JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 05 Октябри 2021 12:23

Забонзодагӣ ва андешамандӣ  (дар партави Рӯзи забони давлатӣ)

Муаллиф: Нозим Нурзода

   Забон, ба назари файласуфи шаҳири садаи бисти олмонӣ Мартин Ҳайдеггер, “хонаи вуҷуд аст” ва олами ҳастиро бидуни дар назар гирифтани такаллум ва муоширати забонӣ аслан арзиш надорад. Гузашта аз ин, забон воқеият, таърих, сиёсат, тамаддун, фарҳанг ва моддиёту маънавиёти як қавму миллатро дар ойинаи тамомнамои худ таҷассум мекунад. Забони форсии дарии тоҷикӣ, новобаста аз шебу фарози рӯзгор ва фишору тааррӯзи дохилию хориҷӣ тайи таърихи тӯлонӣ аз миллат ва фарҳанги миллӣ дифоъ кардааст. Ба сухани равшантар, забони мо ҳувият ва пайкари миллатро аз газанди рӯзгор ҳифзу ҳимоят кардааст ва то имрӯз ҳамин рисолатро иҷро менамояд. Дар ин робита ва дар партави Рӯзи забони давлатӣ чанд нуктаи мухтасарро ишора мекунем:

   Якум. Забон василаи ифодаи фикру андеша аст, бо тафаккур пайванди азалӣ ва  абадӣ дорад. Муҳаққиқон ҳар гуна нишонае, ки ба ба василаи он зиндае (мавҷуде) битавонад ҳолат ё маъонии мавҷуд дар зеҳни худро ба зеҳни мавҷуди зиндаи дигар интиқол диҳад, забон номида,  муносибати мутақобилаи онро бо тафаккур дар масири зиндагии инсонӣ арзёбӣ кардаанд. Забон ба сурати мафҳумӣ дар зеҳни мо ба шакли унсуре созанда ва офаринанда намоён шуда, муҳаррикеро мемонад, ки чархаи ҳастӣ ва вуҷудро ба гардиши мудавом медарорад.

   Дувум. Дар таърихи миллӣ забони форсии дарии тоҷикӣ ба сифати забони сиёсат, илм, тамаддун ва фарҳанг дар арсаи тамаддун нақши муассир доштааст. Забони форсии тоҷикӣ забони хирад ва фарҳанг буд, забоне  буд,  ки ба василаи он яке аз қадимтарин  кутуби фарҳангии ҷаҳонӣ «Авасто» таълиф гардидааст. «Авасто», пеш аз ҳама, асари фалсафӣ ва фарҳангиест, ки дар худогоҳӣ ва хештаншиносии ақвоми ориёӣ нақши муассир дорад. Ин хирадномаи форсии дарии тоҷикӣ дар ташаккул ва инкишофи худогоҳӣ, худшиносӣ ва андешаи фалсафии на танҳо иронитаборон, балки  башарият ҳамчун манбаъ ва замина хидмат кардааст. Қисмати «Готҳо» (ва ё «Госоҳо») - и «Авасто», ки ба қалами худи Зардушт тааллуқ дошта, қадимтарин қисмати ин китоби арзишманди ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад, ба муҳимтарин масоиле иртибот мегирад, ки ба огоҳонидан, бедор сохтани андеша, таҳрик додани биниши фарҳангӣ ва равшан кардани роҳи ҷомеа нигаронида шудаанд. Масалан, дар «Ясно», ҳоти 31, банди 7 омадааст: «Донои рӯшанбин бояд донишҷӯро биогоҳонад. Мабодо нодон (касеро) бифиребад ва гумроҳ кунад» (ниг.: Авесто. Гузориш ва пажӯҳиши Ҷалили Дӯстхоҳ. -Душанбе, 2001. -С. 67).  Паёмбар Зардушт дар ин фиқра таъкид намудааст, ки  ба гуфтори касе гӯш бидиҳед, ки андешаи баланд, фазилату заковат, диду биниши фарҳангӣ ва билохира забони кушода дошта бошад (ниг.: Ясна, ҳоти 31, банди 19). Ба таъбири дигар, фарҳанги авастойӣ нақши забон (гушодазабонӣ)-ро дар бедории фикрию фарҳангӣ сахт саҳим медонад.

