JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 22 Сентябри 2020 10:31

Эмомалӣ Раҳмон - арзандатарин номзад ба президентӣ

Муаллиф: Назар Холназаров

 Соли 2020 ҳарчанд барои мардуми олам на он қадар соли фараҳбахш бошад ҳам, аммо барои мурдуми сарбаланди тоҷик соли барор ва рушду инкишоф мебошад. Дар соли ҷорӣ мардуми кишвар  маъракаи муҳими сиёсӣ - интихоботи президентиро баргузор мекунанд. Аз ин пештар интихоботи парлумонӣ ҳам доир гардида буд. Тавре мардуми кишвар шоҳид буданд, интихоботи парлумонӣ бо маром ва иродаи озоди  халқи мамлакат доир гардид. Моҳи октябри соли 2020 интихоботи президентӣ ҳам бо маром ва руҳияи созандаву амалҳои бунёдкоронаи аҳли ҷоме баргузор мегардад.

 03-уми сентябри соли ҷорӣ Анҷумани навбатии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Хурсандем, ки дар ин ҷаласа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати номзад дар интихоботи президенӣ пешбарӣ гардиданд.  

 Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) тадорукот барои интихоботи  президентиро дар соли 2020 бо мраом ва риояи меъёрҳои демократӣ оғоз кардааст.

 ҲХДТ яке аз ҳизбҳои фаъоли кишвар буда, тӯли фаъолият худ борҳо собит намуд, ки халқи кишвар ба ин ҳизбу аъзоёни он эътимод доранд.  Сол то сол теъдоди аъзои ҷадиди ин ҳизб афзоиш меёбад.   Маҳбубияи ин ҳизб пеш аз ҳама дар он аст, ки аъзои он дар манотиқи мухталифи кишвар ба масоили иҷтимоии мардум саривақт расидагӣ мекунанд.

 Новобаста ба он ки Президенти кишвар аъзои кадом ҳизби сиёсист, феълан арзандатар аз Эмомалӣ Раҳмон номзаде ба мансаби Президенти Тоҷикистон нест. Инро муҳити иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангии кунунии кишвар бозгӯй мебошад.

 Маҳбубияти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни халқи кишвар нахуст дар он аст, ки маҳз ин шахсияти таърихӣ бо ҷасорат ва матонату иродаи мустаҳкам тавонист кишвари гирифтор ба ҷанги таҳмилиро аз вартаи марг наҷот диҳад. Ҷасорат ва диловарии ин марди хирад буд, ки кишвар ба ваҳдати саросарии миллӣ расид.

 Ҳамчун шаҳрванд мутмаин хастем, ки интихоботи навбатии президентӣ шаффоф ва мунсифона баргузор мегардад ва мурдуми кишвар барои 7 соли оянда ваколатҳои созандагиву ободкориро ба фарзанди фарзонаи худ, Эмомалӣ Раҳмон бовар ва эътимод мекунад.

 Наҳзатиёни террорист, ки имрӯз дар кишварҳои хориҷӣ панаҳ бурдаанд, бояд донанд, ки мардуми кишвар ба он нафаре овоз медиҳад, ки дар рушду инкишофи ҷомеа ва сулҳу салоҳ ва якпорчагии кишвар ҷашду талош дорад, на он нафаре, ки ба хотири манфиати молӣ бо дастгирии хоҷагони хориҷӣ нисбат ба ватан, миллат ва давлти худ хиёнат мекунад.

 Соли равон аз эълони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муқаддастарин ва бузургтарин ҷашни мардуми тамаддунсози тоҷик мебошад, 29 сол сипарӣ мегардад. Маҳз бо шарофати ин дастоварди бузурги таърихӣ мардуми Тоҷикистон тақдири худро ба даст гирифта, роҳи пешрафти минбаъда ва сарнавишти ояндаи сарзамини аҷдодии хешро мустақилона интихоб намуданд.

 Хурду бузурги мардуми тоҷик аз он ифтихор доранд, ки дар бисту нӯҳ соли истиқлолият пойдевори давлатдории миллӣ  гузошта шуда, барои таҳкими он бо заҳмати мардуми сарбаланди кишварамон корҳои бузург  ба анҷом расонида шуда,  имрӯз ба сӯи фардои осудаву обод устуворона қадам мегузоранд.

 Ҳамаи дастоварду пешравиҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии замони соҳибистиқлолӣ пайванди ногусастанӣ бо фаъолияту пайкори  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доранд.

 Аз ин рӯ, боварии комил дорем, ки мардуми сарбаланди кишвар ин дафъа низ Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби олии кишвар -Президенти Тоҷикистон интихоб мекунанд.

 

Назар Холназаров,

ходими калони илмии АМИТ

Хондан 941 маротиба