JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 02 Сентябри 2020 05:52

Баҳси бархӯрди тамаддунҳо: вазъият ва дурнамо

Муаллиф: Меҳр Собириён
Баҳси бархӯрди тамаддунҳо: вазъият ва дурнамо манбаи расм: www.semanticscholar.org

  Таърихи инсоният саршор аз бархӯрдҳост. (Бархӯрд бо табиат, бо ҳайвонот, бо якдигар.) Ин бархӯрдҳо миллиардҳо қурбонӣ дар пай доштаанд. Барои мутобиқ шудан ба шароити кураи Замин ва ҳифзи бақои худ инсоният миллиардҳо ҷонро аз даст додааст. Ин раванд ҳанӯз ҳам идома дорад. Набард бо вируси “COVID-19” дар ин шабу рӯз аз ҷумлаи ҳамин бархӯрдҳо ва мутобиқшавиҳост. Замоне инсонҳо объекти шикори ҳайвоноти даранда буданд, вале саранҷом худ ба шикорчӣ табдил ёфтанд ва дар бархӯрд бо ҳайвонот баранда шуданд. Бархӯрди инсонҳо бо якдигар низ дар тули таърих ҷони миллиардҳо инсонро рабудааст, ки он сабабҳои гуногун дорад.

  Аз рӯзе, ки инсон худ ва манофеи худро дар баробари дигар инсонҳо ва манофеи онҳо шинохт, бархӯрдҳо оғоз шуданд. Бархӯрдҳои барои ишқ, барои макони зист (авлодҳо), бархӯрдҳои номусӣ (қабилаҳо), бархӯрдҳо барои васеъсозии давлатҳо (шоҳигариҳо), бархӯрдҳо барои паҳнсозии динҳо (ниҳодҳои динӣ), бархӯрдҳои этникӣ (миллатҳо), бархӯрдҳои идеологӣ ва бархӯрдҳои тамаддунӣ. Дар ин навиштор ахирӣ, яъне бархӯрдҳои тамаддунӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад. Ба мо лозим аст, ки пеш аз пардохтан ба баррасии бархӯрди тамаддунҳо, ба мафҳуми тамаддун каме равшанӣ андозем.

  “Инсонҳо дар гурӯҳҳои созмонёфта зиндагӣ мекунанд, ки ҷомеа ном гирифтааст. Аъзои ҳар ҷомеае шеваи рафтори хосе пай мегиранд, ки ҷомеаи хоси онҳоро аз дигар ҷомеаҳо мутафовит месозад. Ин шеваи рафтори хос дар дар воқеъ фарҳанги ҳамон ҷомеа аст”(2). Дар адабиёти фарҳангшиносӣ мафҳуми тамаддун аз мафҳуми фарҳанг фарқ мекунад. Баъзе муаллифон фарҳангро ҷанбаи маънавӣ ва тамаддунро ҷанбаи модӣ бахшидаанд. Доктор Чингиз Паҳлавон дар китоби “Фарҳангшиносӣ”-и худ менависад “тамаддун дар зимн метавонад бистари фарҳангҳои гуногун бошад, чуноне ки тамаддуни аврупоӣ чунин хислатеро дорад” (1). Яъне, як тамаддун метавонад якчанд фарҳангро дар бар гирад. Дуруст ба монанди тамаддуни ориёӣ, ки тибқи ин бардошт метавонад аз фарҳангҳои тоҷикӣ, курдӣ, лурӣ, порсӣ, балуҷӣ ва ғайра иборат бошад. Бо вуҷуди чунин фарқиятҳо, Доктор Чингиз Паҳлавон баъди баррасии дурударози мафҳумҳои фарҳанг ва тамаддун ба хулосае меояд, ки “дар вақеъ фарҳанг ва тамаддун аз ҳам ҷудо нест ва агар касе корбурди муайяне дар ҳавзаи хос барои онҳо қоил нашавад, гоҳ метавон ин ду мафҳумро ба ҷойи ҳам нишонд ва гоҳ ба вузуҳ ба як маъно ба кор бурд.”(1) Ба қавли Доктор Паҳлавон “Фарҳанг ё тамаддун, ба мафҳуми васеи калима дар қавмшиносӣ, маҷмӯаи печидае аст, ки шинохт, боварҳо, ҳунарҳо, ахлоқ, ҳуқуқ, одобу русум ва дигар қобилиятҳо ё одотеро дар бар мегирад, ки инсон ба унвони узви ҷомеа касб мекунад” (3). Самуел Ҳантингтон ба ин маҷмӯа ниҳодҳои давлатиро низ дохил мекунад. Бо дарназардошти ин тафовутҳо дар бардошти донишмандон аз фарҳангу тамаддун дар доираи мавзуи баррасишаванда, беҳтар аст мо фарҳангро дар шакли маҳдудтар ва тамаддунро дар шакли васеъи дарбаргирандаи чанд фарҳанг баррасӣ намоем, то тавонем бархӯрдҳои дохилитамаддуниро низ бо моделҳои мавҷуда арзёбӣ карда бошем. Ба қавли донишманди эронӣ Доктор Масъуд Ҳоҷизода, тамаддун болотарин гурӯҳбандии фарҳангии мардум ва густардатарин сатҳи ҳувияти фарҳангӣ аст, ки инсонҳо аз он бархӯрдоранд. Тамаддунҳо маҷудияти қобили дарк доранд, пӯё ҳастанд, зуҳур ва суқут мекунанд, тақсим мешаванд ва дар водии замон дафн мегарданд(11). “Ҳар сарзамине ба таносуби истеъдод ва завқи сокинон, ҳосилхезии хок, манбаъҳои табиӣ ва вазъи обу ҳавои худ офаранда ва тавлидкунандаи тамаддуне махсус аст, ки бо тамаддуни ноҳияҳои дигар мутафовит мебошад”(4).

  Аҳамияти мавзӯъ. Дар раванди ҷаҳонишавӣ тамаддунҳо бо ҳам рӯ ба рӯ мешаванд, омезиш меёбанд ва бархӯрд мекунанд. Маҳз дар ҳамин ҳолат масъалаи таъсири манфии ин раванд ба ҳувияти миллӣ пайдо мешавад. Муайян кардани омилҳои таъсирасон ба ҳувияти миллӣ ва мусаллаҳ шудан бо ин огоҳиҳо имкон медиҳад, ки ин таъсири манфӣ пешгирӣ ва ё ҳадди ақал кам карда шавад. Ин аст, ки мавзӯи баҳси бархӯрди тамаддунҳо, ки дар даврони пас аз ҷанги сард аз ҷониби олими саршиноси амрикоӣ Самуэл Ҳантингтон ҳамчун назарияи рушди равандҳои сиёсӣ барои солҳои оянда матраҳ шуда буд, аҳамият пайдо мекунад. Чунки бо вуҷуди баҳсбарангез будани ин назария, дар се даҳаи охир, далелҳои зиёди тасдиқкунандаи он ба назар мерасанд ва дар баробари ин амалкарди кишварҳои абарқудратро дар аксар маврид аз рӯйи ҳамин назария метавон тавзеҳ дод. Кишварҳои Осиёи Марказӣ низ ҳамчун узви тамаддунҳои муайян дар ин бархӯрд иштирок доранд ва дар раванди ҷаҳонишавӣ хатароти онро бештар эҳсос мекунанд. Бинобар ин, дар доираи омӯзиши таъсири манфии ҷаҳонишавӣ ба ҳувияти миллӣ дар Осиёи Марказӣ, баррасии масъалаи бархӯрди тамаддунҳо лозим ба назар мерасад.

