JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 10 Январи 2022 04:46

Фарҳанги миллӣ дар рӯёрӯйӣ бо раванди бегонашавӣ

Муаллиф: Нозим Нурзода

  Раванди муосири ҳаводиси сиёсӣ дар баъзе мамолики шарқӣ собит сохта истодааст, ки бидуни доштани иммунитети фарҳангӣ ва сиёсӣ дар шароити сиёсии глобалӣ зиндагӣ кардан ва муҳимтар аз ин, зинда мондан мушкил аст. Мушкил ин ҷост, ки падидаҳои номақбул, хашин, мазарратовар ва ғайриинсоние монанди бунёдгаройӣ (фундаментализм), ифротгаройӣ (экстремизм), тундгаройӣ (радикализм) ва натиҷатан, даҳшатафканӣ (терроризм)-и динӣ-мазҳабӣ фазои фарҳангӣ ва маънавии мамолики Шарқи мусулмониро фаро гирифта, роҳи бурунрафтро аз ҳар тараф бастаанд. Падидаҳои мазкур, ки зоидаи табъу зеҳни ҷаҳолатмаобони давранд, ҳамеша аз ҷониби қудратҳои бузурги минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ҷонибдорӣ шуда, вазъи куллиро дар манотиқи гуногуни шарқӣ, ба вижа, Шарқи мусулмонӣ ноҷур месозанд. Сухан сари ин аст, ки фарҳангҳои миллию бумӣ дар ҷараёни ташаннуҷи ифротгаройӣ ва тундгаройии динӣ таҳти хатари азим гирифтор шуда, дар маърази нобудӣ қарор мегиранд.

  Аз таърих хуб дар ёд мондааст, ки идеологияҳои динӣ-мазҳабӣ дар ҳама давру замон бо мақсади дар инҳисори фикрӣ, сиёсӣ, маънавӣ ва иҷтимоӣ қарор додани мардум аз силоҳи таҷрибашудаи таърихӣ — ҷаҳлу ҷаҳолат ва зулму истибдод, ки пояҳои асосии низомҳои сиёсии диктаторӣ маҳсуб меёбанд, васеъ истифода намуда, бад-ин тариқ тӯдаҳои мардумро таҳти султаи худ мегиранд. Инҳитоти фарҳангӣ ва ё тазъифу ниҳоятан аз байн бурдани фарҳанги миллӣ роҳи аз ҳама қавӣ ва санҷидашудаи таърихиест, ки тавассути он фарҳангҳо, дину ойинҳо, расму маросим, диду андешаҳо, бинишу донишҳои мардум таҳриф шуда, бар пояи ҷаҳлу зулми маънавӣ нигаҳ дошта мешаванд ва саранҷом, дар зеҳни мардум бадгумониҳои фарҳангӣ реша давонда, раванди ҳувиятсозии сунъӣ ва бегонашавӣ (процесс отчуждение) дар ҷавомеи авомписанд тасаллут пайдо мекунад ва охируламр аз асли миллӣ ва бумӣ канда шудани комплексҳои фарҳанги мардумӣ ба миён меояд.

