JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 28 Ноябри 2023 09:18

Доираи ҳастӣ ва ҷойгоҳи инсон дар он аз дидгоҳи Ҳаким Умари Хайёми Нишопурӣ

Муаллиф: Муҳаммадсалом Махшулов

   Андеша роҷеъ ба он, ки ҳастӣ чизе шабеҳи доира аст, ва дар маркази  ин доираи беҳудуди ҳастӣ инсон қарор дорад, дар адабиёти мардуми форсизабон ба таври васеъ ба назар мерасад. Ин андеша дар осори Ҳаким Умари Хаёми Нишопурӣ, ба вижа дар рубоиёти маъруфи ӯ ба таври возеҳ мушоҳида мешавад. Инсон ҳамчун мавҷуди дорои хираду тадбир ба масобаи нуқтаи марказиест, ки паргори вучуд бар он устувор шуда, доираи ҳастиро рақам мезанад. Хайём мефармояд:

Аҷром, ки сокинони ин айвонанд

Асбоби тараддуди хирадмандонанд.

Ҳон, то сари риштаи хирад гум накунӣ

К-онон, ки мудаббиранд, саргардонанд.[1]

Яъне инсон барои он, ки  маркази доираи вуҷуд бошад, бояд бояд ба хирад унс гирад ва ба он эҳтиром қоил бошад. Чун маркази ҳастӣ на тамоми инсонҳо, бали афроди хирадварзу хирадпешае ҳастанд, ки ҳастӣ махз бо шарофати онҳо побарҷо аст.

Дар ин маврид Ҳофиз, ки зери таъсири ақоиди Хайём қарор дорад, фармудааст:

Чаро ба сад ғаму ҳасрат сипеҳри доирашакл,

Маро чу нуқтаи паргор дар миён гирад?[2]

«Сипеҳри доирашакл» киноя аз ҳамон доираи вӯҷуд аст, ки инсонро ба унвони маркази худ фаро мегирад. Аммо агар он нуқтаи марказие, ки паргор бар он устувор аст, дар ҷои хеш қарор надошта бошад, доира ҳосил намешавад. Ва ин ҳолат ҳамон ишқи ирфонист, ки доираи марказӣ, яъне  инсон ва хиради ӯро дигаргун месозад, ва инсон ба ҷои он, ки маркази доираи вуҷуд бошад, дар ҳоли саргардонӣ ба сар мебарад. Яъне:   

Оқилон нуқтаи паргори вуҷуданд, вале

Ишқ донад, ки дар ин доира саргардонанд.[3]

Аз диди орифон, ки Ҳофиз баёнгари ақоиди онҳост, «оқилон нуқтаи паргори вуҷуданд». Яъне вуҷуд аз хирад оғоз мешавад ва аз рӯи давраи тулонӣ ҳаркат намуда, боз ба хирад бармегардад. Ва аз диди Ҳофиз дар олам чизи дигаре ба ҷуз хирад вуҷуд надорад, ва тамоми ҳастӣ аз хирад маншаъ мегирад.

Аз назаргоҳи теъдоди зиёде аз пажуҳишгарон рубоии мазкур аз зумраи сурудаҳои «риндона»-и Хайём буда, дар он аз «аҷром, ки сокинони ин айвонанд» сухан меравад. Мурод аз мафҳуми «айвон» тамоми Кайҳон аст. Зимни истифода аз вожаи «аҷром» (яъне «ҷирмҳо») ситораҳо ва афлок дар назар аст. Чун матақаддимин бар он назар буданд, ки фалакҳо ва куллан ҷаҳон давр мезананд, яъне ҳаракти даврӣ доранд на уфуқӣ. Чунончи ба фармудаи Одамушшуаро:

Ҷаҳон хамеша чунин аст, гирдгардон аст,

Ҳамеша то бувад ойин-ш гирдгардон буд.[4]

Куллан тамоми фалакҳо бо мадори муайян давр мезананд. Аммо мафҳуми «мадор» ҳокӣ аз масофаҳои хеле дуру тулонӣ аст. Ҳар кадоме аз фалакҳо дорои мадор аст, яъне ҳар кадоме аз онҳо, ки ба гуфти Хайём «сокинони ин айвонанд», аз рӯи давраи мушаххас ҳаракат  мекнанд,  ва ин афлоку каҳкашонҳо «асбоби тараддуди хирадмандонанд».

