JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 13 Апрели 2018 08:57

Илм ва сарнавишти инсонӣ (ба муносибати Рӯзи илм)

Муаллиф:

 Он чи ки имрӯз ба сифати рушду тараққӣ ва таҷаддуду навигарӣ дар муҳитҳои иҷтимоӣ ва умуман, дар сайёраи замин муаррифӣ мешавад, натиҷаи фаъолияти сермаҳсули олимону донишмандони дунёст. Ҳамагӣ дар дусад соли ахир илму дониш босуръат пеш рафта, омили асосии рушду тавсеаи зиндагии инсонӣ гардид. Мусаллам аст, ки илму хирад натиҷаи фаъолиятҳои ақлонию зеҳнии башар буда, бо фаъол сохтану таҳрик додани низоми мағзӣ инсоният ба дараҷаи камолоти зеҳнӣ ноил гардид ва тадриҷан аз марҳилаи биологӣ ба сатҳи иҷтимоӣ-сотсиалӣ расида, саранҷом ба шинохт ва маърифати ҷомеа, ҷаҳон ва кайҳон даст ёфт. Дар натиҷаи фаъол шудани низоми мағзӣ инсон на танҳо дар пайи шинохти худ кӯшид, балки ҷаҳони перомуни худро низ маърифат намуд.

Ҳанӯз Софокли юнонӣ гуфта буд: «Дар табиат неруҳои қавӣ зиёданд, вале аз инсон пурқудраттар касе ё чизе нест». Албатта, ҳадафи Софокл инсони ҳушманд, оқил, донову огоҳ аст ва танҳо бо рӯйи даст гирифтани ибтикороти фикрию зеҳнӣ ва иродавӣ, ки дар қолаби илму хирад инсиҷом меёбанд, инсон бар қувваҳои дигари табиӣ пирӯз мегардад. Аз ин ҷо даврабандии андеша ё ба истилоҳ, таърихи илми башарӣ шурӯъ мешавад ва расидан ба дараҷаи баланди камолот инсониятро аз давраи шинохти инсону ҷомеаю сайёра то ба марҳилаи ниҳойии маърифати кайҳон ва муҳити фарозаминӣ мерасонад. Ба ин марҳила расидан ва ба қавли донишманди урупоӣ Артур Кларк, тарҳи «Муколимаи Инсон ва Кайҳон»-ро кашидан тавассути илму дониш муяссар мегардад (Кларк садаи бистро ба унвони садаи гуфтугӯйи инсону кайҳон муаррифӣ кардааст). Ба сухани дигар, илм метавонад гуфтугӯйи воқеии инсон ва кайҳонро дар садаи бисту як густариш бахшад ва бад-ин минвол инсониятро ба масири саодату хушбахтӣ ҳидоят намояд.

Инсон ва ҷомеаи инсонӣ аз бомдоди вуҷуд то имрӯз пайваста бо хатарҳои гуногун мувоҷеҳ буду ҳаст ва ҷиҳати рафъи хатароту фоҷеаҳо, ки на танҳо ӯро ба вартаи ҳалокату нобудӣ тела, балки ҷисму рӯҳашро мавриди фишору таарӯзи ҳамешагӣ қарор медиҳанд, тасмимоту ташаббусоти ҷиддӣ гирифта, онҳоро амалан роҳандозӣ менамояд. Барномарезиҳои илмию фаннии инсонӣ ӯро дар баробари хатару мушкилоти рӯзафзуни табию ғайритабиӣ осебнопазир сохта, иммунитети қавӣ мебахшанд. Аз ин ҷост, ки сарнавишти инсонӣ ва чигунагии он, қабл аз ҳама, ба илму хирад ва татбиқи назариёти илмӣ ва фалсафӣ дар зиндагии башарӣ бастагӣ дорад. Инсон ва дар маҷмӯъ, ҷомеа ҳар қадар ба илму дониш мутамоил бошад, ҳамон қадар раванди беҳбудии зиндагӣ таҳкиму тақвият меёбад ва масири рушду инкишоф башарро дунболагирӣ мекунад. Ва баръакс, агар инсон (ва ҷомеа) аз илму хирад бипарҳезад ва ё ба ба забони бадеӣ, дар ҳавою навои созҳои илмҳои мурда рақсу бозӣ намояд, сарнавишти бад интизораш ҳаст. Ин нуктаро бидуни мушкил метавон дар таърихи мавҷудияти инсон аз қадим то имрӯз мушоҳида кард. Ин аст, ки эътимод ба илму хирад дар ҳар шароите эътимод ба зиндагӣ ва худи инсон аст. Махсусан, имрӯз, ки ҷомеаи илмӣ бо хатарҳои глобалие назири ҷаҳолат, хурофот, таассуб ва ноогоҳию нодонии саросарӣ дасту панҷа нарм мекунад, рӯ овардан ба омӯзиш, фаҳмиш, хониш, тадрис, шинохт ва таҳқиқ аз ҷумлаи муқтазиёти замонию маконӣ маҳсуб меёбад. Ба қавли шоир:

Барсиришта илм моро тору пуд,

Илм бошад маънию асли вуҷуд.

