JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 25 Январи 2018 07:51

Фарҳанги миллӣ ва иммунитети фарҳангӣ

Муаллиф:

Фарҳанги миллӣ ва иммунитети фарҳангӣ

(гузориши масъала)

    Зебоии замину замон аз намуди мост,

    Ин осмон масири фарозу фуруди мост,

     Ноогаҳӣ тариқати банду қуюди мост,

    Огоҳӣ расму маслаки фатҳу кушуди мост,

    Беазмиҳо асолати заъфу рукуди мост,

    Фарҳанг аслу азму тавони вуҷуди мост,

    Гуфту шунуди мост,

    Пайку дуруди мост,

    Шеъру суруди мост.

    Чун тору пуди мост,

    Пас, ҳасту буди мост!

  Мардуми форсу тоҷик тайи таърихи тӯлонӣ тавассути таҳоҷуму истеъмори аҷнабӣ, зулму истибдоди дохилӣ, саҳлангории давлатмардону ҳукуматдорон, бехабарию ноогоҳӣ аз вазъи сиёсию иҷтимоӣ ва динию дунявии замон, нашнохтани ҳадафу мақсадҳои идеологии бегонагон ва билохира рӯйкард ба ҷаҳл, хурофот ва таассуб ранҷу азоби зиёд кашида, дар ҳоли хастагии ҷисмию рӯҳӣ давраҳои тӯлонии таърихиро пушти сар карда, то ба замони нав расид. Албатта, ба шарофати истиқлолият дар марҳилаи навини таърихӣ мардуми тоҷик масири зиндагиро тағйир дода, рӯ ба таҷаддуди фикрию сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ ниҳода, кӯшишҳои зиёде дар пайи халосӣ аз бандубори хурофоту ҷаҳолат ва таассуби динӣ-мазҳабӣ менамояд. Ҳадаф инҷост, ки ҷаҳолат, хурофот ва таассуб ҳамеша ифротгаройиро тавлид карда, василаю абзори муҳими тадовуми беназмию бетартибӣ, бадахлоқию бадандешӣ, кинаю адоват, нафрату бадбинӣ дар ҷомеа гардида, роҳи тараққиёту таҳаввулоти иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, ахлоқӣ, фикрӣ, фарҳангиро ба таври куллӣ барбаста, мардумро дар тангнои фикрию сиёсӣ қарор дода, ҷониби хирадзудоию варшикастагӣ равона месозад.

  Аз таърих хуб дар ёд мондааст, ки идеологияҳои динӣ-мазҳабӣ дар ҳама давру замон бо мақсади дар инҳисори фикрӣ, сиёсӣ, маънавӣ ва иҷтимоӣ қарор додани мардум аз силоҳи таҷрибашудаи таърихӣ -- ҷаҳлу ҷаҳолат ва зулму истибдод, ки пояҳои асосии низомҳои сиёсии диктаторӣ ва такраҳбарӣ маҳсуб меёбанд, васеъ истифода намуда, бад-ин тариқ тӯдаҳои мардумро таҳти назари доимӣ мегиранд. Инҳисор ё изолятсияи фарҳангӣ роҳи аз ҳама қавӣ ва санҷидашудаи таърихиест, ки тавассути он фарҳангҳо, дину ойинҳо, расму маросимҳо, диду андешаҳо, бинишу донишҳои мардум таҳриф шуда, бар пояи ҷаҳлу зулми маънавӣ нигаҳ дошта мешаванд ва саранҷом, дар зеҳни мардум бадгумониҳои фарҳангӣ реша давонда, раванди бегонашавӣ (процесс отчуждение) дар ҷавомеи авомписанд тасаллут пайдо мекунад ва охируламр аз асли миллӣ ва бумӣ канда шудани комплексҳои фарҳанги мардумӣ ба миён меояд.

  Раванди муосири ҳаводиси сиёсӣ ва воқеиятҳои таърихӣ дар мамолики Ховари Миёна собит месозад, ки бидуни доштани иммунитети фарҳангӣ ва сиёсӣ дар шароити сиёсии глобалӣ зиндагӣ кардан ва, муҳимтар аз ин, зинда мондан мушкил аст. Мушкил ин ҷост, ки падидаҳои номақбул, хашин, мазарратовар ва ғайриинсоние монанди бунёдгаройӣ (фундаменталитзм), ифротгаройӣ (экстремизм), тундгаройӣ (радикализм) ва натиҷатан, даҳшатафканӣ (терроризм)-и динӣ-мазҳабӣ фазои фарҳангӣ ва маънавии мамолики Ховари Миёнаро фаро гирифта, роҳи бурунрафтро аз ҳар тараф бастаанд. Падидаҳои мазкур, ки зоидаи табъу истеъдоди ҷаҳолатмаобони давранд, ҳамеша аз ҷониби қудратҳои бузурги минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ҷонибдорӣ шуда, вазъи куллиро дар манотиқи гуногуни шарқӣ, ба вижа, шарқи мусулмонӣ ноҷур месозанд. Сухан сари ин аст, ки фарҳангҳои миллию бумӣ дар ҷараёни ташаннуҷи ифротгаройӣ ва тундгаройии динӣ таҳти хатари азим гирифтор шуда, дар садади нобудӣ қарор мегиранд.