  Бегонашавӣ раванди глобалиест, ки тайи таърихи тӯлонӣ ҳувияти қавмию миллии мардумони гуногуннажодро хароб сохта, ба онҳо ҳувияти сунъию сохта «ҳадя» намудааст. Таҷриботи ҳаводиси таърихии давраҳои гуногун гувоҳи онанд, ки тавассути ҷаҳлу зӯрӣ ва тарсу ҳаросафканӣ интишор додан ва истеҳком бахшидани сиёсат ва фарҳанги бегона қисмати зиёди мардумро ба истилоҳ, манқурт сохта, иҷборан аз бовару эътиқодоти милливу бумиаш маҳрум намудааст. Аз ҷониби дигар, мардум ва қишрҳои маърифатии ҷавомеи таҳти тасаллути сиёсат ва фарҳанги бегона қарордошта ба хотири амнияти фардӣ аз арзишҳо ва боварҳои худӣ даст мекашанд. Хатарҳои вуҷудӣ  (ниг.: Бобоёров Ҳафиз. Методологияи «бехатарии вуҷудӣ»: мавзӯи нестӣ дар фалсафаи Ғарб. -Душанбе: Дониш, 2015. -С.6-7) инсонро дар баробари қудратҳои фикрию ҷисмонии бегона заиф месозанд ва ҷониби қабулу пазириши иҷбории қавонини бегонагон савқ медиҳанд. Дар ин росто, агарчи фарҳанги миллӣ тайи таърихи тӯлонӣ ҳамеша таҳти тасаллут ва контроли аҷнабиён қарор дошт ва дар натиҷаи «бориши барзиёди сели андеша ва фарҳанги бегона» тахриб шуд, вале қатъи назар аз ситезҳои бардавоми бегонагон аз рӯйи қудрат ва тавон бори гарони фарҳанги бумиро баркашонд. Аммо, бар хилофи ҷуръату ҷасорати миллию инсонии Ибни Ровандӣ, Закариёи Розӣ, Ибни Сино, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав ва соири бузургони миллӣ, бар асари ҷаҳолатписандӣ ва хурофотпарастӣ дар масири бегонасолорӣ иқдом бардоштем ва ба қавли устод Лоиқ:

Мо на онем, ки сад чашми ҷаҳонбин дорем,

Мо ҳамонем, ки ду чашми даҳонбин дорем.

  —Ҷодаи тираву норӯшани бегонасолориро тайи асрҳои мутааддид паймудем (ниг.: Шакурӣ Муҳаммадҷон. Хуросон аст ин ҷо. -Душанбе: Маориф, 1991. -С.19). «Ду чашми даҳонбин доштан» нишони камхирадӣ, камандешӣ, кӯрзавқӣ, сатҳинигарӣ, нодурандешӣ ва таҷрибанописандии мардум аст, ки сарнавишташро бо зулму ситам ва ҷаҳлу разолат даромехта, роҳҳои бунбастиро интихоб намуд. Агар либоси фарҳанг бо хирад, ростӣ, адолат ва ҷуръату ҷасорат пероста шуда бошад, сарнавишти неку сазовор ӯро интизор аст, дар акси ҳол, дар қолаби фарҳангҳои бегона ва тамаддуни аҷнабӣ ба сар мебарад ва ҳамеша дар ҳолатҳои хатарнок сари таъзим ба бутҳои фарҳангҳои бегона фуруд меоварад ва дар нобасомониҳо аз онҳо мадад меҷӯяд. Саранҷоми бад доштан аз бехирадӣ, беҳавсалагӣ, саҳлангорӣ, бетаваҷҷуҳӣ, бепарвоӣ ва беинсофии сардамдорони миллӣ ва мардумӣ сарчашма мегирад, ки Ҳаким Фирдавсӣ ҳанӯз дар замони худ ин нуктаи калидиро дар муносиботи фарҳангӣ ва иҷтимоӣ таъкид карда буд:

Ба Яздон, ки гар мо хирад доштем,

Куҷо ин саранҷоми бад доштем.

