JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 11 Январи 2022 08:31

Тарбияи соҳибкасбон ва нақши онҳо дар рушди саноат

Муаллиф: Ф.Холмуродов

(Вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз санаи 21 декабри соли 2021)

  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 декабри соли 2021 Паёми навбатии худро ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ирсол намуда, зимни он вазъи имрӯзаи ҷомеаи Тоҷикистонро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд ва самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии давлатро барои соли 2022 муайян намуданд.

  Дар Паёми худ ба маҷлиси Олӣ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

  Дар оғози Паём Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз масъулияти ҳифзи истиқлолият, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияту оромии давлату ҷомеа ва ободиву пешрафти кишвар ёдовар шуда, иброз намуданд, ки «Расидан ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва Ваҳдати миллӣ ва бо ҳамин роҳ аз хатари нобудӣ наҷот додани давлати тоҷикон ва аз парокандагӣ эмин нигоҳ доштани миллати тоҷик дастоварди бузургтарини таърихии мо дар замони соҳибистиқлолӣ мебошад, ки ба он маҳз ба шарофати пуштибонаи самимонаи мардуми шарифи Тоҷикистон муваффақ гардидем».

  Тазаккур дода шуд, ки танҳо дар панҷ соли охир музди кори кормандони соҳаҳои буҷетӣ, аз ҷумла илму маориф, тандурустиву фарҳанг, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ то се маротиба зиёд карда шуд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки имсол низ аз якуми июли соли 2022 музди меҳнати кормандони моқомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муасссисаҳои буҷетӣ, инчунин стипендияи донишҷӯён  ва дигар намудҳои стипендия 20 фоиз зиёд карда мешавад. Ғайр аз ин ҳадди ақалли музди меҳнат аз якуми июли соли 2022-юм 50 фоиз зиёд карда, андозаи он дар ҳаҷми 600 сомонӣ муқаррар карда мешавад.

  Таваҷҷуҳи зиёд ба рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, пеш аз ҳама маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ зоҳир гардид. Дар робита ба тарбияи фарзандон ва насли ҷавони кишвар таъкид гардид, ки фарогирии онҳо ба таълиму тарбияи босифат, соҳибкасб гардонидан, роҳ надодан ба гароидани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои хатарноки ифротгаро дар маркази таваҷҷуҳи падару модарон, устодону омӯзгорон ва тамоми аҳли ҷомеа бояд қарор дошта бошад. Чунончӣ, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз доштанд: «Дар панҷ соли оянда як миллион нафар шаҳрвандони кишвар бояд соҳибкасб гардонида шаванд. Илова ба ин зарур аст, ки сифати таҳсилот ва касбомӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ беҳтар карда, ихтисосу ҳунарҳое, ки барои бозори меҳнат заруранд таъсис дода, ҷиҳати бо шуғл таъмин намудани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва занону бонувон тадбирҳои қатъӣ андешида шаванд».

  Бо изҳори қаноат ва рушди бонизоми саноат дар Тоҷикистон, аз ҷумла сохтмон ва ба кор даровардани корхонаҳои бузурги истеҳсол металлҳои гуногун, семент ва дигар масолеҳи сохтмонӣ, корхонаҳои коркарди пахта, меваю сабзавот, гӯшту ши рва дигар маҳсулоти кишоварзӣ, кир бо технологияи муосири ҷаҳонӣ муҷаҳҳаз шудаанд, ҳамзамон ба Ҳукумати мамлакат дастур дода шуд, ки барномаи дарозмуддати пешрафти соҳаи саноатро таҳия ва қабул намояд.

  Амалигардонии ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар имкон медиҳад, ки рушди устувори соҳаи саноат ҳамчун тавлидкунандаи арзиши баланди иловашуда таъмин гардида, дар ин раванд даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил карда мешавад. Танҳо соли 2021-ум 256 коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ бо 2500 ҷийи корӣ ба фаъолият оғоз намуд. Дар замони соҳибистиқлолӣ бошад шумораи корхонаҳои саноатӣ то ба 2360 расонида шуд.

  Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки захираҳои бузурги ашёи хоми ватанӣ имкон медиҳад, тавассути коркарди пурраи маъдан соҳаҳои саноати металлургия, сабуку хӯрокворӣ ва дорусозӣ рушд намуда, саноатикунонии босуръати мамлакатро бояд таъмин намуд. Аз ин лиҳоз  барои ташкили корхонаҳо бо технологияҳои муосир, паркҳои инноватсиониву технологӣ, марказҳои коркарди иттилоот ва ба ин васила таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ва истеҳсоли ниҳоии дорои арзиши баланди иловашуда бояд тамоми тадбирҳо андешида шаванд.

  Иброз гардид, ки вобаста ба талаботи саноат масъалаи баланд бардоштани сифати таҳсилот, такмили нақшаҳои таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва тайёр намудани мутахассисони касбҳои нав эътибори ҷиддӣ дода шавад.

  Ҳамчунин зикр гардид, ки дар ҷомеа насли нави соҳибистеъдод, илму донишдӯст ва фарҳангпарвару забондон ба камол расида истодааст ва онҳоро аз ҳар ҷиҳат бояд дастгирӣ намуд. Насли навраси мо соҳибистеъдод ва фарҳангпарвар буданашонро дар озмунҳои «Илм фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон-Ватани азаи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва олимпиадаҳову озмунҳои гуногун исбот намуда, барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи саводнокиву, маърифатнокӣ, тақвияти завқи зебоипарастӣ саъю кӯшиш карда истодаанд.

  Дар хулосаи Паём аз ҷумла хотирнишон гардид, ки «Мо ҳама якҷоя як кишвари дар дами ҳалокат қарордоштаро ба қаламрави сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, Ваҳдати миллӣ ва шукуфоиву ободӣ табдил додем, қодир ҳастем, ки ҳамаи мушкилоти дигарро низ бартараф карда, дар ояндаи наздик Тоҷикистони маҳбубамонро бо заҳмати сарҷамъонаву ватандӯстона боз ҳам ободу пешрафта гардонем ва обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорем».

  Шоистаи ифтихор мебошад, ки олимони институти мо аз гуфтаҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯҳбаланд шуда, баҳри тарбияи насли наврас дар ҷодаи илму маърифат боз ҳам зиёдтар саъю кӯшиш ба харҷ хоҳанд бурд.

 

 Ф.Холмуродов

Муовини директор оид ба илм ва таълими Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови АМИТ

Хондан 834 маротиба