JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 07 Сентябри 2026 11:45

Истиқлоли давлатӣ: масъулиятшиносӣ ва тавонмандии фикрӣ

Муаллиф: Нозим Нурзода

(Андешаҳо дар ҳошияи 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ)

    Чун дар арафаи 35-умин солгарди ҷашни бошукӯҳи миллӣ-давлатӣ -- Истиқлоли давлатӣ қарор дорем, кулли ҳамватанон ва тамомии тоҷиктаборони ҷаҳонро ба ифтихори ин ҷашни умумимиллию умумидавлатӣ шодбош мегӯем ва умед мекунем, ки истиқлолу ваҳдати миллӣ ҷовидонӣ бошад.

   Муҳимтар аз ҳама, истиқлолу озодӣ, дар баробари ҳаёту зиндагӣ ва донишу хиради фардию ҷамъӣ, аслу арзиши калидии инсонист ва танҳо миллату халқиятҳое ба дараҷаи истиқлолу озодӣ расидаву мерасанд, ки пеш аз ҳама, огоҳӣ ва истиқлоли фикрию зеҳнӣ дошта бошанд. Миллате, ки ба дараҷаи огоҳӣ ва истиқлоли фикрию зеҳнӣ нарасидааст, ба қадри озодию истиқлоли сиёсию давлатӣ ҳаргиз нарасидаву намерасад. Шинохт аз худ ва дигарон, ташхиси мушкилоти фикрию зеҳнӣ, шиносоии уқдаҳои сириштию ботинӣ ва мунтаҳо, огоҳӣ аз равандҳои дохилию хориҷӣ миллатро ба сатҳи озодию истиқлол мерасонад ва дар баробари таҳдиду хатарҳои дохилию минтақавию глобалӣ муқовим месозад.

  Ба ин маъно, истиқлоли фикрӣ нахустзаминаи истиқлоли сиёсию давлатист. Дар зимн, ба даст овардани истиқлол дар ҳар самту сӯйе баёнгари қудрат ва тавоноии миллат ва мардум аст. Бавежа, истиқлоли фикрӣ сатҳи баланди расоӣ ва балоғати насли башар маҳсуб ёфта, ба унвони пешзаминаи низоми муваффақи демократӣ ва мардумсолорист. Бо таваҷҷуҳ ба муҳтавои мавзуи “Истиқлоли давлатӣ: масъулиятшиносӣ ва тавонмандии фикрӣ”, андешаҳоямонро дар қолиби ёздаҳ нуктаи иҷмолӣ ироа медорем:

   Якум.  Нахуст аз мафҳум ва калидвожаи истиқлол шуруъ мекунем. Истиқлол”  вожаи  арабӣ буда, ба маъниҳои “бардоштан ва баланд кардан”, “баланд баромадан”, “ба ҷойи баланд омадан”, “озодӣ доштан”, “ба озодӣ коре кардан”, “бидуни мудохилаи касе кори худро идора кардан” (ниг.: Амид Ҳасан. Фарҳанги Амид. –Ҷилди аввал. –Теҳрон: Амири Кабир, 1381. –С.176); “дар тасмимот ё рафтори худ тобеи дастур ва хости дигарон набудан”, “доштани ҳақ ё тавонойии тасмимгирӣ дар идораи корҳо”, “мустақил будан” (ниг.: Анварӣ Ҳасан. Фарҳанги кучаки сухан. Ба сарпарастии Ҳасан Анварӣ. –Теҳрон: Сухан, 1383. –С.55); “озодӣ ва худмухтории кишвар” (ниг.: Фарҳанги донишгоҳии  арабӣ ба форсӣ. Тарҷумаи Ал-мунҷид-ул-абҷадӣ. Тарҷумаи Аҳмад Сайёҳ. –Теҳрон: Фарҳон, 1379. –С.81) далолат мекунад, ки ҳамагӣ дар маънию  мазмуни  “озодӣ дар андешаву баён, истиқлол дар кору умур ва идораи кишвар” инсиҷом меёбанд. Озодӣ ва ихтиёр дар идораи умур бидуни мудохилаи дигарон, қабл аз ҳама, ба марзи истиқлолияти сиёсию давлатӣ  расиданро нишон медиҳад.