  Раванди бегонашавӣ ва бегонасолорӣ дар даҳсолаи ахир дар муҳити сиёсӣ, ахлоқӣ ва фарҳангии қаламрави ҷумҳурӣ истеҳком ёфта, ба таври худогоҳ ва нохудогоҳ фазои иттилоотӣ ва расонаии моро фаро гирифтааст. Мутолиаи ҷароиди мустақили миллӣ дар даҳ соли охир  ин даъвиро матраҳ мекунад, ки раванди бегонашавӣ ва, гузашта аз ин, бегонасолорӣ дар ҳавзаи сиёсӣ ва фарҳангии мо рӯз ба рӯз, ҳафта ба ҳафта ва сол ба сол таҳкиму тақвият ёфта, дар садади татбиқ шудан қарор дорад. Бегонашавӣ (alienation — The Oxford Rassion Dictionary. New York: Oxford University Press, 1993. -P.325)  раванди фарогирест, ки тавассути он инсон дар доираи хусусият ва характери худ бо таъсири авомил ва падидаҳои гуногуни иҷтимоӣ, аз қабили дин, мазҳаб, синф, сиёсат, фарҳанг ва амсоли инҳо бегона мешавад (ниг.: Бобоёров Ҳафиз. Озодандешӣ, бегонашавӣ ва ҳувиятсозӣ дар ислом. //Ҷумҳурият №249 (22554), 19 декабри соли 2014.-С.2) ва комплекси муносиботи иҷтимоӣ — олами афкор, гуфтору кирдори рӯзмарраи худро дар партави фарҳанги бегона таҷассум мекунад. Бегонашавӣ, ки аксаран, дар бардошт ё нусхабардорӣ (простое копирование)-и одии фарҳангу адён, расму русум ва ойину мазоҳиби бегона-аҷнабӣ зоҳир мегардад, ба тадриҷ зеҳниёти миллатро мунҳасир сохта, дар имтидоди муайяни замонӣ онро ба як ашё ё объекти истифода ва роҳандозӣ намудани ҳадафҳои геосиёсӣ ва геостратегии абарқудратони ҷаҳонӣ ва минтақавӣ табдил медиҳад. Раванди бегонашавӣ (процесс отчуждение) ҳарҷу марҷи сиёсӣ, фикрӣ, идеологӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро ба дунбол дорад ва он роҳи сарбаста ва бунбастиро барои қавму миллиятҳои мухталиф ба вуҷуд меоварад. Бегонашавии фикрӣ ва идеологӣ хатарноктарин навъи бегонашавист, ки оқибат ба бегонасолорӣ бурда мерасонад. Дар имтидоди тӯлонии замонӣ ҷомеаҳои мутеъ таҳти фишорҳои равонӣ, фикрӣ, идеологӣ ва ҷисмонӣ бевосита ва бавосита фарҳанг ва идеологияи ғайрро пазируфта, ба таври тадриҷӣ дар тафаккуру тахайюли хеш ҷо медиҳанд. Дар натиҷа тафаккури истеъморӣ шакл мегирад ва роҳи озодиҳои фикрию эҷодии онҳоро банд мекунад. Ба таври маснӯӣ банд шудани ҳофизаи таърихӣ (историческая память) ба фаромӯшии хотираи миллӣ оварда мерасонад. Дар ин мавқеъ инсон ва мушаххасан, миллияту халқият ба гирдоби бетафовутӣ ва саҳлангорӣ нисбат ба сарнавишти миллӣ меафтад ва баромадан аз чунин гирдоби вахим, ки бо амвоҷи бегонасолорӣ муназзам гардидааст, кори саҳлу осон нест. Дар натиҷа, инсон на танҳо аз фарҳангу маънавиёти бумӣ ё худӣ маҳрум мемонад, балки ба бегонапараст ва бегонасолор табдил меёбад. Махсусан, дар замони даргириҳои фикрию ақидатӣ ва геосиёсӣ, ки онро дар забон ва истилоҳи сиёсӣ «бархӯрди тамаддунҳо» унвон кардаанд, ҷараёни бегонашавӣ манофеи миллӣ ва мардумиро ба хатар мувоҷеҳ месозад. Ба қавли назарияпардози геосиёсӣ ва бархӯрдҳои тамаддунӣ Самюэл Ҳантингтон: «Сиёсати глобалӣ ин сиёсати тамаддунҳост. Рақобати давлатҳои абарқудрат бар пояи бархӯрди тамаддунҳо сурат мегирад» (ниг.: Хантингтон Самюэль. Столкновение цивилизаций. -Москва: АСТ, 2006. -С.7). Дурнамои сиёсати глобалиро Ҳантингтон дар бархӯрдҳои тамаддунҳое мушаххас намудааст, ки аслан, динмеҳваранд. Ба сухани сареҳтар, набарду бархӯрдҳои динӣ-мазҳабӣ дар манотиқи гуногуни ҷаҳон ба нақша гирифта шуда буд ва он дар асри бисту як дар шакли тунд (револютсионӣ) татбиқ шуда истодааст. Бо назардошти шароит ва вазъи номусоиди глобалӣ, таҳкими фарҳанги бумӣ бар мабнои  ҷаҳонбинӣ ва идеологияи воқеъбинонаи миллӣ, ки дар бовару асотири паҳлавӣ ва манобеи асримиёнагӣ дарҷ гардидаанд, ҳукми зарурат аст (ниг.: Бекзода Комил. Таърихи равшанфикрӣ аз даврони Ҷамшед то  замони Фирдавсӣ. -Душанбе, 2012. -С388-389). Хатти марказии фарҳанг ва сиёсати миллӣ дар симои шаҳриёри нимаустуравӣ ва ниматаърихӣ Ҷамшед чарх мезанад ва асотири ориёӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки ӯ на фарраи паёмбарӣ, балки фарраи шаҳриёриро ихтиёр намуда, дар ин дунё лаззат бурдан ва онро ободу зебо сохтанро меъёр ва шеваи зиндагии худ талаққӣ карда, дар татбиқи он калидғоя кӯшидааст(ниг.: Баҳор Меҳрдод. Аз устура то таърих. Гирдоваранда ва виростор Абулқосим Исмоилпур. Теҳрон, 1384. -С. 360). Бар қолаби фарҳанги ҷамшедӣ ҷашнҳои бостонии миллӣ (Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Сада) рехта шуда, ҳамагӣ барои танзими барномаҳои зиндагии инсонӣ офарида шудаанд (ниг.: Рӯҳуламинӣ Маҳмуд. Ойинҳо ва ҷашнҳои куҳан дар Ирони имрӯз. Теҳрон, чопи аввал, 1376. -С.15). Аз ин лиҳоз, пуштибонӣ аз фарҳанги ҷамшедӣ ва татбиқи он дар низоми сиёсӣ ва иҷтимоии ватанӣ ба сифати идеологияи миллӣ дар ҷараёни инҳисороти фарҳангӣ ва бархӯрдҳои сиёсию тамаддунӣ тадбири калидӣ маҳсуб меёбад.