   Севум. Мутолеаи маъхазу мадорики таърихӣ ва фарҳангӣ моро ба ин натиҷа мерасонад, ки ҷавҳари фарҳанги гузаштаи моро андешамандӣ, сухангӯйӣ, фарҳангофарӣ ва нуктапардозӣ ташкил медод. Ин аст, ки донишманди  бузурги урупоӣ Вил Дуронт ба ин масъала таваҷҷуҳ намуда, дуруст нигоштааст: «Ирониёни  қадим лаззати сухан гуфтан ва нуқтапардозӣ ва латифагуйӣ дар гуфтушунидро бартар аз лаззати хомӯшӣ ва танҳоӣ мешумориданд» (ниг.: Дуронт В. Таърихи тамаддун. Бахши аввал. -Теҳрон, 1343. -С. 553).  Яъне, инсони огоҳи арсаи фарҳанги пешини мо сухан ва забонро, пеш аз ҳама, ба як ҳадафи асосӣ -- огоҳӣ бахшидан ва бедор кардани ҷомеа истифода  мебурдааст. Воқеан, ҷомеа ҳамеша ба андешаи наву тозаи фалсафӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ ниёз дорад ва ин андеша танҳо вакте ба мағзу устухони аъзои ҷомеа таъсир мекунад, ки бо забони балеғу фасеҳ ва сухани муқаввои фарҳангӣ ироа шуда бошад. Як замоне андешамандӣ ва нуктапардозӣ сабки рӯзмарраи фарҳангии мардуми форсу тоҷик маҳсуб мешуд, вале ин суннат тавассути аҷнабиёни истилогар ва мустабидони дохилӣ барҳам дода шуд ва ба ҷойи он фарҳанги ғуломӣ эъмор ва мунташир гардид. Зулму истибдод фазои илмию фарҳангиро заҳролуд кард ва барои  ба вуҷуд овардани падидаҳое чун заъфандешӣ ва тавозӯи ғуломона шароити мусоид фароҳам овард (ниг.:  Ровандӣ М. Таърихи иҷтимоии Эрон. -Ҷ.1. Теҳрон: Амири Кабир, 1354. –С. 497-498). Дар суннати фарҳангии мо андешидан, фарҳангофарӣ ва бузургманишӣ ҷавҳар ва асос маҳсуб мешуд. Дар достони офариниши эронӣ «Бундаҳишн» омадааст, ки бартарии инсон аз кулли мавҷудот дар неруи андеша ва фарҳанги ӯст.  Ӯ нахуст андеша аст ва ба неруи андешаи пок  ҳама чизро дармеёбад (ниг.: Бундаҳишн. Гузоранда Меҳрдоди Баҳор.- Теҳрон, 1369. –С. 51). Дар ривоёти паҳлавӣ, ҳамчунин таъкид шудааст, ки «Машӣ ва Машиёна (падуру модари ҷаҳониён) нахустин кӯшише карданд ин буд, ки  бияндешиданд».( ниг.: Бундаҳишн. Гузоранда Меҳрдоди Баҳор.- Теҳрон, 1369. –С. 81).  Ин нуқта гувоҳи он аст, ки фарҳанги мо аз бунёд бо андешидан, бо хирадмандӣ, бо тааммул кардан сару кор доштааст. Ин суннат, чи хеле ки болотар тазаккур ёфт, таҳти таҳоҷуми аҷнабиён таҳриф карда шуд ва  ҷойи онро музахрафот ва таъолими бебунёд гирифт.

   Чаҳорум. Файласуф ва фарҳангшиноси маъруфи миллӣ, устод Акбар Турсон дуруст дарёфтааст, ки барои тоҷик забон муҳимтарин  ва мустаҳкамтарин пояи ҳувияти миллию маданӣ мебошад ва мисли олмониҳою русҳо тоҷикон миллати забонзода ва забонпарварда ҳастанд. Беҳуда нест, ки ин забон дар ҳавзаҳои фикрию адабӣ ва мадании аврупоӣ низ аз ҷойгоҳ ва мақоми вежа бархӯрдор будааст. Дар зимн, соли 1872 дар як нишасти адибон ва забоншиносони аврупоӣ дар Берлин забонҳои юнонӣ, форсӣ, лотинӣ ва санскрит ба унвони забонҳои классикии ҷаҳон баргузида шуд. Меъёри забони классикро донишмандону адибону забоншиносони нишасти Берлин ба се нукта марбут дониста будаанд: якум, бостонӣ будани забон; дувум, адабиёти пурбор доштани забон; севум, дар вопасин ҳазораи зиндагии худ ба андаке тағйирот мувоҷеҳ шудани забон. Бо дарнзардошти ин се нишона ва меъёргузинӣ забони мо ба унвони забони классик пазируфта ва муаррифӣ шудааст. Илова бар ин, забони форсии дарии тоҷикӣ ба лиҳози шумора ва гуногунии зарбулмасалҳо дар феҳристи се забони нахусти ҷаҳон ҷойгир шудааст. 

