JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 14 Октябри 2021 04:49

Фазои иттилоотӣ ва таъсири он ба мафкурасозӣ

Муаллиф: И.Шарифзода

  Инсонҳо бо баробари тавллид шудан соҳиби андеша ва тафаккур нестанд, тарзи андеша ва мафкураи ҳар инсон дар заминаи маънавиёти як ҷомеа ва тарзи тарбия рушд меёбад. Дар раванди ташакулёбии фард ва иҷтимоишавии он пеш аз ҳама таъсири тарбияти хонаводагӣ ва омӯзишу парвариш, таъсири аҳли ҷомеа ниҳоятан муҳим аст. Ҳеҷ инсон бо тавллиди хеш мутааллиқ ба арзишҳои хуб ё бад нест. Он дорои имконияти касби дониш, фарогирии маънавиёт ва рушди шахсияти хеш аст. Муҳим он аст ки ба фард ҷиҳати тарбият намудани он кадом навъи ғизои маънавӣ пешниҳод мегардад. Муҳити иҷтимоӣ ва махсусан маънавиёти тарзи андеша ва  навъи бароварда кардани ниёзҳои иҷтимоӣ метавонанд дар таалуқияти варзидани шахс ба кадомин навъи арзишҳо, огоҳӣ ва дарки озодиву масъулият дар он. Худшиносии фардиву миллӣ ва иҷтимоии он таъсиргузор бошанд. Имрӯз дар ҷаҳоне, ки мо ба сар мебарем, ҷаҳони иттилоотӣ буда, дар баробари тарбияту маънавиёти ҷомеа, омӯзишу парвариш навъи иттлорасонӣ низ дар ташаккули ҷаҳонбинӣ ва мафкураи фардҳо таъсиргузоранд. Айни ҳол, шеваҳои таъсиррасонӣ маҳз тавассути фазои иттилотиро пӯшиш додан аз анвоъи ахбори таъсиррасон ба мафкурасозӣ таъсиргузор аст. Кишварҳои гуногуни ҷаҳон дар раванди боло бурдани донишу огоҳии ҷомеа ва муқовиматпазир гардонидани баданаи иҷтимоӣ дар баробари хатароти итиллотии харобиовар тадбирҳо ҷӯста имконоти хешро сафарбар менамоянд. Дар баробари ин яке аз роҳҳои тавсеаи ва паҳнгардонии афкори хурофотӣ ва шеваҳои ифротгароиву терористӣ аз ҷониби гурӯҳҳои манфиатхоҳ тавассути пахши ахбори ғаразноку манфиатҷӯёна дар фазои иттилоотӣ маҳсуб аст.

