JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 04 Ноябри 2020 10:12

Исломи сиёсӣ ва ҳувияти миллӣ

Муаллиф: Исомиддин ШАРИФЗОДА

  Дар ҷаҳони муосир кор гирифтан аз дину боварҳо ва онҳоро табдил додан ба як гузинаи сиёсӣ ҷиҳати расидан ба қудрат ба яке аз омилҳои асосии  гурӯҳҳои муайяни сиёсӣ мубаддал гардидааст. Махсусан, ин масъала дар кишварҳое, ки аксар бошандагонашонро мусалмонон ташкил медиҳанд ва кеши асосии аксар Ислом аст, бисёр доғ ба назар мерасад. Вазъи кишварҳои Ховари Миёна ва Афғонистон аз ин мисоли зайл аст. Имрӯз гурӯҳҳои зиёди ҷиҳодиву даҳшатафкан бо номҳои гуногуне дар фазои кишварҳои мусалмоннишин амал мекунанд. Ин гурӯҳҳои ифротиву даҳшатафкан таҳдид на танҳо ба кишварҳои алоҳида,  балки ба минтақаҳо ва дар маҷмӯъ, кишварҳои ҷаҳонро доранд. Дар ин росто минтақаи Осиёи Миёна ва махсусан, Тоҷикистон аз ин хатар эмин буда наметавонад. Вобаста ба ин, суоле, ки пеш меояд, ин аст, ки аз чӣ роҳҳое бояд истифода намоем, то аз ин хатар кишвар ва минтақаи хешро эмин нигоҳ дорем? Мусаллам аст, ки аксари бовармандони кишварро мусалмонон ташкил медиҳанд ва онон бахше аз зиндагиашонро бовар ва маросимоти динӣ ташкил медиҳад. Моро зарур аст, ки аз як тараф, низоми дунявиро ҳамчун низоми сиёсии фаъол ва пешбарандаву пешқадами инсонӣ, ки метавонад рушд ва пешрафту саодати миллиро таъмин намояд, нигоҳ дорем ва аз тарафи дигар, бо боварҳои мардум канор оем. Барои расидан ба чунин ҳадаф бояд анвоъи коргирӣ аз ислом фазои таъсиргузории онро, ки дар анвоъи мухталифи ҷомеаҳо истифода мешаванд, аз лиҳози иҷтимоию маънавӣ мавриди таҳлил қарор диҳем. Ин навъи тақсимот ва биниш маънои онро надорад, ки навъҳои зикршуда комилан аз ҳам ҷудо бошанд.

  Дар дарозои таърих онон гоҳ чуну гоҳ чунон ҳам будаанд ва решаҳои ягонаро низ доранд. Аммо дар вазъи феълии ҷаҳон, ки кишварҳову давлатҳо бо равобити зиёди сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву иҷтимоии ҳамдигарӣ расида, ҷаҳонро ба як деҳкада табдил додаанд ва бояд дар он фарҳангҳо ва боварҳои гуногун дар як фазои мусолиматомез канори ҳам зиндагӣ намоянд, зарурате пеш меояд, то дар чунин як шароит бишиносем, ки кадоме аз шаклҳои бовармандӣ дар дараҷаҳои иҷтимоӣ коромад ва камхатару беҳтар аст.

Имрӯз вобаста ба тарзи таъсиргузорию коргирӣ метавон аз панҷ равзана ба ислом назар кард, ё ҳадди ақал онро ба 5 навъ  тақсим намуд.