Дар ин рубоӣ яке аз андешаҳои «риндона»-и Хайём нуҳуфтааст, ки реша дар тасаввуроти ақлгароёнаи ӯ дорад. Ӯ мехоҳад бигӯяд, ки фарди хирадманд ҷисмҳоро дар ин «айвон» мушоҳида намуда, саъй мекунад бидонад, ки инҳо чи гуна мадорҳоеянд? Чаро ин ҷирмҳо аз рӯи давра   ҳаракат мекунанд? Онҳо аз куҷо омадаанд? Дар ин фазои нопайдоканор онҳо чӣ ҳадаферо дунбола мекунанд? Ба куҷо равонаанд? Гирди чӣ меҳваре чарх мезананд ва кӣ онҳоро ба ҳаракат меорад? Ва ҳамаи ин саволҳо барои хирадмандон боиси бурузи тараддуд, яъне тардид мегарданд.

Ҳамин аст, ки Хайём ба аҳли хираду маҳорат ва тавонмандӣ  ҳушдор медиҳад, ки

Ҳон, то сари риштаи хирад гум накунӣ

К-онон, ки мудаббиранд, саргардонанд.    

Яъне ҳушёр бош, то сарришати хирад аз даст надиҳӣ ва гумроҳ нашавӣ, зеро онҳое, ки «мудаббиранд саргардонанд».

Дар ин рубоӣ вожаи «мудаббир» (хирадманду ҳушманд ва боистеъдод) маънии вижаеро дорост. Дар ин ҷо Хайём ба роҷеъ ба мавриди хосе дар заминаи тасаввуроти ахтаршиносони қадим сухан меронад. Хайём ҷонибдори фалсафаи машшоъ ва пайрави Шайхурраис Абу Али ибни Сино мебошад, ва аз диди машшоиён фалкаҳои даврзананда ба инсонҳо таъсиргузор мебошанд.[5] Ва бино бар ин тасаввур фалак дорои нафс буда, аз ин дидгоҳ он шабеҳи инсон аст. Инсон тибқи анҷоми амале аз иродаи хеш истифода мекунад, аммо ирода аз хусусиятҳои нафси инсон маҳсуб мешавад. Зеро тани мо дорои ирода нест, чун ирода маҳз хоси нафс мебошад.

Донишмндони аҳди бостон бар ин назар буданд, ки ҳам фалаки аввал, ҳам фалаки дуюм ва ҳам фалакҳои дигар дорои нафс ҳастанд. Аз диди онҳо, нафси фалак ҷанбаи ақлонии он аст. Ин донишамандон бар ин бовар буданд, ки неруҳои муҳаррики фалакҳо ё  гунбади осмонҳо нафсҳои онон мебошанд, ки онҳоро  маҳз аз рӯи давра, на ин ки аз рӯи хати рост ва на ба гунаи дигаре ба ҳаракат меоранд.

