JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 05 Ноябри 2020 09:17

Конститутсияи ватанӣ ва ормонҳои давлатдории миллӣ (ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи миллӣ)

Муаллиф: Нодир Нуров

  Маълум аст, ки ҳар як давлати миллӣ дорои сарчашмаи ҳуқуқӣ – Конститутсия мебошад ва тарҳи ин сарсанади меъёрии ҳуқуқӣ бар асоси ормонҳо ва афкори поядори миллӣ рехта мешавад. Аз ин лиҳоз, мардуми тоҷик бо ормонҳои давлатдорӣ ба арсаи сиёсат ва давлатдорӣ қадам ниҳода, барои заминагузорӣ ва роҳандозӣ кардани лоиҳаҳои давлатҳои миллӣ ва дунявӣ беҳтарин бовару асотир бофтаву пардохтааст, ки дар сохтмони давлатҳои минбаъдаи дунявӣ ба сифати манбаи зарурӣ хидмат намудаанд. Муҳаққиқон, бо назардошти шароит ва вазъи номусоиди глобалӣ, таҳкими фарҳанги бумиро бар пояи ҷаҳонбинӣ ва идеологияи воқеъбинонаи миллӣ, ки дар бовару асотири паҳлавӣ ва манобеи асримиёнагӣ дарҷ гардидаанд, ҳукми зарурат донистаанд (ниг.: Бекзода Комил. Таърихи равшанфикрӣ аз даврони Ҷамшед то  замони Фирдавсӣ. –Душанбе, 2012. -С388-389).

  Барои намуна, метавон аз устураи Ҷамшедӣ ба сифати мафкураи давлатдории миллӣ ёдовар шуд, ки таърихи беш аз панҷҳазорсола дорад. Хатти марказии фарҳанг ва сиёсати миллӣ дар симои шаҳриёри нимаустуравӣ ва ниматаърихӣ Ҷамшед чарх мезанад ва асотири асримиёнаи паҳлавӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки ў на фарраи паёмбарӣ, балки фарраи шаҳриёриро ихтиёр намуда, дар ин дунё лаззат бурдан ва онро ободу зебо сохтанро меъёр ва шеваи зиндагии худ талаққӣ карда, дар татбиқи он калидғоя кўшидааст(ниг.: Баҳор Меҳрдод. Аз устура то таърих. Гирдоваранда ва виростор Абулқосим Исмоилпур. Теҳрон, 1384. -С. 360). Бар қолаби фарҳанги Ҷамшедӣ ҷашнҳои бостонии миллӣ (Наврўз, Тиргон, Меҳргон, Сада) рехта шуда, ҳамагӣ барои танзими барномаҳои зиндагии инсонӣ офарида шудаанд (Рўҳуламинӣ Маҳмуд. Ойинҳо ва ҷашнҳои куҳан дар Ирони имрўз. Теҳрон, чопи аввал, 1376. –С.15). Аз ин лиҳоз, фарҳанги ҷамшедӣ пуштувонаи калидии низоми сиёсӣ ва иҷтимоии мардумӣ ва миллӣ тайи таърихи тўлонӣ буда, аслҳои дар шароити сохтмони давлатдории ватанӣ – дар таҳияи Конститутсияи Ҷумҳурӣ ба таври худогоҳ ва нохудогоҳ роҳ ёфтаанд.

  Дар асотири куҳани миллӣ масъалаи давлатсозӣ ва нақши мардум дар сохтмони давлати мардумӣ хотирнишон шуда, бад-ин тариқ низоми сиёсии ҷаҳони инсонӣ, ки дар асоси меҳр, хирад, ростӣ, дод ва озодӣ бунёд ёфтааст, матраҳ гардидааст. Дар он ҳар дине, ҳар миллате, ҳар роҳбаре, ки ба мардуми ҷаҳон меҳр меварзад ва мардуми ҷаҳон ин меҳрварзиро бо таҷриботи мустақими худ дармеёбанд, ўро бармегузинанд ва ҳар гоҳ, ки даст аз меҳр баркашад, тўмори баргузидагиаш барчида мешавад (таваҷҷуҳ шавад ба: Ҷамолӣ Манучеҳр. Густохӣ дар гусастан. Аз гусастагони густох. Ландан: Курмали Пресс, 1996. –С.50). Чун ормони миллӣ бар пояи озодӣ бунёд ёфтааст, озодӣ, ба қавли файласуфи олмонӣ Мартин Ҳайдеггер, «ҷавҳари ҳақиқат аст» ва маҳз ин ҷавҳар зиндагиро маънои тоза мебахшад.