  1. Исломи ибодат. Ин исломест, ки аксари мардуми боварманд аз роҳи намоз хондану рӯза доштан, дуову зикр ва ғуслу вузӯъ, инчунин дигар корҳои фардӣ ба хотири наздик шудан ба Худо анҷом медиҳанд. Мусаллам аст, ки инсонҳо ҳамеша вобаста ба вазъи ҷуғрофиёӣ, иқтисодиву сиёсӣ, хатароти заминиву кайҳонӣ нигарониҳои зиёде доранд ва дар дарозои таърих ҳама ин мушкилоти вуҷудӣ будаанд, ки сабаб гардидаанд, то ин ниёзҳои хешро аз роҳи ибодат ва парастиш ва маросимот бароварда созанд ва худро оромиш бахшанд. Ба тарзи дигар, ибодати фардиро дар баробари вуҷуд анҷом диҳанд. Ин масъала на танҳо ба Ислом, балки ба тамоми динҳо ва боварҳои дигар хос аст. Дар Ислом пешниёзи ин ибодатҳо усули каломии ислом, яъне тавҳиду нубуват ва меъод ҳаст. Ин умур бахши қобили таваҷҷуҳе аз рисолаҳои амалияи шариатро ташкил медиҳад.
  2. Исломи ҷамоат. Ин ҳамон исломи оинӣ ё маросимҳост дар мисол намозҳои ҷумъаву ҷамоат ва иди қурбону фитр, ҳаҷ, зиёрат, назр ва амсоли инҳо. Дар сурати вуҷуд доштани ҳокимияти дунявию либерал ин ду навъи ислом метавонанд барои бошандагони як кишвар озод ва ихтиёрӣ бошанд. Яъне агар касе боварманд аст ва ё мехоҳад, ибодат ва зиёрату намози ҷамоаро анҷом медиҳад. Агар намехоҳад, ҳеҷ кас ӯро ҳаққи маҷбурнамоӣ надорад. Ба тарзи дигар, дар ин ду дараҷа аст, ки як инсон на аз рӯи тарсу бим, балки аз рӯи эътимоду эътиқод ва холис ибодати хешро анҷом медиҳад ва дину оин барояш дар дараҷаи қудсӣ боқӣ мемонанд.
  3. Исломи шариат. Исломи шариатӣ сохтаи фуқаҳо, мадрасаҳо ва мактабҳои фиқҳӣ аст. Дини фақеҳӣ дар айни дар бар гирифтани чорчӯбаҳо ва дастуроте барои ибодату ҷамоат дар пайи шакл додан ба уммати исломӣ ва мудирияти ҷомеа аст. Маҳз ҳамин хусусияти исломи шариатӣ сабаби ба вуҷуд омадани Исломи қудрат ё исломи сиёсӣ мегардад. Исломи ибодату ҷамоат бе мавҷудияти шариат имкон дорад, аммо исломи шариат бе дастуроти иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсӣ имконпазир нест. Исломи шариатӣ, ки талқинкунандаи он хатмкардагони мадорисанд, дар зеҳнашон чунин тасаввуре ба миён меояд, ки гӯё онон бояд идораи ҷомеа дар дасташон бошад ва мардумон боястӣ аз рӯи чорчӯбаҳо ва дастуроти шаръӣ амал кунанд. Зеро онон мутмаъинанд, ки фармудаҳои офаридгорро анҷом медиҳанд ва пуле байни замину осмонанд. Бархӯрди мазҳабҳои гуногун дар Ислом ҳам дар доираи исломи шариатӣ ба вуҷуд меоянд. Ин ҷост, ки шариати ҳар мазҳаб хешро асли воқеият ва ҳақ меҳисобад ва мазҳабу шариати дигарро инкор намуда, онро мазаммат менамояд. Табиист, ки ихтилофи фуқаҳо ва таблиғи ихтилофангезу мухолифи онон дар нисбати пайравони мазҳаби дигар, минбаъд сабабгори дар зеҳни пайравонашон ба вуҷуд омадани нафрату душманӣ мегардад, ки онро метавон дар аксари кишварҳои мусалмоннишин мушоҳида намуд.

  Исломи шариат таноқузоти зиёде бо низоми дунявӣ дорад ва ҳамин аст, ки бо ҳуқуқи башар, ҳуқуқи занон ва озодиҳои инсонӣ мухолифат меварзад. Бо исломи шариатӣ ҳукмҳои шаръӣ, аз қабили эъдоми муртад, шалоқ задан, сангсори зинокор, буридани дасту ангуштони дузд, шалоқ задан ба шаробхор ба миён меоянд. Мадрасаҳои маъруфе пойгоҳи аслии исломи шариатианд. Масалан, барои исломи шариатии аҳли шиъаи исноашарӣ, марказҳои шариатӣ Қуму Наҷаф ба ҳисоб мераванд ва барои аҳли суннат Алазҳари Миср, Зайтунаи Тунис, Ҳазрамути Яман ва Қарунини Марокаш.

  1. Исломи қудрат. Ин навъи ислом ба аспи зинзадае монанд аст, ки нафарони муаяйн ба хотири касби қудрати сиёсӣ динро ба ҳайси абзори сиёсӣ ба роҳ монда, ҷунбишҳои сиёсию иҷтимоиро зери нуфузи худ медароранд. Ин гурӯҳи қудратталаб аз соддабоварии мардумон суъистифода намуда, ба онон биҳишти адн ва ҳукумати адли илоҳиро ваъдаву ваъид мекунанд. Мардумони бехабар аз нӯшобаи заҳрогини онон нӯш карда, кишвару ҷомеаи хешро ба дасти нафароне медиҳанд, ки ба як қудрати иртиҷоӣ ва зиддиинсонӣ табдил ёфта, саркӯбтарин низом мегардад. Ин гурӯҳҳо бештар бовармандонро ба мубориза алайҳи низоми дунявӣ даъват месозанд ва онро ғайриқобили қабул ва озодандешону бовармандонро мавриди таҳқиру таҳвин ва ғарбзадаву амсоли ин барчаспҳо қарор медиҳанд. То замони вуҷуд надоштани исломи қудрат ҳам исломи шариатӣ пурра таъсиргузор нест ва он ҳам танҳо дар рӯи коғаз қарор мегирад. Ин исломи қудрат аст, ки исломи шариатиро ва қонуну дастуроти назмкардаи онро ба фишанги асосии хеш табдил медиҳад ва иҷрои бечуну чарои ин дастуротро ҳатмӣ менамояд.
  2. Исломи ҳувият. Исломи ҳувиятӣ барои таъйин бахшидан ба ҳувияти фардию иҷтимоӣ барсохта шудааст. Ин ҳувият дар баробари ҳувиятҳои миллию қавмӣ ва ҳирфаию ҷинсиятӣ қарор мегирад. Ҳувияти динӣ замоне ки ба навъи ҳувияти мутлақ табдил меёбад, ки ҳувиятҳои дигарро саркӯб мекунад ва онҳоро бебунёд эълон медорад. Масалан, як зани мусалмон вақте аз лиҳози исломи ҳувиятӣ мавриди суъистифода қарор мегирад ба он тавзеҳ дода мешавад, ки ӯ қабл аз оне ки зан бошад, мусалмон аст ва боястӣ ҳамон чорчӯбаҳои шариати исломиро, новобаста аз он ки ҳуқуқҳои инсонии занонро паст задаву таҳқир мекунад, бояд бипазирад. Ба ҳамин монанд барои як нафаре, ки аз ин ё он миллат ба гурӯҳҳои исломи сиёсӣ, аз қабили Толибон, ДОИШ ё ал-Қоида ворид мешавад, дигар барои ӯ муҳим нест, ки ин нафар дорои табаъияти миллие ба мисли тоҷик, узбек, англис, фаронсавӣ ё рус бошад. Исломи ҳувиятӣ бештар сохтаи дасти нафароне аст, ки мехоҳанд аз он бар суди хеш истифода намоянд ва  давлатҳои имрӯзаеро, ки аз лиҳози ҳувиятӣ миллӣ, дунявӣ ва мардумсолору либерал ҳастанд, аз байн бибаранд. Исломи ҳувиятӣ фардгароӣ ва инсонгароиро аз фарди мусалмон мегирад, ва бештар аз исломи қудрат ва исломи шариат дар ситез ба дунявият ва мардумсолорӣ аст. Ҳамин аст, ки барои дар кишварҳои мусалмоннишин барангехтани нифоқ аз ҳувиятҳои диниву мазҳабӣ кишварҳои манфиатдор ба навъи аҳсан истифода менамоянд. Ононро ба ҳамдигар мавриди даргириву хушунат қарор медиҳанд. Аз тарафи дигар, дар кишварҳое, ки мусалмонон ақаллиятро низ ташкил медиҳанд, суъистифода аз исломи ҳувиятӣ сурат мегирад. Бо таҳрик додани ин ҳувиятҳо ононро дар муқобили бовармандону мардумони ғайр мешӯронанд, ки ба куштору даргирӣ ва даҳшатафканӣ анҷом меёбад. Ин вазъро дар бисёре аз кишварҳои аврупоӣ ва Руссияву Чин ва кишварҳои ҷануби Осиё метавон мушоҳида намуд. 