  Геополитика ва геостратегия, қабл аз ҳама, бо ҳувияти миллӣ сари кор мегирад ва кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки онро дар ҷанинаш тағйир дода, масири ҳаракати тахайюл ва тафаккури объектро ҷониби ба худ  мувофиқ майл диҳад. Заъфи фикрӣ ва фарҳангӣ, зарфиятҳои тангу маҳдуди зеҳнию миллӣ боиси он мегардад, ки халқу миллиятҳо дар масири таърихи муосир аз ҷониби бозигарони бузург мавриди суйиистифода ва ба истилоҳ, манипулятсия қарор гирифта, ба даргириҳою низоъҳои хашин кашида мешаванд. Ба вежа, ашхос ва миллатҳое ба доми найрангҳои сиёсӣ ва фарҳангӣ меафтанд, ки фаъол нестанд ва дар олами хурофоту тақдирпарастӣ (фатализм) зиндагӣ мекунанд(ниг.: Бобоёров Ҳафиз. Моҳияти ифротгароии динӣ аз рӯйи сенарияи «бархӯрди тамаддунҳо»-и Самуэл Ҳантингтон. //Садои мардум №4 (3305), 7 январи соли 2015. -С.3). Зарфиятҳои фикрӣ ва фарҳангии миллӣ, ба қавли донишманди тоҷик С. Ятимов, дар мафҳуми «одоби миллӣ ё характери миллӣ» меғунҷанд, ки маҷмӯаи муносиботи ахлоқии имрӯзу ояндаи миллатро дар бар мегирад (ниг.: С. Ятимов. Назарияи эҳтимолияти равандҳои сиёсӣ. //Ҷумҳурият №252 (22557), 24 декабри соли 2014. -С.3). Ҳар қадар одоб ва характери миллӣ заиф ва камзарфият бошад, дар ҷараёни бархӯрдҳои фарҳангӣ ва ахлоқӣ ҳамон қадар осебпазиртар мегардад.