 

Бархӯрди тамаддунҳо ҳамчун модели муносибатҳои байналмилалӣ

 

  Баъди фурӯ рехтани девори Берлин дар соли 1989 Ҷанги сард ба охир расид ва донишмандону сиёсатшиносон дар ҷустуҷӯи модели нави рушди муносибатҳои байналмилалӣ афтоданд. Онҳо аз додаҳои таърихӣ истифода бурда, барои сохтани модели рушди муносибатҳои байналмилалӣ кӯшишҳо ба харҷ медоданд. Замоне муносибатҳои байналмилалӣ ва ҷангу ҳамгироиҳо дар доираи дин, бо ҷиҳоду ҷангҳои салибӣ ба вуҷуд меомаданд. Баъдтар дӯстиву эҳтиром ва ё кинаву адовати шоҳу шоҳзодаҳо муносибатҳои байналмилалиро муайян мекарданд. Пас аз пайдо шудани давлатҳои миллӣ дар қарни 19 рақобати миллатҳои гуногун, аксаран аврупоӣ, мавқеи намоён пайдо кард ва то поёни Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ идома ёфт. Пасон ҷанги сард дар рақобати ду идеология ва ду система давлатдорӣ, сотсиализм ва капитализм, ба миён омад, ки чуноне қайд карда шуд, бо бардоштани девори Берлин хотима ёфт. Акнун коршиносон дар андеша буданд, ки дар ояндаи наздик чӣ парадигма муносибатҳои байналмилалиро муайян мекунад ва дар ҷустуҷӯи модели наве буданд, ки тавонад бархӯрду ҳамгироӣ миёни миллатҳои гуногуни ҷаҳон ва ё рушди ояндаи муносибатҳои байналмилалиро дар худ ифода кунад. Якчанд назарияҳо пешкаш карда шуданд, ки онҳоро метавон ба хушбинона, воқеъбинона ва бадбинона тақсим намуд.

  Дар ҳамин сол буд, ки Френсис Фукуяма назарияи худро дар шакли мақола пешниҳод кард, ки он баъдтар дар соли 1992 ба китоб табдил дода шуд. Номи мақола “Поёни таърих?” буд, ки дар маҷаллаи амрикоии “Манфиати миллӣ” соли 1989 мунташир шуд ва унвонии китоби вай “Поёни таърих ва охирин инсон” (1992) аст.  Вай аз ғалабаи пурраи демократияи либералӣ бар сотсиализм илҳом гирифта, парадигмаи “Поёни таърих”-ро пешниҳод кард. Яъне, ба хулосае омад, ки модоме низоми демократияи либералӣ дар ҳама паҳлуҳои зиндагии инсон бартарии назарраси худро исбот кард, дигар баъд аз ин қуввае пайдо нахоҳад шуд, дар баробари Ғарб ва системаи он истода, хатари бархӯрди бузургро ба вуҷуд оварад. Аз ин пас ин система ба тадриҷ дар тамоми ҷаҳон паҳн мегардад ва дунё ба як давраи нисбатан оромиву шукуфоӣ ворид мешавад, ки метавон гуфт то дараҷае дилгиркунанда аст. Ӯ мегӯяд “демократияи либералӣ “нуқтаи охири таҳаввули идеологии башар” ва “шакли ниҳоии давлат дар ҷомеаи башарӣ бошад, ки “поёни таърих” аст. Ин ба он маъност, ки шаклҳои қаблии давлатдорӣ камбудиҳои ислоҳнопазир ва ғайримантиқӣ доштанд, ки дар ниҳоят сабаби фурӯпошии онҳо мешуд, гуфта мешавад демократияи либералӣ аз чунин тазодҳои бунёдии дохилӣ орӣ аст.”  Вай эътироф мекунад, ки “бархе аз кишварҳои муосир мумкин аст натавонанд ба демократияи либералии босубот даст ёбанд, дар ҳоле ки бархеи дигар мумкин аст ба шаклҳои дигари примитивии давлатдорӣ ба монанди теократия ва диктарураи ҳарбӣ баргарданд.” (5) Ин назарияи Фукуяма ба гурӯҳи назарияҳои хушбинона дохил мешавад.

  Баъдан Самуел Ҳантингтон дар соли 1993 бо нашри мақолаи илмии худ дар маҷаллаи “Foreign affairs”-и амрикоӣ зери унвони “Бархӯрди тамаддунҳо?” назарияи худро пешниҳод мекунад, ки хеле баҳсбарангез мешавад. Дертар ин назарияи худро тақвият дода, дар соли 1996 онро дар шакли китоб мунташир мекунад, ки дар он аломати саволашро бардошта номи китобро “Бархӯрди тамаддунҳо ва азнавсозии низоми ҷаҳонӣ” мегузорад. Ӯ мегӯяд, ки не, дар давраи нав низ рақобату бархӯрдҳо боқӣ мемонанд, на ин ки мо вориди як давраи оромиву осудагӣ мешавему демоктарияи либералӣ дар тамоми ҷаҳон паҳн мешавад. Дар ин давра табиати бештари бархӯрдҳо фарҳангӣ-тамаддунӣ хоҳад буд. Ин назарияи Ҳантингтон назарияи воқеъбинона буд.

  Дар ҳақиқат, пас аз поёни ҷанги сард мавҷи нави ҳувиятҷӯӣ дар ҳама гӯшаҳои ҷаҳон сар зад. Миллатҳое, ки зери таъсири қувваҳои идеологӣ буданд ва системаи мувофиқи идеологиву иқтисодиро ҷустуҷӯ мекарданд, ахиран ба корношоямии сотсиализм қоил шуда, демократия ва низоми сармоядориро ҳамчун беҳтарин низом шинохтанд. Ба ибораи дигар демократияи либералӣ тавонист, бартарияти худро дар баробари дигар низомҳо исбот кунад. Ин ба он маъно набуд, ки демократияи либералӣ аз камбудиҳо орист. Вале ин самараноктарин низом дар миёни дигар низомҳои ихтироъкардаи инсоният буд. Аммо ин зиддияту рақобатҳои ҷаҳониро хотима надод. Мавҷи ҳувиятҷӯӣ инсониятро дар баробари рақобатҳои фарҳангӣ-тамаддунӣ қарор дод.