Ин ҷо саволе ба миён меояд, ки агар нафс танзимгар ва муҳаррики  фалак аз рӯи давра бошад,  пас ҳадафи он иборат аз чист? Хайём, мисли Абу Али ибни Сино, ба ин суол посухе   медиҳад, ки он аз ҳар лиҳоз хеле ҷолиб ба назар мерасад. Ӯ мегӯяд, ки дар мароми нафси фалак, он чи ҳадаф (мақсудун илайҳ) аст ва он чи аз он дурӣ меҷӯянд (маҳрубун ‘анҳу),  дар ҳоли ягонагӣ қарор доранд.[6] Маълум аст, ки ҳангоми харакат намудан аз рӯи давра дар ҳар нуқтае, ки бадон бояд расид, мақсади муайяне нуҳуфта аст, ва шумо, пас аз расидан ба як нуқтаи мушаххас, саъй мекунед, ки онро тарк карда, ба нуқтаи дигаре бирасед. Аммо дар ин ҳолат нуқтае, ки аз он убур мекунед, таркшуда (маҳрубун ‘анҳу) мебошад, зеро шумо ба он расида, ҳамоно онро тарк менамоед. Аз ҳамин сабаб ҳар нуқта ҳангоми чунин ҳаракат ҳам мақсуд аст ва ҳам матрук. Яъне дар ин ҳолат ҳам расидан вуҷуд дорад ва ҳам тарк кардан. Дар чунин ҳолат шумо ҳам мерасед ва ҳам тарк мекунед, зеро мақсуд ва маҳруб (таркшуда) беш аз як чиз нест. Ва ин ҳаракат он гуна, ки Ибни Синою Хайём ва дигар ҳакимон гуфтаанд, ба хотири монандсозӣ (ташаббуҳ) ба ақлҳо ва монандсозӣ ба Худованд аст. Зеро кори Худованд офариниши ҳамешагӣ аст, аммо он чи ҳамешагист, доиравор аст. Ва он чи аз рӯи хати рост сурат мегирад, наметавонад ҳамешагӣ бошад; он бояд дар ҷое тамом шавад, яъне поён ёбад.

Аммо чун амали Худованд доимист, пас он доиравор аст. Ин кор ҳам монандсозӣ ба ақлҳост ва ҳам ба маъбуд.

Саргардонӣ, ки аз он дар рубоии зикршуда ёд карда мешавад, на ба маънои дарбадарӣ ва амсоли он, балки ба маънои гардонидан бо тадбир, яъне доиравор аст.

Пас зоҳири рубоӣ баёнгари ҳайрати хирадмандон ва нишонаи нокоромадию оҷизии ақл аст; вале ботини он тавсифи ҳастӣ дар асоси илми ахтаршиносии қадимро дар худ дорад.  Яъне Хайём бар асоси сатҳи илми ахтаршиносӣ ва фалсафаи рӯзгори худ матлаберо баён намудааст, ки на танҳо дуруст аст, балки ҳеч маънои сазовори сарзанише аз он дар намеояд, ва аз он барномаеояд, ки аҳли тадбир саргардон, овора ва бечора ҳастанд. Маънои маҷозии вожаи “саргардон” дар хусуси инсон дар ин маврид ҳайронӣ ва бетасмимист; аммо маънои луғавии ин вожа аз назари Хайём  “сар гардондан аст”, яъне сар мегардонад, на худ саргардон аст. Пас дар ин ҳолат ба ҳеҷ ваҷҳ мазаммати ақл, ки хоси мутасаввифа мебошад,  дар миён нест. Пас назари афроде, ки ин рубоиро аз дидгоҳи мазаммати ақл ва бартарии ишқи ирфонӣ баррасӣ мекунанд, воқеият надорад. Гузашта аз он ба ақидаи теъдоди зиёде аз муҳақкиқони шинохта, аз ҷумла донандаи маъруфи фаласафа ва фарҳангу суннатҳои мардуми эронитабор, донишманди даниягӣ Артур Кристенсен, дар рубиёти Хайём мазомини ирфонӣ комилан ба назар намерасанд. Ва он теъдоди рубоиёт, ки ҷанбаи ирфонӣ доранд, мансубияташон ба Хаём машкук ба назар мерасад.[7]

Ба ақидаи файласуфи эронӣ, Ғ.   Динонӣ, ки ба рубоиёти Хайём аз диди ирфонӣ менигарад, ӯ ҳеҷ гоҳ хирад (ақл) -ро мазаммат намекунад, зеро агар ақл набошад, вуҷуд ҳам нахоҳад буд, ва “агар бошад ҳам аҳмақона хоҳад буд. Зеро ишқ ҳам вақте, ки мебинад ва мефаҳмад, бо забони ақл мефаҳмад”.[8] Аз ин нуқтаи назар ишқ моҳиятан ташдиди фаҳм аст, яъне ишқ фаҳмро ташдид мекунад, ва бо ибораи дигар, бар шитоби он меафзояд.