  Фарҳанги миллӣ на танҳо илму маърифат ва одобу маросим, балки маҷмӯан, рӯҳи миллию мардумиро таҷассум мекунад ва дар ҳофизаи таърихии миллат (историческая память) нигаҳ медорад. Хотираи таърихӣ маҷмӯаи андешавӣ, фарҳангӣ ва тамаддунии як қавм ва миллатро дар масири таърихи вуҷуд ҳифз мекунад ва ба ояндагони миллат эҳдо менамояд. Дар ин радиф, андеша ва тафаккури миллат муносибати худро, чӣ ба фарҳанги миллӣ ва чӣ ба фарҳангҳои умумибашарӣ муайян сохта, барои рушду такомули инсон, ҷомеа ва давлати миллӣ роҳ мекушояд (ниг.: Назария ва методологияи ваҳдати миллӣ. -Душанбе: Дониш, 2007.-С.38). Фарҳанг ва тамаддунро фарҳангшиноси маъруфи амрикоӣ Вил Дюрант назми иҷтимоие медонад, ки дар натиҷаи мавҷудияташ халлоқияти он имконпазир гардида, ҷараён пайдо мекунад (ниг.: Дюрант Вил. Таърихи тамаддун. Ҷилди 1. -Теҳрон, 1343. -С.3). Ба таври куллӣ, фарҳанг бавуҷудорандаи назми иҷтимоӣ буда, тайи таърих инсон ва муҳити инсонӣ месозад. Дар муҳитҳои инсонӣ муносибатҳои мутақобилаи судманд ташаккул ва ривоҷ меёбанд. Аз ин нигоҳ, фарҳанги миллӣ, қабл аз ҳама, махсусият ва атрибутҳои писандидаи мардумиро инъикос намуда, роҳи минбаъдаи таҳаввулу тараққиро барои наслҳо мушаххас мекунад.

  Ба таври куллӣ, дар раванди ҷаҳонишавӣ фарҳанги миллӣ дар инҳисор(изолятсия)-и хатарҳои зерин қарор дорад: а) пантуркизм, ки ҳанӯз аз ибтидои садаи бист таҳрифи ҳувият ва чеҳраи миллиро ҳадафи ниҳоӣ, стратегӣ ва ниҳоятан, идеологӣ қарор дода(ниг.: Шакурӣ М. Пантуркизм ва сарнавишти таърихии тоҷикон. -Душанбе: Адиб, 2010. -С.97), дар ин замина, ба сохтани симои ҷаълӣ ва фарҳанги маснӯии миллӣ пардохт. Тайи беш аз бист соли истиқлолият тавассути муассисаҳои таҳсилоти мутавассита (мактабу литсейҳо), филмҳои мутааддид ва дигар васоити муассири идеологӣ густариш ёфта истодааст; б) панисломизм-панарабизм, ки тавассути мавъизаҳои ба истилоҳ, муллоҳои маҳаллӣ ва берунӣ пиёда мешавад ва мутаассифона, фазои иттилоотӣ, фарҳангӣ ва сиёсии миллиро мағшуш сохтааст; в) панрусизм, ки русгаройии ифротиро дар минтақа роҳандозӣ намуда, роҳро барои бегона шудани ҳувияти миллӣ ҳамвор кардааст. Ҳамчунин, урупоигаройӣ ё ғарбгаройии ифротӣ низ дар баробари соири авомили ҳувиятситез вуҷуд дорад. Мо, аслан дар зоҳир ғарбгаро ва чуноне ки баъзан киноя мезананд «ғарбзада» ҳастем. Аллома Иқбол ин масъаларо пайгирӣ намуда, таъкид дошта буд, ки қудрати Мағриб аз илму дониш аст, на аз либос ва дар ин росто, ба насли ҷавони ҷомеа ҳушдор дода буд:

Илму фанро, эй ҷавони шӯху шанг,

Мағз мебояд, на малбуси фаранг.

  Аз хатароти фарҳангии фавқ зиёдтар пантуркизм ва панисломизм дар минтақа таъсири амиқ ва густурдатар доранд. Онҳо ҳатто дар сатҳи расмӣ дастгирӣ меёбанд ва қисмати аъзами армияи илму маориф онҳоро ҷонибдорӣ мекунанд. Идеологияи пантуркистӣ имрӯз дар қолаби таълимоти мазҳабӣ ба арсаи фарҳанги миллӣ ворид гардидааст. Миёни авом аз эътибор ва нуфузи зиёд бархӯрдор будани тоифаи ба истилоҳ, мулло ва домулло баёнгари вазъи номутаносиби сиёсӣ ва фарҳангии минтақавӣ (ниг.: Холиқзода Ҳафиз. Оё дин, илм ва мулло равшанфикр аст? //Садои мардум.№148 (3294), 10 декабри соли 2014.-С.3), илова бар ин, салтанати безавқӣ ва камхирадӣ мебошад.

  Бояд тазаккур дод, ки аз охири садаи бистум дар тарҳи нави сиёсӣ масъалаи ба ислом рӯ овардани масеҳиён ва умуман, фарҳангиёну нухбагони урупоӣ матраҳ аст. Бо ин фиреби назар дастандаркорон исломгаройиро дар шакли таҷаммуи мардумӣ тавсеа додан мехоҳанд ва ин падидаро дида, ҷомеа аз диёнати исломӣ ва бартарияти он аз дигар ақоиду мазоҳиб ифтихор мекунадҲол он ки ҳанӯз нависанда ва мутафаккири шаҳири иронӣ Содиқ Ҳидоят дар нимаи аввали садаи бистум ин масъаларо дарк намуда, таъкид дошта буд, ки фаронсавиён (фарангиён — урупоиён -Н.Н.) ба ислом ин қадар зиёд часпидаанд, то мусулмононро беҳтар савор шаванд (ниг.: Ҳидоят Содиқ. Корвони ислом. Интишороти Созмони ҷунбиши натсионалистии донишгоҳиёну донишпажӯҳон ва равшанбинони Ирон, 1361. -С.6). Чашми насли ҷавони ҷомеаи тоҷикӣ таҳти таъсири ин манипулятсия, мисли ин ки ихтиёран баста шудааст. Ин насл намехоҳад чашмашро боз карда, воқеият ва ҳақиқатро ошкоро бубинад. Охир, кори эҳсосоту тасаввурот, ки дин ва мазҳаб бар мабнои онҳо асос ёфтааст, дар сарҳади бехудӣ анҷом меёбад. Ҳувияти динӣ-мазҳабӣ, дар ҳар шакли зуҳур баёнгари ҳувияти миллӣ нест, чаро ки побанди маҳдудиятҳои ақидатист. Тайи таърихи тӯлонӣ марзи андеша, фарҳанг ва дар маҷмӯъ, рӯҳи миллӣ дар инҳисороти идеологӣ  қарор дошт ва ин раванд дар шароити имрӯза, ки бархӯрдҳои тамаддунии динмеҳвар рӯз ба рӯз ташаннуҷ мекунанд, таҳкиму тақвият ёфта истодааст. Дар ҳоле ки дар таърихи миллӣ нахустин маротиба Куруши Кабир ба тамаддун, эътиқод, афкор, мазҳаб ва сунани иҷтимоии миллатҳои мағлуб ба дидаи эҳтиром менигарист (ниг.: Ризоӣ Абдулазим. Таърихи даҳҳазорсолаи Ирон. Ҷилди аввал. Теҳрон, 1368.-С.249), аксари наслҳои имрӯзии мо, ки бар асари фишору таҳоҷуми мағзии ифротӣ ҳувияти бегонаро пазируфтаанд, дар масири бегонагӣ  ҳаракат карданро  авло медонанд.