  Дар ҳамин вазъият баъди мушоҳидаву омӯзиши зиёд Самуел Ҳантингтон ба хулосае омад, ки “дар ҷаҳони пас аз Ҷанги сард парчамҳо аҳамият доранд, ҳамчунин, аз ҷумла салиб, ҳилол ва ҳатто пӯшишҳои сар аҳамият пайдо мекунанд, зеро фарҳанг аҳамият пайдо мекунад ва ҳувияти фарҳангӣ чизест, ки барои аксари мардум аз ҳама бештар маънодор аст. Инсонҳо дар ҳоли кашф кардани ҳувияти нав, аммо ағлаб қадимӣ ҳастанд ва зери парчамҳои нав, вале ағлаб қадимӣ роҳпаймоӣ мекунанд, ки мунҷар ба ҷангҳо бо душманони нав, вале ағлаб қадимӣ мешавад. Душманон барои афроде, ки ба дунболи ҳувият ва шинохти тозаи қавмият ҳастанд, муҳим мебошанд ва эҳтимолан душманони хатарноктарин дар хатҳои миёни тамаддунҳои бузурги ҷаҳон пайдо мешаванд. Фарҳанг ва ҳувиятҳои фарҳангӣ, ки дар густардатарин сатҳ ҳувиятҳои тамаддунӣ ҳастанд, омилҳои ҳамбастагӣ, таҷзия ва даргирӣ дар ҷаҳони баъди Ҷанги сардро ба вуҷуд меоваранд. Назми ҷаҳонии мабнӣ бар тамаддун дар ҳоли зуҳур аст: ҷомеаҳое, ки пайвандҳои фарҳангӣ доранд бо ҳам ҳамкорӣ мекунанд; талошҳои иваз кардани тамаддуни як ҷомеа ба дигар тамаддун бенатиҷа ҳастанд; ва гурӯҳи давлатҳо дар атрофи кишвари меҳварӣ ё аслии тамаддуни худ ҷамъ мешаванд” (6). Эътироф мекунад, ки  “тамоили ҷаҳонгароёнаи Ғарб ба таври фазояндае онро дар таззод бо дигар тамаддунҳо қарор медиҳад, махсусан бо ислом ва Чин” (6).  Вай ин хулосаи худро ба таври куллӣ чунин асоснок мекунад “дар дунёи пас аз Ҷанги сард тафовутҳои идеологӣ, сиёсӣ ё иқтисодӣ аз ҷумлаи муҳимтаринҳо нестанд. Тафовутҳои фарҳангӣ муҳимтарин ҳастанд. Мардум ва миллатҳо талош мекунанд ба одитарин саволе, ки инсонҳо рӯ ба рӯ мешаванд, посух гӯянд: Мо кӣ ҳастем? Ва онҳо барои ҷавоб ёфтан ба ин суол аз равиши суннатие кор мегиранд, ки инсонҳо то имрӯз истифода мекарданд, яъне бо таваҷҷуҳ ба чизҳое, ки барои онҳо бештарин арзишро дорад. Инсонҳо ҳувияти худро дар пояи аҷдод, дин, забон, таърих, арзишҳо, одобу русум ва ниҳодҳо муайян мекунанд. Онҳо ба гурӯҳҳои алоҳида ҷудо мешаванд: қабилаҳо, гурӯҳҳои қавмӣ, ҷомеаҳои динӣ, миллатҳо ва дар васеътарин сатҳ тамаддунҳо. Мардум аз сиёсат танҳо барои расидан ба манофеашон истифода намекунанд, балки барои муайян кардани ҳувияташон низ онро истифода мебаранд. Мо кӣ будани худро, танҳо ҳангоми донистани ин ки кӣ нестем ва ё дар бисёр ҳолат танҳо баъди донистани ин ки мо зидди кӣ ҳастем, медонем” (6).

  Дар ҳамон солҳои дигаргуншавии бузург дар низоми ҷаҳонӣ Ҳантингтон мушоҳида мекунад, ки кишварҳое, ки дар якҷоягӣ аз сохти сотсиалистӣ даст кашиданд, дар амалӣ сохтани ислоҳоти демократӣ аз якдигар фарқ мекунанд ва ин фарқият ба фарҳангу тамаддуни онҳо вобастагӣ дорад. Яъне кишварҳое, ки мероси фарҳангии ғарбӣ доранд, дар роҳи рушди иқтисодиву демократӣ қадамҳои нисбатан устувор бардошта истодаанд. Ин дар ҳолест, ки ин равандҳо дар кишварҳои дорои фарҳанги Ортодоксӣ (православӣ) кунд буда, ояндаи норавшан доранд ва дар ҳамин ҳолат ояндаи кишварҳои дорои фарҳанги исломӣ нигаронкунанда аст. Дар воқеъ баъди қариб сӣ сол ҳанӯз мо ин фарқиятро мебинем, ки он боз ҳам равшантар шудааст.