 Исломи сиёсӣ ва иддаои қудратмадорӣ

  Гоҳе ки ислом аз доираи ибодат ва ҷамоат берун меравад ва он гоҳ ки дастурҳои шаръӣ ҳатмӣ мешаванд, дар зеҳни як мусалмон ҳар нафаре, ки дастуроту ҳукмҳои шариатиро анҷом намедиҳад, ба ҳайси як шахси манфӣ ҷилвагар мешавад. Чун дастуроти шаръӣ нафареро, ки ин қавонинро иҷро намекунад, бояд маҳкум намуда, дузахӣ ва муртаду кофар эълон дорад. Танҳо дар зинаи ибодӣ ё шакли ибодӣ ислом метавонад, дақиқтараш, як боварманди исломӣ метавонад, бо бовармандони дигар динҳову мазҳабҳо ё нобоварон, ҳамчунин бо низомҳои сиёсии  дунявию мардумсолорӣ мувофиқат намояд. Зеро дар ин зина фард ҳанӯз таҳти таъсири гурӯҳҳои сиёсӣ, ки ба хотири даст ёфтан бар манофеи иқтисодию сиёсӣ мағзшӯӣ нашудааст ва ибодатро танҳо ба хотири осуда намудани ниёзҳои ботинии хеш анҷом медиҳад ва розу ниёзи фардии худро бо маъбуде, ки ба он бовар дорад, дар миён мегузорад.

  Ба ҳар сурат, исломи ибодатӣ ва ҷамоатӣ ҳар ду метавонанд ба дунявият канор биёянд ва ҳамчун исломи муътадил амал намоянд. Қобили қайд аст, ки замони мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ ислом дар байни мардум дар шакли ибодӣ мавҷуд буд. Ҳарчанд исломи ҷамоӣ то андозае маҳдуд буд, вале мардумон ибодат ва боварҳои хешро анҷом медоданд. Новобаста аз маҳдудиятҳо то андозае исломи ҷамоатӣ низ ҷой дошт, ҳарчанд баргузории расмии намозҳои ҷамоат ва иду маросимҳо расман қайд нашуда буд, вале аз тарафи мардум намозҳои ҷамоат ва баргузории иду маросимҳо, аз ҷумла иди қурбону рамазон, намози ҷумъа ва намози ҷаноза баргузор карда мешуд. Дар айни ҳол бошад, дар мо исломи ибодӣ ва исломи ҷамоатӣ пурра роиҷ аст. Чунин ба назар мерасад, ки камхатартарин навъи ислом, ки бо ҷаҳони имрӯз метавонад мутобиқшаванда бошад, ҳамин ду навъи ислом аст.

