JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 10 Сентябри 2026 05:53

Соҳибистиқлолӣ - имкони худогоҳию худшиносӣ

Муаллиф: Нозим Нурзода

(дар ҳошияи 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ)

   Аз фурсати мусоиди соҳибистиқлолӣ ва фазои бози ватанӣ истифода намуда, ҷашни бошукӯҳи 35-умин солгарди Истиқлоли давлатиро табрик мегӯям. Ҷашни миллӣ-давлатии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ муборак, ҳамватанони гиромӣ!

  Дар ҳошияи 35-умин солгарди ҷашни Истиқлоли давлатӣ ва дар доираи мавзуи “Соҳибистиқлолӣ—имкони худогоҳию худшиносӣ” нукоти иҷмолиеро хидмати шумо-хонандагони матбуоти даврӣ ва  корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ арз медорам:

  1. Ба дурустӣ, маҳз Истиқлоли давлатӣ барои мо имкону шароити мусоиди худогоҳию худшиносиро фароҳам овард. Агар фазои соҳибистиқлолӣ дар кишвар тасаллут пайдо намекард, оё метавонистем, худогоҳу худшинос бошем? Албатта, ки як дараҷа худогоҳу худшинос мебудем, аммо ба таври куллӣ наметавонистем, падидаҳои калидии зиндагиамон – худогоҳию худшиносиро ба унвони арзишҳои фарогири миллӣ муаррифӣ кунем. Ин аст, ки аз фазои соҳибистиқлолӣ дурустҳисобӣ истифода бояд кард ва аз шароити мусоиди он барои шинохти зарфияти миллият, шиносоии иштибоҳоту мушкилоти худӣ, бозшиносии равандҳои муосири иҷтимоию сиёсӣ, муаррифии шоистаи арзишҳои миллӣ, эҳёи суннату маросимоти дерпойи аҷдодӣ ва таблиғу ташвиқи мероси гаронмояи бостонӣ кор бояд гирифт.
  2. Истиқлол раванди ба даст овардани озодӣ аз тариқи худогоҳию худшиносист. Истиқлол аз пойин ба боло ҳаракат кардан аст. Ҳаракат ба воситаи қудрати тафаккуру андеша.
  3. Худогоҳию худшиносӣ арзишҳоеанд, ки тавассути гуруҳҳои иҷтимоӣ, минҷумла миллатҳо худро дар баробари дигарон мешиносанд, нуқтазаъфҳои хешро дармеёбанд, сатҳи худбаҳодиҳӣ ва эътимод ба нафсашонро баланд мебардоранд ва ҳамин тур, дар доираи омӯзишу таҷрибаву донишу ҷаҳоншиносии бардавому такрорёбанда худро сифатан тағйир дода, ба муаррифгари шоистаи миллат бадал мешаванд. Аз сӯйи дигар, истиқлоли давлатӣ шароити бозу муътадили худогоҳию худшиносиро фароҳам меоварад ва роҳро барои худбаҳодиҳӣ, эътимод ба нафс, тақвияти хотираи таърихӣ ва ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамвор месозад. Дақиқан, худогоҳию худшиносӣ ду фароянди мукаммили якдигаранд ва барои дарки бештари фард аз худ кумак мекунанд. Худогоҳӣ огоҳӣ аз худ дар баробари дигарон аст ва худшиносӣ бошад, раванди такроршавандаест, ки тавассути он инсон қобилияти шиносоиашро афзун сохта, нуқтазаъфҳои худро дармешиносад, дар баробари дигарон тасмим мегирад ва ҷиҳати қоим намудани худ талоши ҳамешагӣ мекунад. Ин ду падида бо мафҳумҳои арзишҳои миллӣ, ифтихори миллӣ, ҳувияти миллӣ ва ҳофизаи таърихӣ пайванданд.
  4. Истиқлол, пеш аз ҳама, бо огоҳӣ, масъулиятшиносӣ, эҳсоси ифтихормандӣ, хирадварзӣ, созандагӣ, фарзонагӣ ва шоистагӣ тавъам аст. Дар зимн, истиқлоле, ки бидуни огоҳӣ, масъулиятшиносӣ, тавонмандӣ, шоистагӣ ва хирадварзӣ вуҷуд дорад, истиқлоли нопойдор ва маснуию тақаллубист. Бинобар ин, истиқлолу озодиро одамон бо заҳмат, талош, такопу, мубориза, пайкор, ибтикор ба даст меоваранд ва миллату кишварро ба марҳилаи шоистагӣ мерасонанд. Дигар ин ки озодию истиқлол туҳфа нест, балки раванди мунтазами талошу пайкору ибтикору сахткӯшиҳои як миллат аст дар дарозои таърих. Аз сӯйи дигар, истиқлол ва озодӣ шиор ва ғуруру ифтихори дурӯғин нест, балки раванди иҷтимоию сиёсиест, ки тавассути он инсон ва дар маҷмуъ, ҷомеа ба марҳилаи мустақилияти сиёсӣ ва истиқлоли давлатӣ мерасад. Ба ин маъно:

          Ки озодӣ на танҳо як шиор аст,

          На танҳо як шиори меҳрбор аст,

          Ки озодӣ ғуруру ифтихор аст,

          Шукӯҳи миллати донишмадор аст,

          Талошу ибтикор аст,

          Тавону иқтидор аст,

          Ҳузури ихтиёр аст,

          Зуҳури ошкор аст,

          Нуфузу эътибор аст,

          Хирадро комгор аст.

  1. Пас аз расидан ба Ваҳдати миллӣ нахустин гомҳо ва барномарезиҳо дар заминаи худшиносии миллӣ сурат баст. Худи Ваҳдати миллӣ дастоварди бузурги давлатдории мост, ки бар мабнои хиради азалӣ ва худогоҳию худшиносии Сарвари давлат ва мардуми шарифи Тоҷикистон даст дод ва аз ин тариқ силсилачорабинию тадобири судманд дар заминаи таҳкими худогоҳию худшиносии миллӣ ва тақвияти хотираи таърихӣ роҳандозӣ гардид. Бад-ин тариқ, нахуст барномаи таҷлили 1100-солагии давлатдории Сомониён дар қолиби ҷашни давлатӣ чида шуда (соли 1999), ба дунболи он, ҷашнҳои 2700-солагии “Авасто” (дар соли 2001), Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ (соли 2006), Соли Рӯдакӣ (соли 2008), ба унвони ҷашни байналмилалӣ қарор гирифтани ҷашни Наврӯз (соли 2010), ҳамин тур, эътирофи байналмилалӣ ёфтани ҷашнҳои бостонии аҷдодӣ дар мисоли Меҳргону Садаву Тиргону Ялдо, пешниҳоди таъсиси Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз, дар чор гӯшаи пойтахти кишвар кушодану таъсис додани боғҳои фарҳангӣ-фароғатии замонавӣ, таъсиси Боғи Куруши Кабир (7 июни соли 2019 таъсис ёфтааст), овардани порахоки қаҳрамонони миллат дар моҳи майи соли 2026 ва эълом доштани Соли ободкорию созандагӣ ва таҳкими худогоҳию худшиносии миллӣ дар соли 2026 аз ҷумлаи  силсилатадбирҳоеанд, ки барои устувор сохтани пояҳои давлатдории миллӣ андешида шудаанд.
  2. Давлати Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ ҷиҳати боло бурдани сатҳи некуаҳволии мардум ва ба вуҷуд овардани зиндагии шоиста талошҳои фаровон ба харҷ дода, дар ин замина иқдомоти арзанда рӯйи даст гирифт. Бунёди иншоотҳои бузурги аср, аз ИБО-и Роғон шуруъ карда, то тадбирҳои саноатисозии кишвар аз ҷумлаи иқдомоти барномавиеанд, ки давлат сари онҳо тамаркуз кардааст. Аз кишвари кишоварзӣ ба кишвари саноатӣ ва ба истилоҳ агросаноатӣ табдил додани Тоҷикистон стратегияи давлат дар ин авохир аст, ки аз Паёми соли 2016 сарчашма мегирад. Мусалламан, Сарвари давлат дар Паёми соли 2016 ба масъалаи муҳимми давлатӣ – то ба сатҳи кишвари саноатӣ-индустриалӣ расонидани Тоҷикистон таъкид намуда, ин ҳадафро ба сифати ҳадафи стратегӣ дар низоми сиёсати давлатӣ арзёбӣ намуданд. Дар зимн, силсилаи тадбирҳое, ки тайи чанд соли ахир дар самти сохтмони корхонаҳои саноатӣ дар гӯшаву канори ҷумҳурӣ сурат гирифта истодааст, ҳадафи стратегии давлатро, ки дар Стратегияи миллии рушд барои то соли 2030 инъикос ёфтааст, таҳаққуқ мебахшад.
  1. Боло бурдани завқи бадеию эстетикӣ ва тарбияи зебоиписандии миллӣ аз ҷумлаи тадбирҳоеанд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ авлавият касб намудаанд. Бунёду таъсиси боғҳои фарҳангию фароғатӣ дар чор гӯшаи шаҳри Душанбе, марказҳои дилхушӣ барои кӯдакону тифлон, марокизи тафреҳӣ дар имтидоди замони соҳибистиқлолӣ ба кори рӯзмарраи мақомоти марбутаи давлатӣ табдил ёфтааст. Аз ин тариқ тифлону кӯдакон ва насли наврасу ҷавон ба боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, гулгашту сайргоҳҳо, марокизи дилхушӣ ташриф оварда, аз аҷоиботи гулгашту бустону сайргоҳу боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ лаззати маънавию эстетикӣ бардошта, сатҳи завқи бадеӣ-зебоиписандии худро боло мебардоранд.