  Дар асоси ҳамин воқеиятҳо Самуел Ҳантингтон кӯшиш мекунад як парадигма, як харита ва ба истилоҳи дигар як модели рушди муносиботи байналмилалӣ барои давраи баъди Ҷанги сард коркард кунад.  Ӯ мегӯяд “агар мо дар бораи ҷаҳон ҷиддӣ андеша намоем ва дар он амалҳои самаранок дошта бошем, ба як намуд харитаи соддакардашудаи воқеиятҳо, як назария, консепсия, модел, парадигма эҳтиёҷ дорем”. Саранҷом ин харита ё моделро дар асоси тақсимоти тамаддунии ҷаҳон месозад ва пешкаши ҷаҳониён менамояд. Онро назарияи “Бархӯрди тамаддунҳо” меномад, ки ба хотири ғунҷонидани он дар қолаби як модели илмии рушди муносибатҳои байналмилалӣ ҷаҳонро ба 8 тамаддун тақсим мекунад. Яъне, (1) тамаддуни ғарб, (2) тамаддуни ортодоксӣ (провославӣ), (3) тамаддуни конфутсионӣ, (4)тамаддуни ҷопонӣ, (5) тамаддуни ҳиндуӣ, (6)тамаддуни исломӣ, (7) тамаддуни амрикои ҷанубӣ ва шояд (8)тамаддуни африқоӣ. Албатта, ин ба он маъно нест, ки дар ҷаҳон танҳо ҳамин 8 тамаддун вуҷуд дорад  ё намояндагони ин тамаддунҳо аз як гиребон сар бароварда, бар зидди якдигар муборизаи дастаҷамъона мебаранд. Ин тақсимот тибқи қавонини илмии моделсозӣ сода карда шудааст. Худи муаллиф низ эътироф мекунад, ки “тасвири сиёсати пас аз Ҷанги сард тибқи факторҳои фарҳангӣ, ки бархӯрд ва ҳамгироии кишварҳо ва гурӯҳҳоро дар меҳвари тамаддунҳои гуногун дар бар мегирад, хеле содакардашуда аст. Он хеле чизҳоро ҳазф мекунад, таҳриф мекунад ва ё тира месозад”. Аммо “харитаҳо ё парадигмаҳои содакардашуда барои дарк ва амалкунии инсон ногузир ҳастанд. Мо метавонем ба таври саҳеҳ назарияҳо ё моделҳоро бисозем ва огоҳона онҳоро барои раҳнамоии рафтори худ истифода кунем”(6). Барои тақвияти ин гуфтаҳо метавон назари Роберт Солоро овард, ки барои модели рушди иқтисодии худ ва дигар корҳои илмӣ дар соҳаи Иқтисодиёти рушд, соли 1987 Ҷоизаи иқтисодии Нобелиро гирифта буд. Роберт Соло мегӯяд “моделҳои беҳтарин маъмулан бисёр оддӣ ҳастанд, аммо маълумоти зиёдеро  дар бораи он ки ҷаҳон чӣ тавр кор мекунад ба мо медиҳанд. Ҳама назария ба фарзҳое такя мекунанд, ки дурустии сардарсадӣ надоранд. Ин вижагиест, ки онро назария месозад. Санъати назарияпардозии муваффақона ин аст, ки гумонҳои содашудаи ногузир тавре пешкаш карда мешаванд, ки натиҷаи охирини он ҳассосияти зиёд надорад”(7).  Яъне метавон гуфт, ки модели Семуел Ҳантингтон низ дар пояи моделҳои илмӣ сохта шудааст ва қарор нест, ки ҳама падидаҳои ба вуҷудомада дар замони навро дар бар гирад. Аммо ба мо имконият медиҳад равандҳоро ба тартиб дароварда, дар кул тасаввур намоем, зарурро аз нозарур фарқ кунем, ояндаро пешгӯӣ намоем ва муҳимтар аз ҳама роҳҳои расидан ба аҳдофи худро интихоб намоем(6).

  Самуел Ҳантинтон дар китоби худ моделҳои алтернативии сиёсати ҷаҳониро низ баррасӣ мекунад ва эътироф мекунад, ки як модел наметавонад ҷавобгӯи ҳама талаботҳо бошад. Яке аз ин моделҳои алтернативӣ “Як ҷаҳон: эйфория ва гармония” мебошад, ки намояндаи барҷастаи он ҳамон Френсис Фукуяма мебошад. Тибқи ин модел, ба истиснои чанд кишвари ҷаҳони сеюм пас аз Ҷанги сард бояд дар олам як раванди нисбатан оромиву осудагӣ ва ҳамгироии зичи миллатҳо ҷорӣ мешуд. Аммо солҳои баъдӣ дидем, ки чунин нашуд. Дигар модел ин “Ду ҷаҳон: мо ва онҳо” мебошад, ки тибқи он ҷаҳон метавонист боз ба ду қутб тақсим шавад. Фарзияҳо зиёд буданд. Шимоли сарватманд ва Ҷануби фақир, мутамаддинҳо ва варварҳо, Шарқ ва Ғарб, минтақаҳои ором ва минтақаҳои ноором ва дигар фарзияҳои рушди ҷаҳони дуқутбаро донишмандон ҳадс мезаданд. Сеюм, модели давлатҳо мебошад. Яъне маҳз давлатҳои соҳибистиқлол дар муносиботи байналмилалӣ дар бархӯрду ҳамгироиҳо нақши бештаринро доранд. Сиёсати онҳо аст, ки асоси бархӯрдҳоро дар сатҳи ҷаҳонӣ дар худ инъикос мекунад. Чорум, модели хаос ва анархия аст, ки бо дар назардошти давлатҳои заиф ва давлатҳои шикастхурдаи зиёд дар ҷаҳон сохта шудааст. Ин моделро донишманд Зигниев Брезински ва дигарон дар корҳои худ баррасӣ кардаанд ва ин намунаи назарияи бадбинона буд. Ҳамаи ин моделҳои алтернативиро Самуел Ҳантингтон баррасии кӯтоҳ мекунад ва эътироф мекунад, ки дар шароитҳои хос онҳо низ коршоям ҳастанд. Дар қисмати муқоисаи ин моделҳои гуногун вай эътироф мекунад, ки “парадигмаи тамаддунӣ як нақшаи нисбатан оддӣ, аммо на аз ҳад зиёд соддаи дарки равандҳои ҷаҳониро дар охири асри 20 пешниҳод менамояд. Ба ҳар ҳол ҳеҷ парадигмае барои ҳамеша хуб нест. Модели “Ҷанги сард” барои сиёсати ҷаҳонӣ барои 40 сол аҳамиятноку муфид буд, аммо дар охири солҳои ҳаштодум корношоям шуд ва дар як давраи дигар парадигмаи тамаддуниро низ ҳамин сарнавишт интизор аст. Бо вуҷуди ин, барои давраи муосир ин парадигма барои мо дастурамали муфиде мебошад, ки тавонем он чиро ки бештар муҳим аст аз он чӣ ки камтар муҳим аст, фарқ кунем”(6).

  Парадигмаҳо ва моделҳо пешгӯиҳо ҳам мекунанд. Ин вижагии моделҳоро баррасӣ карда Самуел Ҳантингтон дар ҳамон солҳои 1993, яъне зиёда аз 20 сол пеш аз сар задани ҷанг дар Украина, онро пешгӯӣ карда будааст. Вай овардааст, ки “дар ҳоле ки парадигмаи давлатҳо дар муносибати Русияву Украина рақобати ду давлати бузург ва бархӯрд дар сатҳи давлатиро пешбинӣ мекунад. Модели бархӯрди тамаддунҳо порашавии давлати Украинаро аз рӯйи тамаддун пешгӯӣ мекунад. Ин порашавии Украина бо сабабҳои фарҳангӣ метавонанд дар хунрезӣ хеле бадтар аз ҷудошавии Чехословакия бошад, аммо хеле камтар аз порашавии Югославия.”  Ҳоло 20 сол пас аз ин пешгӯӣ мо дар амал иҷро шуданашро шоҳид шудем. Ҳоло ин ҷо метавон дахолати Русия ва дигар омилҳоро пеш овард, вале воқеият ин аст, ки имрӯз Украина тибқи ҳамон пешгӯии Ҳантингтон пора шудааст.