  Хатарноктарин навъи ислом замоне ба вуҷуд меояд, ки 3 исломи дигар, яъне исломи шариатӣ, қудратӣ ва ҳувиятӣ канори ҳам оянд. Аз ин падида ба унвони исломгароӣ ёд мешавад ва ҳукуматҳое мисли ДОИШ, Толибон ва низомҳои сиёсии исломӣ рӯи кор меояд. Ҳамин се унсур вақте бо ҳам муштарак амал мекунанд, саркӯбгар мешаванд ва сабаби исломҳаросӣ дар ҷаҳони имрӯз гардидаанд. Вақте ин се дар канори ҳам меоянд, онҳо  ба идеология табдил мешаванд ва ҳангоме ки қудрати сиёсӣ дар пушти шариат қарор мегирад, низоми саркӯбгаре ба вуҷуд меояд, ки танҳо дастуроти шаръиро анҷом медиҳад. Исломи ҷамоат, шариат ва ибодат ҳар кадоме дар танҳоӣ  метавонанд хатарангез набошанд, вале он гоҳ ки ин ҳама якҷо шуданд ва исломи қудрат  ё сиёсат онҳоро зери нуфузи худ қарор дод, метавонанд ба исломи саркӯбгар ва хатарнок табдил ёбанд. Ба ибораи дигар, гоҳе ки исломи ҷамоату шариату ҳувият канори ҳам қарор гирифтанд, заминаи асосии исломи қудрат мешаванд.

  Заминаи асосии исломгароӣ исломи қудрат аст, ки тавре дар боло ишора шуд, исломи шариатию ибодӣ ва исломи ҳувиятиро канори ҳам мегузорад ва ононро зери нуфузи худ қарор медиҳад. Ҳукмҳои исломи шариатиро бечуну чаро иҷроишашонро талаб намуда, дастуроташонро ҳатмӣ медонад. Ин боиси он мегардад, ки барои дигарандешон ё мардумоне, ки бовару эътиқод ба дигар дину оин ё мазҳаб доранд, амалан дар чунин фазо озод ба сар бурда наметавонанд. Онон мавриди таҳқир, сарзаниш, куштор ва ҷисман аз байн бурдан қарор мегиранд. Заминаи асосии ифротгароиву даҳшатафканӣ дар шакли исломии он маҳз аз исломи қудрат маншаъ мегирад. Исломи қудрат на танҳо ба дину оинҳои дигар ва бо низоми сиёсии дунявию мардумсолорию либерол дар мухолифат қарор мегиранд, балки бо мазҳабҳои дар дохили худи исломбуда низ дар мухолифату душманӣ қарор мегиранд. Агар ба амалкардҳои исломгароӣ ба чанд соли ахир таваҷҷуҳ намоем, исломгароён на танҳо ғайри мусалмонон, балки бештари мусалмононро зимни амалиётҳои худ ба қатл расонидаанд. Исломгароён ба ҷуз аз ақидаву бовари худ ва дар шакли ифротӣ пазируфтани ислом дигар навъи бовар ва амалкардҳоеро, ки аз ислом маншаъ гирифтаанд, рад менамоянд. Онон вақте дар сатҳи баланди ифрот ва хушкандешӣ мерасанд, илло ҳампаймоёни хеш ҳеҷ каси дигарро таҳаммул надоранд ва ононро ба ҳайси ғайри исломӣ ва муртаду кофар ба қатл мерасонанд. Ин баёнгари он аст, ки исломгароӣ на танҳо ба мардумони ғайри мусалмон, балки пеш аз ҳама ба худи мусалмонон хатарнок ва нобудкунандатарин аст. Натиҷаи як таҳқиқ тавассути Маркази байналмиллалии мутолиоти ифротгароӣ нишон медиҳад, ки гурӯҳҳои ҷиҳодии исломгаро танҳо дар моҳи ноябри 2014 5042 -нафарро  дар саросари дунё куштаанд, ки аксари онҳо ғайри низомиён ва мусалмонон будаанд. Масалан, 1770 нафар аз он дар Ироқ, 784 нафар дар Нигерия, 782 нафар дар Афғонистон, 693 нафар дар Сурия. Ба ҳисоби миёна дар як моҳ ҳар рӯз 147 нафар ба дасти ин гурӯҳҳо кушта шудааст, ки аз онҳо 60 дар 100  ба воситаи ДОИШ-у Боко Ҳаром анҷом гирифта, 80 дар 100 ин кушторҳо дар кишварҳои Ироқу Нигерия ба Афғонистону Сурия рух додаанд. ДОИШ бо 20204 қатл Боко Ҳаром бо 801, Толибон бо 720 дар сафи пеш қарор мегиранд. Пас аз онҳо ал-Қоида, Ҷабҳатуннусра,  Толибони Покистон ва Ҷамоати Аҳрор қарор мегирад.

  Ҳаракатдиҳандаи асосии ҷараёни исломгароӣ, ки аз исломи қудрат маншаъ мегирад, нафрат ва душманӣ аст, ки ҳамарӯза дар расонаҳо ва таблиғоти исломгароён тавлид ва вазъ мешавад. Тавассути ғасб кардани фазои иттилоотӣ ва дар зеҳни мусалмонони бошандаи кишвари мавриди ҳадаф бедор кардани нафрат бар алайҳи низоми мавҷуда, бовармандон ва пайравони дигар кешу оин ҳисси ҷангиро дар онҳо боло бурда, аз лиҳози равонӣ ононро то сарҳади аз байн бурдани дигарандеш ё ба тарзи дигар маҳкуми қатл будани ӯ ва бо қатл кардани вай расидан ба биҳишту ризоияти Офаридгор аз як мусалмони маъмулӣ як террорист дуруст мекунанд. Дар ин ҳолат исломгароён ниёз ба мубалиғоне доранд, ки аз назари истеъдод қобилияти суханварӣ ва таъсиргузорӣ дошта бошанд ва дар айни ҳол тавонанд мағзу иродаи гурӯҳҳои бовармандро идора кунанд ва ононро ҳадафнок ба як самт равона созанд. Ҳамин аст, ки гурӯҳҳои исломгаро маблағҳои бузургеро сарфи нафароне месозанд, ки онон қобилияти баланди таъсиргузорӣ дар ҷомеаро дошта бошанд.

