошанд. Геофизика сохти дохилии Замин ва равандҳои физикиеро, ки дар қабатҳои он рўй медиҳад, меомўзад. Астрофизика равандҳои физикиро дар хок ва рустаниҳо меомўзад, тарзҳои танзими шароити физикии ҳаёти рустаниҳои кишоварзиро коркард мекунад. Петрофизика алоқаи хосиятҳои физикии ҷинсҳои кўҳиро бо сохтор ва таърихи ташаккули онҳо таҳқиқ мекунад. Психофизика муносибатҳои миқдории байни қувва ва хусусияти шахси хашмгин (зудранҷ, тундмиҷоз)-ро, аз як тараф ва шиддати хашмгинӣ (зудранҷӣ, тундмиҷозӣ)-ро аз тарафи дигар меомўзад.

  Дар байни фанҳои алоҳида ва самтҳои физика алоқаи гуногун ошкор мегардад. Асоси аксари равандҳои физикиро ҳамон як қонунҳо ташкил медиҳанд. Масалан, табиати ҳодисаҳои рўшноӣ ва электрикӣ якхела мебошанд, дар байни сохти моддаҳо, атомҳо, молекулаҳо ва ядроҳои онҳо, ки дар навбати худ аз зарраҳои бунёдӣ (элементарӣ) иборатанд, як умумият вуҷуд дорад. Барои донистани он, ки Кайҳон чӣ тавр пайдо шудааст, донистани физикаи зарраҳои бунёдӣ зарур аст.

Физика ҳамчун асоси пешрафти илмию техникӣ

  Дар асоси ғояҳои физикӣ аслан соҳаҳои нави техника ба вуҷуд меоянд ва тараққӣ мекунанд. Кашфиёти физикӣ имкон медиҳад, ки ҳатто чунин масъалаҳои техникие ҳал карда шаванд, ки онҳо то ин замон на танҳо ҳал гардида буданд, балки ҳатто ба миён гузошта низ намешуданд. Масалан, таҳқиқи ҳодисаҳои ҳароратӣ дар асри ХIХ ба такмили босуръати муҳаррикҳои ҳароратӣ мусоидат намуд. Таҳқиқот дар соҳаи электромагнитизм боиси пайдоиш ва рушди электротехника, телеграф, телефон, радио ва минбаъд телевизион гардид, ки бе онҳо имрўз ҳаёти моро тасаввур кардан душвор аст. Транзистор, лазер, реактори ядроӣ (ҳастаӣ), компютер, парвоз ба Кайҳон ва ба Моҳ – ҳамаи инҳо унсурҳои технологияҳои навтарин мебошанд. Физика ба аксарияти соҳаҳои муосири техника – энергетика, нақлиёт, техникаи авиатсияи кайҳонӣ, техникаи компютерӣ ва монанди инҳо ҳаёт бахшид. Бинобар ин, бемуболға метавон гуфт, ки физика сарчашамаи тамаддуни муосир аст.

  Дар бораи алоқаи байни физика ва пешрафти илмию техникӣ сухан ронда, зикр менамоем, ки ин алоқа дуҷониба аст. Яз як ҷониб, дастовардҳои физика асоси рушди техника мебошанд, аз ҷониби дигар, баланд гардидани сатҳи техника барои гузоштани таҳқиқоти нави физикӣ имкон медиҳад, яъне техника имкониятҳои навро дар физика ба вуҷуд меорад.

Физика ҳамчун ҷузъи муҳимтарини фарҳанги инсонӣ

 Физика ҳамчун илми бунёдии табиатшиносӣ тафаккури табиӣ-илмии инсон ва инсониятро рушд медиҳад. Ба умқи асрори табиат фурў рафта, вай на танҳо абзору таҷҳизоти таҷрибавию техникии худ, балки абзорҳои ақлонии инсонро мукаммал месозад. Физика — муҳимтарин унсурест, ки дар он ғояҳои асосии фалсафӣ бунёд мегарданд. Физика ба пешрафти илмию техникӣ ба таври ҳалкунанда таъсир намуда, ҳамин тариқ ба ҳама тарафҳои ҳаёти ҷамъият, аз ҷумла ба фарҳанги инсонӣ, таъсир мерасонад. Ин имкон медиҳад, бигўем, ки физика як ҷузъи фарҳанг буда, ба он мазмуни гуманитарӣ, яъне рушд ва ташаккули ҷаҳонбинӣ ва тарбияи эҳсос хос мебошад.

