JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

Ҷумъа, 07 Июли 2017 05:35

Шеър ва мусиқӣ

Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, корманди Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмӣ АИҶТ Нуров Нозим  иштирок намуданд. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзӯи «Шеър ва мусиқӣ» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, д.и.ф.,Қурбон Восеъ иштирок намуданд. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзӯи «Ваҳдати миллӣ- таҳкимбахши истиқлолияти давлатӣ» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

   Вазъияти солҳои охири дар ҷаҳони ислом бавуҷудомада бозгӯи он аст, ки қудратҳои ҷаҳонӣ барои тавсеаи манфиатҳояшон аз дину мазҳаб ҳамчун як василаи сиёсӣ истифода намуда, пайравони мазоҳиби исломиро муқобили ҳам қарор медиҳанд. Дар аксари кишварҳои Шарқи Наздику Миёна дину сиёсат ба ҳам омехтаанд ва барои ҳалли мушкилоти иҷтимоию қонунгузорӣ ба дастовардҳои илмӣ камтар таваҷҷуҳ зоҳир мегардад.

Ашёҳои моро иҳотакарда аз чӣ сохта шудаанд?

   Ашёҳову чизҳое, ки моро иҳота кардаанду онҳоро мушоҳида кардан, ламс намудан (расидан) ва эҳсос кардан имкон дорад (аз он ҷумла газ, ки эҳсосоти мо қабул намекунад). Ҳамаи инҳо ҷои муайянро ишғол менамоянд ва вазн доранд. Ҳамаи ин чизҳое, ки моро иҳота мекунанд, аз материя (ҳастӣ) иборат мебошанд. Яъне материя (ҳастӣ) – ҳамон чизҳоест, ки гирду атрофи моро иҳота кардааст. Материя (ҳастӣ) фазои муайянро ишғол мекунад, бинобар он дорои ҳаҷм ва вазн мебошад. Гоҳо истилоҳи «материал» низ истифода мешавад. Материалҳо шаклҳои гуногуни материя (ҳастӣ) мебошанд. Онҳо аз якдигар фарқ мекунанд, зеро материяе (ҳастӣ), ки онҳоро ташкил мекунад, хусусиятҳои гуногун дорад.

 

Оё обро истеҳсол кардан имкон дорад?

   Обро мо дар шакли табиӣ дар чашма, баҳру дарёҳо, уқёнусҳо ва кӯлҳо пайдо мекунем. Онҳо аз абрҳои осмон ба воситаи борону барф (боришот) ба замин мерезанд. Об материяи табиӣ аст. Аз ду намуди газ - гидроген ва оксиген иборат мебошад. Дар ҳеҷ ҷое об истеҳсол карда намешавад. Табиат онро ба мо ройгон медиҳад. Албатта, дар лабараторияҳои кимиёвӣ, обро ҳосил кардан мумкин аст, лекин на ба он миқдоре, ки табиат онро ба мо ато мекунад. Барои он ки дар лабаратория об ҳосил карда шавад, ду моддаи таркиби он аз гидроген ва оксиген бударо омехта мекунанд ва онҳоро то ҳарорати баландтарин мерасонанд ва об ҳосил мекунанд. Ин равандро синтез меноманд.

 

Чаро оби баҳрҳо шӯр аст?

 

Кристали намак

Ҷойгиршавии намак

   Ҳамаи мо медонем, ки оби баҳру уқёнусҳо шӯр аст. Уқёнус ва баҳрҳо аз оби борон ва бухори обҳои вулканҳо пайдо шудаанд. Оби борон ва бухорҳои обӣ ягон таъм (маззае) надоранд. Ғайр аз ин ба уқёнусу баҳрҳо дарёҳое ҷорӣ мешаванд, ки ҳамроҳи худ маҳлули намакҳоро меоранд. Азбаски намак бухор намешавад, дар уқёнусу баҳрҳо миқдори зиёди он ҷамъ шуда, боиси шӯр гардидани оби онҳо мешавад. Аз ин ҷо оби баҳрҳо оби тоза набуда, балки оби омехта бо намак аст. Ин омехта шаффоф ва якҷинса аст, ки маҳлул меноманд ва инсон онро то чашидан аз оби тоза фарқ намекунад.

Ҳамадон бош!. – Душанбе: «Баҳманрӯд», 2012. - 248 саҳ.