  Исломи қудратӣ ки заминаи асосии ҷараёни исломгароӣ аст, ҳарчанд бисёриҳо даъво мекунанд, ки онҳо аз исломи мусалмонӣ дуранд, вале новобаста аз ин, онон дар байни гурӯҳҳою қишрҳои муайяни ҷомеаҳои мусалмоннишин пойгоҳи иҷтимоӣ доранд, ки ин метавонад ва чанд омил вобаста бошад омилҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ. Ҳамин аст, ки ин гурӯҳҳо зуд шакл мегиранд ва сафи худро афзоиш медиҳанд ва ба як қувваву ҷараён табдил меёбанд. Чунин вазъро метавон дар шаклгирии исломгароён дар Сурияю Ироқ, ки дар як муддати кӯтоҳ ба қудрати ДОИШ табдил ёфтанд, мисол зад.

  Вобаста ба шаклҳои исломе, ки дар боло мавриди таҳлил қарор гирифтанд, танҳо шакли исломи ибодӣ ва то андозае ҷамоатӣ метавонанд бо низоми мардумсолор ва дунявӣ канори ҳам оянд ва дар шароити феълии ҷаҳон, ки фарҳангҳои гуногун дар як фазо қарор мегиранд, мусолиматомез бошанд. Аз тарафи дигар, танҳо дар марҳилаи исломи ибодӣ аст, ки як боварманди мусалмон розу ниёзҳои хешро ҷиҳати наздикӣ бо офаридгораш аз рӯи бовари дарунӣ дар миён мегузорад ва дар ҳамин зина аст, ки дин ҳам барои инсон ҷойгоҳи баланд дорад ва ҳамчун як падидаи қудсӣ ба он арҷ гузошта мешавад ва ин арҷгузорӣ ҳам аз ҷониби бовармандон ва ҳам аз ҷониби ғайрибовармандон сурат мегирад. Бо назардошти ҳамин нукта ва таҳлилҳои дар боло оварда шуда ҷомеаи моро зарур аст, ки дар он ислом дар шакли ибодӣ ва то андозае ҷамоатӣ амал намояд. Чун мо дар низоми дунявӣ ба сар мебарем ва ин низом кафили пешрафт ва саодати инсонӣ ва кишвари мо низ ҳаст, аз ин лиҳоз, танҳо дар ҳамин шакл барои мардум ва гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ мазҳабҳои гуногун метавонад ба тарзи мусолиматомез ва бидуни хушунату бархурд қарор бигирад.

  Ҳамчунин бояд тавзеҳ дод, ки нафароне, ки ба хотири ҳадафҳои хеш низоми дунявиятро мавриди мазаммату таҳқир қарор медиҳанд ва таблиғи аз бовари мардум ба даст овардани қудрати сиёсиро тавассути расонаҳои гурӯҳӣ ба миён мегузоранд, онон аслан манфиатҳои гурӯҳию сиёсии худро доранд. Ҳарчанд даъво аз мардумсолрию дифои ҳуқуқи башар ҷор мезананд, вале амалан имкон надорад, исломи қудрат дар ҳар шакле набошад, бо мардумсолорӣ ва ҳуқуқи башар обашон дар як кӯза ғунҷоиш кунад. Маҳз ҳамин нафаронанд, ки сабаби исломҳарросӣ дар ҷаҳони муосир гардидаанд. Инон исломи мусалмониро то ҳадде поин бурдаанд, ки дар ҳар кишвари ҷаҳон аз як нафаре, ки аз табаияти мусалмон бошад, агарчӣ бо афкору андешаи дунявӣ ҳам бошад, сокинони буми он кишвар аз ӯ меҳаросанд ва ба он ба назари машкук менигаранд. Дар худи кишварҳои мусалмонишин ҳаминҳое, ки аз ислом қудрату сиёсат месозанд мухолифату беқайду бориро ба миён оварда, муҷиби бозмондагиву бархурд ва куштору фақр ва муҳоҷирати густурда гардидаанд. Аз ин лиҳоз, набояд сокинони кишвар ба таблиғоти зиддимиллии гурӯҳҳое дода шаванд, ки мехоҳанд аз ислом сиёсат созанд ва тавассути бовару эътиқоди мардум ба қудрат бирасанд. Имрӯз давлат ва ниҳодҳои он тамоми шароитро дар чорчӯбаи қонунгузорӣ ҷиҳати анҷом додани бароварда кардани ниёзҳои як боварманд новобаста аз навъи бовараш муҳаё намудаанд. Сели борони таблиғоте, ки тавассути расонаҳои гурӯҳии нафароне, ки ба хотири расидан ба қудрат алайҳи давлат равона месозанд ва гӯё барои иҷрои амалҳои бовармандон монеа мавҷуд бошад, туҳмату буҳтоне беш нест. Мутаассифона, ин нафарон ҳеҷ гоҳ аз роҳи ақлу хирад ва воқеияти ҷойдошта боре тавзеҳ намедиҳанд, ки низомҳои сиёсии сохтаи исломӣ дар кадом кишвари ҷаҳон бартарият доранд ва он мардуми ҳамон кишварро ба саодат расонидааст. Ба ҷуз аз таблиғоти бебунёди мағзшӯӣ чӣ далели воқеӣ доранд?!