  Раванди бегонашавӣ роҳи мустақимро барои бурузи ифротгаройии динӣ ҳамвор месозад. Решаю авомили бурузи ифротгаройӣ ва ба истилоҳ, эктремизми динӣ-мазҳабӣ, қабл аз ҳама, дар ақибмондагии саросарии иҷтимоӣ зоҳир мегардад. Ҳар қадар иҷтимоъ мутамоили ҷаҳолату афкори пӯсидаи гузашта бошад, ҳамон қадар хатари ҳама гуна ифроту тафритгарӣ, ки бар ҳасби истилоҳ, «авомзадагӣ» талаққӣ мешавад, онро таҳдид мекунад. Ба назари ҷомеашиноси иронӣ Алӣ Ризоқулӣ, авомзадагӣ, ки дар асоси ҷаҳолату нодонӣ рӯйи кор меояд, як бемории риққатбор ва андешакуши иҷтимоӣ (ва миллӣ -Н.Н.) аст (ниг.: Ризоқулӣ Алӣ. Ҷомеашиносии нухбакушӣ: таҳлили ҷомеашинохтии бархе аз решаҳои истибдод ва ақибмондагӣ дар Ирон. Теҳрон: Нашри Най, 1377. -С.227-228). Авомзадагӣ, дар асл, хирадситезӣ ё ба қавли Абдулҳодӣ Ҳоирӣ, «яксуянигарӣ» (ниг.: Зебокалом Содиқ. Мо чӣ гуна мо шудем: решаёбии илали ақибмондагӣ дар Ирон. Теҳрон: Интишороти Равзана, 1378.С.206) буда, мунҷар ба афзоиши бемайлони ифротгаройӣ ва ба ин монанд истибдоди равонию ҷисмонӣ мегардад. Ин аст, ки маҳз салтанати тадриҷии ҷаҳолати минтақавӣ боиси вусъат пайдо кардани раванди бегонашавӣ гардида истодааст. Ҳарчанд ки илму дониши ҷаҳонӣ имрӯз  вусъати кайҳонӣ касб мекунад, мо ҳанӯз дар фикри побарҷо доштани хурофоту таассуби динӣ-мазҳабӣ зиндагӣ мекунем ва ақаллан фармудаю насиҳати Мавлоно Ҷалолуддини Балхиро, ки ифтихори дину мазҳаб аст, ба эътибор намегирем:

Сахтгириву таассуб хомӣ аст,

То ҷанинӣ, кор хуношомӣ аст.

  Таассубу хурофот аз нодонӣ ва ҷаҳолати иҷтимоъ маншаъ мегирад. Дар ҳолати ҷаҳолат қарор доштани ҷомеа ҳамеша ба манфиати гурӯҳҳои манфиатҷӯйи байналмилалӣ, ҳамчунин, табақаҳои муфтхӯри дохилӣ буда ва ҳаст. Бинобар ин, аз ин вартаи ногувори фикрӣ ва идеологӣ, ки моро ба сӯйи бегонашавӣ ва бегонасолорӣ кашида истодааст, бо дониши зиндаи дунявӣ ва замонавӣ мебояд раҳо шуд. Дар акси ҳол, фарҳанги миллиро буҳронҳои шадид интизоранд, ки то ба ҳадди нобудии он таҳдид мекунанд.

