JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 04 Сентябри 2020 08:12

Ахлоқ ва дин (баҳсе муқаддимотӣ)

Муаллиф: Исомиддин Шарифзода

  Яке аз масоиле, ки гоҳ-гоҳе мавриди баҳс қарор мегирад, ин муносибати дин ва ахлоқ будааст. Аксар аз нафарони боварманд гумон меварзанд, асли дин ва ахлоқ якест ва ҳеҷ як ахлоқ бидуни дин вуҷуд дошта наметавонад. Ин динҳоянд, ки таъинкунандаи меъёрҳои ахлоқианд. Агар ба зоҳири масъала таваҷҷуҳ намоӣ,  шояд ба онҳо метавон розӣ шуд, ки ахлоқ бо дин ҳамбастагӣ дорад. Аммо гоҳе ба назари таҳқиқ ба масъала таваҷҷуҳ менамоӣ, чунин нест. Дин ва ахлоқ ҳамчун падидаи иҷтимоӣ ҳамабастагӣ доранд вале онҳо комилан як чиз нестанд. Аз лиҳози пайдоиш аксари муҳақиқони улуми иҷтимоиву фарҳангшиносон ахлоқро қадимитар аз динҳо меҳисобанд. Яъне ишон муътақиданд, ки ҳазорон сол, ки ҳанӯз аз динҳо ному нишоне набуд, инсонҳо дорои ахлоқ буданд ва аз меъёрҳои он риоят менамуданд. Дар мароҳили баъдии зиндагии башар ҷиҳати идораи умури иҷтимоӣ ва бартарият нишон додану тасаллут намудан бар тӯдаҳо аз батни ахлоқ динҳо ва ҳуқуқу сиёсат берун омадаанд. Ба фарзи мисол, метавон боварҳоеро ба мисли конфутсиянӣ ва буддоӣ мисол зад, ки асл ва бунёди ахлоқӣ доранд, то бунёди қудсиву илоҳӣ ва ин ақида метавонад нисбатан камтар аз онҳо ба зардуштия низ сидқ дошта бошад.

  Асли ахлоқ аз ҳамзистии иҷтимоии инсонҳо маншаъ мегирад ва ҳанӯз дар бомдоди рӯзгори башар, гоҳе ки ҳанӯз зиндагии инсон дар ҷангалҳо ба шакли тӯдаҳои ибтидоӣ сурат мегирифт, бармегардад. Вел Дуронт, файласуф ва фарҳангшиноси шаҳири амрикоӣ ахлоқро як аз омили асосии тамаддун меҳисобад, ки қаблтар аз авомили дигар таҳаввул ёфтааст ва бидуни он маданият наметавонад вуҷуд дошта бошад. Ӯ дар шинохти ахлоқ муътақид аст: “ Ахлоқ ташкил мешавад аз урфу одоте, ки иҷтимоъ онҳоро барои хайр ва такомули худ дорои аҳамияти ҳаётӣ ташхис медиҳад. Дар иҷтимои аввалия, ки аз қонуни навиштаву  маданӣ асаре нест, ҳамин урфу ахлоқ асоси танзими аъмоли башарӣ ба шумор меравад ва пойдориву пайвастагии назми иҷтимоъро таъмин месозад. Чун замон пеш меравад ва асари ҷодуии худро ба ин урфу одот боқӣ мегузорад, дар натиҷа такрор барои фард, ҳукми табиати сонӣ пайдо мекунад, чун аз ҳудуди онҳо таҷовуз кунад, эҳсоси тарсу парешонӣ ва нанг дар вай падид мешавад ва ин ҳамон виҷдон ва замир ё ҳисси ахлоқӣ ба шумор меравад. Ин  замири ахлоқӣ дар мароҳили такомули худ, ки пеш меравад, иллати пайдоиши замири иҷтимоӣ мегардад ва ба василаи он инсон ба хубӣ эҳсос мекунад, ки вобастаи як ҷамоате аст ва бояд онро дӯст бидорад ва муҳтарам шуморад. Ахлоқ иборат аст аз ҳамкории фард бо умум ва ҳамчунин таовуну ҳамкории ҳар дастае бо даста ва иҷтимои бузургтар  аст” (Вел Дюронт. Таърихи тамаддун. Ҷилди аввал. Машриқзамин гаҳвораи тамаддун. Созмони интишороти омӯзиши инқилоби исломӣ.  Теҳрон: Чопи дувум - 1367 (1988). Саҳ 46-47).