  Аз тарафи дигар дар низоми дунявӣ он қонуну дастуроте, ки аз рӯи зарурати иҷтимоӣ қабул гардидаанд, бояд риояти онҳо барои ҳама яксон бошад. Саҳлангорӣ дар ин кор бар суди ҷомеа нахоҳад буд. Набояд дастуроти исломи шариатӣ ва қонунҳои иҷтимоии амалкунандаро ба ҳам омезиш дод. Нодида гирифтани баъзе аз масоил метавонад заминаи авҷ гирифтани исломи қудратӣ шавад ва дар маҷмӯъ ба исломгароӣ оварда расонад. Махсусан дахолат кардани умури динӣ дар умури дунявӣ ва хосатан дахолати он бо корҳои давлату давлатдорӣ метавонад як заминае барои Исломгароӣ  бошад.

Исломгароӣ ва мардумсолорӣ

   Гурӯҳе аз муддаиёни исломгаро даъвои он доранд, ки гӯё ҳокимияти теократӣ ва мардумсолорӣ (демократия) ҳарду ба ҳам тавъаманд ва бештар далелеро меоранд ва рӯи он тамаркуз медиҳанд, ки дин ҳам  баромада аз байни мардум аст ва ин боварҳо ба мардум тааллуқият доранд ва мардум аст, ки онҳоро мавриди парастишу баррасӣ қарор медиҳад. Аз ин рӯ онҳо далел меоваранд, ки чун дин аз мардум аст, пас ба тарзи динӣ низ идора кардани ҷомеа хусусияти мардумӣ дорад. Зикр кардан ҷоиз аст, ки дар ин маврид муддаъиён як нуктаро ба ҳисоб намегиранд, ки дин падидаи иҷтимоӣ аст ва дар дараҷаи муаяни рушди иҷтимоъ ба вуҷуд меояд, таҳаввул мекунад ва дигаргун мешаваду аз байн меравад. Аз тарафи дигар, ҷомеаи инсонӣ, худи инсон ва андешаву ҷаҳонбинии ӯ ҳамеша дар ҳоли таҳаввул шудану дигаршавӣ аст. Аммо афкори динӣ (ин ҷо як дини мушаххас дар назар аст, на раванди таҳаввули афкори динӣ, ба мисли Ислом, Масеҳият, Яҳудият ва ғ.) мунҷамид, шахшуда ва тағйирнопазир аст. Он ҳазорон сол дар як қолаб ва дар як шакл ва бо дидгоҳи тағйирнопазиру арзишҳои догматикӣ устувор аст. Ҳамин аст, ки бо гузашти ҳазорон сол дидгоҳҳои як дини мушаххас тағйир намеёбанд ва дигар ҳам намешаванд. Ҳамон арзишҳо, ҳамон ҷаҳонбинӣ, ҳамон аҳком ва ҳамон расму оин бетағйир то ба имрӯз арзи ҳастӣ менамоянд. Ҳол он ки аз лиҳози ҷомеашиносӣ дар ҳар марҳилаи  зиндагии инсонҳо дидгоҳ арзишҳо ва муносибат бо худу ҷаҳон вобаста аз сатҳи донишу биниш ва заруриятҳои иҷтимоӣ тағйир меёбад, дигар мешавад ва бо замони мушаххас мувофиқ мегардад. Ҳамин ҷост, ки зиддият байни тарзи идоракунии динӣ ва ҷомеа ба вуҷуд меояд. Яъне тасаввур намоед, ки ҷомеае, ки 2000 сол ё 1400 сол таҳаввул кардааст, дар зинаи дигари рушд қарор дорад ва афроди ин ҷомеа мусаллат бар донишу фанноварии асли имрӯзаанд, чи гуна метавон онҳоро бо аҳкоми ҳазорон сол қабл вобаста ба он сатҳи донишу фаҳми инсони он замон  таҳия шуда идора намуд. Аз ҷониби дигар дин ва бовару эътиқод танҳо замоне, ки кори фард аст ё бевосита ба фард тааллуқ дорад, он метавонад, барои фард як падидаи зеҳнӣ, дарунӣ ва виҷдонӣ бошад. Ҳамин аст, ки фард аз лиҳози психологӣ вақте барои чизе муқаддасотро қоил мешавад, онро дарунгароёна ва зеҳнӣ қабул мекунад. Ҳатто дар истифодаи вожаи офаридгор инсонҳо онро дар шакли “Худои ман” истифода мекунанду онро дарунгароёна фардӣ таллақӣ мекунанду мутмаъинанд, ки Худо бо онҳост, вале вақте бовару эътиқоди инсон ба чорчӯбаи ҳатмӣ ва риояти меъёрҳои бечуну чаро кашида мешавад, дар ин ҳолат дигар диният ва бовармандӣ аз он гирифта мешавад ва дигар аз воқеъияти дин чизе ҷуз сиёсат боқӣ намемонад. Вақте дин коллективӣ карда мешавад ва аҳкоми он аҳкоми ҳамагонӣ арзёбӣ мешаванд, ҳамин