   Панҷум. Дар давраи салтанати Сомониён ба забони миллӣ, таҳким ва густариши он аҳамияти хосса дода мешуд. Амирони хирадпарвари Сомонӣ бевосита дар ин раванд саҳм мегирифтанд ва ҷараёни омӯзишу густариши забони миллиро ҷиддӣ назорат мекарданд. Дар он давра забони арабӣ, ки он замон забони  илму маориф ва дин маҳсуб мешуд, тавассути сиёсати фарҳангии амирони дурандеши Сомонӣ ба маҳдудият мувоҷеҳ гардид, то ҷое, ки бо амри Мансур ибни Нӯҳи Сомонӣ (961-984) «Тафсири кабири Табарӣ» ба забони дарӣ, яъне забони миллӣ тарҷума карда шуд. Уламо ва фақеҳони миллатдӯсти Мовароуннаҳр дар ин амр ба чунин фатво ҷасорат карданд: «Раво бошад хондан ва набиштани тафсири Куръон ба порсӣ мар-он  касро, ки ӯ тозӣ надонад» (ниг.: Малоирӣ  М. Таърих ва фарҳанги Эрон дар даврони интиқол аз асри Сосонӣ ба асри исломӣ. Ҷилди аввал. -Теҳрон, 1372. -С. 138). Воқеан, ин ҷуръат ва ҷасорати арзандае буд, ки дар бедории фарҳангии ҷомеаи асри Х ва минбаъда нақши муассир гузошт. Мутафаккирон ва шоироне, ки дар давраи салтанати хонадони Сомониён зиндагӣ ва эҷод кардаанд, дар фазои бози фарҳангӣ забони форсии дарии тоҷикиро ба забони илму ҳикмат табдил дода, бо ин забон  ҷомеаро аз фарҳангу маънавиёти миллӣ огоҳ гардониданд. Рӯдакӣ, Шаҳиди Балхӣ, Абӯшакури Балхӣ, Кисоии Марвазӣ, Фирдавсӣ ва Носири Хусрав барин абармардони майдони сухан, забон ва ҳикмат, бо андешаи баланди фалсафӣ раванди таҳаввули андешаи миллӣ ва бедории фарҳангии ҷомеаро такмил, таҳким ва густариш додаанд.

   Хуллас, ҷаҳду талошҳои амирони хирадпарвари Сомонӣ ва махсусан, иқдомоти Исмоили Сомонӣ (849-907) дар ростои ташаккул ва рушди забони миллӣ сазовори арҷгузорӣ ва эҳтироманд (ниг.: Ҳасани Султон. Забони давлати Сомониён. –Душанбе: МН “Дониш”, 2020. С.31). Маҳз дар ин давра буд, ки фазою шароити мусоиди сиёсию фарҳангӣ барои рушди забони миллӣ фароҳам оварда шуд ва неруҳои зеҳнии миллие ба вуҷуд омаданд, ки дар бедории фикрӣ ва  таҳаввули андешаи миллии ҷомеаи давр саҳм гузоштанд. Лекин ин вазъи солими фарҳангӣ, ки дар партави сиёсати миллии фарҳангӣ ба вуҷуд оварда шуда буд, бо васвасаи дастгоҳи таҷассусии хилофати Бағдод тавассути Қарахониёну Ғазнавиёни турк тағйир дода шуд ва боиси ба вуҷуд омадани таассубу хурофоти динӣ, мазҳабӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва  фарҳангӣ гардид.