Ин аст, ки дар осори орифоне, ки дар ҷодаи дарку фаҳми шеър зери таъсири Хаём қарор доранд, таносуби байни ишқу ақл низ як вижагии хосе дорад. Аз ин ҷост, ки ба ақидаи Ҳофиз оқилоне, ки нуқтаи марказии паргори вуҷуданд, “ишқ донад, ки дар ин доира саргардонанд” ва мақсуд аз ин иборот баёни он матлаб аст, ки ишқ то андозае вуҷуди зоҳирӣ (фи-л-‘айн) дорад, ва фаҳмро, ки аз тариқи ақл ба даст меояд, ташдид мекунад.

Чун сухан аз доираи ҳастӣ меравад, Хайём онро бе аввал (бебидоят) ва беохир (бениҳоят) медонад:

Давре, ки дар ӯ омадану рафтани мост,

Онро на ниҳоят на бидоят пайдост.

Кас ҳеҷ нагуфта андар ин маънӣ рост,

К-ин омадан аз куҷою рафтан ба куҷост.[9]

Ин ҷо дар баробари эътирофи беинтиҳоии олам ва беҳудудии доираи ҳастӣ ишораи марғубе ба мақоми инсон, ҳадафи омадани ӯ ба ин олам ва оқибати кори ӯ оварда шудааст. Сарфи назар аз таълимоти динӣ роҷеъ ба пайдоиш (офариниш) ва оқибати инсон Хайём изҳор медорад, ки маълум нест, “к-ин омадан аз куҷою рафтан ба куҷост?”, ки ин як баёни хеле ҷасуронаю “риндона” дар он замон маҳсуб мешавад. Зеро ин матлаб ба таълимоти сатҳии бархе аз фақеҳони дорои андешаҳои қишрӣ сахт носозгор аст.

Ӯ ҳатто таълимоти бархе аз “уламои”-и зоҳирапарасту воизони тунукмояро роҷеъ ба миод мавриди тамасхур қарор медиҳад ва мегӯяд, ки:

Гӯянд биҳишту ҳуру ‘ин хоҳад буд,

Он ҷо маю ширу ангубин хаҳад буд.

Гар мо маю маъшуқ гузинем чӣ бок?

Чун оқибати кор ҳамин хоҳад буд.[10]

Дар ин маврид ҳадаф аз баёни он матлаб аст, ки дар амри офариниш ва оқибати башар бояд аз мавқеи хирад ва хирадварзӣ қазоват кард, на аз мавқеи боварҳои содалавҳона ва бидуни мантиқу истидлол.

Ҷои дигар Умари Хайём зимни тасвири даврӣ ва гирдгардон будани олам мушаххасан аз гардиши даврии моҳ истифода менамояд ва ҳамзамон ба нопойдори вуҷуди фардии инснҳо дар раванди тағйиру гирдиши маконӣ ва замонии олам ишора менамояд:

Чун уҳда намешавад касе фардоро,

Ҳолӣ хуш кун ту ин дили шайдоро.

Май нӯш ба нури моҳ, эй моҳ, ки моҳ

Бисёр барояду наёбад моро.[11]

Дар ин рубоӣ сухан аз “фардо” меравад. Оё касе метавонад “уҳда шавад”, яъне тазмин кунад, ки фардо воқеан фаро хоҳад расид? Хайём имкони чунин тазминеро рад намекунад, аммо таъкид мекунад, ки барои ҳар фарде чунин имкон маҳдуд аст, ва аз ин ру фурсатро, яъне ҳар лаҳзаи зиндагиро бояд ғанимат донист, мунтазири фардо набояд шуд. Пас, “ҳолӣ хуш кун ту ин дили шайдоро”.

Оре, будан дар ин ҷаҳон барои ҳар фарде дар алоҳидагӣ то муҳлати маҳдуде имконпазир аст, аммо куллан барои инсоният ин буду бошро ҳудуде нест:

Онон, ки куҳан буванду онон, ки навад,

Ҳар як пайи якдигар якояк бишаванд.