  Барои тақвияти афкори худ Самуел Ҳантингтон дар китоби худ чандин ҳаводисеро мисол мезанад, ки дар шаш моҳи аввали соли 1993 рух додаанд, ки мутобиқи модели “Бархӯрди тамаддунҳо” мебошанд. Дар ин рӯйхат ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон низ ҳаст, ки онро “набард миёни қувваҳои мусаллаҳи Русия ва муҷоҳидони чирикӣ” номидааст. Дар кадом асос ду ҷониби ҷанги дохили моро номгузорӣ кардааст, номаълум аст ва муҳим ҳам нест. Муҳим ин аст, ки ҷанги дохилии моро низ метавон бо модели “бархӯрди тамаддунҳо” баррасиву тасвир кард. Ҳарчанд дар тақсимоти тамаддунии Ҳантингтон ҳарду ҷониб аз тамаддуни исломӣ буданд, вале бо андак тақвият додани ин тақсимот мебинем, ки ин ҷо исломи суннатии омехта бо тамаддуни эронӣ-тоҷикӣ мавриди ҳамлаи муҷоҳидони ифротӣ қарор гирифта буд, ки аъзои “Фронти халқӣ” огоҳона ва ё ноогоҳона дар ин бархӯрди тамаддунҳо аз арзишҳои тамаддуни эронӣ-тоҷикии мо ҳимоят мекарданд.

  Ҳадафи Ҳантингтон аз сохтани модели “Бархӯрди тамаддунҳо” пеш аз ҳама огоҳӣ додан ва раҳнамоӣ кардани давлатмардони ҷомеаи худаш аст. Вай ҳамчун як меҳанпарасти амрикоӣ кӯшиш мекунад ба гӯши тасмимгирон дар сатҳи баланд бирасонад, ки шефтаву фирефтаи бартариҳои илмиву ҳарбӣ ва давлатдории худ нашаванд ва аз хатароти дар пешистода ғофил набошанд. Боби 12-ми китоби худро ӯ пурра ба ҳамин мавзӯъ бахшида, камбудиҳои ҷомеаи Ғарбро номбар мекунад ва дар баробари он аз таърихи мағлуб шудани тамаддунҳои бузург мисолҳо оварда,  таъкид мекунад, ки тамаддуни Ғарб метавонад бо пойбандӣ ба арзишҳои асосии худ, насроният, гуногунандешӣ, индивидуализм ва волоияти қонун, ки ба Ғарб имкони модернизатсия шуданро дод, худро ҳифз кунад. Ӯ мегӯяд, “масъулияти лидерони Ғарб кӯшиши дар сурати тамаддуни Ғарб даровардани дигар тамаддунҳо нест, чизе ки хориҷ аз қудрати таназзулёбандаи онҳост, балки нигаҳдорӣ, ҳимоят ва азнавсозии вижагиҳои тамаддуни Ғарб аст. Аз сабаби қудратмандарин давлати Ғарб буданаш ин масъулият аз ҳама бештар ба дӯши Иёлоти Мутаҳидаи Амрико меафтад.” Ҳарчанд вай мултикултурализм ва муҳоҷирати намояндагони тамаддунҳои дигарро, ки дар фарҳанги Ғарб ассимилятсия (омехта) шудан намехоҳанд, зери тозиёнаи танқид гирифта, ҳифзи ягонагии тамаддуни Ғарб дар ватанашро талаб мекунад, таъкид мекунад, ки “мудохилаи кишварҳои Ғарб ба корҳои дохилии тамаддунҳои дигар эҳтимолан бузургтарин сарчашмаи ноамнӣ ва бархӯрдҳои ҷаҳонӣ дар дунёи бисёртамаддунӣ хоҳад буд.” Яъне мавқеи Ҳантингтон таҳоҷумӣ набуда бештар ҳимоявӣ ба назар мерасад.

 

Нақди модели “Бархӯрди тамаддунҳо”

 

  Назарияи “Бархӯрди тамаддунҳо”-и Самуел Ҳантингтон яке аз баҳсбарангезтарин назарияҳои сиёсӣ ба шумор меравад. Мунаққидони ин назария дар бисёр маврид, қонуну қоидаҳои моделсозиро ба назар нагирифта, кӯшиш мекунанд, то онро барои мувофиқат накардан бо ин ё он раванд инкор кунанд. Масалан, Ҷефрӣ Ҳейнес аз Донишгоҳи Лондон эрод мегирад, ки “худи идеяи ҷаҳони тақсимшуда миёни 7 ё ҳашт тамаддун чаранд ба назар мерасад”[8]. Ин дар ҳолест, ки Ҳантингтон сароҳатан таъкид мекунад, ки ин тақсимоти содакардашуда аст ва танҳо барои сохтани модели коршоям истифода шудааст. Яъне вай намегӯяд, ки ҷаҳони мо танҳо аз ҳамин 8 тамаддун иборат аст. Вале ин мунаққидаш инро ба назар нагирифта, эроди ноҷо гирифтааст. Ё гурӯҳи дигар аз сари таассуб ба боварҳои худ онро бо овардани бардоштҳои нодурусти худ аз дину мазҳаб рад карданӣ мешавад.

 Ба ҳар ҳол ин назария ҷонибдорони худро пайдо кард ва аз ҳама муҳимтар ин назария дар долонҳои тасмимгирандагони Ғарб ҷойгоҳ пайдо кард, ки бе шак ҳадафи аслии муаллиф буд. Агар бархӯрдҳои дар тӯли 30 соли охир рӯйдодаро арзёбӣ кунем, мебинем, ки бештарини онҳо ба модели “Бархӯрди тамаддунҳо” мувофиқ меоянд. Дар баробари ин, дар сиёсати кишварҳои Ғарбӣ метавон таъсири назарияи мазкурро мушоҳида кард. Сайид Мансуб Муршид, аз Донишгоҳи Эрасмуси Ҳоланд, дар баробари эътирофи ин воқеият, ки дар давраи 20 сол пас аз нашри мақолаи Ҳантингтон бурхурдҳои тамаддунӣ дар воқеъ зиёд шуданд, дар ин бархӯрдҳо бештар фарҳангу сиёсати Ғарбро гунаҳгор мекунад. Иддао дорад, ки мушкилоти иқтисодӣ-иҷтимоии мусалмонон дар кишварҳои ғарбӣ онҳоро ба доми гурӯҳҳои террористӣ мебарад. Ва ё суханрониҳои баъзе сиёсатмадорони ростгарои кишварҳои аврупоиро мисол оварда, кӯшиш мекунад, ки онҳоро низ дар ин бархӯрдҳо мунқасир нишон диҳад. Аммо ин ҳама иддаоҳо дар асл тасдиқкунандаи назарияи “Бархӯрди тамаддунҳо” буда, бархӯрди ин ду тамаддунро ифода мекунад. Ҳамин муаллиф зери таассуботи динии худ, кӯшиш мекунад, тамаддуни худро хеле таҳаммулгаро, мардумсолор ва беозор тасвир намояд. Аз таърихи ихроҷи мусалмонон аз Испания ва Сисилия, куштори онҳо дар Балкан ва Фаластинро ёдовар мешавад, вале бо вуҷуди эронӣ будан аз ҷиноёти хулафои рошидин ва Аббосиён нисбати эрониён ва тамаддуни эронӣ-тоҷикӣ чизе намегӯяд. Ин ҳам баёнгари таассуб доштани вай аст, ки ин мақолаи ӯро аз нуқтаи назари илм беарзиш месозад. Бо вуҷуди ин, вай дар ин матлаби худ чанд назароте дорад, ки тасдиқкунандаи назарияи Ҳантингтон аст. Масалан, вай мегӯяд, ки: “ин камбағалӣ ва мушкилоти шахсии ҷавонони мусалмони кишварҳои Ғарб нест, ки онҳоро ба гурӯҳҳои ифротгаро ҷалб месозад, балки нокомиҳои кулли мусалмонон дар ин кишварҳо онҳоро ба ин роҳ мебарад.” Ё: “илова бар даст задан ба амалҳои террористӣ, “ифротгароии исломӣ дар дигар амалҳои бидуни хушунат, ба монанди ҳиҷобпӯшӣ ва дигар унсурҳои фарқкунанда низ ифода меёбад, ки ин аъмоли рамзӣ нороҳатии ғарбиёнро ба вуҷуд меоваранд, бо ин сабаб, ки  ҳамчун радди пархошгаронаи тамаддуни ғарбӣ қабул карда мешавад”[8]. Дар баробари ин, аз як тадқиқоти соли 2008 ёдовар мешавад, ки нишон додааст шумори зиёди аҳолии кишварҳои Ғарб назари манфӣ ба мусалмонон доранд. Ин ҳама назарот тасдиқкунандаи он аст, ки дар ин чанд даҳаи охир бархӯрдҳои тамаддунӣ зиёд шудааст.