   Дувум. Истиқлоли фикрӣ, қабл аз ҳама, бо огоҳӣ ва масъулияти фардӣ, гурӯҳӣ ва ҷамъӣ тавъамӣ дорад ва бешубҳа, масъулият аст, ки пояҳои истиқлолро дар ҳар шаклу мазмуне ва самту сӯйе ҳифз мекунад. Мазмуни истиқлоли  фардӣ ва ҷамъӣ дар саъю талошҳои рӯзмарраи иҷтимоӣ, фикрӣ, эҷодӣ, сиёсӣ ва маданӣ, ҳамкории беғаразонаи табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ, баҳамойӣ, ҳамбастагӣ ва дар маҷмуъ, ҳамшарикӣ дар ҳалли мушкилоти ҷамъиятӣ зоҳир мегардад. Шароити масъулиятмандӣ ва ҳавзаи пурсишгариро дар баробари худ ва ҷомеа истиқлоли фикрӣ ба вуҷуд меоварад. Гузашта аз ин, ҳунари пурсишгарӣ ва масъулиятписандӣ маҳз дар шароити корсоз будани дастгоҳи истиқлоли сиёсӣ, фарҳангӣ, маданӣ ва мунтаҳо, давлатӣ муяссар мегардад. Ин аст, ки дар ҳама давру замон бар мабнои муҳити озоду мустақил ҷомеаҳо рушд мекунанд ва танҳо дар натиҷаи дарёфту касби истиқлоли фикрӣ ҳаллу фасли саривақтии мушкилоту печидагиҳои  иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва равонӣ имконпазир мегарданд.

   Севум. Истиқлоли фикрӣ истиқлоли андеша ва тафаккур аст ва он ба се категорияи фикрию ахлоқӣ  – огоҳӣ, озодӣ ва масъулиятмандӣ бастагӣ дорад. Ба ин маънӣ:

              Ҷисми озодист истиқболи фикр,

               Ҷони озодист истиқлоли фикр,

               Бахти парвоз аз қаноту боли фикр,

               Умри мо вобасти тули соли фикр,

               Ин ҳама рушду тараққӣ моли фикр,

               Ҳосили омоли фикр.

     Ба ин маъно, фарде, ки огоҳ нест (донишу маърифат надорад)  ва муҳимтар аз ҳама, аз хирад бебаҳра аст (хирад аз “xrat”-и паҳлавӣ  буда, ба маънои ақл, ҳуш, қувваи дарёфту идроки ҳусну қубҳи аъмол ва тамйизи неку бади умур далолат мекунад – ниг.: Амид Ҳасан. Фарҳанги Амид. –Ҷилди дувум. –Теҳрон: Амири Кабир, 1381. –С.1004), дар ҳукми мурда мебошад.  Ин хирад аст, ки инсонро зинда нигоҳ медорад, ҷуръату ҷасорат мебахшад, тавону неру медиҳад  ва озодию озодагӣ ато мекунад. Бинобар ин, ҳар ҷое, ки хирад ҳузуру нуфуз дорад, он ҷо озодию истиқлол ва шукӯҳу шаҳомат ҳукмфармост.

     Истиқлоли фикрӣ бо андешидан оғоз меёбад  ва  андешидан бо худии худ ҷараёни саҳлу осоне ҳам нест. Агар андешидан ва дар ин замина тасмим гирифтан осонтарин амал мебуд, дар дунё оромӣ, субот ва сукути комил ҳукмфармо мегардид. Андешидан ва фикр кардан аз мушаххасоти ҳувиятӣ ва шахсиятии нафарони ангуштшуморест, ки зарфияти баланди зеҳнӣ ва эҷодӣ доранд. Масъалаи андешидан ва фикр кардан то он дараҷа ҳассос ва муҳим буда ва ҳаст, ки донишманд ва ҷомеашиноси маъруфи ғарбӣ Ҷорҷ Бернард Шоу дар ин замина ишораи ҷолиб ва дар айни замон ҷиддие кардааст:  “Фақат ду дар сад аз мардуми ҷаҳон меандешанд, се дар сад фикр мекунанд, ки меандешанд ва наваду панҷ дар сад ҳозиранд бимиранд, аммо фикр накунанд” (ниг.: //Бедорӣ. Конуни хирадмадории ирониён. Моҳномаи шумораи 77, соли чаҳордаҳум. Octoder 2014). Воқеан, инсоне, ки аз фикру андеша кардан (дуруст фикр карда тавонистан худ ба марҳилаи истиқлоли фикрию зеҳнӣ расидан аст) дурӣ меҷӯяд, на танҳо ба қадри истиқлол намерасад, балки озодиро дар шакл ва сатҳи сатҳи зоҳирӣ ва ҳатто ифротӣ қабул намуда, бар асари нодонию ноогоҳӣ ва бемасъулиятию бетафовутӣ ба қувваи вайронкору тахрибкори иҷтимоӣ табдил меёбад. Маҳз мушкилоти зеҳнӣ, фикрӣ, равонӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ аз ин нуқта сарчашма мегиранд ва пасон паҳну густариш меёбанд. Ба ин маъно:

              Мушкилоту уқдаҳо такрори мост,

             Решаи ҳар уқда дар афкори мост.

        Ё ин ки:

                Ҳар баду неке, ки дар кирдори мост,

                Решааш, оре, ки дар афкори мост.

      Чаҳорум. Дар доираҳои илмию фаннӣ ва ихтисосӣ мафҳуми “Озодӣ” ҳамчун арзиши олии инсонию ҷамъиятӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад ва дар ҳавзаи аксиология, ки ҳамчун илми арзишшиносӣ ё арзишдоварӣ маъмул аст, низ матраҳ мегардад.  Донишмандон се арзишро ба сифати арзишҳои асосӣ ва зарурӣ ёдовар шудаанд: арзиши аввалӣ ҳаёту зиндагӣ,  арзиши дувумӣ истиқлолу озодӣ ва арзиши севумӣ илму хиради фардию ҷамъӣ. Аз ин ҷост, ки барои ҳар як фард дар баробари ҳаёту зиндагӣ озодӣ низ арзиши асосӣ ва зарурӣ мебошад.  Агар вазифа ва рисолати илмҳои гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносиро, ки дар саргаҳашон фалсафа қарор дорад, пайгирӣ намоем, ба ин натиҷа мерасем, ки вазифаи таърихии илмҳои фалсафӣ (гуманитарӣ) инсонро аз ҳолати ноозодӣ ба сатҳи озодӣ расонидан аст. Ба ин маъно, озодӣ кашфиёти илми фалсафа аст.

        Панҷум.  Озодӣ барои як инсон ҳамеша ба унвони  як арзиши фундаменталӣ ва бунёдӣ будааст. Дар ибтидои асри бисту як дар миёни табақаҳои иҷтимоии ҷомеаҳои ғарбӣ, аз ҷумла Россия назарсанҷии ҷомеашиносӣ гузаронида шуд  ва  суоле ба ин мазмун – аз кай озодӣ барои инсон арзиш пайдо мекунад? дар доираи пурсишномаҳо матраҳ мегардад. Аз хулосаҳои назарсанҷӣ бармеояд, ки дар бисёре аз кишварҳо озодӣ ба унвони арзиши асосӣ ва зарурӣ чандон аҳамият надоштааст. Ҳатто дар кишварҳои мутараққӣ ва мутамаддини ҷаҳонӣ низ ба шинохту зарурати озодӣ ва махсусан, истиқлоли зеҳнӣ бетаваҷҷуҳӣ ба назар мерасад. Масалан, дар Россия 30 дар сад, дар Аврупо 75 дар сад ба масъалаи озодӣ таваҷҷуҳ кардаанду халос. Акнун таваҷҷуҳ менамоем, ки озодӣ ва истиқлол дар миёни табақаҳои гуногуни иҷтимои ҷаҳонӣ ҳанӯз ба таври бояду шояд роиҷ нашуда ва аҳамияти махсус пайдо накардааст. Ҳатто ҷомеаҳое ҳастанд, ки бар асари ноогоҳию камогоҳӣ аз масъулияти пазируфтани озодию истиқлол сар боз задаву мезананд. Ин нуктаро файласуф, ҷомеашинос ва равонков-психоаналитики маъруфи олмонӣ Эрих Фромм дар китоби “Гурез аз озодӣ” (Бегство от свободы) матраҳ мекунад.