   Шашум. Баъди ба сари қудрат омадани сулолаҳои туркию муғулӣ  дар минтака як навъ халои фарҳангӣ ҳукмфармо гардид ва неруҳои ақлонӣ ва зеҳнӣ, ки масъулияти рафъи заъфу зулми фарҳангиро бар уҳда доштанд, пароканда ва ё гирифтори мушкилоти шахсии худ шуданд. Ҳарчанд  равшанфикроне буданд, ки  бо забони буррову гиро талош варзиданд, ки мардуми  минтақаро аз ҷаҳлу нодонӣ ва таассубу хурофот наҷот диҳанд, вале ба таври куллӣ, раванди такмил ва таҳкими андешаи миллӣ ва бедории фикрӣ аллакай ба бунбаст мувоҷеҳ гардида буд.

  Ҳафтум. Дар охири асри Х1Х Аҳмади Дониш ва пайравонаш дар ин самт ҷиддӣ саъю кӯшиш намуда, хостанд заъфи фарҳангии гузаштаро то андозае рафъ созанд ва ин кор қисман муяссар гардид. Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ вазъи илму маориф ва таълиму мадорис дар аморати манғитӣ дар сатҳи хеле пойин қарор доштааст. Яке аз пайравони содиқи Аҳмади Дониш устод Айнӣ буд, ки аз охири асри Х1Х шурӯъ карда, то охири умр дар роҳи танвири фикрӣ ва бедории фарҳангии ҷомеаи тоҷик фидокориҳо намуд. Устод Айнӣ дар китоби «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро» заъфи динӣ,  мазҳабӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии аморатро мавриди баррасии ҷиддӣ қарор дода, роҳи наҷотро дар омӯзишу таълим ва тадриси ҷадиду нав мебинад. Ба назари Айнӣ, Бухоро (аморати Бухоро дар назар аст) ба вазъи ногувори ҷоҳилӣ, нодонӣ ва бефарҳангӣ мувоҷех гардида, ба доми вабои ҷаҳл мубтало гардидааст ва ин бемории марговарро, ки ҷаҳолат ном дорад, тарк кардан намехоҳад. Устод Айнӣ наҷотро аз ин балои марговар танҳо дар танвири фикрӣ ва илм медиду бас. Дар солҳои бистуму сиюми асри ХХ дар матбуоти даврӣ баҳсу мунозираҳои ҷиддӣ сари мавзӯи забони тоҷикӣ ҷараён мегирад, ки дар раванди бедории фикрӣ  ва таҳаввули андешаи миллӣ нақши бориз доштанд. Дар ин баҳсҳо, пеш аз ҳама  мавзӯи ба омма наздик сохтани забон ва бад-ин васила тавсиаи бинишу андешаи миллии ҷомеа мадди назар қарор мегирифт (ниг.: Айнӣ С. Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро. -Теҳрон: Суруш, 1381. -С.55). 

  Ҳаштум. Дар шароити имрӯз, ки мавҷи фарҳангу идеологияҳои гуногун рӯйиҳамрафта ба забон, фарҳанг ва фалсафаи тоҷикӣ таъсир гузошта  истодаанд, баҳсҳо сари тозагии забон, нақши он дар таҳаввули андешаи миллӣ ва бедории фарҳангӣ аз ҷониби ва як зумра зиёиёни имрӯзӣ дар матбуоти даврӣ ривоҷ дорад. Устод Муҳаммадҷон Шакурӣ то замони даргузашт (соли 2012) дар ин раванд бисёр фаъол буд ва китобу мақолоти зиёде дар боби забони миллӣ ва шароити густариши он таълиф намуд. Устод Муҳаммадҷон Шакурӣ забони миллиро пояи асосии бинои фарҳанг ва маърифату ҷаҳонфаҳмӣ дониста, дар ҷомеа ҳамеша назаррабо будани ин пояро гӯшзад кардааст (ниг.: Шукуров М. Забони мо ҳастии мост. -Душанбе: Маориф, 1991. -С. 6). Имрӯз, ки воқеан, дар  ҳассоси бозиҳои геополитикӣ қарор дорем, ҳифзу ҳимояти забони миллӣ ва ба мартабаи забони ҷуръату ҷасорат ва муқовимату мубориза расонидани он рисолати равшанфикрону зиёиёни мост. Ҳамин поя ё сутуни фарҳангро, ки имрӯз таҳти фишорҳои дохиливу берунӣ қарор дорад, чӣ гуна метавон тармиму такмил кард ва дар маҷрои илму хирад ва мантиқ қарор дод? Ба ин суол ҷавобҳои мухталиф пешниҳод шудаанд. Ба назари мо, нахуст забони миллӣ бояд дар мағзу устухони зиёиёни тоҷик ҷой бигирад, то ки барои фазои тоҷикона бакарор шудан замина фароҳам ояд. Алҳол, зиёиён ва равшанфикрони тоҷик дар ин самт саъю талоши фаровон меварзанд. Дар ин  самти мушкил, вале пурифтихор саҳми як зумра зиёиёну рӯшангарони муосири миллӣ, аз ҷумла устодон Комил Бекзода, Ҷамолиддин Сайидзода, Назрӣ Асадзода, Ҷумахон Темурзода ва дигарон бузург аст. 