  Дар ҷаҳони имрӯз иттилорасонӣ яке аз шеваҳои асосии баланд бардоштани маърифати иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад ва он тавассути рўзномаю маҷалла шабакаҳои радиоию телевизионӣ ва сомонаҳои интернетӣ ба амал бароварда мешавад. Муҳимияти расонанигорӣ он аст, ки то чи андоза метавонад афкори дуруст ва аз лиҳози илмӣ санҷида шударо ба мардум ироа дорад. Ҳамин аст, ки расонанигорӣ ба ҳайси яке аз муҳимтарин воситаҳои идоракунии ҷомеа низ ба ҳисоб меравад. Ҳар қадар агар иттилоъ дақиқ илман асоснок ва ба воқеият баробар бошад ҳамон андоза метавонад ба зеҳнияти мардум таъсиргузор бошад ва онҳоро дар рўҳияи дунявият ва шинохти воқеии ҷаҳон ва ҳаводиси он савқ бидиҳад. Баръакс ҳар қадар агар матлаби ба нашр расида ё тавассути шабакаҳои гуногуни радиоию телевизионӣ пахш шаванда аз доираи маърифати илмӣ дуртар бошанд ва фарогири афкоре бошанд, ки аз бовармандӣ маншаъ гирифта бештар баёнгари афкори хурофотию таассубзада бошанд, ҳамон қадар ба хонанда шунаванда ва бинанда таъсири манфии хешро мегузоранд. Дар аксар аз кишварҳое ки сатҳи пасти маърифати илмӣ амал менамояд дар онҳо бештар ҳамин вазъ хос аст. яъне дар расонанигорӣ радиою телевизион сомонаҳои интернетӣ аксаран маводе ба нашр мерасад, ки онҳо бештар таблиғгари рўҳияи таасубзадгиву хурофотӣ ва дур аз ҷаҳонбинии илмӣ ба ҳисоб мераванд. Таблиғоти густурдаи чунин афкор тавассути расонаҳои гуногун боиси он мегардад, ки сафи нафарони мутаассиб дар ҷомеа меафзояд. Аз тарафи дигар гурўҳое ки мехоҳанд аз таассубзадагию хурофаандешӣ мардумон суд ҳосил кунанд, барояшон бисёр содда ва осон аст ки ба дин восита сафи тарафдорони хешро биафзоянд. Гурўҳҳои исломгарои муосир маҳз тавассути расонанигорӣ, пахши ахбори зидду нақиз таблиғи густурдаи идеяҳои ифротгароёна аз қабили ҷиҳоду шаҳодат дар роҳи дин, бартар нишон додани дину боварҳои хеш нисбат ба дину бовари дигарон, ҳамчунин таҳаммулнопазирию маҳкум ба нобудӣ намудани нафароне, ки андеша бовар ва тафаккури дигар доранд, ба амал бароварда мешавад. Мутаассифона, чунин рафтор боиси он мегардад, ки ҷавонон ва гурўҳҳои ноогоҳи иҷтимоӣ мағзшўӣ шуда ҳамин гуна афкори муғризу хатарнокро ба ҳайси айният ва ҳақиқат қабул менамоянд ва бадин восита умри худу имкони инсонияшонро бар ҳадар медиҳанд. Исломгароёни муосир тавассути сомонаҳои интернетӣ дар ҳар шакле вориди амал мешаванд ва бо таблиғи густурдаи ҳадафҳои хеш афкори иҷтимоиро заҳрогин месозанд. Агар ба умқи амалкардҳои онҳо назар афканӣ хоҳи дарёфт ки аксар аз амалҳои зидди инсонӣ ки анҷом медиҳанд, ба онҳо барчаспҳои динӣ дода аз худ нафареро ба ҷилва меоранд, ки гўё воқеан ҳам онҳо барои ҳадафҳои пок нигоҳ доштани дину бовари мардум хидматгумор бошанд. Вале ин танҳо як зоҳири фиребое аст, ки аслан бар ҳадафи ғаразноки онҳо ба амал бароварда мешавад. Исломгароён хуб медонанд, ки ҳар қадар ҷомеа таассубзада хурофотӣ ва дур аз илму маърифат тавакалӣ тақдиргаро ва амсоли ин бошад, онҳо ҳамон қадар метавонанд ҳадафҳои худро бароварда созанд ва аз худ донандаи осмону замин ва пайвандгари инсону офаридгор ба намоиш дароваранд. Аз ин рў, онҳо ҳамеша душмани сарсахти илму маърифат ва ҷаҳонбинии илмианд. Дар тамоми мавъизаҳои хеш кушиш ба харҷ медиҳанд то дастовардҳои илмӣ ва шинохти илмии ҷаҳонро каҷу бемоя ва нодуруст муаррифӣ намоянд ва онро мавриди интиқод қарор бидиҳанд. Аз тарафи дигар исломгароён кушиш доранд бар алайҳи дунявият ва зиндагии ин ҷаҳонии башар қарор бигиранд. Онҳо яксара тамоми лаззоти ин ҷаҳониро инкор намуда зиндагии инсониро то андозае пучу бемаъно ва поёнпазир таблиғ мекунанд. Аммо ба ҷои ин ҷаҳони дигар ва ритуалҳои аз қабили биҳишту дузах ва амсоли инҳоро дар навиштаву гуфтаҳои хеш ба тарзи ҳамешагӣ мавриди таблиғу ташвиқ қарор медиҳанд. Инҳо баръакс бо чунин таблиғу ташвиқи хеш аҳли ҷомеаро аз чораандешӣ нисбат ба мушкилоти табиию иҷтимоӣ боз меоранд. Онҳо таблиғгари мустамандӣ, фақр, бечораҳолӣ ва бо роҳи боварҳои метофизикӣ умру имконоти хешро сафарбар кардани инсон дар роҳи ниёишу хушомад задани қувваҳои мармузи осмонӣ сарф месозад. Аз тарафи дигар бо таблиғи афкори пучи инкори ақоид шинохт ва бовари дигарон аз дидгоҳи хушунатомез вазъиятҳоеро ба вуҷуд меоваранд, ки зиндагии дунвии инсонҳоро ба ҷаҳаннам табдил медиҳанд. Яъне ба таври дигар агарчи наметавонанд мардумонро саодатманд созанд, вале метавонанд зиндагии феълии онҳоро дар ин ҷаҳон ба ҷаҳаннам табдил диҳанд ки намунаи онро метавон дар кишварҳое аз қабили Сурияву Ироқ ва Афғонистон бармало мушоҳида намуд. Дар вазъиятҳое ки онҳо ба вуҷуд овардаанд ҳазорон ҳазор ба умеди дунёи дигар ҳамдигарро куштаву аз байн бурдаанд ва ҳамчунин ҳазорон нафарро аз падару модар фарзандону пайвандон ҷудо намуда онҳоро ба садҳо ранҷу азоб гирифтор намудаанд. аз тарафи дигар бо ҳамин гуна идеологияи хашин шаҳрҳо ва давлатҳову осори ҳазорсолаи тамаддуни инсониро аз байн бурдаанд. Афкори исломгароии муосир на ба манфиати дифои дину мазҳаб ва инсоният аст, балки баръакс ҳадафи асосиаш зидди инсон бадбахт намудани инсоният ва бо дасти ҳам бо номи дин аз байн бурдани давлату миллатҳои алоҳида аст. Як масъала равшан аст, ки ҳар қадар иттилоърасонӣ дурусту воқеӣ бо арзишҳои милливу инсонӣ ва руҳияи дунявияту мардумсолорӣ дар фазо маҳдуд бошад, ҳамон қадар барои ин гуруҳҳои бадкеши аҳриманӣ фазо богз мегардад.