       Шашум. Ҳанӯз дар қадимтарин замонҳо истиқлолталабӣ ва истиқлолхоҳӣ дар шакли зеҳнию фикрӣ аслу ҳақиқати зиндагии инсонӣ маҳсуб меёфтааст ва инсони бостонӣ дар маҳдудаҳои танги фикрию маданӣ ва сиёсию иҷтимоӣ ба дарки мафҳум ва моҳияти истиқлол расида будааст. Низомҳои муосири демократӣ ва мардумсолорӣ, ки давлат ва ҷомеаҳои мутамаддини ҷаҳонӣ бидуни ин ҳолу ҳаво дигар нафас намекашанд, бар мабнои истиқлоли фикрию сиёсӣ устуворанд ва ҳанӯз дар қадимтарин намунаю моделҳои давлатдории миллӣ зуҳур кардаанд. Ба ин манзур,  муҳаққиқон ба ин нукта таваҷҷуҳ мекунанд, ки тамрини демокросӣ ва мардумсолорӣ асрҳо қабл дар сарзамини Бохтари Эрон ба вуҷуд омада, решаҳои онро дар достонҳои қадимаи юнонӣ ҷустан норавост. Аз ин лиҳоз, тамрини демокросӣ аз Шарқ ба Юнонзамин мунтақил гардидааст. Барои намуна, пажуҳишгарон менависанд, ки подшоҳи Ҳахоманишӣ  Дориюш  дар  соли  492-и қабл аз милод сардори бузурги эронӣ Мордуниё (шавҳари хоҳари Дориюш)-ро барои саркӯби шӯриши юнониён ба фармондеҳии кулли қувваҳои Эрон мансуб мекунад. Мордуниё ҳамроҳ бо артиши бузург ва неруи дарёии азими худ зимни убур аз соҳилҳои Мадитрона (баҳри Миёназамин) ва шаҳрҳои мухталиф подшоҳон ва фармонравоёнро яке пас аз дигаре маѓлуб ва азл мекунад ва ба ҷойи онҳо намояндагони мунтахаби мардумро дар як Шуро (Маҷлис) ба раҳбарӣ мегуморад (ниг.: Лодан Амир Ҳусайн. Худосолорӣ ва дармондагӣ. Мубориза барои адолат, озодӣ ва мардумсолорӣ. –Лос-Анҷелес, 2014. -С.39). Бад-ин минвол Ҳукумати мардумсолорро Мордуниё ба Юнон интиқол дод. Демокросии Шуроӣ, ки дар Эрони бостон оғоз шуд, ҳудудан 550 сол пеш ба Юнон ва баъд ба Рум интиқол ёфт, вале тайи қарнҳо тадриҷан рӯ ба завол ниҳод ва ҳамзамон бо тавсеахоҳӣ ва қудратталабии мазҳаб нопадид шуд. Ин аст, ки      мардумсолорӣ, яъне ташхиси андешаманд будани инсон, арҷ ниҳодан ба хиради инсон ва эҳтиром ба ҳуқуқи табиӣ (озодӣ, ирода ва интихоб)-и инсон аст. Мунтаҳо, вожаи юнонии демократия аз ду реша -- “демос” мардуми муфаккир, соҳибандеша, соҳибтафаккур, мустақиландеш ва “кратос”  ҳокимият  таркиб ёфтааст. Ба сухани дигар, дар доираи мафҳуми демокросӣ ҳокимият ва ё ҳукумати мардуми муфаккир ва мустақилфикр фаҳмида  мешавад. Аз ин ҷост, ки дар садри низоми демократӣ ва ё мардумсолорӣ мардуми муфаккир ва соҳибандеша қарор доранд. Мардуми соҳибандеша ва мустақилфикр метавонанд, ки давлат ва ҷомеаи шоистаю боистаро созмон бидиҳанд ва боиси таҳаввулоту дигаргуниҳои куллӣ дар самтҳои гуногуни зиндагӣ бигарданд.

