JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 08 Июни 2023 06:39

Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим. Маблағҳои сарфашуда барои беҳдошти саломатӣ, таҳсили фарзандон ва шароити хуби хонаводаҳо равона гардид.

Муаллиф: Нусратулло Зокирзода

8 июн аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 16 сол сипарӣ мегардад. Дар ин робита Ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абуҳанифа Нусратулло Зокирзода ба унвони АМИТ «Ховар» мақолае ирсол намудааст, ки дар он натиҷаи амали ин қонун бозгўӣ шудааст. Дар зер матни пурраи мақола оварда мешавад:

— Қабули қонуни мазкур дар шароити имрӯза, ки ҷомеаҳои муосирро буҳронҳои шадиди иқтисодӣ фаро гирифтааст, баҳри беҳдошт ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии шаҳрвандон ва гирифтани пеши роҳи камбизоатӣ як иқдоми саривақтӣ ва муҳим маҳсуб мешавад. Маҳз қабули ин қонун мусоидат намуд, ки сокинони мамлакат аз  исрофкорӣ ва хароҷоти беҳуда даст кашанд.

Бояд гуфт, ки барои қабули ин қонун шахсан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдом гирифта, бо назардошти таклифу пешниҳодҳои мардуми шарифи Тоҷикистон баъд аз таҳлилҳои зиёд қабул гардид.

Албатта, қабули қонуни мазкур зарурати воқеӣ буд, чуноне Пешвои муаззами миллат изҳор намуда буданд: «… то расму ойин ва маросимҳои милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаю зиёдатии мардумро аз байн набарем, бо қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағҳои зиёд дар 

масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем».

Бояд гуфт, ки ҷашну маросим аз як насл ба насли дигар мегузарад, вале баъзан бо гузашти айём дар худ асолати миллӣ ва падидаи муҳим доштани худро барои ҷомеа аз даст дода, дар худ ҷанбаҳои хурофотиро касб мекунанд. Аз ин рӯ, қабули қонуни мазкур ба он мусоидат намуд, ки мо аз нигоҳи имрӯз таҷдиди назар кунем.  Онҳоро ба як низоми муайян дарорем ва арзишу  асолаташонро  барои тақдири имрӯз ва ояндаи мамлакат муайян созем.

Аз нигоҳи таҳлилӣ агар мо назар андозем, пас ин қонун ҳам аз лиҳози ҳуқуқӣ ва ҳам иқтисодиву маънавӣ ба нафъи аҳли ҷомеа буда, баҳри пешрафти  ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавии ҳар як фарди мамлакат мусоидат менамояд.

Гарчанде дар давоми ин солҳо қонуни мазкур амалӣ гардида истодааст, чанд нуктаи калидӣ оид ба аҳамият ва таъсири бузург доштани онро ба ҷомеа метавон баён намуд:

— қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» иқдоми бузург ва роҳи башардӯстона баҳри ҳифзи вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеа мебошад;

— баланд гардидани сатҳи маърифатнокии аҳли ҷомеа оид ба шинохти ҷашну маросим ва расму оинҳо ва пешгирӣ аз иҷрои маросимҳои хурофотиву зоҳирпарастӣ;

— ташаккули раванди омили тарбиявӣ доштани қонун ва пешгирӣ аз кирдорҳои номатлуби худнамоӣ ва зоҳирпарастӣ дар раванди баргузор гардидани ҷашну маросимҳо;

— дарки воқеии фарҳанги маъракаороӣ ва пешгирии роҳи маъракаҳои «миёншикан» бо дарки масъулият;

— равона намудани маблағҳои сарфашуда барои беҳдошти саломатӣ, таҳсили фарзандон ва шароити хуби оилаҳои ҷавон дар хонавода;

— дар ин замина, дар натиҷаи амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  иҷро гардидани яке аз вазифаҳои асосии оила ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ дар ҷомеа — таъмини насли солим, бофарҳанг ва тарбиятдида, ки бе шароити хуби иқтисодӣ, муяссар намегардад;

— кори муташаккили комиссияҳои доимии маҳаллӣ ҷиҳати фаҳмондани моҳияти асосии Қонун, инчунин баланд бардоштани маърифати фарҳанги сарфакорӣ ва пурзӯр намудани корҳои таблиғотӣ-фаҳмондадиҳӣ ва ғайра.

  Мо ҳамагон вазифадорем, ки баҳри иҷро ва амалишавии қонуни мазкур ва дарки воқеии ҳадафи он кӯшиш ба харҷ диҳем. Чунки зиндагии босаодати ҳар як халқ аз эҳтиром гузоштан ба қонунҳои амалкунанда, риояи онҳо ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ вобаста аст.

https://khovar.tj/2023/06/onuni-tanzimi-anana-va-ashnu-marosim-mabla-oi-sarfashuda-baroi-be-doshti-salomat-ta-sili-farzandon-va-sharoiti-hubi-honavoda-o-ravona-gardid/ 

Хондан 2003 маротиба