  Дар замони давлатдории Куруши Кабир ормонҳои миллӣ воқеият касб менамоянд. Бар асоси ормонҳои миллӣ ва далатдории ҷамшедӣ нахустин Маншури ҷаҳонии ҳуқуқи башар (Эъломия) аз тарафи Куруши Кабир дар соли 538 пеш аз милод эълом  ва ба иҷро мерасад. Соли 1969 милодӣ, пас аз даргузашти 2507 сол баъд аз судури фармони мазкур намояндагони кишварҳои гуногун бо ҳузур ба оромгоҳи Куруш аз ў ба унвони нахустин поягузори ҳуқуқи башар ва озодии инсон таҷлил карданд (ниг.: Ҳушанг Толеъ. Таърихи тамаддун ва фарҳанги Ирони куҳан. –Теҳрон, 1382. –С.209). Таърих шоҳид аст, ки барои сарнагун кардани истибдоди шоҳи Бобул мардуми Бобул Курушро даъват мекунанд. Баъди озод намудани мардуми Бобул Куруш Маншур ё ба истилоҳи имрўза Эъломия мунташир мекунад. Дар маншури худ, қабл аз ҳама, ба масъалаи озодӣ ва анвои гуногуни он, амсоли озодии виҷдон, ки нахустзаминаи давлати демократӣ талаққӣ мешавад, таваҷҷуҳ менамояд ва дар ин замина, таъкид мекунад: «Артиши бузурги ман ба оромӣ вориди Бобул шуд. Нагзоштам ранҷу озоре  ба мардуми ин шаҳр ва ин сарзамин ворид ояд…ба тирабахтиҳои онон поён бахшидам. Ман бардадориро барандохтам. Фармон додам ҳамаи мардум дар парастиши худои худ озод бошанд ва ононро наёзоранд» (ниг.: Ҳушанг Толеъ. Таърихи тамаддун ва фарҳанги Ирони куҳан. –Теҳрон, 1382. –С.217). Мардонагӣ ва шарофати Курушро дар бахшҳои дигари маншур тариқи зер мушоҳида мекунем: «Фармон додам ҳамаи ниёишгоҳҳое, ки баста буданд, бигшоянд» (бахши 32-и Маншур). «Ба ниёишгоҳҳои худашон бозгардондам» (бахши 34-и Маншур, таваҷҷуҳ шавад ба: Ҳушанг Толеъ. Таърихи тамаддун ва фарҳанги Ирони куҳан. –Теҳрон, 1382. –С.218). Ин саховатмандӣ, мардонагӣ, родмардӣ ва инсонияти ўро дида, мардуми Бобул ба ў унвони «Шоҳи Бобул», «Шоҳи сарзаминҳо»-ро додаанд. Куруш бар маросими иди Наврўз ба суннати деринаи подшоҳони Бобул, дасти  Bel (Баал) – Худои бузурги бобулиёнро ламс мекунад ва қонунан ва шаръан дар шумори подшоҳони Бобул дармеояд. Куруш он ҷо сиёсати родмардӣ ва инсондўстии худро ба намоиш мегузорад ва фармони аз асорат озод кардани яҳудиёнро содир мекунад. Ба онҳо иҷозат медиҳад, ки ба сарзамини хеш бозгашта, маъбади Байтулмуқаддасро ба ҳамон сурати пешазвайронӣ бозсозӣ кунанд. Тамоми зарфҳои тилло ва нуқрае, ки аз яҳудиён гирифта буданд, ба онҳо бозгардонда мешаванд (ниг.: Гиршман Роман. Таърихи Ирон аз оғоз то ислом. Тарҷумаи Маҳмуд Беҳфурўзӣ. –Теҳрон: Ҷомӣ, 1379. –С122).