В-ин куҳна ҷаҳон ба кас намонад ҷовид,

Рафтанду равему боз оянду раванд.[12]

Инсонҳо ба таври инфиродӣ зинадагиро тарк мекунанд, наслҳои нав, инсонҳои дигаре ҷойгузини онҳо мешаванд. Яъне даврони зиндагии инсоният дар ин ҷаҳон  идома мекунад, ва ҷаҳони гирдгардон, ки ба хотири инсон офарида шудааст, ҳеч гоҳ холӣ аз инсонҳо нахоҳад буд. Ба ибораи дигар, дар зиндагӣ ду ҷанба матраҳ аст: омадан ва рафтан. Вале ин омадану рафтан ба ҳам дар иртиботанд. Зеро ҳар омаданро рафтанест.

Хайём ҷаҳони гирдгардонро куҳна медонад, ки киноя аз пир будани он аст. Вақте мегӯяд, ки “ин куҳна ҷаҳон ба кас намонад ҷовид”, ӯ ҷаҳонро як чизи куҳнаи ҷовид ва собит фарз мекунад, ки ҳар чи дар он аст, яъне ҷаҳониён дигаргун мешаванд. Аз лиҳози мантиқ ва аз назаргоҳи ақл ҷаҳон холигиро намепазирад ва бо рафтани чизе, чизи дигаре ҷойгузини он мешавад. Ва ба ҷои ҳар инсоне, ки меравад, инсони дигаре меояд, ва аз лиҳози ҷомеаи инсонӣ ҳам ҷаҳон холигиро намедонад. Аммо ҳар ки меояд, бо дарки худ аз ҷаҳон пой ба доираи ҳастӣ мениҳад, ва чун меравад, ин даркро бо худ мебарад. Афроди навин дарки худро аз ин ҷаҳон доранд, яъне ҳар кадоме ҷаҳони худро дорад, ки онро баъдан бо худ мебарад. Бо дигаргун шудани мавҷудоти ҷаҳон худи ҷаҳон ҳам дигаргун мешавад. Яъне ҷаҳонҳои пайдарпае ҳастанд, ки вобаста ба нав шудани аҷзояшон ба якдигар иттисоли ногусастанӣ доранд. Ва иттисоли ҳамин ҷаҳонҳои беинтиҳо ҷаҳони воҳиду беинтиҳоро ташкил медиҳад, ки бо рафтани афроде аз ҷомеаи иснонӣ ҳамоно побарҷо ва ҷовид хоҳад монд.

Яке аз масоили хеле ҷолиб дар осори фаласафию адабии ниёгонамон ҳамоно масъалаи мавқеияти инсон дар ин ҷаҳон ва имкони таъсирпазирии раванди зидагӣ ва сарнавишти ӯ аз гардиши гардун ё чархи фалак аст. Нигоҳи Хайём ба ин масъла дар рубоии зайл ба таври хеле мӯшикофона баён грдидааст:

 Некию бадӣ, ки дар ниҳоди башар аст,

Шодию ғаме, ки дар қазою қадар аст,

Бо чарх макун ҳавола, к-андар раҳи ақл

Чарх аз ту ҳазор бор бечоратар аст.[13]

Фазои ин рубоӣ комилан файласуфона аст. Дар ин ҷо Хайём роҷеъ ба табиати инсон ва роҷеъ ба некию бадие сухан меронад, ки дар ниҳоди инсон нуҳуфтаад. Дар назари аввал чунин менамояд, ки ба андешаи ин мутафаккир, бадию некӣ маҳз хоси инсонанд ва маркази истиқрори хубию бадӣ ниҳоди инсон аст.