  Тавре дар таъриф ишора шуд, ахлоқ ҳамбаста ба зиндагӣ ва ҷомеаи инсонист, ки чӣ гуна бояд инсонҳо дар ҳамзистии иҷтимоӣ бо таовуну ҳамкорӣ мушкили зистии хешро саҳлу содда кунанд. Зиндагиву иҷтимоъ чизҳои мунҷамид нестанд, ки дар ҳазорон сол бетағйир бошанд. Чун моддаи сохтмонии онҳо инсон аст, инсон ҳамеша дар ҳоли тағйиру таҳаввул аст. Ӯ на танҳо таҳаввули  биологӣ мекунад, балки таҳаввули иҷтимоиро низ дар пай дорад.Ахлоқ чун падидаи иҷтимоист, мисли тамоми падидаҳои дигари иҷтимоӣ ҳамеша дар ҳоли тағйиру такомул аст. Меъёрҳои он вобаста аз вазъи рӯзгор, тарзи бароварда кардани ниёзҳои иҷтимоӣ, замону макон, қавму гурӯҳ, хусусияти равониву синнусолӣ ва амсоли инҳо дигар мешаванд. Бахусус анвои ҷомеа ахлоқи хоси худро доранд. Ҷомеаи кишоварзӣ вижагии ахлоқии худро дорад ва ҳамин тавр, ҷомеаи саноатӣ ва пасосаноатӣ хусусияти ахлоқии худро доранд.

  Даъвои ин ки инсонҳо танҳо бо омадани динҳои такхудоӣ бо ахлоқ расида соҳиби фазилат шуда бошанд ва ба қавле, ба инсоният расида бошанд ва ё маҳз ахлоқ туфайли онҳо комил гардида, болотар аз онҳо дигар ахлоқе вуҷуд надошта ё мароҳили такомули ахлоқ поён ёфта бошад, як назари воруна ва ғайриилмиест. Ҳанӯз то омадани динҳои такхудоӣ  дар адёни бостонӣ ва ҳатто то шаклгирии динҳои ибтидоӣ ахлоқ вуҷуд доштааст. Масъалаи ахлоқ ба ҳайси як падидаи баҳси илмӣ ҳануз 2500 сол қабл яъне ҳадди 500 сол қабл аз зуҳури масеҳият ва ду ҳазор сол қабл аз Ислом дар назди суфастоиёну эпикуриён Юнон мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтааст. Махсусан баҳсҳои Суқрот ва пасон ахлоқро Афлотун ба маънии ҳушёрӣ истифода менамояд. Ӯ меъёри ахлоқро ҳадди васати разоилу фазоил медонад. “Афлотун мегӯяд ҳушёрӣ амали ҳушёрона нест, балки таносуби зебоӣ ва ҳунарӣ миёни авомили хулқии фард аст. Ба иборати дигар ҳушёрӣ яъне ҳусни тартиб ва лутфи таркиби рафтори инсонӣ. Хайри мутлақ дар тезҳушӣ ё тавоноии ғайриақлонӣ нест, балки иборат аст аз таносуби аҷзоъ бо кул хоҳ дар фард ва хоҳ дар иҷтимоъ” ( Вел Дуронт. Лаззоти фалсафа. Ширкати интишороти илми ва фарҳангӣ. Теҳрон 1387. Саҳ.102-104) Арасту низ ба он таваҷҷуҳ зоҳир менамояд ва рисолотеро аз қабили ахлоқи Никомах ва ахлоқи эвдемӣ таълиф менамояд ва онро дар тақсимбандии фалсафа (илм) ба бахши амалӣ мансуб медонад. Ҳамин тавр пас аз ҳазор соли зери бори масеҳият рафтан, ки ахлоқ дар Аврупо мунҳал ба  он гардид ва тамоми қаламрави он аз ҷониби дини масеҳӣ ишғолгарӣ шуд ва худ дар инҳисори дин монд, таваҷҷуҳи дигаре, ки бар ахлоқ сурат гирифт ва кӯшиши озод кардани он аз инҳисори дин аз ҷониби бунёнгузори фалсафа ва илми нав дар Аврупо Френсис Бекон сурат гирифтааст, ки он дар китоби “Пешрафти дониш” тарҳи назарияи комил аз ахлоқи мустақил аз динро дар бар дорад. Ин давлатмадори бузург мегӯяд: “Мо ба ашё бо ду гуна хайр майл ва иштиҳод дорем. Агар шайъро кул фи нафсиҳи дар назар орем, майл ва иштиҳо бад-он аз ғаризаи фардӣ аст ва агар он шайъро ҷузъе аз кул бузургтар бидонем майл ва иштиҳо бад-он аз ғароизи иҷтимоӣ аст. Ин маънии онро дорад, ки пояи ахлоқиёт ва хилофи ахлоқиёт дар табиати инсонӣ аст, на берун аз он. Ба ақидаи Бекон, ғароизи иҷтимоӣ аз сиёнати зот қавитаранд. Ҳамин тавр, назарияи ахлоқро бар пояи табиати инсон Бекон поягузорӣ намуд ва онро Дарвин идомат бахшид. Бардошти зистшинохтӣ аз ахлоқ ва таърифи он ҳамкории ҷузъ бо кул аст. Дар ин назари куллӣ ҳар майл ва муҳаббате дар инсон бо майли куллии бадани ӯ  ва майли дӯст доштани ҳар фарди инсонӣ бо хонаводаи худ ҳар хонаводае бо давлати худ ҳар давлате бо тамоми башарият ва башарият бо ҳаракати суудии ҳаёт ҳамкорӣ мекунад.