замон аст, ки дин ба воситаи маҳдудкунандаи озодии инсонҳо табдил меёбад. Дигар он бо мардум нест, балки маҳдудкунандаи мардумон аст. Зеро дар бинишҳои динӣ ҳама чиз пешакӣ муайян аст ва бояд ҳамагон дар он чорчӯбаву меъёр амал намоянд. Ин  боиси он мегардад, ки дар ҷомеаи теократ ҳамаи маънавияти инсон саркуб мешаванд ва дигар дар ин ҷомеа на ҳуқуқ, на ахлоқ, на сиёсат, на илм, на санъат ва на зебоишиносӣ озод вуҷуд дошта метавонанд. Ҳамаи инҳо хусусияти динӣ мегиранд ва ба бумбаст мувоҷеҳ мегарданд.  Ҳамин омил сабаб мешавад, ки дар ҷомеаи динсолор рушди амалии соҳоти гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ бисёр ба кундӣ сурат мегирад. Ҳамин аст, ки ҳукумати динӣ ва мардумсолорӣ ҳарду бо ҳам мувофиқат надоранд, ҳарчанд баъзе аз мухотабони ҳокимияти теократӣ даъво доранд, ки имкони ҳамнишинии ин навъи идоракунӣ бо мардумсолорӣ мавҷуд аст, вале чанд ҷузъиётро наметавонанд тавзеҳ диҳанд. Яке аз он масъалаи сонсури андеша, ки дар чуни навъи ҳокимият ҷой дорад. Дигар ин ки табъизи ҷинсӣ дар ҷомеаи динмеҳвар ҷойгоҳ дорад ва занону мардон ҳеҷ гоҳ баробар нестанд ва онҳо на аз лиҳози ҳуқуқӣ ва аз лиҳози маънавӣ баробар ҳисобида мешаванд. Масъалаи дигар ин аст, ки дар ҷомеаи теократ умуман масъалаи интихоб вуҷуд надорад, дар он танҳо як шакли ҳокимият як шакли идоракунӣ мавҷуд аст ки он ҳам низоми динӣ асту халос. Аз ин рӯ ононе, ки даъво доранд гӯё демократияи динӣ имконпазир бошад, ин фақат танҳо як лафзбозӣ асту халос. Зеро низомҳои сиёсии ҷумҳуриҳои исломӣ нишон додаанд, ки дар ҳеҷ кадоме аз онҳо наметавонад мардумсолорӣ ҷой дошта бошад. Дар ҳамаи ин низомҳо дигарандешонро мавриди саркӯб қарор медиҳанд, ба ҷуз аз чорчӯбаҳои худ дигар меъёрҳоро қабул надоранд. Самтҳои ҳаёти иҷтимоиро махсусан фарҳангу маънавиёти ҷомеаро дасткорию муҳандисӣ мекунанд. Онро барои равнақи ҷанбаҳои диниаш маблағгузорӣ мекунанд. Раванди таълиму тарбияро низ самтгиронаю пайгирона динӣ месозанд ва ҳамаро ба як идеология табдил месозанд. Исломгароӣ дар ин сурат бар мухолифи гуногунписандии табиати инсон қарор мегирад ва кушиш ба харҷ медиҳад, ҷомеаро ҳамсонсозӣ кунанд.як навъ модели инсони ҷомеаи динсолорро дуруст мекунад, ки боястӣ ҳама аҷзои он динӣ бошанд. Ҳамин аст, ки ба ҳама аҷзои инсон кор мегирад. Масалан боястӣ дар ин низом занон шакл ва либоси якхела дошта бошанд. Мардон низ ҳамчунин. Дар ин ҳолат барои инсон ё шаҳрванд дигар интихобе вуҷуд надорад, илло аз он шакли идеология карда шудаи динии аз тарафи низом пешниҳодгардида.  Ҳамин аст, ки ҳукумати динӣ душмани ҳувияти фардӣ аст. Он ранг, модел, духт, андоза ё ҳар меъёри ягонаи дигареро барои либос ё меъёрҳои дигар барои ороиш мушаххас мекунад ва фард ҳаққи рад кардани онро надорад. Ҳукуматҳои динӣ ҳувияти фардиро барҳам медиҳанд ва як ҳувияти сохтаи дастаҷамъӣ месозанд ва дар зеҳни ҳамвандони хеш озодии андеша, озодии интихоб ва озодии ахлоқро ҳамчун ҳувияти ғарбӣ ва баду ваҳмзадаву касифу ғайриинсонӣ таллақӣ мекунад. Ин боиси он мегардад, ки онон ҳар гуна озодиро ҳамчун як омили бад ё ғарбизадаву ғарбишуда таллақӣ мекунанд. Ҳол он ки дар кишварҳои мардумсолор  аслан ҳувияти ягона вуҷуд надорад ва ҳар кас ҳамчун фард ба шакл додани ҳувияти хеш мепардозад ва ҳеҷ як марҷаи тақлид ё дастури болоӣ барои ин кор вуҷуд надорад.

