Мусаллам аст, ки як олим барои меҳани хеш ҳамеша кӯшиш ба харҷ дода, дар ҳалли мушкилоти ҷомеаи худ саҳм гузоштан мехоҳад. Чунин инсонҳо бояд аз ҷониби давлату ҷомеа дастгирӣ ёбанд ва кору заҳмати онҳо қадрдонӣ шавад. Дар миёни чунин донишмандон ҳастанд касоне, ки на танҳо ба ватани худ, балки ба дигар кишварҳо низ хизмат карда, дар рушду пешрафти илми онҳо саҳмгузорӣ мекунанд. Ҷомеаҳое, ки аз хизмати чунин олимон баҳра мебаранд, онҳоро қадрдонии бештар намуда, миёни мардум муаррифӣ мекунанд. Тоҷикистони мо низ дар ин ҷода истисно нест. Дар баробари донишмандони тоҷик, олимони алоҳида аз дигар кишварҳо низ дар рушду пешрафти илм дар кишвари мо саҳмгузор ҳастанд ва давлату ҷомеаи илмии тоҷик онҳоро дастгириву қадрдонӣ мекунанд.
Яке аз чунин олимони хориҷие, ки дар илми тоҷик саҳми босазо дорад, профессори факултети илмҳои бунёдӣ ва муҳандисии Донишгоҳи Васедаи Ҷопон дар шаҳри Токио, Томоюки Ямамото (Tomoyuki Yamamoto) мебошад. Номбурда имсол ба нишони эътирофу қадрдонӣ ҳамчун Узви хориҷии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пазируфта гардид. Олими ҷопонӣ дар соҳаи физикаи муҳитҳои конденсӣ Томоюки Ямамото соли 1969 дар шаҳри Токио ба дунё омада, доктори муҳандисӣ (1998 – Doctor of Engineering, Materials Science) мебошад. Ӯ муаллифи беш аз 150 маводи илмӣ дар маҷаллаҳои тақризшавандаи базавӣ буда, ҳаммуаллифи беш аз 300 маводи илмӣ дар маҷаллаҳои илмии байналмилалӣ аст. H-index-и вай ба 23 баробар аст, ки ин гуна нишондод дар радабандиҳои илмӣ дараҷаи баланд маҳсуб меёбад. Ин нишондиҳанда аз рӯи сифату шумораи мақолаҳои илмӣ ҳисоб карда мешавад. Яъне H-index-и як пажуҳишгар баробар аст ба шумораи мақолаҳои вай, ки аз панҷ иқтибосоварӣ зиёд доранд. Дар ҷаҳон миёнгини ин нишондиҳанда барои профессорон 12-24 мебошад. Яъне профессор Ямамото бо доштани H-index-и баробар ба 23 дар ин радабандӣ мақоми хеле боло дорад. Дигар мисоле, ки метавонад сифати корҳои ӯро ба хонанда муайян кунад, ин аст, ки барои барандаи Ҷоизаи Нобел шудан H-index-и як донишманд бояд 35 ва зиёда аз он бошад. Ин ба он маъност, ки профессор Томоюки Ямамото дар илми ҷаҳонӣ мавқеи баланд дорад.
Профессор Ямамото дар бахшҳои зерини илми физика пажуҳишу озмоишҳо мегузаронад:
-нимноқилҳо, хосиятҳои оптикии муҳитҳои конденсӣ ва физикаи атомӣ;
-магнетизм, фавқулноқилият ва системаҳои ба ҳам алоқаманд;
-маводҳо ва хосиятҳои ғайриорганикӣ;
-хусусиятҳои маводи металлӣ;
-нурҳои квантӣ.
Дар ин матлаби иҷмолӣ фурсату маҷоли ворид шудан ба самтҳои пажуҳишии профессорро надорем. Танҳо сари ҳамкориҳои ин донишманди ҷопонӣ бо донишмандону унвонҷӯёни тоҷик ва эътирофу қадрдонии ӯ аз ҷониби давлат ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тамаркуз мекунем.
