JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

Чоршанбе, 24 Майи 2017 18:06

Бӯйи ватан

 Одина дар Афғонистон хизмат мекард дар гурӯҳи пештоз, рӯзҳойи аз кор озод буданаш бо кӯчайи ошно сӯйи бозор мерафт. Пирамарде риши тоҷикона дар манаҳ бар хараки беруни дарвоза менишаст ва ёде аз ниёгони водийи Зарафшон меовард. Ҳар бор ки Одина аз роҳ мегузашт, пирамард дида ба ӯ дӯхта бо нигоҳи хеш ҷавони ношиносу ноошноро то хамгашт мегуселонд. Одина мувофиқи касбу вазифааш ҳама ҳаракатҳойи ӯро медиду рамуз мегирифт. Аммо чизе гуфта наметавонист. Зеро гоҳи пур кардани варақайи аъмол паҳлӯйи «Дар хориҷа табор ё шиносе доред?» «На!» навишта буд… Чун зиёд мегузашт, боре нигоҳи якрости пирамардро дида ба ишорайи сар «салом» дод. Пирамард низ бо ишорайи сар алейк гирифт ва аз дил гузаронд: «Мақоли халқӣ ҳаст: Харе, ки бор надорад, иш магӯ!» Аммо боре аз борҳо пирамард посух ба ишорайи сари ҷавон даст пеши бар хест ва забон кушод:

  Шояд ҳамаи мо дар ҳаёти шахсии хеш бавуҷудоии ин ҳодисаҳоро шунидаем ва ҳатто мумкин аст шоҳиди ин ҳодисаҳои аҷоиби табиӣ гашта бошем. Албатта нисбати ин падидаҳо ба худ савол мегузорем, ки кадом омилҳо сабабгори пайдоишашон мегарданду дар маҷмӯъ онҳо чӣ гуна ҳодисаҳои табиатанд.

Сешанбе, 23 Майи 2017 05:31

Устод Лоиқ - шоири миллӣ

Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, корманди Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмӣ АИҶТ Нуров Нозим  иштирок намуданд. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзӯи «Устод Лоиқ - шоири миллӣ» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Душанбе, 22 Майи 2017 08:27

Сарҳад (ҳикоя)

Хоҷам рӯи хоки намноки найзор дароз кашида ба худ меандешид, ки агар дар қисмат бошаду аз симхор сиҳату саломат гузарад, то деҳаашон тақрибан ду километр роҳ мемонад.

  Шаб торик буд ва бӯи борон меомад. Шамоли сарди дарё найу буттаҳои чалғӯзаро беист такон медод, наъраи об ваҳмангез ба гӯш мерасид. Вай борҳо дар ин гирду атроф най буридааст, барои гову гӯсолаҳояшон алаф даравидааст, аз баландии канал ба он тараф, ба хоки давлати ҳамҷавор, назар афкандааст, ба кору бори деҳқонони ҳамсоя зеҳн мондааст. Ба сараш ҳаргиз наомадааст, ки замоне ана ҳамин хел дуздона, тарсидаву ларзида, ҳаёташро зери хавфу хатар гузошта дар найзор мехобад, пайт мекобад, ки ба хати сарҳад ноаён рахна занад.