JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

Суҳбати ихтисосии муҷрии барномаи телевизионии “Фарҳанги муосир”-и Муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина” Исомиддин Шарифзода бо д.и.к., Қурбоналӣ Партоев дар мавзуи "Дурнамои рушди тухмипарварии зироатҳои кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”. Лутфан, таваҷҷуҳ фармоед.

  Бародари гиромӣ, Нуриддин Шаҳобиддин!

  Мелоди Шумо, барои ҷамъи дӯстон ба унвони  мелоди озодандешии миллӣ талаққӣ мешавад. Муҳимтар аз ҳама, Шумо ба унвони шахсияти матраҳи ҳаракати равшанфикрии миллӣ дар марҳилаи навини таърихӣ солҳост, ки дар ҷодаи мушкилписанди ҳувиятсозии миллӣ ва ташаккули биниши фалсафӣ дар сатҳи иҷтимоӣ гомҳои устувор бармедоред. Шахсияти фалсафӣ ва иҷтимоии Шумо дар заминаи илму хиради миллӣ ва урупоӣ шакл гирифта, ба таври тадриҷӣ рушд кардааст. Омӯзиш ва мутолаеи бардавом, таҳсил ва андӯхтани таҷриботи илмӣ, фалсафӣ ва ихтисосӣ дар бузургтарин марказҳои илмӣ ва фалсафии ғарбӣ Шуморо миёни ҷомеаи маданӣ ва фаъолони донишгоҳӣ минҳайси як шахсияти матраҳи фалсафӣ соҳибэҳтиром гардонидааст.

    Файласуф, рӯшанфикр ва рӯшангари муосири миллӣ  устод  Комил Бекзода 9 январ зодрӯз доранд. Устод Бекзода умри азизи хешро сарфи омӯзишу таҳқиқи масъалаҳои умдаи миллӣ, фалсафӣ, иҷтимоӣ, адабӣ, равоншиносӣ ва маданӣ карда, то имрӯз дар  масири рушду таҳаввули ҷаҳонбинии фалсафӣ ва биниши миллӣ бардамона гом бармедорад. Аз солҳои донишҷӯйӣ шуруъ намуда, устод  Комил Бекзода озодандешӣ ва ҳувиятшиносии миллиро минҳайси мабодии илмию фалсафӣ ва фарҳангию эҷодӣ меъёри кору фаъолият қарор дода, ин иқдомро то имрӯз, бидуни вақфаю фосила идома медиҳад.

   (Дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

  Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 декабри соли 2022 ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон ва дигар шахсони фаъоли ҷомеа дар шаҳри Душанбе аз дастовардҳо дар сиёсати дохилӣ, хориҷӣ ва супоришҳои минбаъда расонида шуд. Дастовардҳои сиёсати дохилӣ дар соҳаҳои муҳими кишвар, аз ҷумла, иқтисодиёт, сармоягузорӣ, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кишоварзӣ ва сайёҳӣ ба мардуми шарифи ҷумҳурӣ ироа шуд. Яке аз дастовардҳои сиёсати хориҷии кишвар дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, якдилона қарор қабул карда шуд. Мувофиқи ин қатънома дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфта, вобаста ба ин мавзуъ соли 2025 дар шаҳри Душанбе конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад. Мояи ифтихор ва сарфарозии ҳамаи мост, ки панҷумин ибтикори ҷаҳонии кишвари мо оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар миқёси сайёра амалӣ хоҳад шуд.