JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

    Зебоии замину замон аз намуди мост,

    Ин осмон масири фарозу фуруди мост.

    Ноогаҳӣ тариқати банду қуюди мост,

    Огоҳӣ расму маслаки фатҳу кушуди мост.

 Мусиқӣ ба унвони ҳунар аз қадимтарин замонҳо ҳамқадаму ҳамнафаси инсонӣ буда, дар ғаму шодӣ, бурду бохт, муваффақияту нокомӣ ва дарду ранҷ инсони зиндаро шарикӣ мекардааст. Инсон танҳо дар қолаби мусиқӣ ба истилоҳ, «оҳи сабук» кашида, ба зиндагӣ аз нав дил мебандад ва онро гиромӣ медорад. Марг, ки оварандаи мусибатҳои инсонист, ба таври худогоҳ ва нохудогоҳ зеҳни инсонро мусаххар сохта, ташвишу тараддудро ба ӯ ато мекунад.

  Мусаллам аст, ки инсон, аз бозе ки пай бурд, мавҷуде тавлидкунанда мебошад (ниг.: Фашоҳӣ Муҳаммадризо. Аз Готҳо то машрутият: гузорише кӯтоҳ аз таҳаввулоти фикрӣ ва иҷтимоӣ дар ҷомеаи феодалии Ирон. –Теҳрон, 1386. -С.7), ба тавлиди фикру андешаи созанда сарукор гирифта, ҷаҳонро тибқи фаҳмиш, эҳтиёҷот ва муқтазиёти замонию маконии худ аз нав офарид.  Омӯзиши ҳаводиси таърихӣ, бурду бохти маънавӣ, мафкуравӣ ва фикрӣ, панд гирифтан ва бо чашми ибрат нигаристани фаҷоеи миллию мардумӣ имкон фароҳам меоварад, ки насли ҷавон(албатта, бо кумаку дастгирии бевоситаи насли миёнсол ва солманди ҷомеа) ба умқи мушкилоти иҷтимоӣ, фикрӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ сар дароваранд ва дар рафъи буҳронҳои гуногуни мунтазира ва ғайримунтазира бо тасмимоти шахсӣ ва инфиродӣ саҳм бигирад.

Душанбе, 05 Июни 2017 07:05

Фирдавсӣ ва худшиносӣ

Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, донишманди тоҷик Зафари Мирзоён иштирок намуданд. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома Нуров Нозим  мавзӯи «Фирдавсӣ ва худшиносӣ» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.