JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 21 Сентябри 2020 05:25

Интихобот аз мо огоҳӣ  ва хирадмандиро тақозо менамояд

Муаллиф: Субҳиддин Зиёев

  Интихобот яке аз муҳимтарин рукнҳои ҷомеаи демократӣ ба ҳисоб меравад, тавассути он мардум имкон дорад то намояндаҳои хешро ба парлумон интихоб кунанд ё дар интихоби роҳбарияти кишварҳояшон бевосита ширкат кунанд ва райъи худро иброз доранду дар ташаккули ҷомеаи мардумсолор саҳми хешро гузоранд. Маҳз тавассути интихобот сарнавишти сиёсии кишварҳо ва дурнамои роҳи рушди он муайян мегардад. Мардум метавонанд тавассути интихобот номзади хешро ба парлумон ё раисҷумҳур пешниҳод намоянд ва тавассути омӯзиши барномаҳои алтернативии интихоботӣ, ки аз ҷониби номзадҳои гуногун пешниҳод гардидаанд, аз байни онҳо барномаи дақиқтару саҳеҳтар ва барномаеро, ки дархури дарди мардумон аст ва баровардакунандаи ниёзҳои иҷтимоист ва дар он роҳҳои ҳалли мушкилоти дар ҷомеа ҷой дошта илман асоснок шудаанд, ба назар гирифта, райъи хешро ба ҳамон номзади арзанда медиҳанд.

  Ҳоло маъракаи интихобот на танҳо ба таъсиргузории қувваҳои дохилии кишварҳо вобастагӣ дорад, балки баъзан аз кишварҳо ва қудратҳои минтақавиву ҷаҳонӣ аз раванди интихоботҳои дар кишварҳои муайян баргузоршаванда ба суди хеш истифода менамоянд ва раванди интихоботро ба як ҳангомаи сиёсӣ табдил дода кишварҳоро ноором ва хатарпазир менамоянд. Вазъи ба амал омада дар ҷумҳурии Белорус далели ин гуфтаҳост.

  Мусаллам аст, ки ҷумҳурии Белорус дар паҳнои собиқ Шуравӣ яке аз ҷумҳуриҳои муваффақ ба ҳисоб мерафт, ки аз назари иқтисодӣ  ва тарзи зиндагӣ мардумаш дар нисбати аксари ҷумҳуриҳои дигари собиқ шуравӣ аз лиҳози сатҳу сифати зиндагӣ дар ҷойи намоён қарор доштанд. Дар ин кишвар аксари маҳсулот истеҳсоли худӣ буд ва дар бисёре аз кишварҳои чи собиқ шӯравӣ ва чи аврупоӣ маҳсулоти хешро содир менамоянд. Ба иборати дигар яке аз кишварҳои муваффақи собиқ шӯравӣ ба ҳисоб мерафт, ки ин муваффақият пеш аз ҳама вобастаи сиёсати дурусти ба роҳмондаи раисҷумҳури он кишвар Александр Лукашенко буд.

  Ҳаводиси ахир, ки пас аз интихоботи моҳи август дар ин кишвар доир гардид, нишон медиҳад, ки новобаста аз оне ки Александр Лукашенко бештари райъи мардумро ба даст оварда, дар интихобот пирӯз гардид, аммо қувваҳои муайян гурӯҳои мардуми норизоро ба майдонҳо кашиданд. Табиист, ки бо дахолати қувваҳои хориҷӣ гирдиҳамоиҳои густурдаро дар ин кишвар ба роҳ монда, онро ба як ҳолати низоъдаргирӣ оварда расонидаанд. Шояд муваффақияти кори А. Лукашенко барои иддае писанд наомад, ки чунин бозиҳоро дар ин кишвар ба вуҷуд оваранд. Ин ҷо бояд як нуктаро бозингарон дарк намоянд, ки як нафар агар корҳои хуберо барои мардум анҷом дода, маҳбубият пайдо намуда бошад, табиӣ аст, ки мардум онро меписанданд ва тарафдоранд то онро борҳо интихоб намоянд. Аммо ҳамин нуктаро бозингарон ба ҳайси нуктаи даъво қарор дода, дар кишвари Белорус бархурдҳоеро ба вуҷуд овардаанд, ки айни ҳол як номуаяйнӣ дар фазои ин кишвар ба вуҷуд омадааст. Бархурд ҳеҷ гоҳ ба нафъи мардуми ин кишвар нахоҳад буд ва сабаби варшикастагии иқтисод ва соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ дар ин кишвар хоҳад шуд. Умедворем, ки мардуми шарифи ин кишвар хештандорӣ мекунанд ва ҷиҳати бақои манфиатҳои миллиашон ва побарҷоии кишварашон аз роҳи ақлу хирад кор мегиранд ва аз тавтеасозии  қувваҳои беруна худро эмин месозанд.  