 Физика, илова ба илми дақиқ будан, илми таърихӣ низ мебошад, зеро вай нақшу пайҳои зиёди роҳи дарозро тариқи садсолаҳо ҳифз намудааст. Ба ҳалли масъалаҳои алоҳидаи физикӣ солҳо сипарӣ гардидаанд. Дар таърихи рушди физика ба таври хеле аён давомоти таърихии фикри инсонӣ, қаробати рўҳии муҳаққиқон ва алоқаи замонҳо инъикос ёфтааст.

  Табиатшиносӣ як зумра воқеиятҳоро кашф намуд, ки ба дастовардҳои умумиинсонӣ табдил ёфтаанд. Баъзе аз онҳоро ин ҷо номбар мекунем:

  1. Бунёдӣ (фундаменталӣ) будани қонуниятҳои оморӣ дар раванди донистани олам исбот карда шуд. Физика нишон дод, ки тасодуфият на танҳо нақшаҳои моро саргум ва вайрон мекунад, балки имкониятҳои нав ба вуҷуд оварда, моро ғанӣ мегардонад.
  2. Физика дар асри ХХ умумияти принсипи симметрияро нишон дода, водор кард, ки ин мафҳумро аз чаҳорчўбаи тасаввуротҳои геометрӣ васеътар дониста, симметрия амиқтар омўхта шавад. Масъала оид ба симметрия – асимметрияи қонунҳои физикӣ маънидод карда шуда, нақши махсуси қонунҳои бақо ошкор карда шуд. Ҳамчунин нишон дода шуд, ки симметрия имконияти вариантҳои сохтор ё вариантҳои рафторро маҳдуд мекунад.
  3. Ба таҳқиқ расид, ки ба андозаи амиқ шудани донишҳои мо бартарафсозии мунтазами фарқи байни ҳодисаҳо ва вайроншавии онҳо рўй медиҳад. Масалан, фарқи байни ҳаракатҳои корпускалӣ ва мавҷӣ, байни майдон ва модда бартараф мегардад. Аён гардид, ки ҳам модда ва ҳам майдон аз зарраҳои бунёдӣ иборатанд, хало (вакуум) бошад, на хало дар фаҳмиши одӣ, балки халои физикӣ мебошад, ки бо зарраҳои маҷозӣ «пур» карда шудааст. Меъёри рафтори ин зарраҳо ба ҳам табдилшавии онҳо мебошад. Ҳамин тариқ, «дар табиат фарқҳои мутлақ вуҷуд надоранд, онҳо ҳама шартӣ, нисбӣ ва дорои ҳаракат (тағйирёбанда) мебошанд».
  4. Физикаи муосир принсипи мутобиқатро кашф намуд. Вай нахуст дар механикаи квантӣ пайдо шуд, вале баъдан ба яке аз принсипҳои умумитарини методологӣ табдил ёфт, ки диалектикаи раванди дарки оламро инъикос мекунад.

 Ин принсип нишон медиҳад, ки раванди идрок (маърифат) -раванди наздикшавии доимӣ ва беохир ба ҳақиқати мутлақ тавассути пайдарпайии ҳақиқатҳои нисбӣ мебошад. Ин иловакунии одии механикии далелҳои нав ба далелҳои мавҷуда набуда, балки раванди умумигардонии пайдарпай мебошад, яъне дониши нав дониши куҳнаро инкор мекунад, лекин дар ин маврид ҳамаи он ҷиҳатҳои мусбати дар он захирашударо нигоҳ медорад.

 Физикаи муосир (ва табиатшиносӣ) дар коркарди усули нави тафаккур, ки онро тафаккури сайёравӣ меноманд, саҳми назаррас мегузорад. Вай ба масъалаҳое таваҷҷуҳ мекунад, ки барои ҳамаи давлатҳо ва халқҳо аҳаммияти зиёд доранд, аз ҷумла алоқаҳои Офтобу Замин, таъсироти шуопошии Офтоб ба магнитосфера, атмосфера ва биосфераи Замин, дурнамои манзараи физикии олам пас аз фалокати ядроӣ («зимистони ядроӣ»), масъалаҳои глобалии экологие, ки ба олудашавии Уқёнуси ҷаҳонӣ ва атмосфераи Замин алоқаманд мебошанд.

