JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 13 Июни 2023 05:21

Идеяҳои озодӣ ва баробарӣ дар таърихи фалсафаи тоҷик

Муаллиф: Аслиддин САЛИМОВ

 

 

  Проблемаи озодӣ, баробарӣ ва адолат дар ҳамаи давру замон фикри шахсиятҳои машҳури таърихиро ба худ ҷалб намудааст.  Мавқеи мо, дар маҷмуъ нисбат ба шинохти озодӣ (либерализм) ва баробарӣ аз муайян кардани идеяи адолат иборат аст.         

  Адолати иҷтимоӣ шарти куллии ҳаёти инсонӣ ва коллективии одамон ба ҳисоб рафта, он натиҷаи идеяҳои дарбаргирандаи умумиинсонӣ маҳсуб меёбад. Он ҳамчун зинаи идеалии ҷомеа дар афкори инсонҳо бинобар маҳдудиятҳои иҷтимоӣ зуҳур кардааст. Эҳсосот ва тасаввурот дар бораи адолат ва баробарии иҷтимоӣ хулосаҳои ақлонӣ ва илмии инсонҳоро дар бораи муҳити иҷтимоиашон ифода месозад. Ҳаёт барои ҳамаи одамон дар ҳамаи давру замон имкониятҳои баробар дода наметавонад. Аксарияти инсонҳо фикр менамоянд, ки онҳо бештар аз дигарон дида лоиқи зиндагии шоиста мебошанд. Дар натиҷа зарурати баробарии иҷтимоӣ ба миён меояд, ки он маҳсули шуури ҷамъиятӣ мебошад.

Бо ҳамин асос дидан мехоҳем, ки умдатарин принсипҳои баробарӣ ва озодӣ дар таълимоти мутафаккирони тоҷик чӣ тавр гузошта шуданд, яъне баробарии сиёсӣ, баробарии иқтисодӣ, баробарии нажодӣ, озодии сухан, озодии виҷдон, озодии фикр, озодии шахсият, ҳуқуқи доштани моликияти шахсӣ ва ғайраҳо. Зеро ингуна озодиҳои баробар ба инсонҳо сарчашмаи ҷомеаи боадолат мебошанд. Ҳамакнун иқрор бояд шуд, ки моделҳои ташаккули иқтисоди ҷаҳонӣ характери либералӣ доранд ва аз рӯи ҳамин принсипҳо амал мекунанд. Мо дар инҷо набояд фаромӯш кунем, ки аввалин идеяҳои баробарӣ ва озодӣ принсипҳои тахайюлӣ доштанд ва дар шаклҳои идеалӣ зуҳур мекарданд. Аз назари он таълимотҳо мавҷудияти ҷомеаи мукаммал, давлати мукаммал ва инсони мукаммал (хосатан чунин ҷомеаро дар “Хирадномаи Искандарӣ”-и А.Ҷомӣ метавон дид) имконпазир тасвир мешаванд. Аммо таҷрибаи инсоният нишон медиҳад, ки ҷомеаи мукаммал ва давлати мукаммал дар асл вуҷуд дошта наметавонанд. Дар ҳамин маъно “инсоният ҳамеша ба пеши худ фақат чунин вазифаҳоеро мегузорад, ки ба ҳалли онҳо қодир бошад, зеро... худи вазифа танҳо дар сурате, ки шароити материалии ҳалли вай вуҷуд дорад ва ё, ҳеҷ набошад, дар ҳолати пайдошавист, ба вуқуъ меояд”[5.с.8].

Таълимоти зардуштияро дар шинохти озодии ирода метавон ҳамчун индикатори ташаккули рӯҳияи одамони ҳамон давра фаҳмид. Зеро зардуштия ду идеяи бузургеро тарғиб намуд, ки онҳо идеяи Некӣ ва идеяи Худо буданд. Нуқтаи либералӣ дар ин таълимот иборат аз он аст, ки Зардушт бори нахуст “Иродаи инсонро Озод” эълон менамояд. Ин идеяҳо на танҳо барои оромии башар хидмат мекарданд, балки болотар аз он як нав мубориза барои адолати иҷтимоӣ буданд. Дар таълимоти маздакия бошад, идеяҳои баробарии иқтисодӣ бори нахуст зуҳур мекунанд. Маздак эътимоди комил дошт, ки “Офтоб ғизои умумӣ барои ҳама мавҷудоти зинда меофарад, адолати умумӣ барои ҳама пешбинӣ шудааст. Холиқ барои дидан ба ҳама баробар чашм дод, мувофиқи адолати хеш қонунҳои умумӣ ҷори намуда, байни зану мард, безабон, ҳеҷ касу ҳеҷ чиз фарқ нагузоштааст”[6. с.171]. Офтоб - таълим медиҳад, Маздак - сарватманду камбағал, оқилу беақл, зану мард, озоду ғуломро фарқ намекунад, инчунин, ҳеҷ махлуқи безабон аз ин зиён намебинад. Дар ин таълимот инсонҳо ҳам дар имкониятҳои сиёсӣ ва ҳам дар шароитҳои иқтисодӣ баробаранд.