  Собиқ президенти Эрон Муҳаммад Ҳотамӣ низ дар тасдиқи назарияи “Бархӯрди тамаддунҳо” мегӯяд “пештар Ҳантингтон масъалаи ситези тамаддунҳоро матраҳ карда буд, ки дар воқеъ бозгӯкунандаи воқеияти сорӣ ва ҷорӣ дар ин рӯзгор буд. Аммо набояд иҷоза дод, ки ин воқеият сарнавишти ҳамаи миллатҳо ва кишварҳоро рақам бизанад. Агар парадигмаи мавҷударо иваз кунем ҳамаи натоиҷ дигаргун хоҳад шуд”(9). Ӯ дар соли 2000 дар суханронии худ дар Маҷмааи умумии СММ пешниҳод карда буд, ки соли 2001-ум соли “Гуфтугӯи тамаддунҳо” эълом карда шавад ва ҳамчунин ҳам шуд. Вале мутаассифона, ин пешниҳоди Ҳотамӣ бештар сиёсӣ буд то илмӣ, ки бо вуҷуди тарғиби зиёд шуданаш аз ҷониби худи муаллиф ва дигар ҷонибдоронаш, амалӣ нашуд. Худи муаллиф низ натавонист ягон механизми дурусти амалӣ сохтани онро пешниҳод кунад. Бо эътирофи муаллифи муқаддимаи китоби “Гуфтугӯи тамаддунҳо” Муҳаммадалӣ Абтаҳӣ ин тарҳ ҳатто “дар Эрон мавриди бемеҳрӣ қарор гирифт”(10).  Доктор Масъуд Ҳоҷизода низ мегӯяд, ки “ба “Гуфтугӯи тамаддунҳо” ба шакли сиёсӣ бархӯрд намуданд ва дар ҳоле, ки ин андеша дар сатҳи ҷаҳонӣ эътибор ёфт дар сатҳи дохилӣ ба матраҳ намудани он баҳои кофӣ надоданд ва онро ҷиддӣ нагирифтанд“(11).  Парадигмаи “Гуфтугӯи тамаддунҳо” дар матбуоти Тоҷикистон низ пайваста баррасӣ мешуд. Ба ҳар ҳол дар шароити ҳозира амалӣ шудани он номумкин аст. Чунки то ҳол болоравии ҳувияти фарҳангӣ, махсусан динӣ, дар аксар кишварҳо дида мешавад ва иштироки мазҳаб дар сиёсат зиёд ба назар мерасад. Мусаллам аст, ки таълимоти баъзе аз ин динҳо таҳоҷумӣ ва нафратбарангез аст. Дар чунин ҳолат бархӯрдҳои тамаддунӣ зиёд мешаванду кам не. Шояд баъди як давраи муайян шароит тағйир ёбад ва тибқи пешгӯии худи Ҳантингтон модели “Бархӯрди тамаддунҳо” корношоям гардад. Он замон шояд, баъди ислоҳи таълимоти худ ва бештар инсондӯстона кардани онҳо, аз ҷониби намояндагони ин ё он тамаддун, роҳ ба сӯи амалӣ сохтани парадигмаи “Гуфтугӯи тамаддунҳо” кушода шавад.

Воқеият баъди 27 сол

  Модели “Бархӯрди тамаддунҳо”-и Самуел Ҳантингтон,  дар тайи 27 соли охир бисёре аз бархӯрдҳо дар сатҳи ҷаҳониро дар худ ифода мекунад. Сар карда аз ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон то наслкушии курдони ориёӣ аз ҷониби исломиҳои бунёдӣ ва фоҷеаи Яманро метавон ба осонӣ дар қолаби модели мазкур ҷой дода, баррасӣ кард. Албатта барои ин корро кардан тақсимоти Ҳантингтонро васеътар кардан лозим меояд. Яъне ба монанди ба се қисмат ҷудо шудани насрониҳо миллатҳои мусалмонро ҳам метавон бо шиаву суннӣ ва модерну банёдгаро қисмат кард. Ба шиаву сунни ҷудо шудани ин тамаддун ба асрҳои миёна рост меояд, аммо танҳо дар асрҳои 19-20 буд ки ин тамаддун ба модерну бунёдгаро тақсим шуд. Ҳанӯз Арнолд Тоимбӣ дар асари худ “Тамаддун дар озмоиш” дар соли 1948 ин тақсимотро баррасӣ карда буд (12).

  Ҷангҳо дар Кавказ, Югославия, Афғонистон, Ироқ, Сурия, Украина, Яман ва чанде аз кишварҳои африқоиро ҳам бархӯрди тамаддунҳо гуфтан мумкин аст. Дар Қафқоз Арманистону Озарбойҷон ва чечену русҳо, дар Югославия мусалмону ортодокс ва ортодоксу католикҳо, дар Афғонистон исломиҳои бунёдгаро ва коалитсияи Ғарб, дар Ироқ боз Ғарбу арабҳо ва баъдан ҷанги ДИИШ муқобили ҳама, дар Яман ҷанги минтақавии шиаву сунӣ ва дар Украина ҷанги ортодоксҳо бо украиниҳои греко-католикро метавон дар қолаби ин модел тавзеҳ дод, ки дар аксар ҳолат дар ин бархӯрдҳо чандин кишвар иштирок мекарданд, яъне аз доираи як кишвар берун буда, табиати онҳо тамаддунӣ буд.