          Ҳафтум.  Дар ҳавзаҳои  сиёсию фалсафӣ ва ҳунарию фарҳангии Юнони қадим баҳсҳои тулоние сари  масоили муҳим матраҳ мегардиданд ва нафароне, ки ба мабоҳис ва маҳофил кашида мешуданд, дорои андеша ва дидгоҳи мустақил буданд. Махсусан, масъалаи баррасӣ ва таъйини ҷойгоҳ ва мақом-статуси “шаҳрванд” (гражданин) дар миёни аҳли илму сиёсат ва фалсафаи  Юнони қадим суннат ва анъана будааст. Шаҳрванд ва ё гражданин, ки имрӯз  дар сатҳи ҷаҳонӣ ба сифати мушаххасаи  калидии иҷтимоӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва маданӣ мутадовил аст, ҳанӯз дар Юнони қадим авлавият доштааст. Тибқи муҳтавои баҳсҳои мавҷуда, ҳар нафар наметавонистааст, ки ҳуқуқи шаҳрвандӣ (гражданӣ) дошта бошад ва танҳо нафар ва ё гурӯҳҳое ба ин мақом ва ҷойгоҳ (статус) мушарраф мегардиданд, ки қабл аз ҳама, соҳиби андешаи мустақил буда, дидгоҳ ва назари хос доштаанд. Дар зимн, нафарон ва ё гурӯҳҳое, ки мақом ва статуси шаҳрвандро доштанд, дар мабоҳису маҳофили сиёсию иҷтимоӣ ва фалсафию маданӣ фаъол будаанд ва сари масоили ҳалталаб, мушкилот ва муаммоҳои рӯзгору замон  ба давлатмадорон ва сиёсиён ба баҳс мепардохтанд ва аз ин тариқ дар раванди сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангию маданӣ бевосита ширкат меварзидаанд. Ба ёд меоварем Суқроти ҳакимро, ки миёни ҷавонон ин суолро ба сифати пурсиши калидӣ матраҳ мекардааст: “Фазилат чист ва беҳтарин ҳукумат кадом аст?” Суқрот тавассути ин навъ пурсишҳои ҷиддӣ насли ҷавони замонашро ба андешидан, ковиш, мулоҳиза, тааммул ва посух додан водор месохтааст. Як сабаб ва иллати фишор овардан ва баъдан ба қатл маҳкум кардани Суқроти ҳаким бедор кардани фикри насли ҷавон ва посухҳои ҷиддӣ ҷустан ба пурсишҳои ҷиддии замон будааст. Суқрот то ҷое рисолат ва вазифаи шаҳрвандиашро муҳим медонистааст, ки мегӯяд: “То ҷон дар бадан дорам, аз ҷустуҷӯйи дониш ва огоҳ сохтани шумо ба он чи бояд бидонед, даст нахоҳам дошт…” (ниг.: Алейн де Боттон. Тасаллибахшиҳои фалсафа. Тарҷумаи Ирфон Собитӣ. –Теҳрон: Қақнус, 1383. –С.10). Пофишорӣ, ҷаҳду талош ва фаъолияти пурсамари донишмандону файласуфони Юнони қадим боиси ба вуҷуд омадани муҳиту фазои муътадили сиёсӣ, фалсафӣ, илмӣ, адабӣ, ҳунарӣ ва маданӣ ва ба истилоҳи имрӯза, “қишри фаъолони маданӣ”-и давр гардид.

     Ҳаштум. Шартан, истилоҳи “Истиқлол”- ро метавон дар формулаи “огоҳӣ, масъулиятшиносӣ, офаринандагӣ” ғунҷоиш дод, чаро ки бидуни огоҳӣ (донишу маърифат) инсон ба озодӣ даст намеёбад ва истиқлолу огоҳӣ танҳо дар натиҷаи масъулиятшиносӣ ва масъулиятпазирӣ муяссар мегардад. Аз ҷониби дигар, ҷомеае, ки огоҳу масъулиятшинос нест, ба истиқлоли ҳақиқӣ ва воқеӣ намерасад ва ба бунбастҳои фикрию иҷтимоӣ мувоҷеҳ гардида, дар қайдубанди мушкилоти дохилӣ ва берунӣ дармемонад. Огоҳӣ сатҳи шуурнокии инсон аст, ки қудрат ва тавонмандиҳоро ба вуҷуд меоварад ва инсонро дар баробари ҷаҳону ҳастӣ ва табиат мустақил ва муқовим месозад.