  Нуҳум. Солҳост, ки минбари баҳси забони миллӣ ба фазои маҷозӣ кашида шудааст ва ҳарчанд ки баҳсу мунозираҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ баъзан гарму тезутунд ҷараён мегиранд, ногузир ба рӯҳу равони ҷомеа бетаъсир намемонанд. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, махсусан шабакаи «Фейсбук» дар тарѓиби забони миллӣ, баёни воқеиёти муосири забонӣ ва фарҳангӣ, навоқиси иҷтимоӣ, мушкилоти маданӣ саҳми муносиб мегиранд. Қатъи назар аз даргириҳои лафзию катбӣ (навишторӣ) ва баҳсу мунозираҳои тунди фарҳангӣ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бештар сари масоили забон ва фарҳанги миллӣ сурат мегиранд, масъалаи забони миллӣ ва бедории фарҳангӣ авлавият пайдо мекунад ва ин раванд таҳкиму тақвият меёбад.  Мутаассифона, баъзан баҳсҳо дар  фазои маҷозӣ ранги таҳқирӣ мегиранд ва боиси малолхотириҳои мубоҳисин мегарданд. Таҷрибаҳои ахирӣ ҳокӣ аз онанд, ки таассуб ва яксӯнигарӣ дар баҳсу мунозироти забонӣ нофаҳмиҳоро миёни ҷомеаи забонӣ ва табақаҳои иҷтимоӣ ба бор меоварад ва роҳро барои ихтилофоту танишҳои миллӣ ҳамвор месозад. Ин аст, ки шинохти воқеият ва бархӯрди мунсифона (на муғризона) бо масоили забонӣ. ки бо мушаххасоти ҳувиятӣ тавъамӣ дорад, вазъи фикрию маданиро дар минтақа муътадил сохта, раванди иттиҳоду ҳамбастагии миллиро таҳким мебахшад.

   Даҳум. Дар минтақаи мо, мутаассифона,  забон ва андеша то ҳол дар доираҳои маҳдуд чарх мезананд ва тухми тафаккури бастаю бунбастӣ ва ѓолибан, биниши маҳаллию музофотӣ дар ҷомеаи мо солҳои мадид реша давонда, роҳи бедории фарҳангӣ ва такомули андешаи миллиро банд кардааст. Ин ҳолат забон ва миллатро ба қаъри зиндони ҷаҳолат фурӯ мебарад. Аз ин нуқтаи назар, зарур аст, ки ин халои носолими фарҳангӣ бо забони гушода  ва андешаи тоза пур карда шавад. Албатта, ин кори саҳлу осон нест ва аз равшанфикрону донишмандони муосири миллӣ ва ватанӣ заҳмату талошҳои фаровон тақозо мекунад.