  Баъди кушторҳои фоҷеаноки собиқ ҲНИ дар Тоҷикистон ва Толибон дар Афғонистон, қатли оми курдҳо аз тарафи ДИИШ  сангинтар буд. Дар падидаи тамаддунии ДИИШ намояндагони онҳо аз ҳама зиёд курдҳоро нобуд мекарданд. Сабаби он ҳам аз тамаддуни дигар будани ин миллат мебошад. Бо вуҷуди он, ки курдҳо мусалмон буданд, вале исломи онҳо дар тамаддуни ориёияшон ҳазм шуда буд. Инро бунёдгароҳои ДИИШ медиданд ва барои тамаддуни дигар доштанашон курдҳоро мекуштанд, моликияташонро ғорат мекарданд ва зану духтарҳояшонро ҳамчун каниз бо худ мебурданд. Ҳамаи ин бераҳмиҳоро дар асоси суннату қонунҳои тамаддунии худ мекарданд. Дар фронти дигар ин бунёдгароҳо бо намояндагони исломи шиа меҷангиданд, ки аз аъроби шиаи Сурия, Ироқ ва Эрон иборат буданд. Ҳарчанд Русия дертар вориди ин бурхурд шуда бошад ҳам, ин маънои  ҳамкории ду тамаддуни мухталиф барои нест кардани тамаддуни дигари ғосиб, нафратпарокан ва ҷаҳонталабро дошт. Ҳамкории тамаддунҳо дар бархӯрд ба як душмани муштаракро ҳам Ҳантингтон дар назарияи худ пешбинӣ карда буд.

  Ҳама ин ҳаводиси бо тамаддуну мазҳабҳои гуногун рабтдошта нишон медиҳанд, ки модели “Бархӯрди тамаддунҳо”-и Самуел Ҳантингтон як модели коршоям буда, бештари равандҳо ва бархӯрдҳо дар ҷаҳони муосирро, то имрӯз, дар худ ифода мекунад. Дар ҳоли ҳозир бархӯрдҳои бунёдгароҳо дар Сурия зери пуштибонии Туркия бо курдҳои ориёӣ, бархӯрдҳои шиаҳои Яман бо дастгирии Эрон бо сунниҳои ин кишвар бо дастгирии коаллитсияи кишварҳои арабӣ бо сарварии Арабистони Саудӣ, бархӯрдҳои бунёдгароҳои Нигерия бо ҳукумати ин кишвар, мушкилоти мусалмонони Мянмар бо ҳукумати буддоии он ва мушкили шарқи Украин идома доранд. Ин ҳам далели он аст, ки мутассифона то имрӯз модели Ҳантингтон актуалӣ мебошад. Инсоният то ҳол роҳҳои аз байн бурдани мушкилот дар муносибати намояндагони тамаддунҳои гуногунро наёфтааст. Ҳама аз сулҳу гуфтугӯи тамаддунҳо сухан мегӯянд, вале ҳеҷ тамаддуне кӯшиши ташхису муайянсозии камбудиҳои худро накардааст. Дар бештар маврид омилҳои хатарзои тамаддунҳо ба адёни муқаддас бастагӣ доранд, ки онҳо ислоҳнопазир ҳастанд.  Ҳатто кишварҳои абарқудрат ва созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар ба ҷойи талаби ислоҳи омилҳои хатарзои адён ба пуштибони аслии онҳо табдил ёфтаанд. Онҳо пушти мафҳуми озодии виҷдон пинҳон шуда, аз ҳизбу ҳаракатҳои динӣ дар баробари ҳукуматҳои дунявӣ ва донишмандони алоҳида мубориза мебаранд. Ҳамин бархӯрди нодуруст дар сатҳи ҷаҳонӣ боиси пайдо шудани ДИИШ гардида буд, ки натиҷаашро ҳама медонад. Ҳоло пасмондагони ҳамин гурӯҳи ваҳшатзо аз ҷониби кишварҳои минтақа пуштибонӣ ёфта, курдҳои ориёиро мекушанд. Навори ғорати шаҳри Африн ва барандохтани пайкараи қаҳрамони тамаддуни ориёи Коваи Оҳангар, аз ҷумлаи ҳамин ҷиноятҳои ба амаломада пушти мафҳуми озодии виҷдон мебошад. Дар сатҳи байналмилалӣ ва ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи башар, ҳеҷ кас ҷилави омилони ин куштору ғоратгарӣ ва поймолсозии ҳуқуқи курдҳои ориёиро нагирифт. Чунин бархӯрди духура бо амилҳои хатарзо дар миёни тамаддунҳо роҳи гуфтугӯро бастааст ва дар натиҷа ин ҳама бархӯрдҳои тамаддуниро мебинем, ки аз он гурӯҳҳои муайян суд меҷӯянд. Ин дигар воқеияти имрӯзӣ аст.

 

Дурнамои бархӯрди тамаддунҳо

(ба ҷойи охирсухан)

  Яке аз омилҳое, ки боиси ба вуҷуд омадани ҷанги сард шуда буд, ин ҷаҳонхоҳии ду системаи давлатдорӣ ва нафрати онҳо нисбати якдигар буд. Кишварҳои дорои низоми сармоядорӣ бо сарварии ИМА кӯшиш мекарданд низоми демократияи либералиро дар ҷаҳон густариш диҳанд, аз ҷониби дигар кишварҳои сотсиалистӣ бо сарварии ИҶШС кӯшиш мекарданд коммунизмро дар тамоми ҷаҳон паҳн созанд. Дастбакорони ҳарду низом ба якдигар нафрат доштанд ва аъмоли якдигарро зиддиинсонӣ мешумориданд. Дар ин замина ҷанги сард қариб 40 сол идома ёфт. Саранҷом коммунистони Шӯравӣ ба бунбасти иқтисодӣ гирифтор шуданд ва афкори худро бозбинӣ карда, аз ҷаҳонхоҳӣ даст кашиданд. Онҳо бо як мардонагии ба худ хос нафратро канор гузошта, вориди ҳамкориҳову ҳамгироиҳои зич бо рақибони дирӯзаи худ шуданд. Ин буд анҷоми Ҷанги сард ва оғози марҳилаи нав дар муносибатҳои байналмилалӣ.