Бо мақсади гиромӣ доштану густурдани илму дониш дар сатҳи давлат ва ҷомеаҳои мутамаддини ҷаҳонӣ Рӯзи илм мавриди таҷлил қарор мегирад. Таҷлили Рӯзи илм ба ҳукми анъана даромадааст ва ҳамчун ҷашни ихтисосӣ дар миёни ҷашнҳои дигар аз маҳбубият бархӯрдор аст. Рӯзи илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Ҳукумат 15 апрел муқаррар шудааст. Ба ин муносибат ҳамасола 15 апрел дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи илм бо ҳузури васеи олимону донишмандони саршиноси ҷумҳурӣ мавриди таҷлил қарор мегирад. Дар ин Рӯз ҷамоати олимон сари масоили муҳим ва рӯзмарра таваққуф намуда, миёни худ радду бадалҳои илмӣ ва ихтисосӣ анҷом медиҳанд ва ба ин васила дар густариши дониш дар минтақа саҳм мегиранд. Чорабиниҳои марбути Рӯзи илм, асосан аз қисмати ташкилӣ-амалӣ (аёдати олимони солманд, тақдими туҳфаҳо, зиёрати марқади бузургони илми ватанӣ ва суханрониҳои муқаддимавӣ) ва бахши назариявӣ (баргузор намудани конфрони илмӣ-назариявӣ дар толори Маҷлисгоҳи Академияи илмҳо) иборат аст. Ҷолиб ин аст, ки саҳари барвақти ин рӯз ҳайати раҳбарият ва ҷамъияти илмӣ марқади бузургони илмро зиёрат намуда, сари турбаташон гулчамбарҳо ва аз ин тариқ хотираи онҳо пос дошта мешавад. Бад-ин минвол бомдоди 13 апрел қисмати ташкилӣ-ташрифотии чорабиниҳо доир шуда, соати 09:00 дар Маҷлисгоҳи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳузури васеи донишмандону олимон ба таври дастаҷамъона Рӯзи илм таҷлил гардид. Дар он гузоришҳои олимони варзидаи Академияи имлҳо, ки ба масоили муҳимми илмӣ ва фаннӣ (узвҳои вобастаи Академияи илмҳо А. Файзиев ва М. Музаффарӣ) иртибот доштанд, мавриди истимоъ ва баррасӣ қарор гирифт.

Дастоварди аз ҳама арзишманди замони соҳибистиқлолӣ ба забони илм мубаддал гардидани забони давлатӣ (забони тоҷикӣ) мебошад. Имрӯз олимони соҳаҳои гуногун сари тадқиқотҳои худ озодона бо забони давлатӣ суҳбат мекунанд ва аз ин тариқ илми тоҷик дар сатҳи иҷтимоӣ таблиғу ташвиқ мешавад. Эҳё гардидани суннату анъанаҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба мероси пурғановати гузашта, гиромидошти таъриху фарҳанги бумӣ ва дар ин замина таҳкиму тақвият ёфтани раванди худогоҳию худшиносии миллӣ аз муваффақиятҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ маҳсуб меёбанд.      

Пайвасти мустақими илм бо истеҳсолот (назария бо амалия) ҳадафи асосӣ ва бунёдии ҳайати кормандони илмии муассисоти таҳқиқотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Дар ин замина, инкишофи илмҳои инсоншиносӣ, фанҳои дақиқу техникӣ, истифодаи технологияи пешрафта ва натиҷатан, баланд бардоштани тафаккури илмию техникии ҷомеа рисолати олимону донишмандони ватанӣ мебошад. Ба таври боистаю шоиста анҷом додани ин рисолат боиси таҳаввулоти амиқи фикрӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маданӣ гардида, сарнавишти халқи тоҷикро ба самти хушбахтию саодат рақам мезанад.

Сиҳатмандии олимону донишмандон, рӯшанфикрону зиёиён ва дар ин замина тавлиду бозтавлиди неруҳои нави илмӣ ва комёбиҳои илми ватанӣ таманнои ҳамешагии мост. Рӯзи илм муборак, аҳли илми ватанӣ!

         Нозим Нурзода

Хондан 2084 маротиба