  Бо назардошти ин нуқта, таблиғоти густурдае ки тавассути расонаҳои гуногун аз тарафи исломгароён дар фазои гуногуни расонавӣ пахш мешавад, аслан бар алайҳи ҷомеа ва ҷиҳати аз байн бурдани инсонҳо равона карда шудааст. Онҳо ҳеҷ гоҳ бо чунин афкор наметавонанд, ки башарро саодатманд кунанд ғайр аз он ки бовармандонро ба бадбахтӣ ва нобудӣ савқ медиҳанд. Имрўз кишварҳои моро зарур аст ки дар самти муқобила ба ин ҷараён аз роҳҳое кор гирифта шавад, ки то тавонанд шиддати таъсири манфии ифротгароӣ ва исломгароии шакли ифротиро камтар созанд. Пеш аз ҳама дар ин раванд бояд ҳар чи бештар дар расонаҳо барномаҳое таҳия карда шаванд, ки дар онҳо муҳимияти арзиши зиндагии инсонӣ нотакрории инсон арзиши инсон, моҳияти инсон, худшиносӣ ва худсозии инсон бештар таблиғу тарвиҷ шавад. ҳамчунин анвои гуногуни ҳунар ва офаридагорӣ мавриди таблиғи пайваста дар расонаҳо қарор бигирад. Ҳамчун ин барномаҳои шавқоваре, ки дар онҳо бештар арзиши зиндагии инсон, муҳимияти инсон эҳсоси ахлоқи баланди инсонӣ ва ҳисси баланди зебоипарастӣ дар онҳо таҷассум гардидааст, ба роҳ монда шавад. яъне ба тарзи дигар адабиёт, санъат ва ҳунар дар баробари хушунат ва нобудӣ ки аз ҷониби исломгароёни ифротӣ таблиғ мешавад, қарор бигирад. Яъне ин ҷо бояд дар назар дошт, ки мусиқӣ, шеър, рақс, намоишҳои театрӣ, мудҳои гуногуне ки инъикоси зебоипарастиро боло мебарад, ҳамчунин маҷмуи он ҳунарҳое ки инсон ба хотири пурмаъно кардани зиндагии хеш ононро ба миён овардааст, мавриди таблиғи расонаҳо ва сомонаҳои интернетӣ қарор бигиранд. Дар ин росто, бояд осори шоирони гузашта, ки ҳамчун мутафаккирони сатҳи ҷаҳонӣ низ ҳастанд, барои онҳо пайкараҳои интернетӣ сохта маҷмуи осори онҳо ва махсусан он қисмат аз осоре, ки ҳисси дунявият, зебоипарастӣ арзиши олии зиндагӣ ва ҳаёти инсониро таблиғ менамоянд бештар дар он пайкара ҷой дода шаванд. Аз ҷониби дигар боястӣ ба тарзи ҳамешагӣ бе бунёдӣ, зиддиинсонӣ ва нобудгари миллатҳову давлатҳо будани афкори ифротиву аъмоли терористии ин гуруҳҳо таҳлили воқеӣ гардида ба ҷомеа ирсол карда шавад, то ҷомеаро аз шарри ин гуруҳҳои бадманиш ҳифз намоем.   

 И.Шарифзода

Хондан 1074 маротиба