(ба муносибати солрӯзи шарқшиноси шаҳири миллӣ, устод Тоҷиддин Мардонӣ)
Гузаронидани семинар-машваратҳо бо ҳузури шахсиятҳои варзидаи илму адаби ҷумҳурӣ дар муҳитҳои илмӣ ва фарҳангӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Бо он ки муддате ин навъ чорабиниҳои илмию эҷодӣ бар асари гирифториҳо ва мушкилоти корию идорӣ мутаваққиф шуда буд ва ё ин ки сатҳӣ ва рӯякӣ доир мешуданд, коргирӣ аз ин усули муассири илмӣ, маърифатӣ ва фарҳангӣ дар шароити феълӣ машрӯият пайдо мекунад. Чанд соли ахир таҷрибаи гузаронидани маҳфил ва семинар-машваратҳоро, ки бо ҳузури фаъоли донишмандони матраҳи ҷумҳурӣ ва аспирантону магистрону унвонҷӯёни бахшҳои гуногуни илм сурат мегиранд, дар сатҳи зарурӣ Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳосил кардааст. Бо таваҷҷуҳ ба ин, Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинар-машварати навбатии худро 8 декабри соли ҷорӣ доир намуда, онро ба фаъолияти илмию эҷодӣ ва иҷтимоию сиёсии шарқшиноси номдори тоҷик, доктори имлҳои филологӣ, профессор Тоҷиддин Мардонӣ ихтисос дод.
(табрикот)
Ёрмуҳаммад Ниёзӣ аз ҷумлаи муҳаққиқони варзидаи миллӣ дар фазои Истиқлоли давлатӣ ба шумор меравад, ки таҳсилоти бунёдии худро дар риштаи филологияи араб гирифта, ба илми фалсафа гироиш пайдо намуд ва то имрӯз дар ин самти муҳимми илми ватанӣ заҳмат кашида, умрфарсоӣ мекунад. Азбаски дар замони донишҷӯйӣ ба масоили ҷиддии фалсафӣ тавассути маҳфили фалсафии “Ҷаҳони андеша”-и устод Комил Бекзода ошно мегардад, сарнавишти минбаъдааш ба фалсафа ва биниши фалсафӣ гиреҳ мехӯрад ва таҳқиқро дар самти омӯзиши фалсафаи бузургтарин файласуфи миллӣ Ибни Сино идома мебахшад.
Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, номзади илмҳои филологӣ Сабур Носиров иштирок намуданд. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзӯи «Забони миллӣ дар шароити Истиқлолияти давлатӣ» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.