Мо тамоми ашёро ба чизҳои хубу бад ҷудо мекунем. Вале оё хубию бадӣ дар ниҳоди чизҳост ё чизхо ба хубию бадӣ олуда шудаанд? Худи ҳамон хубию бадӣ, ки мо чизҳоро тавассути онҳо тавсиф мекунем, куҷоянд? Метавон гуфт, ки некию бадӣ, ки мо тавассути онҳо чизҳоро тавсиф мекунем ва аз ҳам ҷудо месозем, дар ниҳоди инсонанд. Дақиқтар бигӯем, манзури Хайём ин ҷо ақл аст, ки метавонад хубу бадро бишносад, ва он дар ниҳоди инсон аст. Гузашта аз он, худи ақл ниҳоди инсон аст, ва инсон аз дигар мавҷудоти олам маҳз бо ҳамин ақл, ки дар ниҳоди худ дорад, фарқ мекунад.  Аз диди Ҳаким Умари Хайём, некию бадие,  ки дар ниҳоди мост, ба қазою қадар ҳам иртибот дорад. Аммо ин некию бадӣ низ моҳиятан ҳукми ақл мебошанд. Ва худи ақл бошад, дар мақоми қазою қадар аст. Аслан ҳам қазо ва ҳам қадар дар ҳукми ақл ҳастанд, аммо дар ҳукми Ақли Кулл, ки ҳама чиз аз он срчашма мегирад. Лекин он ниҳоди инсон, ки худ ақл аст,  дар навбати худ ба Ақли Кулл пайваст аст, дақиқтар бигӯем, он ҷузве аз Ақли Кулл мебошад.

Пас маълум мешавад, ки сарчашмаи шодию ғам дар ниҳоди шумост, ки он дар навбати худ ба Ақли Кулл васл аст. Ба ҳамин далел Хайём тавсия медиҳад, ки шодию ғами худро ба қазою қадар ҳавола накунед, ақлро ба кор баред, ки сарчашмаи шодию нишот ҳамин ақл аст.

Тибқи бовари ахтаршиносони қадим, курраҳо ё фалакҳо мечарханд ва аз ин тариқ сарнавишти инсонҳоро муайян месозанд. Аммо назари Хайём ба ин масъала дигар аст. Ақл, ки ниҳоди инсон аст, ба қазою қадар васл мебошад. Аммо ин чархи фалак низ дар гардиши худ ба қазою қадар такья дорад, Ба ҳамин далел чарх дар роҳи расидан ба Ақли Кулл аз инсон бечоратар аст. Инсон қодир аст, ки ба ниҳоди худаш, яъне Ақл роҳ пайдо карда ба сарчашмаи хубию бадиҳо ва ба сарчашмаи қазою қадар бирасад. Аммо чарх чунин қудрате надорад ва танҳо дар гардиш аст. Ба ибораи дигар, чархи фалак ботини инсонро надорад. Аммо инсон метавонад ба баботини худаш, яъне ақли фардӣ, ки ҷузве аз Ақли Кулл аст, бирасад. Аз ин рӯ ӯ набояд аз чархи фалак имдод биҷӯяд, зеро чарх аз чунин имконе бархурдор нест.    

Бино бар ин ӯ дар ҳамин рубоӣ ишора менамояд, ки шодию ғамро набояд ба чархи фалак ҳавола кард, зеро дар роҳи ақл  “чарх аз ту ҳазор бор бечоратар аст”.

Дар ин бобат Хайём мутаасир аз дидгоҳи Ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ мебошад, ки фармудааст:

Ту, ки худ кунӣ ахтари хешро бад,

Мадор аз фалак чашм некахтариро.[14]

Нуктаи муҳим дар рубоии мзкур зарурати шинохти истиқлоли инсон ва  даъват ба он аст, ки инсон ба унвони олитарин мавҷуд дар олами ҳастӣ бояд саъй намояд, ки бо истифода аз хирад ва иродаи худ мавқеашро дар ҷомеа пайдо намуда, дар роҳи таъмини беҳбуди зиндагии хеш ба натоиҷи амали хеш такья кунад на ба “лутфу марҳамат”- и чархи фалак.