Ба ҳамин тариқ, ормонияти маздакияро баробарии иқтисодӣ, сиёсӣ ва синфӣ ташкил медиҳад. Ҳамеша баробар будан бо дигаронро омӯзед, ба чашми баробар нигоҳ карданро фаромӯш накунед, дар зиндагӣ аз ҳеҷ кас болотар нестед ва дар роҳи баробарӣ худфидоӣ кунед- ин аст нуқтаи олии адолат дар фалсафаи сиёсии маздакия.

Ин идеяҳо чунин проблемаҳои либертаризмро мегузоштаанд:

  1. Одамон баробар офарида шудаанд ва бояд баробар зиндагӣ кунанд;
  2. Баробарии иқтисодӣ бояд асоси муносибатҳои иҷтимоиро ташкил диҳад.

Дар таҳаввулоти афкори баробарӣ нақши мутафаккирони маъруф Абӯнасри Форобӣ, Ибни Сино ва Абдураҳмони Ҷомӣ хеле арзишманд аст. Онҳо назари иҷтимоиашонро дар масъалаҳои умдатарини замон тавассути образҳои бадеӣ ва фалсафаи сиёсӣ баён кардаанд. Аммо принсипҳои адолат ба таври фалсафаи иҷтимоӣ пешниҳод гардидаанд.  Инсон аз нигоҳи Форобӣ “дар мавҷудияти худ ба камолоту саодат расидан, ба чизҳои зиёде ниёз дорад. Вале ӯ наметавонад ҳамаи чизҳоро ба танҳои омода бисозад. Аз ин рӯ, вай фақат тавассути иттиҳоди ашхос – мадади ҳамдигар ба камолот ноил мешавад”[3. с.25].

Тибқи андешаҳои Форобӣ, баробарӣ ва ба ҳамдигар вобастагӣ дар тамоми ҳаёти инсонҳо мушоҳида мегардад. Ҳаёти инсонҳоро наметавон ба пуррагӣ аз ҳам ҷудо кард. Зеро онҳо аз оғози тавлид то марг ба ҳамдигар  алоқаманд мебошанд. Аз ин рӯ, идоракунандагонро зарур аст, ки баробарии имкониятҳоро ба ҳамаи мардум дастрас созанд. Форобӣ меҳисобид, ки ҷомеъаҳо ба навъи комилу ноқис ҷудо мешаванд: «Ҷомеаи бузург ҷомеаест, ки дар он сокинони рӯи замин ҳаёт ба сар мебаранд. Ҷомеаи хурд ҷомеаест, ки дар он як халқи алоҳида маскунанд. Ҷомеаи ноқисро бошад, мардумони деҳкада, хиёбон, ҷамоа, ягон кӯча ва оилаи алоҳида ташкил медиҳанд»[4. c.52]. Ҷомеаи комил ин ҷомеаи кушод аст, ки дар он баробарии имкониятҳо дар роҳи рушди муносибатҳои иқтисодӣ вуҷуд доранд. Ҷомеаи ноқис ин ҳамон ҷомеаи сарбаста аст, ки дар он ягон хел имкониятҳои баробар на дар муносибатҳои иқтисодӣ ва на дар роҳи озодӣ мавҷуданд. Адолат аз назари Форобӣ «ин пеш аз ҳама тақсимоти одилонаи тамоми неъматҳои моддӣ миёни сокинони мадина ва инчунин маҳфуз доштани онон аст, ки тақсим шавад. Ин неъматҳои моддӣ офиятмандӣ, дороӣ, эҳтиром ва дигар неъматҳоанд»[2.с.224]. Форобӣ ҳамчун инсони адолатпарвар рӯй додани ҳодисоти беинсофию сӯистеъмолкунии гурӯҳи муайяни намояндагони ашроф ё худи онҳоро мушоҳида карда, бо эътироз қатъиян бартараф кардани ин  амалҳоро талаб менамояд.