  Ташаккул ва рушди тафаккури интиқодӣ (критическое мышление) яке аз роҳҳои баланд бардоштани қудрат, масуният ё иммунитети фарҳангӣ ва сиёсии мо маҳсуб меёбад. Аз назари интиқодӣ таваҷҷуҳ намудан ба арзишҳои сиёсӣ ва фарҳангии башарӣ ва дар айни замон ба фарҳанги миллӣ, имкон медиҳад, ки зеҳни ҷустуҷӯгар ва халлоқи миллат рушду тавсеа ёбад. Гузашта аз ин, мо тайи солҳои тӯлонӣ аз як навъ эпидемияи иҷтимоии ифтихороти сатҳӣ ранҷ мебарем ва ҳамеша аз гузаштагони худ бебаркаш ифтихор мекунем, дар ҳоле ки осори онҳоро ҷиддӣ намеомӯзем, афкори пешқадамашонро дар амал татбиқ намекунем. Ҳолати мо ҳолати назариявӣ (теоретикӣ) буда, ба амалгаройӣ (прагматизм) кам таваҷҷуҳ дорем ва ё ба он, аслан эътино намекунем. Равиши муосири идеологӣ ва сиёсию фарҳангӣ ба амалгаройӣ такя мекунад, аз ин рӯ, вазъи имрӯзӣ зарурати аз назария ба амалия  гузаштанро тақозо менамояд. Дар шакли шиорпароканӣ садо аз ифтихороти миллӣ дардодан басанда нест, ин ифтихоротро дар амал татбиқ бояд кард ва, албатта, на бо забон, балки бо кору пайкори самимӣ, содиқонаи ватанпарастона ва орӣ аз худнамоиву фахрфурӯшӣ.

  Файласуф ва мутафаккири франсавӣ Волтер гуфта буд: «Барои шинохти қавонини табиат садаҳои тӯлонӣ лозим аст, аммо барои шинохтани вазифаи инсон як рӯз кифоят мекунад, то инсон вазоифи худро шиносад». (ниг.: Аҳмадӣ Бобак. Кори рӯшангарӣ. Теҳрон: Марказ, 1384.-С.132). Бо такя ба гуфтаи Волтер, афроди солимақли халқу миллатро зарур аст, ки рисолат ва вазифаи миллӣ ва инсонии худро шиносанд ва дар пайи дифоъ аз ҳувият, ҳайсият ва фарҳанги миллӣ дар баробари фишору таҳоҷуми сиёсию иттилоотии мухарриби аҷнабӣ гомҳои устувор бардоранд. Зимнан, дар замони тавтеаҳо, иттиҳомзаниҳо ва иғвогарию дасисабозиҳои гуруҳҳои манфиатхоҳи дохилию хориҷӣ зиндагӣ карда истодаем ва метавон ҳар навъ иттиҳомро мунтазир шуд. Бо таваҷҷуҳ ба ин, муаллифи матлаб, ба ҳеҷ ваҷҳ, муқобили навгаройиву таҷаддуд нест. Аммо намояндагони созмону гурӯҳҳои иғвогар, фурсатталаб ва авомфиреб метавонанд аъмоли зиддимиллӣ ва ё миллатситезонаи худро бо либосу пӯшишҳои «суннатписандӣ», «навгаройӣ», «тамаддуни умумибашарӣ», «арзишҳои умумибашарӣ» ва амсоли инҳо музайян карда, вориди бозӣ бигарданд ва ба қавли мардумӣ, «обро лой» намуда, моҳӣ бидоранд.

Нозим Нурзода

 муҳаққиқ

https://farazh.tj/sahifai-asosy/farhang/farhangi-milly-dar-rujorujy-bo-ravandi-begonashavy/

Хондан 870 маротиба