  Масоили ахлоқ аз назари мутафаккирони олмонӣ берун намонд. Иммануэл Кант (1724-1804) ба баҳсу баррасии ахлоқ пардохт. Кант дар баррасиву шинохти ахлоқ аз усули метафизикӣ истифода менамояд. Ақидаву равиши Кант дар ин бора дар хилофи ақидаҳои Арасту дар бораи ахлоқиёт аст.

  Арасту ақида дошт, онҳое, ки сулук ва маниши ахлоқӣ доранд, бар он ҷиҳат аст, ки аз кирдору сулуки ахлоқии худ лаззат мебаранд. Кант дар ин бора мегӯяд, агар шумо нисбат ба бародар ва ҳамсояи худ меҳрубон ҳастед, далелаш он аст, ки шумо онҳоро дӯст доред, на ин ки рафтори неки шумо нисбат ба бародар ва ҳамсояатон холӣ аз арзишҳои ахлоқии шумо бошад. Амалу рафтори инсон дорои арзиши ахлоқӣ аст, ки усулу мавозини ахлоқӣ анҷоми онро лозим шумурда бошад, на ин ки инсон барои гирифтани подош ё раҳоӣ аз муҷозот ба анҷоми он амал бипардозад. Кант аз ин баҳс натиҷа мегирад, ки маниши ахлоқӣ як падидаи дарунзотӣ аст ва омилҳои хориҷӣ дар он ҳеҷ гуна таъсире надорад. Рафтори ахлоқӣ пайваста инсонро водор ба таҳаммули ранҷ мекунаду чун инсон аз ба кор бурдани амали ахлоқӣ наметавонад дар ин дунё подош бигирад ночор бояд дар дунёи пас аз марг интизори гирифтани подош барои рафтору сулуки ахлоқии худро дошта бошад. Табиист, ки дар дунёи пас аз марг ба ғайр аз Худованд мавҷуди дигаре наметавонад ба корҳои ахлоқиву некие, ки башар дар зиндагии худ дар ин дунё анҷом дода подош диҳад. Аз ин рӯ, ахлоқиёт бо вуҷуди Худо пайванди устувор дорад. Кант аз ин баҳси илмӣ, ки ахлоқиётро дар воқеъ болои метафизика қарор медиҳад натиҷа мегирад, ки покдоманӣ дар сурате мумкин хоҳад буд, ки Худо вуҷуд дошта ва инсон вуҷуди Худоро ба расмият бишносад. Ба ин тартиб, Кант арзишҳои ахлоқиро лозимаи ҳақиқат ва вуҷуди Худоро шарти мусаллами покдоманиву арзишҳои ахлоқӣ ба шумор меоварад.