Аз ҷумлаи адолатхоҳони нотакрор дар таърихи фалсафаи тоҷикон  Абӯали Ибни Сино мебошад. Мутафаккир дар асари машҳури худ «Тадбири манзил» ба масъалаи заруртарини ҳаёти инсонӣ даст задааст. Сино тарҳи ҷомеаеро нишон медиҳад, ки аз се табақа таркиб ёфтааст: ҳокимон, заҳматкашон ва ҷанговарон.

Сино мегӯяд: «баробарӣ ва тасовии аҳвол ва наздикии андозаҳои афроди башар мунҷар ба фасодашон гашта, билохира сабаби фанову измиҳол ва инқирозашон мегардад. Хирадмандон медонанд, ки агар ҳамаи мардум подшоҳу шаҳриёр бишаванд, ҳамаги аз байн мераванд. Ва агар ҳамаашон ранҷбару коргар ва тобею раият бишаванд, подшоҳу султоне дар байн набошад, ҷумлагӣ фонӣ ва ҳалок мешаванд»[1.с.13]. Имконияти баробарӣ дар маънои табиӣ фаҳмида мешавад. Худованд нахуст имкониятҳоро дар истифодаи хиради фарзанди одам вогузоштааст. Аммо раванди нобаробарии иқтисодӣ табиӣ боқи мемонад. Сино менависад: «Ҳамчунон, ки агар ҳамагӣ дар тавонгарӣ ва сарват мусовӣ ва баробар бо якдигар бишаванд, касе барои касе кор намекунад ва атову муованати дӯст аз дӯст мунқатеъ мегардад»[1.с.13]. Ин идеяро таҷрибаи инсоният собит сохтааст, ки баробарии иқтисодӣ сабабгори маҳдудияти озодии индивидуалӣ мегардад. Мавҷудияти моликияти хусусӣ адолатро таъмин менамояд.

Дар тасвири ҷомеаи баробарӣ ва гузоштани проблемаҳои асосии иҷтимоӣ асари фалсафии “Хирадномаи Искандарӣ”-и Ҷомӣ нақши арзишманд гузоштааст. Он аз ҷиҳати мазмун ва шинохти воқеият моҳият ва ҳиссиёти ормонҳои гузаштаи инсониятро ифода мекунад. Баробарӣ дар имконият ва натиҷа якхел гузошта мешавад. Ҷомӣ фикр мекунад, ки инсонҳо тамоман аз эгоизм наҷот ёфта метавонанд. Рушди маърифат одамонро ба баробарӣ ҳидоят мекунад. Дар ҷомеаи тахайюлии ӯ “на шоҳ ва на гадо” вуҷуд дорад.

Модели баробарии иҷтимоӣ дар тасаввуроти Ҷомӣ аз рӯҳия ва принсипҳои нобаробарии замони худаш зуҳур мекунад. Чунки идеяҳои баробарӣ аз нуқтаи назари методологияи илмҳои иҷтимоӣ аз нобаробариҳо ва бетартибиҳо пайдо шудаанд. Маҳз ҳамин зиддиятҳои азалӣ ва давомдор таърихро ба ҳаракат оварда, шуури муқаррариро инкор мекунанд ва сабаби пайдоиши назарияҳои мухталиф дар ҷомеа мегарданд. Аммо дар методолгияи баҳогузории мутафаккирони тоҷик меҳвари асосии идеяи баробариро ахлоқ ташкил медиҳад. Ахлоқ барои онҳо ба масъалаҳои умдатарини вуҷудуии инсонҳо дахолат мекунад ва маҳз он дар ҳамаи замон ҳамчун идея кӯҳнанашаванда мемонад.

Барои Ҷомӣ ҷомеаи идеалӣ на маҳсули муносибатҳои иқтисодӣ ва на маҳсули таҳаввулоти сиёсӣ, балки инсонҳо маҳсули маърифат ва ахлоқ мебошанд. Аммо Ҷомӣ дар таҳлили ҷомеаи идеалии худаш дар дохили маҳдудиятҳои идеологӣ ва рӯҳияи замонааш мемонад. Ҳамин маҳдудиятҳои фикрӣ ва илман исбот накардани андешаҳо вобаста ба идеяҳои замон ва хоси хислатҳои миллӣ мебошад.

Барои Ғаззолӣ, Ҳамадонӣ, Кошифӣ, Кайковус ва дигар мутафаккирон баробарии иҷтимоӣ ва озодӣ маҳсули идеяҳои ахлоқӣ ва сиёсӣ маънидод мешаванд.