 Дар асоси ормонҳои миллӣ ва мардумӣ дар шароити нави таърихӣ (манзур давраи Истиқлолияти давлатӣ аст) мардуми тоҷик сарнавишти сиёсӣ ва фарҳангию иҷтимоии худро дар қолаби Конститутсияи миллӣ тарҳрезӣ намуд. Он чи ки мелоки ормонҳои миллии бостониро ташкил медод, дар Конститутсияи миллӣ инъикос ёфт. Муқаддимаи Конститутсия (Моддаи 1) калидғояро дар шакли зайл таъкид мекунад: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.

  Ба ин нуктаи санади асосӣ таваҷҷуҳ мекунем: “Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии  арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меоварад”. Дигар бахшҳои санади асосии миллӣ мазмунан ин нуктаи калидиро шарҳу тавзеҳ медиҳанд (барои намуна, моддаи 2: “Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст”; моддаи 5: “Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд”; моддаи 18: “Ҳар кас ҳаққи зиндагӣ дорад”; моддаи 30: “Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад. Таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ аст” (ниг.: Маҷмўаи қонунҳо. –Душанбе, 2006. –С.3, 5, 6). Бар пояи Маншур ва ё Эъломияи Куруши Кабир ва асноди байналмилалӣ моддаи 17-и Конститутсияи ҶТ тазаккур медиҳад: «Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад». Нукоти мазкур, ки дар шаҳодатномаи миллӣ (Конститутсия) инъикос ёфтаанд, дар заминаи омўзиш ва дарки ормонҳои миллии бостонӣ, ки дар боло ишора шуданд, дарҷ гардидаанд.

  Давлати миллӣ имрўз ҳам аз ормонҳои миллӣ дифоъ мекунад ва дар роҳандозӣ намудани сиёсати давлатӣ аз онҳо васеъ истифода мебарад. Манзараи имрўзаи ҳаводиси ҷаҳонӣ, ки бо даргириҳои мусаллаҳона ва ғайриинсонӣ (мафкураи ифротии динӣ-мазҳабӣ, хусусан, исломӣ бунмояи таҳрикоти мухталиф дар асри ҳозир гардидааст) ба назар мерасад, авзои ҷавомеи башариро ноҷур карда истодааст ва ин ҳолат давлатро муваззаф месозад, ки роҳҳои оптималии ҳалли мушкилоти сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, динӣ-мазҳабиро ҷустуҷў ва дарёфт намояд. Вобаста ба ноҷур шудани вазъияти сиёсии ҷаҳонӣ, ҳанўз соли 2004 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба муносибати 10-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карда буданд: «Давлат ҳақ дорад монеи ҳуқуқии ҳар гуна сўистифода аз дин аз ҷониби ҳаракатҳои гурўҳҳои ифротии дохиливу байналмилалӣ гардад. Бахусус, ки имрўз фаъолияти харобиовари онҳо хатару таҳдидҳои ҷиддиро ба миён оварда, хусусияти глобалӣ пайдо кардааст… Мо ба хотири оромиву субот, ваҳдати миллӣ, бунёди давлати ягонаву иҷтимоӣ ва таҳкими асосҳои он шароити мусоид фароҳам овардем, то ин ки дар ҷомеаи мо демократия  реша давонда, самара диҳад» (ниг.: Раҳмонов Эмомалӣ. Дар бораи дин. –Душанбе, 2006. –С.198). Таъкидоти Президенти кишвар ҳам дар асоси ормонҳои миллӣ сурат бастаанд.

  Ҳамин тариқ, Конститутсияи давлати Тоҷикистон бар мабнои ормонҳои миллӣ ва инсонии мардуми куҳанбунёди тоҷик эҷод шудааст ва мусалламан, дар феҳрасти конститутсияҳои беҳтарини башарӣ қарор дорад. Аз фурсати муносиб истифода бурда, тамоми мардуми Тоҷикистонро ба 26-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик менамоям.

         Ид муборак, ҳамватанони гиромӣ!

   Нодир Нуров,

 докторант (Phd)-и соли якуми

ихтисоси назария, методика

ва ташкили фаъолияти

иҷтимоӣ-фарҳангии

ДДФСТ ба номи М. Турсунзода

Хондан 889 маротиба