       Нуҳум. Ҷомеаи шаҳрвандӣ маҳсули сатҳи баланди огоҳиҳои инсонӣ буда, дар фазои истиқлоли фикрӣ созмон меёбад. Кайфият ва чигунагии фазои истиқлоли фикрӣ ба хидмат ва кору фаъолияти ҳадафмандонаи шаҳрвандон вобаста аст. Шаҳрванд нафарест, ки пеш аз ҳама, ҷасорати фикрию иҷтимоӣ дошта, ба хотири боло бурдани сатҳи огоҳиҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, фикрӣ ва мадании омма, ҳаллу фасли мушкилоту муаммоҳои зиндагӣ ва билохира манофеи миллию мардумӣ саъю талош меварзад ва ба масоил ва мушкилоти миллӣ  ҳаргиз бетарафу бетафовут нест. Фаъол будан дар умури сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангию маданӣ  аслу бунёди ҷомеаи шаҳрвандиро ташкил медиҳад. Аз ин ҷост, ки дарёфти  мақом ва ҷойгоҳи шаҳрванд ҳам осон нест. Барои расидан ба ин мартаба саъю талоши фаровон мебояд.

       Даҳум. Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 ба истиқлоли давлатӣ расид, аммо бар асари зарфиятҳои маҳдуди сиёсӣ, камтаҷрибагӣ, кашмакашҳои дохилӣ, мансабталошию иғвогарӣ, ноогоҳию бемасъулиятӣ, бехабарӣ аз равандҳои сиёсию иҷтимоӣ, дуруст нашнохтани бозиҳои геополитикӣ ва соири мушкилоти вақт кишвар ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Хушбахтона, бо ташаббусу ибтикору азхудгузаштагиҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кутоҳ ҷанги шаҳрвандӣ хотима ёфта, кишвар ба марҳилаи ваҳдату якпорчагӣ ва рушду тараққӣ расид. Аз соли 1997 то имрӯз марҳила ба марҳила кишвар рушду тавсеа ёфта,  вориди фазои нави инкишофу шукуфоӣ мегардад. Аз ҳама муҳим, ба баракати озодию истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ оромию суботи доимӣ дар кишвар таъмин аст ва шароити мусоиди рушди зеҳнию фикрӣ фароҳам омадааст. Аз ин вазъу шароити рушду тараққӣ ба таври боиставу шоиста истифода бояд бурд.  

       Ёздаҳум. Мусалламан, миллате, ки аз назари фикрӣ қавист, миллати истиқлолист. Миллатҳое, ки сатҳи огоҳию фикрии баланд доранд, барои рушду нумуи ватан, кишвар ва давлаташон барномарезиҳои дархури сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, мафкуравӣ ва маданӣ  роҳандозӣ мекунанд. Аз сӯйи дигар, маҳз истиқлоли фикрӣ шароити  мусоиди гуфтугӯ, муколимот ва мубодилотро дар сатҳи миллӣ ва фаромиллӣ фароҳам меоварад. Илова бар ин, давлате, ки шаҳрвандонаш зарфияти лозимаи сиёсӣ, фикрӣ, иҷтимоӣ ва эҷодӣ надоранд, дар шароити бархурдҳои сиёсию тамаддунӣ ва геополитикӣ осебпазир буда, дар баробари бурузу  зуҳури  хатарҳои  рӯзафзуни биологию экологию иҷтимоию сиёсию мафкуравию ақидатию ҳувиятӣ тобовар буда наметавонанд. Баръакс, миллате, ки огоҳтар аст, қавитар мебошад. Ба қавли Мавлоно:

Иқтизои ҷон чу эй дил, огаҳист,

Ҳар кӣ огаҳтар бувад, ҷонаш қавист.

       Аз фурсати муносиб истифода карда, бори дигар ҷашни 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои тамомии ҳамватанони дохилию бурунмарзӣ шодбош мегӯям.

             

         Нозим Нурзода

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Хондан 33 маротиба