 «Ҳаракати сабз»-и умумисайёравӣ, фаҳмиши умумисайёравии хусусияти муносибатҳои мутақобили табиат ва инсон, ҷаҳонбинии нави (зимнан, гуманитарии) табиатшиносӣ тавлид шуда истодааст, ки метавонад ба фаъолияти созандагии сиёсии одамон таъсир расонад. Чунин низоми андешаҳо бояд заминаи муайяни фалсафӣ дошта бошад. Асоси онро бояд он донишҳое ташкил диҳанд, ки онҳо дар табиатшиносӣ, пеш аз ҳама, дар физика ва биология вақтҳои охир пайдо шудаанд.

  Физика имкон медиҳад фаҳмида шавад, ки олам аслан донисташаванда аст ва тасодуф на ҳамеша зараровар мебошад. Физикдони амрикоӣ И.Раби мегўяд, ки физика мағзи маълумоти гуманитарии замони моро ташкил медиҳад. Яқин аст, ки олимони физик ба зиёиёне, ки ба самтҳои дигари ҳаёти маънавӣ машғуланд ва ҳамчунин ба ҳамаи одамон ҷиҳати фаҳмидани он, ки физикдонҳо ба чӣ корҳо машғуланд, табиати ашё чӣ гуна аст, кадом уфуқҳои илм кашф карда мешаванд, кўмак расонанд. Физика ба мо нишон медиҳад, ки олами атрофи мо чӣ андоза бузург ва чӣ андоза ба мо наздик аст. Физикдони машҳур Б.Паскал гуфта буд: «Ман ҳар қадаре, ки зиёдтар қитъаи замин ба даст орам, сарватманд намегардам… вале ба воситаи фикр ман кайҳонро метавонам соҳиб шавам».

Хусусиятҳои илми муосир

  Илми муосир – илми асри ХХ ва ибтидои асри ХХI, ки онро дар муқоиса ба илми асрҳои пешин «илми бузург» низ мегўянд, хусусиятҳои зерин дорад:

 Афзоиши шумораи олимон. Миқдори олимон агар дар асрҳои ХVIII-ХIХ дар саросари ҷаҳон ҳамагӣ наздик ба ҳазор нафарро ташкил медод, дар охири асри ХХ ва ибтидои асри ХХI миқдори онҳо ба бештар аз панҷ миллион нафар расид. Миқдори олимон хусусан пас аз Ҷанги ҷаҳонии дуюм якбора афзоиш ёфт.

 Афзоиши иттилооти илмӣ. Дар асри ХХ ва ибтидои асри ХХI иттилооти илмии ҷаҳон тайи ҳар даҳсола ду маротиба афзоиш ёфта истодааст. Масалан, агар соли 1900 қариб 10 ҳазор номгўй маҷаллаи илмӣ нашр мешуд, дар айни замон ин микдор ба чандсад ҳазор мерасад. Бештар аз 90%-и ҳамаи дастовардҳои муҳимтарини илмӣ-техникӣ ба асри ХХ рост меояд.

 Вусъати олами илми муосир. Дар айни замон илм соҳаи бузурги донишҳоро фаро мегирад. Вай қариб 15 ҳазор фанро дар бар мегирад, ки онҳо хеле зич ҳамбаста буда, ба рушди якдигар таъсир мерасонанд. Илми муосир ба мо манзараи пурраи пайдоиш ва рушди метагалактика, пайдоиши ҳаёт дар рўйи Замин ва марҳилаҳои асосии рушди он, пайдоиш ва инкишофи одамро медиҳад. Илм имрўз амалан ҳама паҳлуҳои ҳаёти моддӣ ва маънавии ҷомеаро меомўзад.

 Вусъати имкониятҳои илм. Имрўз олимон бар он ақида нестанд, ки тамоми асрори оламро аз худ кардаанд. Дар шуури олимони мусосир оид ба имкониятҳои бузурги рушди минбаъдаи илм, тағйирёбии ҷиддии тасаввуроти мо дар бораи олам ва табдилоти он тасаввуроти дақиқ вуҷуд дорад. Таваҷҷуҳи махсусро дар ин раванд илм дар бораи олами зинда, инсон ва ҷамъият соҳиб аст. Мувофиқи ақидаи бисёре аз олимони шинохта, дастовардҳо дар ин илмҳо ва истифодаи васеи онҳо дар ҳаёти воқеӣ хусусияти асри ХХI-ро аз бисёр ҷиҳат муайян мекунад. Пешгўӣ мекунанд, ки пешсафи илмҳои табиатшиносӣ илми биология мешавад.