   Ёздаҳум. Дар ҷаҳони муосир забон на танҳо мунҳасир ба улуми филологист, балки фаротар аз ин, он дар доираи илмҳои фалсафӣ ва табиӣ-риёзӣ низ матраҳ мегардад. Ба сухани равшантар, ба падида ва зуҳуроти забонӣ аз паҳлуҳои гуногуни илмӣ таваҷҷуҳ мешавад. Аз ҷумла, ҷомеашиносии забон (Sociology of language) шохае аз илми ҷомеашиносӣ аст, ки ба баррасии асари забон бар ҷомеа мепардозад. Ин илм бо шохаи забоншиносии иҷтимоӣ, ки ба баррасии таъсири ҷомеа бар забон мепардозад, пайванди наздик дорад. Аз пешгомони ин шохаи илми забоншиносӣ Ҷошо Фишман аст, ки сардабири журнал-маҷаллаи байналмилалии “Ҷомеашиносии забон” мебошад. Ҷомеашиносии забон ба мутолдеаи забоне мепардозад, ки мардуми як ҷомеа дар дунёи воқеӣ аз он баҳра мебаранд. Аз ин ҷост, ки забон асилтарин ва қадимитарин навъи иртибот миёни инсонҳо мебошад ва бар навъи дигари иртибототи ғайрикаломӣ, монади лабханд, сар ҷунбондан, ишора кардан, дасту по задан, сар такон додан, нигоҳ кардан ва амсоли инҳо бартарӣ дорад. Дигар ин ки забон ҳамеша низоми мураккаб ва печидаест, ки дар ин ва ё он ҷомеа боиси таъсироти ҷиддӣ мегардад. Таъсири ҷанбаи иҷтимоии забон он қадар равшан аст, ки ҳатто бархе назарияҳое, ки дар мавриди маншаи забони инсон вуҷуд дорад, такомули забони инсонро дар бофти иҷтимоӣ мумкин медонанд (ниг.: Эътисодӣ, Шайдо, Содот, Аламдор. Фотима. “Таҳлили ҷомеашинохтии забони махфӣ дар байни духтарон. –Теҳрон: Фаслномаи илмӣ-пажӯҳишии забонпаҳӯҳии Донишгоҳи  аз-Заҳро”, 1386. С.3).

  Зиёда аз ин, ҷомеашиносони забон танаввуъи забониро яке аз вежагиҳои асосии забон медонанд. Муҳаққиқон бар ин боваранд, ки авомили иҷтимоӣ, монанди ҷинсият, табақаи иҷтимоӣ, таҳсилот, синну қавмият дар эҷоди танаввуъи забонӣ нақши калидӣ дорад. Ба ин маъно, ҷомеашиносони забон тарҷеҳ медиҳанд, ки ба ҷойи истилоҳи “забон” аз мафҳуми “ҷомеаи забонӣ” истифода кардан зарур аст. Ҷомеаи забонӣ иборат аз ҳар гурӯҳе аз мардум аст, ки гумон мекунанд бо як  забон гуфтугӯ мекунанд (ниг.: Эчисон, Ҷин. Мабонии забоншиносӣ. –Теҳрон: Нашри Нигоҳ, 1371. С.166).

   Дувоздаҳум. Забон ҳамчун  унсури миллатсозӣ ва фарҳангофарӣ ба арзишҳои инсонии як қавму як қабила маҳдуд нашуда, куллияи арзишҳои маънавии ҷаҳониро дар худ тачассум мекунад. Ба ин далел, забони форсии дарии тоҷикӣ дар шароити имрӯзӣ низ метавонад забони сиёсат, фалсафа, илм, мантиқу фарҳанг ва муҳимтар аз ҳама, забони андешида бошад ва дар таҳаввули андешаи миллӣ ва бедории фарҳангии ҷомеа таъсири амиқ гузорад. Собиқаи таърихии забони форсии дарии тоҷикӣ гувоҳ аст, ки ин забон дар шароити феълӣ низ метавонад раванди худогоҳӣ ва хештаншиносии миллиро таҳкиму тавсеа бахшида, бад-ин васила рисолати фалсафӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва билохира инсонии худро иҷро намояд. Бурузи тавонмандиҳои забонию фикрӣ ва рӯҳи дунёмадории миллӣ, ки дар фарҳанги бумӣ собиқаи тӯлонии таърихӣ дорад,  ҳузури моро дар арсаи тамаддуни ҷаҳонӣ фаъол месозад ва то ба сатҳи миллатҳои мутамаддини башарӣ мерасонад. Ба ин маънӣ:

 Забон ин ҷисми миллатро камар бошад,

Тавону қудрати мағзи башар бошад,

Яқин маҳсули фикри борвар бошад,

Камоли илму фарҳангу ҳунар бошад,

Садои зиндагӣ андар ҷаҳони гунгу кар бошад,

Мисоли маънии ин давру бар бошад,

Ҳамеша чорасозу чорагар бошад,

Хирадро ҳамсафар бошад,

Далели  муътабар бошад,

Азизу номвар бошад,

Худованди хабар бошад!

 

Нозим Нурзода

   муҳаққиқ

 

Хондан 1257 маротиба