JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 17 Сентябри 2020 10:30

Интихоботи президентӣ- баёнгари соҳибистиқлолӣ

Муаллиф: Хайрулло Раҷабалиев

   Боиси хурсандист, ки дар рафти доир гардидани Анҷумани ҲХДТ номзадии Пешвои муаззами миллат - муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Мутмаинем, ки тамоми сокинони кишвар, ки дар интихобот ширкат мекунанд, ба ҷонибдории Сарвраи давлат, яъне барои идома ёфтани раванди рушду тараққӣ овоз хоҳанд дод.

  Интихоботи президент  як раванди зарурӣ дар дар таъмини амният ва сулҳу субот дар ҷомеа буда, ташкил ва баргузор намудани ин маъракаи муҳими сиёсӣ барои ояндаи давлат нақши муҳим мебозад. Чунонки мардуми кишвар огоҳанд, 11 октябри соли ҷорӣ дар кишвари мо интихоботи президентӣ гузаронида мешавад. Мувофиқи “Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, моддаи 1, “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳуқуқи интихоботии умумӣ, баробар ва мустақим бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб мешавад”.

  Аз муҳтавои модаи мазкури қонун бармеояд, интихоботи президентӣ дар асоси меъёрҳои баробарии шаҳрвандон, овоздиҳии озод ва мустақили шаҳрванндон ташкил ва гузаронида мешавад. Ҳар  шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнаш аз 35 кам  нест, забони давлатиро медонад, камаш 10 соли охир дар Тоҷикистон зиндагӣ карда, дорои ҳуқуқи интихоботӣ мебошад, Президент интихоб шуда метавонад. Ин меъёри қонун аз ташкил шудани ниҳоди президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба имрӯз риоя карда мешавад. 

  Ин ки ду-се  бешарафу беномусу хоину ватанфурӯш ин шабу рӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба паҳн намудани ҳар гуна ҳангомаву  овозаҳои беасос машғуланд, бори дигар собит мекунад, ки аз муҳити иҷтимоии кишвар дур будан ва аз берун истода равандҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии онро таҳлилу барасӣ намудан, кори аблаҳист.

  Аз назари ташаккули шахсият он нафаре барои рушди ҷомеа мусоидат ва амалеро иҷро  карда метавонад, ки дар миёни мардум ва бо арзишҳои куллии онҳо зиндагӣ мекунад. Дар кишварҳои хориҷӣ зиндагӣ кардану худро ватандӯсту меҳанпараст “ҷилва додан”- и наҳзатиёни террорист як фиреби назаре беш нест.

  Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маъракаи пешазинтихоботӣ ва овоздиҳӣ дар интихоботи Президенти ҷумҳурӣ ихтиёрӣ ва дар асосҳои баробарӣ иштирок мекунанд. Ин меъёри қонун ифодагари он аст, ки ҳуқуқҳои инфиродии ҳар шаҳрванд ба инобат гирифта шудаанд. Воқеан, интихоботҳои президентии то имрӯз баргузоршуда, нишондиҳандаи он ҳастанд, ки оҳиста-оҳиста раванди қонундонӣ ва қонунмеҳвар шудани шаҳрвандони кишвар дар ҳоли афзоиш мебошад. Аз як интихобот то интихоботи навбатӣ огоҳии мардум аз равандҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бештар гардида ҳар нафар мекӯшад, дар интихобот фаъолона иштирок намуда, вазифаи шаҳрвандии худро иҷро намояд.

  Овоздиҳӣ дар интихоботи Президенти ҷумҳурӣ пинҳонӣ буда, шаҳрвандон онро бевосита амалӣ менамоянд. Ҳамзамон ҳар шаҳрванд ҳуқуқи як бор овоз доданро дорад ва инро ҳар шаҳрванди соҳибҳуқуқи кишвар ба хубӣ медонад. Назорат ба изҳори иродаи шаҳрвандон мумкин нест, аз ин рӯ дар қитъаҳои овоздиҳӣ утоқҳои алоҳида ташкил карда мешаванд, то шаҳрвандон дар алоҳидагӣ номзади арзандаро интихоб намоянд.

  Мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки дар ташкил ва гузаронидани интихоботи Президент иштирок мекунанд, фаъолияти худро рӯирост ва ошкор амалӣ менамоянд. Ин ки баъзе ҳизбҳои нокомилу ноқобил даъвоҳои иштирок барои назорати раванди баргузории интихоботро доранд, мувофиқи қонун таъмин шудааст.

 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба, дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҷунбишҳои оммавӣ, коллективҳои меҳнатӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи ба тарафдорӣ ё зидди ҳар номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташвиқот бурданро кафолат медиҳад. Ин кафолат дар доираи қонунҳои амалкунандаи кишвар амалӣ мегардад. Ҳар ҳизб ё шаҳрванде, ки меъёрҳои қонунро медонаду онро риоя менамояд, дар тарғибу ташфиқи номзади арзанда ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод буда, он нафаре аз ин меъёрҳои қонунгузорӣ истифода карда метавонад, ки қобилу уҳдабарост. Ҳуқуқи шаҳрвандии хадро надонистану дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои надонистани меъёрҳои қонун давлат ё мақомоти онро гунаҳкор ҳисобидан, амалест берун аз меъёрҳои хираду сиёсат.

 Комиссияи интихоботӣ дар бораи ҳайати худ, маҳали воқеъ шудани участкаҳои интихоботӣ, вақти кори он ва рӯйхати интихобкунандагон ба аҳолӣ сари вақт хабар медиҳанд. Ин меъёри қонун дар ҳамаи интихоботҳои дар кишвари мо доиргардида риоя мешавад.

 Дар вақти маҷлисҳои комиссияҳои интихоботӣ, ҳангоми овоздиҳӣ, вақти ҳисобкунии овозҳо дар участкаҳои интихоботӣ, инчунин ҳангоми муайян кардани натиҷаи овоздиҳӣ ҳақ доранд як нафарӣ намоянда аз ҳизбҳои сиёсӣ, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, аз мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Маҷлиси намояндагони вакилони Маҷлисҳои вакилони ҳалқи ноҳияҳо ва шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки номзадҳоро ба мансаби Президент пешбарӣ кардаанд, намояндагони воситаҳои ахбори умум ва дар сурати зарурат мушоҳидагарон аз давлатҳои дигар ва ташкилотҳои байналхалқӣ иштирок намоянд. Намояндагон бояд ҳуҷҷатеро, ки аз тарафи ташкилотҳои онҳоро фиристода ва ваколатҳои онҳоро тасдиқкарда дода шуда, ки шакли онро  Комиссияҳои марказии интихобот ва раъйпурсӣ  муайян кардааст, дошта бошанд.

  Ҳизбҳои сиёсӣ, Федератсияи иттифоқҳои касабаи  мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Маҷлиси намояндагони Маҷлисҳои вакилони ҳалқи ноҳияҳо ва шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки номзадҳоро ба Президентӣ пешбарӣ кардаанд, камаш даҳ рӯз пеш аз интихобот дар бораи намояндаҳои худ ба комиссияҳои интихоботии ҳавзавӣ хабар медиҳанд. Дахолати мустақим ё ғайримустақими намояндагон ва мушоҳидагарони мазкур дар  ҷараёни овоздиҳӣ ва фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ манъ аст. 

  Ҳар гуна иштироки мустақим ва ё ғайримустақими ташкилотҳои хориҷӣ ва шахсони воқеӣ дар кори бо пултаъминкунӣ ва дигар хел дастгирии моддии маъракаи интихоботии номзадҳо ба мансаби Президенти ҷумҳурӣ қатъиян манъ аст.

 Мо бовар дорем, ки меъёрҳои дар боло зикршуда, дар интихоботи навбатии Президенти Тоҷикистон комилан риоя мешаванд ва мардуми сарбаланди Тоҷикистон бо иштироки муташаккилона соҳибистиқлолии комили сиёсии кишварро бори дигар собит мекунанд ва барои идома ёфтани сиёсати созандагию бунёдкоронаи Сарвари давлат овоз медиҳанд.

 

 Хайрулло Раҷабалиев,

ходими илмии АМИТ

Хондан 812 маротиба