Шинохти навини олим ҳамчун касби махсус

 То замонҳои наздик илм фаъолияти озоди баъзе одамон буд, вай таваҷҷуҳи тоҷирон ва сиёсатшиносонро хеле кам ба худ ҷалб мекунад. Илм касб набуд ва ҳеҷ вақт маблағгузорӣ карда намешуд. То охири асри ХIХ фаъолияти илмӣ манбаи асосии таъмини моддии аксари олимон буд. Одатан таҳқиқоти илмӣ дар донишгоҳҳо анҷом дода мешуд, олимон бошанд, бо омўзгорӣ дар ин донишгоҳҳо соҳиби маош мешуданд. Яке аз нахустин лабораторияҳои илмӣ соли 1825 таъсис ёфта буд. Имрўз олимӣ – касби махсус аст. Миллионҳо олимон дар пажўҳишгоҳҳои махсуси таҳқиқот ва озмоишгоҳҳои илмӣ фаъолият мекунанд. Дар асри ХХ мафҳуми «ходими илмӣ» пайдо шуд. Ҳоло дар таҳия ва қабули қарорҳо оид ба масъалаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ олимон нақши муҳим мебозанд.

Масъулияти олим дар назди ҷамъият

 Яке аз масъалаҳои дигари марказӣ, ки хусусияти илми муосирро тавсиф медиҳад, масъалаи ҷавобгарӣ ё масъулияти олим дар назди ҷамъият мебошад. То кадом андоза олимон барои татбиқи ғояҳо ё коркардҳои техникии худ масъулият доранд? Чӣ қадар онҳо ба оқибатҳои манфии истифодаи дастовардҳои зиёд ва гуногуни илму техника дар асри 21 эҳсоси масъулият мекунанд? Ин масъалаҳо хусусан баъди аз тарафи амрикоиҳо ба шаҳрҳои Хиросима ва Нагасакии Япония партофтани бомбаҳои атомӣ, ки боиси фавти оммавии одамон ва вайроншавии табиат гардид, хеле тезутунд арзёбӣ мегарданд.

 Илм имкон медиҳад, ки одаму олам беҳтар фаҳмида шавад. Донишҳо низ барои ноил шудан ба мақсадҳои мушаххас истифода мешаванд. Вале илм наметавонад нишон диҳад, ки кадом масъалаҳо бо кадом мақсадҳо бояд ҳал карда шаванд. Масалан, илм имкон дод, ки хосияти атомҳо фаҳмида шавад, вале ҳал кардани масъалаи истифодаи онҳо барои сохтани силоҳи ядроӣ масъалаи баҳсангез аст.

 Илм танҳо як соҳаи фарҳанги инсон бо махсусият ва вазифаҳои худ мебошад ва худ ба худ афзоиши олии тамаддуни инсонӣ ҳисоб карда намешавад. Вай танҳо восита дар ҳалли масъалаҳои гуногуни ҳастии инсон аст. М. Борн гуфта буд, ки арзишҳои инсонӣ ва ахлоқӣ наметавонанд танҳо ба тафаккури илмӣ асос ёфта бошанд. Як илм барои фаҳмидани ин кам аст. Инсон воқеиятро ҳамчунин дар санъат, адабиёт, фалсафа дониста мегирад. Дар ҷомеаи муътадил бояд ҷой барои ҳам илми бунёдӣ, ҳам фалсафа ва ҳамаи қисмҳои фарҳанги инсонӣ мавҷуд бошад.

Таваҷҷуҳ ба илм аз тарафи давлат

 Илм дар фаъолияти давлати миллии мо ба самти афзалиятдошта табдил ёфт. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии пурмуҳтавои худ ҳангоми вохўрӣ бо олимони кишвар дар таърихи 18 марти соли 2020 қайд намуданд, ки «Дар даврони соҳибистиқлолӣ маорифпарварӣ яке аз самтҳои меҳварии давлатдории мо буда, рушди илму маориф, омӯзиши техника ва технологияҳои нав, тақвияти нерӯҳои зеҳнӣ ва ташаккули забони илм дар мақоми авлавият қарор дорад. Дар ин раванд, мо ҷойгоҳу манзалат ва дар айни замон, масъулияти олимону донишмандон, аҳли маориф ва зиёиёни эҷодкорро дар ҷомеа давра ба давра баланд бардоштем. Ҳамчунин, як силсила барнома ва лоиҳаҳои илмиро бо дарназардошти манфиатҳои давлатдории миллӣ таҳия ва мавриди амал қарор дода, барои пешрафти илму маориф заминаи мусоид фароҳам овардем.».