Роҷеъ ба ислоҳи вазъи ҷаҳон ва зиндгии башарият дар он донишмандон дар давронҳои мухаталиф ибрози назарҳои ҷолибе намудаанд. Маслан бисёре аз донандагони илми калом (мутакаллимон), аз ҷумла Абу Ҳомиди Ғаззолӣ, бар он назар буданд, ки оламе ғайр ин олам ва беҳтар аз ин олам вуҷуд надоштааст. Ғаззоли мегӯяд, ки “дар олами имкон чизе зеботар аз он чи аунун ҳаст, наметавонад бошад”.[15] Бар ин асос зебтарин оламе, ки ҳаст, ҳамин олами мост.   

Аммо афроди дигаре низ ҳастанд, ки вуҷуди низоми аҳсанеро имконпазир медонанд. Масалан, Ҳофиз мехоҳад сақфи фалаки мавҷудро хароб карда, фалаки дигареро тарҳрезӣ кунад:

Биё то гул барафшонему май дар соғар андозем,

Фалакро сақф бишкофему тарҳи нав дарандозем.[16]

Гузашта аз он Лисон-ул-Ғайб бар чархи фалак мешӯрад ва таҳдидомез таъкид мекунад, ки:

Ман на онам, ки забунӣ кашам аз чархи фалак,

Чарх барҳам занам ар ғайри муродам гардад.[17]

Орифи вораста ва чакомасарои содабаёну баландмоя, Бобо Тоҳири  Урён, дар ин росто баён дошта:

Агар дастам расад бар чархи гардун,

Аз ӯ пурсам, ки ин чун асту он чун?

Якеро додаӣ мол аз адад беш,

Якеро қурси ҷав олуда дар хун.[18]

  Яъне носозгориҳои замон ва вуҷуди нобасомонию  нобаробариро ин орифи муъҷазбаён вобаста ба чархи гардун медонад ва ҳамзамон мехоҳад аз чарх сабаби комронию нишоти бархе аз афрод ва нокомии дитгронро бипурсад. Ин худ навъе аз шуридан алайҳи тартиби муқараршуда дар заминаи қазою қадар аст.

Хайём бошад, ин мазмунро ба таври худ баён месозад, ва рубоии зайли ӯ далолат бар он мекунад, ки ин ҳакими оламшумул низ дар масъалаи “олами аҳсан” бо Ғаззолӣ ҳамақида нест:

Гар бар фалакам даст будӣ чун Яздон,

Бардоштаме ман ин фалакро зи миён.

В-аз нав фалаки дигар чунон сохтаме,

К-озода ба коми дил расидӣ осон.[19]

  Ба таври куллӣ муносибат ба  олами ҳастӣ на дар заминаи иритбот бо Ҳақ балки аз тариқи робитаи он бо чархи фалак сурат мегирад. Бар асоси чунин нуқтаи назар зиндагии инсон дар рӯи Замин натиҷаи гардиши чархи фалак дониста шуда, ҳамин чархи фалак дар тамоми мусибати олам гунаҳкор донист мешавад. Ибраи “фалакзада” ҳам дар асоси ҳамин тасаввурот ба вуҷуд омадааст. Ин ибора ба таври фаровон ба ҷои ибораи “худозада” корбурд дошт. Яъне тамоми мусибатҳо бар уҳдаи фалак гузошта мешаванд. Шояд чунин тасаввуре поя дар андешаи санавӣ (дуализм) ва ширкомез дошта бошад ва натиҷаи тасаввуроти қаблазисломӣ бошад.

  Вале дар ҳар сурат ба назар мерасад, ки дар ин ҷо Хайём ба андешаи онҳое, ки дар тамоми рӯйдодҳои олам  маҳз чархи фалакро гунаҳгор ва таъсиргузор медонанд, бо истеҳзо менигарад. Ва ба ҳами далел бо киноя мегӯяд, ки  “гар бар фалакам даст будӣ чун Яздон”, он гоҳ “бардоштаме ман ин фалакро зи миён”. 

  Ҷолиб он аст, ки ҳам Ҳофиз, ҳам Бобо Тоҳир ва ҳам Умари Хайём ин гуна тафаккурро дар бораи “ҳамакора” будани чархи гардун мавриди ҳамла қарор додаанд: яке мехоҳад чархро “бар ҳам занад”, дигаре меҳоҳад ба он “дастрасӣ” дошта бошад, ва сеюмӣ ният дорад, ки онро “аз миён брдорад”.  