  2. Ба кор андохтани чархаи иқтисоди миллӣ, ворид гардидан ба марҳилаи иқтисоди рақамӣ иқдомоти саривақтии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосир маҳсуб мешавад.
  3. Бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани Театри миллӣ ба унвони пойгоҳи мафкурасозию миллатшиносӣ иқдоми наҷибонаест, ки аз ҷониби Сарвари давлат роҳандозӣ гардидааст. Театри миллӣ, ки муҳташамтарин бинои муосир аст, шукӯҳи давлати миллиро дар шароити ҳассоси бархурдҳои тамаддунӣ ва таҳоҷумоти мафкураи бегона ба намоиш мегузорад.
  4. Маориф, тиб, ҳунар, фарҳанг дар замони соҳибистиқлолӣ маъно ва моҳияти миллию давлатӣ касб карданд. Дар ин замина ибтикорот ҳамоно идома доранд. Корҳои зиёде моро дар пеш аст, аз ҷумла: тарбияи миллӣ ба сифати унсури меҳварии тарбияти давлатӣ дар авлавият бояд қарор бигирад. Тарбияи насли нави давлатмадорон, сиёсатмадорон, фарҳангиён, зиёиён, донишмандон, табибон, омӯзгорон, муҳандисон ва амсоли инҳо дар руҳияи эҳтиром ба миллияти тоҷикӣ, ватану кишвардорӣ, арзишҳои миллӣ-давлатӣ, ва манофеи миллӣ дар саргаҳи ибтикороти барномавии давлатӣ қарор мегирад. Танҳо аз тариқи ибтикороти насли нави ҳувиятшиносу соҳибандешаву худогоҳу худшинос метавонем Давлат, Ватан ва Миллатро дар арсаи минтақавию байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ созем.
  5. Ҳамин тариқ, давлати Тоҷикистон барои решадор сохтани ҳувияти миллӣ, хотираи таърихӣ, арзишҳои марзбумӣ ва худогоҳию хештаншиносӣ дар қолиби барномарезиҳои дурустҳисобии расмӣ тадбирҳо андешида, марҳила ба марҳила онҳоро амалӣ сохт. Мунтаҳо, давлат масири ҳаракати худро дар самти қоим сохтани шууру тафаккуру ҳувияти миллӣ вусъат бахшида, барномарезиҳои муваффақи давлатиро марҳила ба марҳила – шуруъ аз солҳои  1992 дар имтидоди солҳои 1997-2006, солҳои 2007-2016 ва солҳои 2017-2026 роҳандозӣ намуда, дар фосилаи замони соҳибистиқлолӣ пояҳои давлатдории миллиро аз тариқи чархаи худогоҳию худшиносӣ таҳкиму устувор сохт. Бар илова, давлати миллӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар имтидоди замони соҳибистиқлолӣ, махсусан, мароҳили пасоҷангӣ (1997-2026) корҳо ва иқдомоти зиёдеро анҷом дод ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як кишвар мутамаддини минтақавӣ табдил шуда, миёни мамолики мутааддиди минтақавию ҷаҳонӣ мақому ҷойгоҳи шоистаи худро касб намуд. Аз ин гузашта, дар  пешорӯйи мо таҳдиду мушкилоту хатарҳо низ қарор доранд, ки муваззафем, аз тариқи роҳандозии барномаҳои дурустҳисобии соҳавӣ буҳронҳои имрӯзиро, ки бар мабнои ноогоҳӣ, фориғболӣ, бетарафӣ ва бехабарии мо рӯ задаанд, маҳор кунем ва роҳро барои устуворсозии истиқлоли давлатӣ ҳамвор созем.
  6. На дар сухан, балки дар амал -- аз тариқи ибтикороту ташаббусоти шахсию инфиродию гурӯҳию ҷамъӣ, ки ба сатҳи огоҳию худшиносиамон бастагӣ дорад, метавонем миллати соҳибистиқлолу соҳибтамаддун будани худро ба намоиш гузорем, суннату ойину маросимоти гузаштаи аҷдодиро ҳифз кунем, мероси гаронмояи фарҳангиамонро тарғибу ташвиқ созем ва умри Истиқлоли давлатиро дароз намоем. Ба ин маъно:

                      Дар ин давру замон асли асосӣ

                     Бувад ҳамбастагию ҳамсипосӣ,

                     Дар ин айёми ҳассоси сиёсӣ

                     Тавону қудрати мо худшиносӣ!

 

         Нозим Нурзода

          Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Хондан 39 маротиба