  Пайгирии тамомиятталабонаи тарҳои иҷтимоию фарҳангӣ, ки дар батни ҷомеаи динмеҳвари сиёсӣ аст, имкони ҳамзистии исломгароӣ бо дигар идеологияҳо ва боварҳоро ғайримумкин месозад. Ҳамин нукта аст, ки исломгароиро хатарнок ва ғайри қобили таҳаммул сохтааст. Исломгароён пеш аз расидан ба қудрат сирфан идеяҳои худро матраҳ мекунанд. Даъво намекунанд, ки ҳама бояд мисли онҳо бошанд. Онҳо муддаӣ нақди вазъияти мавҷудаанд. Танҳо камбӯдҳои ҷомеаи мавҷударо мавриди баррасӣ қарор медиҳанд ва он мушкилеро, ки дар ҷомеа мавҷуд аст, онро шиоргуна ба хотири дар байни тудаҳо касб кардани маҳбубият истифода менамоянд. Аз тарафи дигар баъзе аз масъулини ҷомеа ва ниҳодҳои иҷтимоӣ, ки вазоифи хешро дуруст анҷом намедиҳанд ва хунукназариву бемасъулиятӣ зоҳир менамоянд, ҳаминонанд, ки ба осиёби исломгароён об мерезанд. Ин камбуду нуқсҳои дар ҷомеа мавҷуд буда, ки бевосита аз тарафи ниҳодҳои дахлдор мавриди нақду баррасӣ қарор намегиранд, гоҳе ки аз тарафи исломгароён садо медиҳанд, дар назари мардуми оддӣ чунин менамояд, ки гӯё онон мушкилкушоёнанд. Ин заъфро онон ҳамчун нафарони фурсатталаб истифода менамоянд ва нишон медиҳанд, ки гӯиё асли мардумсолориянд ва аз дарди мардум ва иҷтимоъ мегӯянд. Аммо пас аз расидан ба қудрат ҳеҷ ҷое барои дигар боварҳо ва дигар салиқаҳо намегузоранд, вазъро садҳо баробар вахимтар ва фазоро баста мегардонанд. Минбаъд танҳо дар ин низом фақеҳ муайян мекунад, ки чи чиз раво аст ва чи чиз нораво. Кадом интиқод дурусту созанда аст ва кадом интиқод нораво ва сиёҳ аст. Давлат дар ин низом мушаххас мекунад, ки ҳатто ронандагони таксӣ бояд чи чизе аз мусиқиро гуш диҳад ва кадомашро не. Ҳамачунин аз тарафи дастгоҳҳои давлатӣ муқаррар карда мешавад, ки оё байни зану мард шухи кардан имкон дорад ё хайр.

  Тамомиятхоҳии исломгароён фақат ба ҳокимияти худашон, ки маҳдуд намешавад. Онҳо мехоҳанд ин меъёрҳоро ба ҳамаи мусалмонон ва натиҷатан ба ҳамаи ҷаҳон интиқол диҳанд. Онҳо дар гӯишҳояшон чунин таблиғ менамоянд, ки дину оини мо барои ҳамаи умури зинадгии башар барнома ва дастурамал дорад ва ин дастурҳо фақат ба ибодат маҳдуд намешаванд ва ҳамаи соҳаҳои ҳаёти инсонро дар бар мегирад. Ҳамин аст, ки онҳо мафҳумҳоеро аз қабили иқтисоди исломӣ, равоншиносии исломӣ, ҷомеашиносии исломӣ, донишгоҳи исломӣ, ҳунари исломӣ ва то ҳадде физика ва химияи исломӣ истифода менамоянд, ки бисёр музҳик ва хандадор аст. Ин тарҳҳое ки исломгароён месозанд на танҳо ба ақлу таҷрибаи таърихӣ дар байни мусалмонон, балки ҳатто ба фиқҳи суннатӣ низ баробар нестанд. Ҳамин навъи тамомиятталабӣ аст, ки сабаби фурупошӣ аз байн рафтани идеологияи исломгароӣ мешаванд. Идеологияе, ки имкони ба тарзи маъмулӣ нафасгирӣ ва зиндагӣ карданро аз аксари мардум мегирад ва бар алайҳи табиати инсон қарор дорад ва бо хурдтарин аҷзои зиндагӣ аз қабили ороиши мӯй нохуну, остин пероҳан, модлели мӯй, риш дахолат меварзад роҳеро ба ҷуз сарнагунӣ барои мардум боқӣ намегузорад. Ин навъи идеология, ки бо табиати инсон дар мухолифат аст ва ҳамеша дар саркӯбии инсонҳо қарор мегирад табии аст, барои ҳама афрод заҳмат эҷод мекунад ва дар кишварҳои дорои низоми теократӣ ҳатто давлатмардони ин низом аз тарзи бархурд ва идоракунии он розӣ ва қонеъ нестанд, чӣ расад ба мардум. Аз ин лиҳоз, исломгароӣ ва мардумсолорӣ ду мафҳуми гуногун ҳастанд, ки ҳеҷ гоҳ наметавонанд ҳамдигарро иваз намоянд ё ба ҳам тавъам бошанд. Ононе, ки ин мафҳумҳоро ба ҳам меомезанд ва муддаии исломгароии мардумсолоранд, дурӯғ мегӯянд, мардумро гул мезананд ва аз роҳи авомфиребӣ мехоҳанд қудратро ба даст бигиранд, на чизи дигар.

 

Исомиддин ШАРИФЗОДА

номзади илмҳои фалсафа

Маҷаллаи академии илмию оммавӣ "Илм ва Ҷомеа"-№4 (22), 2020

Хондан 1070 маротиба