  Ҳоло агар нақши ин ду омил, ҷаҳонхоҳӣ ва нафратро, дар модели “Бархӯрди тамаддунҳо” баррасӣ кунем, мебинем, ки дар воқеъ ҷойгоҳи муайяни худро доранд. Махсусан дар муносиботи тамаддуни исломӣ бо Ғарб ва дигар тамаддунҳо ин ду омилро ошкоро дида метавонем.  Яъне ҷаҳонхоҳӣ ва нафрати байни ҳамдигарӣ вуҷуд дорад ва аксари ҷангу террорҳо дар асоси ҳамин ду омил ба вуҷуд меоянд. Албатта, ин ҷо наметавон кулли намояндагони ин тамаддунҳоро ҷаҳонхоҳ ва бадбини якдигар хонд. Аммо бо вуҷуди бетараф ва ҳатто зидди ҷаҳонхоҳиву нафрат будани як қишри ин ҷомеаҳо, қишри фаъоли ин тамаддунҳо огоҳонаву ноогоҳона дар ҳамин масир ҳаракат карда истодаанд. Ин метавонад далели он бошад, ки модели “Бархӯрди тамаддунҳо” дар ояндаи наздик корношоям нахоҳад шуд. Моро дар пеш ҷангу террорҳои навбатӣ интизоранд, ки аз ҷониби намояндагони тамаддунҳои гуногун амалӣ карда мешаванд. Ин дар ҳолест, ки айни замон мушкили курдҳои ориёӣ бо исломиҳои бунёдгаро, уйғурҳои мусалмон бо чиниҳои конфутсионӣ, мусалмонони Мянмар бо буддоиҳои ин кишвар, ҷанги шиаву сунниҳо дар Яман ва чандин бархӯрдҳои тамаддунии дигар дар Африқо ҳалли ниҳоии худро наёфтанд.

  Мутаассифона, нафрат нафрат мезояд. Як мисоли оддӣ силсилаи террорҳои бархоста аз мухталиф будани дидгоҳҳои Ғарбу ислом дар масъалаи озодии баён метавонад бошад.  Дар соли 2015 тибқи арзишҳои тамаддунии худ ва дар асоси ҳуқуқҳои констутсионияшон чанд кормандони ҳафтаномаи ҳаҷвии “Charlie Hebdo”, дар Пориси Фаронса, карикатураи зиди дини Исломро   мунташир карданд. Ин нафрати бунёдгароҳои исломиро зиёд карда, боиси бархӯрдҳои лафзии зиёд ва саранҷом иҷрои чанд амали террористӣ гардид. Намояндагони тамаддуни исломӣ кормандони маҷаллаи фаронсавии “Charlie Hebdo”-ро террор карданд, ки он 12 кушта ва 11 захмӣ ба ҷой гузошт. Ин ҷинояти дар асоси нафрат иҷрошуда, намояндагони тамаддуни Ғарбро ба хашм овард. Баъди 4 сол, соли 2019, яке аз пайвандони қурбониёни амали террористӣ дар дафтари ин ҳафтанома, дар асоси нафрат ва барои қассос аз мусалмонон дар ду масҷиде дар Зеландияи Нав амали террористӣ иҷро кард, ки аз худ 51 кушта ва 49 захмӣ ба ҷой гузошт. Яъне, нафрат нафрат зоид ва намояндагони ду тамаддун хуни ҳам рехтанд.

  Маълум аст, ки дар дарозмуддат ин вазъият дигар хоҳад шуд. Махсусан раванди ҷаҳонишавӣ то рафт вобастагии тамаддунҳоро аз якдигар зиёд карда истодааст, ки ин метавонад шиддати бархӯрдҳоро кам карда, заминаи гуфтугӯ ва ислоҳшавии  онҳоро муҳайё созад. Аммо дар ояндаи наздик мушкили тамаддунҳо вуҷуд хоҳад дошт. Чунки ҳоло ҳар ҷониб мувофиқи фалсафаи “тамаддуни ман ба зоти худ надорад айбе” амал карда истодааст ва ҳеҷ кас омода нест, камбудии тамаддуни худро баҳри ба даст овардани сулҳу оромии пойдори ҷаҳонӣ ба таври холисона эътироф ва бартараф намояд. Ҳатто баъзе муҳаққиқон ин мушкилотро нодида гирифта, модели “Бархӯрди тамаддунҳо”-ро аз бунёд рад мекунанд ва иддао мекунанд, ки дар таълимоти тамаддунҳояшон ягон камбудие ҷой надорад.(13) Махсусан мушкилоти бархоста аз таълимоти адёни ба истилоҳ “осмонӣ” дар ин ояндаи наздик пушти пардаи муқаддасот монда, мавриди ислоҳот қарор намегиранд. Ва чун адён таъсири назаррас ба тамаддунҳои муайян доранд ва наметавон аз мубаллиғон ва раҳнамоҳои онҳо мардонагии коммунистони Шӯравии солҳои 80-уми асри гузаштаро интизор шуд, бархӯрди тамаддунҳо идома хоҳад ёфт. Ин вазъият моро водор месозад, ки дар  оянда аз  модели “Бархӯрди тамаддунҳо” истифода бурда, оянданигарӣ кунем ва мушкилоти эҳтимолии ояндаро дар воқеияти имрӯз бартараф созем. Муҳимтар аз ҳама роҳҳои расидан ба аҳдофи худро интихоб намоем(6). Равише ки аксари кишварҳои қудратманди ҷаҳон аз он истифода мекунанд.  

 

Меҳр Собириён

пажӯҳишгар

Маҷаллаи академии илмию оммавӣ "Илм ва Ҷомеа"-№3 (21), 2020

Сарчашмаҳо

  1. Доктор Чингиз Паҳлавон, Фарҳангшиносӣ, саҳ.390, Теҳрон, 2003;
  2. Ҳамонҷо, саҳ 41;
  3. Ҳамонҷо, саҳ 48;
  4. Комил Бекзода, Сарнавишти фарҳанги ориёӣ, Маҷаллаи “Илм ва Ҷомеа”, №2(20), саҳ.176;
  5. Фрэнсис Фукуяма, Конец истории и последний человек, Москва, АСТ-2015, саҳ. 7;
  6. Samuel Huntington, The Clash of Civilizations and remaking of World Order;
  7. Charles L. Jones, Economic Growth, Second Edition, New Delhi-2015;
  8. Paul Barker, The Clash of Civilizations Twenty Years On,
  9. Муҳаммад Ҳотамӣ, Гуфтугӯи тамаддунҳо, Теҳрон-2009, саҳ 130;
  10. Ҳамон ҷо, саҳ.10;
  11. Масъуд Ҳоҷизода Майманӣ, Нақши васоили иртиботи ҷамъӣ дар гуфтугӯи тамаддунҳо;
  12. Arnold J Toynbee, Civilization on Trial, Oxford University Press 1948;
  13. Mohamad Zaidin Mohamad, The Clash of Civilizations: A Historical Perspective, The Social Sciences 10 (3): 312-317, 2015;
  14. Ёрмаҳмад Ниёзӣ, Муҳтавои бархӯрди тамаддунҳо ва таъсири он ба ҷомеаи тоҷик, Маҷалаи “Илм ва Ҷомеа”, №1(5), 2017;
  15. Anastasia Oprea, The border that is not there: a critique of Samuel Huntington's concept of “Clash of Civilizations”.
Хондан 3241 маротиба