  Тавре маълум аст, кишвари мо низ дар пешорӯи интихоботи навбатии президентӣ қарор дорад, ки тибқи санадҳои ба тасвиб расида, бояд рӯзи 11-уми октябри соли ҷорӣ баргузор гардад. Ҳизбҳои сиёсии кишвар номзадҳои хешро ҷиҳати рақобат дар интихоботи мазкур пешниҳод намудаанд.

  Албатта, ҳамаи номзадҳои пешниҳодгардида барномаи мушаххаси хешро доранд ва дар ҷомеа тарафдорони хешро низ доранд. Вале аз байни ҳамаи онҳо номзадии Роҳбари кишвар дорои ҷойгоҳи махсус ва таъсиргузор дар байни ҷомеа аст. Ҳамаи мардум хуб огоҳ ҳастанд, ки номбурда дар тӯли фаъолияти хеш  Тоҷикистонро аз як кишвари дар ҳоли сӯхтану парокандагӣ қарор дошта, ба як давлати воҳид табдил дод ва маҳз бо кӯшишҳо ва хидматҳои ин марди наҷиб пояҳои давлатдории навин гузошта шуда, низоми давлатдорӣ дар кишвари мо шакл гирифт. Зина ба зина Тоҷикистон аз ҳолати таназзули иқтисод дубора рӯ ба рушд оварда, ба як кишвари дар ҳоли рушд табдил ёфт. Албатта дар бораи хидматҳои ин фарзанди фарзонаи миллат даҳҳо китобу садҳо асару мақола навишта шудааст ва минбаъд ҳам навишта хоҳад шуд. Як худи роҳсозиҳое, ки дар замони роҳбарии Сарвари давлат сурат гирифтааст, кишварро амалан ба як кишвари ягона табдил дод. Айни ҳол тамоми фасли сол байни қисматҳои гуногуни кишвар иртиботи доимии заминӣ таъмин аст, ки ин яке аз муҳимтарин хидматҳои давлатсозии Сарвари давлат ба ҳисоб меравад. Яъне ин хидматҳои амалии Роҳбари давлат дар зеҳни ҳар кадоме аз бошандагони кишвар дуруст таҷассум гардидааст ва онҳо худашон дарк мекунанд, ки дар ин интихобот бояд киро интихоб намоянд, ки тавонад ниёзҳои имрӯзаи ҷомеаро бароварда созад ва амалан собит намуда бошад, ки шахсияташ чи амалҳоро анҷом дода метавонад.

  Тавре дар боло ишора шуд дар таҷрибаҳои кишварҳои дигар дахолати баъзе аз кишварҳо ва қудратҳо намоён аст, ки онҳо ба хотири манофеъи худашон вазъиятро дар ин кишварҳо муташанниҷ карда мухолифатро ба вуҷуд оварда, эҳтимоли сар задани бархурдро дар ин кишварҳо ба вуҷуд меоранд. Шаҳрвандони азизи кишвари моро зарур аст ба тавтеаҳои берунӣ дода нашаванд ва рӯзи интихобот ба хотири ояндаи кишвар пойи қуттиҳои интихобот раванд ва райъи хешро ба номзади арзанда – Сарвари давлат, ки ҳамчун шахсият тавонмандии маънавияшро зоҳир намудааст, овоз диҳанд. Аз таблиғоти зидду нақизе, ки дар фазо ба дасти қувваҳои берунӣ ба вуҷуд меояд, онҳоро аз рӯи ақлу хирад таҳлил намуда, ба фиреби онҳо гӯш надиҳанд. Яъне равандҳои ҷаҳонӣ ва интихоботи пешорӯистода аз ҳар фарди кишвар тақозо менамояд, ки дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ огоҳона амал намоем ва ҳар амаламонро дар доираи мизони ақлу хирад санҷем, то оромиву осудагии кишвар ва рушди онро дар оянда низ тавонем таъмин созем.

 

Субҳиддин Зиёев,

ходими пешбари АМИТ

 

Хондан 841 маротиба