 Дар ҳақиқат имрўз аҳли илми тоҷик дастгирӣ, кўмак, пуштибонӣ ва ғамхориҳои пайвастаро аз ҷониби Пешвои миллат ва ҳукумати Тоҷикистон ҳамарўза эҳсос менамоянд (ин ҷо мехоҳам таъкид намоям, ки на дар ҳамаи кишварҳои олам чунин аст! Инро бояд олимони тоҷик донанд.) ва маҳз ҳамин дастгирист, ки мунтазам пояи моддиву техникии муассисаҳои илмӣ рушд мекунанд, ҷавонон ба илм рўй меоранд ва дастовардҳои илмӣ меафзоянд. Чи тавре, ки қайд намудам ин вохўрии таърихӣ дар илми ватанӣ буд ва он роҳи наверо баҳри рушди илми тоҷик боз кард. Гузашта аз ин нуктаҳои асосии Суханронии Пешвои муаззами миллат ин Барномаи дурнамои рушди илми ватанӣ буда, он барои на танҳо бист соли минбаъда, балки барои чандин даҳсолаҳои дигар низ раҳкушои самтҳои нави илми тоҷик мебошад.

 Махсусан, аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтани ташаббусҳои Пешвои миллат, алалхусус чор маротиба қабул гардидани қарорҳои дахлдори Созмони Милали Муттаҳид дар масъалаҳои об, махсусан оби тоза, истифодаи самараноки он ва дастрасии инсоният ба сарчашмаҳои оби нушокӣ аввалан боиси ифтихори мардуми кишвар буда, баъдан олимони тоҷикро вазифадор менамоянд, ки доир ба ин масъалаҳои ҳаётан муҳим пажуҳишҳои назаррас анҷом диҳанд. Ташаббусҳои дигари Пешвои миллат дар мавриди ҳифзи пиряхҳо ҳамчун сарчашмаҳои асосии об дар бисёр минтақаҳои кураи Замин ва бо ин мақсад таъсиси Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, тавлиди “энергияи сабз” ва гузаштан ба “иқтисодиёти сабз” ва ба ин васила ҳалли мушкилоти глобалии экологӣ, ки аз минбарҳои баланди байналмилалӣ баён намудаанд, самтҳои нави таҳқиқоти илмиро барои олимони тоҷик боз намуд. Вазифаи минбаъдаи олимони тоҷик аст, ки ин самтҳои тақиқоти илмиро ҳамчун самтҳои афзалиятнок қабул карда, дар амалишавии ин ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои муаззами миллат сахмгузор бошанд.

 Махсусан, таъсиси 3000 стипендияи Президентӣ ба хонандагони болаёқати муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар, зиёд намудани теъдоди гирандагони стипендияи Президентӣ дар муассисаҳоит таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ, инчунин таъсиси мукофоти махсуси давлатӣ барои олимони ихтироъкору навовар бори дигар нишон медиҳанд, ки рушди илм, махсусан илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқу риёзӣ ҳадафи асосии Пешвои муаззами миллат ва давлат мебошанд.

 Дар фарҷом гуфтаниам, ки агар мехоҳем дастуру супоришҳои Пешвои миллат иҷро гарданд ва бо ин роҳ давлату миллат пешрафтаву рақобатпазир дар арсаи ҷаҳон гардад, бояд суханони нахустин Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ “то ҷон дорем, аввал дар илм ва маориф кўшем” шиори имрўзу фардои мо бошад, зеро ба қавли маъруф “куфлкушои ҳама дарҳост илм”.

                                                                                        Фарҳод РАҲИМӢ,
академик, Президенти Академияи
                                                        миллии илмҳои Тоҷикистон

Бознашр: http://khovar.tj/2020/03/far-od-ra-im-prezidenti-ami-adafi-peshvoi-millat-rushdi-tafakkuri-tehnik-va-a-onbinii-ilm/ 

Хондан 2003 маротиба