  Набояд фаромӯш кард, ки ҳувияти динӣ-мазҳабӣ, дар ҳар  шакли зуҳур баёнгари ҳувияти миллӣ нест, чаро ки побанди маҳдудиятҳои ақидатист. Тайи таърихи тӯлонӣ марзи андеша, фарҳанг ва дар маҷмӯъ, рӯҳи миллӣ дар инҳисороти идеологӣ қарор дошт ва ин раванд дар шароити имрӯза, ки бархӯрдҳои тамаддунии динмеҳвар рӯз ба рӯз ташаннуҷ мекунанд, таҳкиму тақвият ёфта истодааст. Дар ҳоле ки дар таърихи миллӣ нахустин маротиба Куруши Кабир ба тамаддун, эътиқод, афкор, мазҳаб ва сунани иҷтимоии миллатҳои мағлуб ба дидаи эҳтиром менигарист (Ризоӣ Абдулазим. Таърихи даҳҳазорсолаи Ирон. Ҷилди аввал. Теҳрон, 1368.–С.249), аксари наслҳои имрӯзии мо, ки бар асари фишору бориши мағзии ифротӣ ҳувияти бегонаро пазируфтаанд, дар масири бегонагӣ  ҳаракат карданро  авло медонанд. Фарҳанги ҳар ҷомеа (қавм, тоифа ё миллат) махлуқи фаъолиятҳои фикрӣ ва зеҳнии ҷомеа аст. Миллатҳо, ақвом ва тавоиф бо фарҳангашон аз якдигар мутамоиз мешаванд ва ҳувияташон дар фарҳанг нуҳуфтааст (ниг.: Ҳасан Малик. Фарҳанг ҳастаи муқовимат дар баробари таҳоҷуми бегонагон аст. http: //http. Kavehroom. Com/ –С.145). Ин аст, ки доштани иммунитети фарҳангӣ яке аз василаҳои асосии мубориза ва муқовимат дар баробари воқеиятҳои талхи зиндагист. Иммунитет, яъне сироятнопазирии шахсият, қавмият, миллият ва ниҳоятан, халқият дар муҳит ва фазои мушаххас. Фарҳанги миллӣ, ки зоидаи табъи аҳли илму маърифати гузаштаю имрӯзии миллат аст, метавонад сипари фикрӣ, мафкуравӣ ва иҷтимоӣ бошад ва дар баробари мафкураи бегона истодагарӣ намояд ва ҷомеаро аз вартаи худбохтагӣ наҷот бахшад.

  Дарвоқеъ, осебпазирии иҷтимоъ бештар рӯйи ифротгаройии насли ҷавон тамаркуз мекунад ва эҳтимоли мувоҷеҳ шудани ҷомеаи тоҷик бо буҳронҳои фикрӣ ва ахлоқӣ вуҷуд дорад. Хатар, пеш аз ҳама, инҷост, ки пояҳои ниҳодҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, фикрӣ, маърифатӣ ва фарҳангии мо аз назари сатҳи огаҳӣ ва бинишмандӣ заиф ба назар мерасанд ва ин ақшор байни худ дар таноқузи огоҳона ва ноогоҳона қарор гирифта, ҳанӯз ба сатҳи зарурии иттиҳод ва тафоҳуми фарҳангӣ нарасидаанд. Дар шароити имрӯза, ки пешорӯйи мо хатароти ҷиддӣ --ифротгаройӣ, тундгаройӣ ва тарсафкании динӣ-мазҳабӣ қарор доранд, фарҳанги миллӣ метавонад ба сифати абзори неруманди мафкуравӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фикрӣ дар баробари хатароти фавқ  истодагарӣ намояд ва тавозунро дар  ҳар шакле  ҳифз созад. Бо таваҷҷуҳ ба ин, ниҳодҳои маърифатӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фикрӣ ва фарҳангиро зарур аст, ки барои ҷилавгирӣ аз ташаннуҷи хурофоту таассуби динӣ-мазҳабӣ (ки аз рӯйи таҷриботи таърихӣ, одатан дар шакли ифротию тафритӣ буруз мекунад) дар муҳитҳои иҷтимоӣ бо ҳам муттаҳид бошанд ва ба ин восита дар ҳамбастагии миллӣ ва таҳкиму тақвият бахшидани раванди миллатсозӣ ва давлатофаринӣ дар марҳилаи ҳассоси геополитикӣ саҳми асосӣ бигиранд.      

Нозим Нуров,

муҳаққиқ

Хондан 2144 маротиба