  Бо ин ҳама Хайём инсонро шарифтарин мавҷуди олам медонад ва таъкид мекунад, ки мақсуд аз офариниши ин олам танҳо инсон аст. Дар ин ҷо боз ҳамон диораи ҳастӣ матраҳ аст, вале бо ин тафовут, ки ин доираи ҳастиро агар   мақсуде ҳаст, пас он мақсуд мо, яъне инсонҳо мебошем. Метавон гуфт, ки дигоҳи Хайём дар иртибот бо ҷойгоҳи инсон дар доираи ҳастӣ ба таври муҷаз дар рубоии зайл баён мешавад:  

Мақсуд зи ҷумла офариниш моем,

Дар чашми хирад гавҳари биниш моем.

В-ин доираи ҷаҳон чу ангуштариест,

Бе ҳеҷ шаке нақши нигинаш моем.[20]

Яъне “доираи ҷаҳон”, яъне ҳамон дорираи вуҷуд, ки зикраш рафт, ба масобаи ангуштариест, ки нақши нигини он, яъне ҳадафи ниҳоии он маҳз инсон аст. Пас инсонҳо бо раҳоӣ аз ҳар қайду банди ғайриақлонӣ ба унвони мавҷуди шарифу озод ва хирадманду вораста бояд ба қадри хештан бирасанд, ба якдигар эҳтиром қоил бошанд ва ба унвони “нақши нигини” ангуштарии ҳастӣ зиндагии шарофатмандонае дошта бошанд.

Ин андешаҳои донишманди шаҳири тоҷик имрӯз низ муҳиму мубрам буда, дар даврони пуртазоду печидаи муосир метавонанд ба уновни василаи тавоное ҷиҳати рафъи тазодҳои маснуъ, ки дар роҳи пешрафти башарият муғризона эҷод мешаванд, хидмат намоянд.

 

Муҳаммадсалом Махшулов 

ходими пешбари илмии Институти фалсафа,

ҳуқуқ ва сиёсатшиносии Академия милии илмҳои Тоҷикистон.   

 

[1] Умари Хайём.  Рубоиёт. Душанбе, интишороти «Дониш», 1988, с. 35.

[2] Девони Ҳофиз. Техон, Интишороти Амири Кабир, 1396, с. 488.

[3] Девони Ҳофиз. Ҳамон, с. 139.

[4] Девони Рудакии Самарқандӣ. Теҳрон. Интишороти Амири Кабир. 1398, с. 34.

[5] Иброҳимӣ Динонӣ, Ғуломҳусайн. Мастӣ ва ҳастӣ. Теҳрон. Интишороти «Иттилоот», 1395, с. 380.  

[6] Иброҳимӣ Динонӣ, Ғуломҳусайн. Ҳамон манбаъ, с. 382.

[7] Кристенсен Артур. Баррасии интиқодии рубоиёти Хайём. Тарҷумаи Фаридуни Бадраӣ. Теҳрон, 1374, с. 78.

[8] Иброҳимӣ Динонӣ, Ғуломҳусайн. Ҳамон манбаъ. С. 351.

[9] Умари Хайём. Ҳамон манбаъ, с. 21.

[10] Умари Хайём. Ҳамон манбаъ, с. 50.

[11] Ҳамон ҷо, с. 8.

[12] Ҳамон ҷо, с. 34.

[13] Ҳамон чо, с. 29.

[14] Носири Хусрав. Девони қасоди. Душанбе, 2012. С. 24.

[15] Иброҳимӣ Динонӣ, Ғуломҳусайн. Ҳамон манбаъ. С. 410.

[16] Девони Ҳофиз. Ҳамон, с. 189.

[17] Ҳамон ҷо, с. 84.

[18] Бабо Тоҳир. Дубайтиҳо, Теҳрон, ал-Ҳудо, 1392, с. 124.

[19] Умари Хайём. Ҳамон манбаъ, с. 79.

[20] Ҳамон ҷо, с.

Хондан 1329 маротиба