Профессор Томоюки Ямамото ҳамкориҳои илмии худро бо донишмандони тоҷик тақрибан аз соли 2014 оғоз кардааст. Нахустин сафари ӯ ба кишвари мо соли 2016 иттифоқ афтода, мавсуф бо мақсади иштирок дар Конфронси байналмилалӣ ташриф оварда буд. Дар доираи ин конфронс профессор Томоюки Ямамото бо донишмандону унвонҷӯёни ҷавони тоҷик ошноӣ пайдо карда, бо дастовардҳову мушкилоти онҳо шинос мешавад. Аз ҳамон лаҳза ҳадаф мегузорад, ки дар омода намудани кадрҳои ҷавони тоҷик саҳмгузорӣ менамояд. Дар ин замина, ҳамкориҳои фосилавӣ ва даъват кардани олимони ҷавони тоҷик ба Ҷопон ба нақша гирифта мешавад, ки дар тули чанд соли баъдӣ онҳо амалӣ гардида, самараи мусбат медиҳанд. Дар ин муддат олимони ҷавонони мо ба маҷаллаҳои ихтисосии сатҳи ҷаҳонӣ роҳ пайдо карда, чандин мақолаи илмӣ дар ҳаммуаллифӣ бо профессор Томоюки Ямамото ба нашр расонида, муаррифгари илмӣ тоҷик дар сатҳи ҷаҳонӣ мегарданд. Меҳрдод Субҳонӣ, Зафари Умар, Дилшод Неъмат ва Амонулло Бурҳонзода аз ҷумлаи олимони ҷавоне мебошанд, ки маҳз дар ҳаммуаллифӣ бо профессор Томоюки Ямамото дар маҷаллаҳои сатҳи ҷаҳонӣ мақолаҳои илмӣ мунташир кардаанд.
Ҳамчунин, дар ин давра профессор Томоюки Ямамото чандин сафари олимони ҷавонро барои коромӯзӣ дар заминаи коркарди маводҳои нанокомпозитӣ ба лабораторияи худ дар Донишгоҳи Васедаи шаҳри Токио даъват кардааст. Ҷавонони тоҷик дар ин сафарҳо бо раванди пажуҳишҳои ҳамтоёни ҷопонии худ ошно гардида, дониши илмии худро тақвият дода, бо ниҳодҳои илмӣ ва ҷомеаи мадании ҷопонӣ ошноии бештар пайдо карданд. Онҳо дар чанд навбат бо дастгирии бевоситаи профессор Томоюки Ямамото чунин сафарҳои муфид доштанд, аз ҷумла:
-соли 2017- коромӯзии 1 нафар олимони ҷавони тоҷик;
-соли 2017 (декабр) – коромӯзии 12 нафар олимони ҷавони тоҷик;
-соли 2019 – коромӯзии 2 нафар олимони ҷавони тоҷик;
-соли 2020 –муштарак 2 нафар олимони ҷавони тоҷик;
-соли 2023 – коромӯзии 2 нафар олимони ҷавони тоҷик ба роҳ монда шуда, ҳамчунин коромӯзии 14 нафари дигар ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамаи ин сафарҳо аз ҷониби фондҳои махсусе, ки соҳаи илму маорифро дар Ҷопон маблағгузорӣ мекунанд, дастгирӣ меёбанд. Ҳамчунин, худи донишгоҳи Васеда низ дар маблағгузорӣ ва дастгирии чунин сафарҳои олимони тоҷик саҳмгузор мебошад. Масалан, сафари гурӯҳи 12-нафарӣ дар декабри соли 2017 аз ҷониби Агентии Илм ва технологияи Ҷопон дар доираи Барномаи “Sakura Science Program” дастгирӣ ёфта буд. Яке аз ҳадафҳои асосии ин Барнома дастгирии захираҳои зеҳнии умедбахш аз кишварҳои хориҷӣ, ки дар рушди илму технологияи ҷаҳонӣ саҳм гузошта метавонанд, мебошад. Профессор Томоюки Ямамото тавонистааст масъулони ин Барномаро мутақоид намояд, ки олимони ҷавони тоҷик аз ҷумлаи ҳамон ҷавононе буда метавонанд, ки дар рушду пешрафти илму технологияи ҷаҳонӣ саҳм гузоранд. Дар рафти ин сафар коромӯзони тоҷик, ки муаллифи ин сатрҳо низ аз ҷумлаи онҳо буд, даҳ рӯз дар лабораторияи профессор Томоюки Ямамото ба коромӯзӣ пардохтанд, ки дониши андухта ба сатҳу сифати корҳои минбаъдаи онҳо таъсири мусбат расонид. Муддати даҳ рӯзе, ки бо профессор дар заминаи Барномаи “Sakura Science Program” ҳамкорӣ доштем, махсусиёти идорӣ-ихтисосӣ, хислату сифатҳои неки ахлоқӣ ва вежагиҳои мунҳасир ба фарди мавсуф бароямон ҳувайдо гардид. Аз ин ҷост, ки профессор на танҳо аз лиҳози илмӣ-ихтисосӣ, балки ба лиҳози ахлоқӣ-отифӣ низ сазовори эҳтиром аст.
Зимнан, дигар гурӯҳҳо низ, новобаста аз нисбатан кам будани аъзои онҳо, ҳамчунин таҷрибаи хуби илмӣ андухта, донишу малакаи хешро тақвият додаанд. Чуноне ки маълум аст, дар ояндаи наздик 14 нафари дигар бо дастгирии профессор Томоюки Ямамото ба чунин сафарҳои омӯзишӣ ҷалб мегарданд, ки дар кору зиндагии онҳо таъсири мусбат дошта, таҷрибаҳои илмию фаннӣ дар умури минбаъдаи ихтисосии онҳо мусоидат хоҳад кард.
Чуноне ки қайд карда шуд, дар ин авохир раҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон профессор Томоюки Ямамоторо ҳамчун Узви хориҷии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пазируфт. Бо ин иқдоми нек кишвари мо хизматҳои шоистаи ин олими ҷопониро эътироф карда, барои ҳамкориҳои бештар заминаи мусоид фароҳам овард. Аз як тараф, ин эътирофи донишу маҳорати профессор Томоюки Ямамото бошад, аз тарафи дигар, нишон додани муносибати дурусти ҷониби Тоҷикистон бо ҳамкорони содиқ аз дигар кишварҳо мебошад. Ин навъ иқдомот дигар олимони сатҳи ҷаҳониро, ки ба Тоҷикистони азизи мо меҳру муҳаббат доранд, ҳавасманд хоҳанд кард. Муҳимтар аз ҳама, олимони тоҷик низ дар доираи чунин ҳамкориҳо ба ҳавзаҳои илмии ҷаҳонӣ роҳ пайдо карда, бо донишу маҳорати худ дар илми ҷаҳонӣ саҳми арзанда мегузоранд ва номбардору муаррифгари кишвари ҷавони мо мегарданд. Боварӣ дорем, профессор Томоюки Ямамото ҳамчун Узви хориҷии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар солҳои оянда низ фаъолияти илмӣ-ихтисосиашро густурдатар карда, ҳамкориҳои илмӣ-техникии Тоҷикистону Ҷопонро тақвият медиҳад ва аз ин тариқ олимони тоҷику ҷопонӣ дар якҷоягӣ дар ростои кашфиёту ихтирооти илмӣ ибтикороти зарурӣ рӯйи даст гирифта, дар рушди илми ҷаҳонӣ саҳми муносиб мегузоранд.
Меҳр СОБИРИЁН,
пажуҳишгар