  Нубуғи Кант то он ҷо, ки лузуми вуҷуди Худоро бо андешае дурусткирдории афроди башар, бидуни интизори дарёфти подош ёдоварӣ аз муҷозот пайванд медиҳад, қобили тамҷид ва ситоиш аст, зеро Кант дар навоварии ин назария хостааст зеҳни афроди башарро аз тазоҳуроти берунӣ ба андешагариҳои дарунӣ раҳнамун шуда ва ба афроди башар бифаҳмонад, ки анҷоми пораи ташрифоти берунӣ монанди вард хондан ва ё  зоҳири худро бо мушахассоти вижае монанди ришгузоштану тасбеҳ дар даст гирифтану ба калисо, каниса масҷид рафтан далели худошиносӣ ва мазҳабӣ будан нест, балки инсоне, ки ба вуҷуди Худо бовар дошта, худро мазҳабӣ медонад, бояд нахуст аз лиҳози андешагарӣ худро худошинос ва мазҳабӣ намуда сипас чигунагии андешагирии мазҳабиашро дар сулуку рафтораш ба кор барад. Он ҷое низ, ки Кант аз андешагирӣ сухан мегӯяд, ҳадафаш андешагирии мазҳабии мусбат аст на манфӣ. Бад-ин шарҳ, ки ҳангоме ки инсон бо некандешии ва анҷоми сулуки некӯ даст мезанад набояд ин корро барои гирифтани подош ва ё дур шудан аз муҷозот анҷом диҳад, балки ҳадафи ӯ дар андешаву сулуке, ки барои худ бармегӯзинад, бояд андешаҳои мусбату созандаи андеша ва рафтораш бошад, на баҳрагирӣ аз маниши некрӯии худ. Ҳадафи Кант дар баҳси фалсафии ахлоқ аз ду андеша хориҷ нест, ё  ӯ кӯшиш дорад инсонро аз роҳи сулуку рафтораш ба Худошиносӣ раҳнамун шавад ё ин ки қасд дорад, аз роҳи худошиносӣ андешаву рафтори инсонро пероиш ва ӯро ба кирдору маниши некӯ раҳнамун созад. (Масъуди Ансорӣ(дуктур Рӯшангар) Аллоҳу Акбар. Сан Франсиско, 1375ҳ.

  Дар солҳои поёнии қарни 19 Фридрих Нитше (1844-1900), файласуфи баландмартабаи олмонӣ низ ба масоили ахлоқӣ пардохт ва комилан дар мухолифат ба назарияи ахлоқи масеҳӣ қарор гирифт. Ӯ ахлоқи масеҳиро ахлоқи як ғулом ном бурд ва дар китобаш “Антихирист” онро мавриди интиқоди шадид қарор дод. Ошкоро вуҷуди Худоро инкор кард ва изҳор дошт, Худое, ки мо барои ӯ вуҷуд қоим ҳастем, дар воқеъ, як мавҷуди мурда аст ва афроди башар ба ҷои ин ки худро ғулому бардаи мавҷудоти маъдуму нестандарҷаҳон бикунанд, бояд хештанро офаринандаи рӯйдодҳо ва падидаҳои ҷаҳони мо ба шумор оваранд. Башар ба ҷои ин ки худро дар зинаи пастӣ ва хорӣ қарор дода, ҳамаи тавонашро ба як мавҷуди маъдум нисбат диҳад, бояд дар пойгоҳи як мавҷуди тавонманд ва фароравон фурӯҳмандӣ пайдо кунад ва он чиро ки аз Худои пиндорӣ ва нестандарҷаҳон интизор дорад, худ биофаринад.

  Дар садаи 20 ва 21 ҷиҳатҳои равоншиносиву равонковии ахлоқ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, ки дар ин самт метавон ба осори Зигмунд Фрейду Эрих Фром ва Карл Ясперсу дигарон сар зад ва бардоштҳо намуд, ки ин метавонад як баҳси дигаре бошад. 