Умдатарин проблемаҳои озодӣ ва баробарӣ дар таълимоти мутафаккирони тоҷик инҳоянд:

  1. Иродаи инсон озод аст, нокомиҳои мо аз тақдир не, балки натиҷаи интихоб аст.
  2. Шоҳ бояд монои офтоб барои ҳамаи одамон баробар хизмат кунад.
  3. Инсонҳо дар назди Худо баробар мебошанд, бинобарон бояд барои ҳамдигар низ баробар эътироф шаванд.
  4. Сарватмандон бояд ба камбизоатон ва бепарасторон некӣ кунанд.

Дар ҷаҳони муосир инсонҳои зиёд дар натиҷаи мубориза барои манфиатҳои шахсӣ ба ҳадде расида, охиран худро ба “инсони эгоист” мубаддал месозанд. Ин хуб аст, ки инсонҳо барои манфиатҳои шахсӣ, миллӣ ва байналмилалӣ мубориза баранд. Лекин набояд муборизаҳои индивидуалӣ хосияти эгоистӣ дошта бошанд. Ҳадафи ниҳоии рӯй овардан ба таърихи фалсафа на танҳо пос доштани хотираҳои муқаддас аст, балки болотар аз он эҳёи принсипҳои ахлоқ, гуманизм, интернатсионализм, худсозӣ, хештаншиносӣ ва дар умум адолат мебошад.

Аз нигоҳи мо, масъалаи баробарӣ дар ҷаҳони муосир боз аз он ҷиҳат зарур мешавад, ки “баробарии миллатҳо” ва “баробарии нажотҳо” ба миён меояд. Маҳз даъвоҳои ҳисси бартари доштани халқҳо аз ҳамдигар сабаби нобаробариҳо мегардад. Хотиррасон карданием, ки масаълаҳои асосии ҷомеаи идеалиро дар ҷаҳонбинии мутафаккирони гузашта якранг маънидод кардан ғайри имкон мебошад. Боиси таваҷҷӯҳ аст, ки мафҳуми баробарӣ дар таърихи андешаҳои сиёсӣ ба таври умумӣ ба унвони яке аз мафҳумҳои асосии фалсафаи гузашта аҳамияти хос дорад ва андешаҳои мутафаккирони тоҷик аз ин холи буда наметавонад. Онҳо дар таълимоташон масъалаи ҷомеаи мукаммалро аз нигоҳи фалсафӣ баррасӣ, таҳлил ва хулосабарорӣ намудаанд. Шинохти мафҳуми озодӣ ва баробариро дар таърихи фалсафа ба ду шакл ва мазмун дидан мумкин аст: а) Баробарии инсонҳо дар имконият аст, на дар натиҷа (либерализми иқтисодӣ); б) баробарии одамон дар имконият ва ҳам дар натиҷа (либертаризм: ҳамин принсип дар таълимоти Маздак, Форобӣ ва Ҷомӣ аст).

Ба ҳамин гуна, фаҳмиши мафҳуми “озодӣ” ва “баробарӣ” дар таърихи фалсафаи тоҷик тавассути идеяҳои адолат, ахлоқ, некӣ, озодии ирода, маърифат, шинохт, шоҳи одил, поквиҷдонӣ, ростӣ, имон, эътиқод, инсонгароӣ ва ғайра маънидод мешаванд. Зеро бе ҳамин идеяҳо рӯҳияи инсониятро ба адолат даъват намудан ғайриимкон аст. Мисли он, ки Фейербах ҳисси бахтҷӯии дигаронро эҳтиром кунед мегуфт, ҳамин ҳиссиёти хоҳиши хушбахтшавии дигаронро доштан, дар таълимоти аксари мутафаккирони тоҷик вомехӯрад. Бахт ҳамон тавре, ки барои мо чизи муқаддас аст, барои дигарон низ ҳамин тавр аст. 

Аслиддин САЛИМОВ

cиёсатшинос

Адабиёт

  1. Абӯалӣ Ибни Сино. Осори мунтахаб. / Сино А.И. - Душанбе: «Ирфон», 1980. Ҷ.2. 560 с.
  2. Ал-Фараби. Афоризмы государственного деятеля. /aл-Фараби. Социально этические трактаты. – Алма-ата, 1973, 224 с.
  3. Идиев Х.У. Фалсафаи иҷтимоӣ. / Х.У.Идиев. - Душанбе., 2013.
  4. Комилов Р. Аз таърихи афкори иҷтимоию сиёсии аҳди Сомониён. / Р.Комилов. - Душанбе., 1998.
  5. Маркс К. Критика политической экономии, /- М., 1958.
  6. Пегулевская Н.В. Маздакитское движение. // Известия АН СССР. Сер.Ист. философии. 1994. № 4. С-171-181
Хондан 2019 маротиба