  Дунёи сармоядорӣ ва ҷомеаи саноатӣ, ки бар пояи манфиат тарроҳӣ шудааст, меъёрҳои ахлоқиро бар пояи манфиат кашонид ва ҷомеаҳо муқаррароти ахлоқии худро ба сурати возеҳ дар доираи манфиатҳои иқтисодиву истеҳсолии худ ба роҳ мондаанд, ки ин ҳам тарафҳои  мусбат ва манфии худро дошт ва рӯи ахлоқи инсонҳои ин навъи ҷомеаҳо таъсири худро гузоштааст. 

  Аз пешрафти ахлоқ дар таърих беш аз он ки беҳбуди муқаррароте ахлоқӣ манзури назар бошад, ин ҷанба мавриди назар аст, доираи ин  муқаррароти ахлоқӣ ҳамеша дар ҳоли тағйир буда, ҳамбастаи навъу шакли зиндагӣ, тамаддунҳо, андешаҳо, шинохтҳо ва тарзи бароварда кардани ниёзҳои моддии башарӣ ва дар таъовун ба сар бурдани онҳо будааст. Дар ин дарозо ахлоқ тағйир карда вусъат пайдо намудааст ва имрӯз тавассути баҳамоии инсонҳо аз роҳи фанновариҳо курраи хокиро ба як деҳкадае табдил додааст. Ин раванд ахлоқро аз доираи меъёрҳои қавмиву қабилавӣ ба доироти миллатҳову минтақаҳо кашонидааст. Таъсирпазирии ахлоқӣ байни миллату давлатҳо зиёд гардида, пазиришу усулҳои ахлоқии мухталиф рӯи кор омадааст. Ин вазъ, пеш аз ҳама бастагӣ дорад ба ҷомеи имрӯзаи фаросаноатӣ, ки васоили иртиботӣ бахусус фанновариҳои навини инсонӣ онро шакл додаанд. Албатта, ҳар падида ҷанбаҳои манфӣ ва мусбати худро дорад, ки он боз бармегардад ба табиати инсон. Имрӯз дар ин баҳамоии башарӣ намешавад арзишҳои ахлоқии мардумон ва қавмҳои дигарро ваҳшонияту ҳайвоният номид. Имрӯз инсонҳо дар ҳамзистӣ боястӣ дар доироти таҳаммулпазирӣ, гуногунандешӣ ва эҳтиром қоил будан бар андешаву арзишҳои якдигар муносибат намоянд.

  Аз муқаддимоти овардашуда пайдост, ки дар ҳар мавриди аз зиндагӣ инсонҳо побанди ахлоқ будаанд ва ахлоқ метавонад ҳам дар доироти меъёр ва муқаррароти динӣ вуҷуд дошта бошад ва ҳам берун аз меъёрҳои он. Яъне табиатан инсон ниёз ба ахлоқ дорад ва яке аз вижагиҳоест, ки онро аз ҳайвонот бартар мегардонад.

Исомиддин Шарифзода

номзади илмҳои фалсафа

Маҷаллаи академии илмию оммавӣ "Илм ва Ҷомеа"-№3 (21), 2020

Феҳрасти манобеъ

  1. Science and Religion, D.L. Bender and B. Leone, Greenhaven Press. 1981/
  2. Бузургони фалсафа. Навиштаи Ҳенри Томас. Тарҷумаи Фаридуни Бадрай. Теҳрон: Кайҳон,
  3. Масъуди Ансорӣ (дуктур Рӯшангар) Аллоҳу Акбар. Сан Франсиско, 1375ҳ.
  4. Таърихи тамадун. Вел Дуронт. Ҷилди аввал. Машриқзамин гаҳвораи тамадун. Созмони интишороти омӯзиши инқилоби исломӣ. Теҳрон Чопи дуввум  соли 1367 (1988), саҳ 46 47 ).
  5. Вел Дуронт. Лаззоти фалсафа. Ширкати интишороти илмӣ ва фарҳангӣ. Теҳрон Саҳ.102-104.
Хондан 6833 маротиба