JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 16 Сентябри 2020 05:15

Истиқлоли фикрӣ ва мардумсолорӣ

Муаллиф: Н. Нуров

 

  Ба даст овардани истиқлол дар ҳар самту сӯйе баёнгари қудрат ва тавоноии миллат ва мардум аст. Бавежа, истиқлоли фикрӣ сатҳи баланди расоӣ ва балоғати насли башар маҳсуб ёфта, ба унвони пешзаминаи низоми муваффақи демокросӣ ва мардумсолорист. Бо таваҷҷуҳ ба мавзӯъ, чанд нуктаро ироа медорем:

  Якум.  “Истиқлол”  вожаи  арабӣ буда, ба маъниҳои “бардоштан ва баланд кардан”, “баланд баромадан”, “ба ҷойи баланд омадан”, “озодӣ доштан”, “ба озодӣ коре кардан”, “бидуни мудохилаи касе кори худро идора кардан” (ниг.: Амид Ҳасан. Фарҳанги Амид. –Ҷилди аввал. –Теҳрон: Амири Кабир, 1381. –С.176); “дар тасмимот ё рафтори худ тобеи дастур ва хости дигарон набудан”, “доштани ҳақ ё тавонойии тасмимгирӣ дар идораи корҳо”, “мустақил будан” (ниг.: Анварӣ Ҳасан. Фарҳанги кучаки сухан. Ба сарпарастии Ҳасан Анварӣ. –Теҳрон: Сухан, 1383. –С.55); “озодӣ ва худмухтории кишвар” (ниг.: Фарҳанги донишгоҳии  арабӣ ба форсӣ. Тарҷумаи Ал-мунҷид-ул-абҷадӣ. Тарҷумаи Аҳмад Сайёҳ. –Теҳрон: Фарҳон, 1379. –С.81) далолат мекунад, ки ҳамагӣ дар маънию  мазмуни  “озодӣ дар андешаву баён, истиқлол дар кору умур ва идораи кишвар” инсиҷом меёбанд. Озодӣ ва ихтиёр дар идораи умур бидуни мудохилаи дигарон, қабл аз ҳама, ба марзи истиқлолияти сиёсию давлатӣ  расиданро нишон медиҳад.

   Дувум. Истиқлолияти фикрӣ, қабл аз ҳама, бо огоҳӣ ва масъулияти фардӣ, гурӯҳӣ ва ҷамъӣ тавъамӣ дорад. Шароити масъулиятмандӣ ва ҳавзаи пурсишгариро дар баробари худ ва ҷомеа истиқлолияти фикрӣ ба вуҷуд меоварад. Гузашта аз ин, ҳунари пурсишгарӣ ва масъулиятписандӣ маҳз дар шароити корсоз будани дастгоҳи истиқлолияти сиёсӣ, фарҳангӣ, маданӣ ва мунтаҳо, давлатӣ муяссар мегардад. Ин аст, ки дар хамаи давру замон бар мабнои муҳити озоду мустақил ҷомеаҳо рушд мекунанд ва танҳо дар натиҷаи дарёфту касби истиқлоли фикрӣ ҳаллу фасли саривақтии мушкилоту печидагиҳои  иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва равонӣ имконпазир мегарданд.

   Севум. Истиқлоли фикрӣ истиқлоли андеша ва тафаккур аст ва он ба се мушаххаса – огоҳӣ, озодӣ ва масъулиятмандӣ бастагӣ дорад. Фарде, ки огоҳ нест (донишу маърифат надорад)  ва муҳимтар аз ҳама, аз хирад бебаҳра аст (хирад аз “xrat”-и паҳлавӣ  буда, ба маънои ақл, ҳуш, қувваи дарёфту идроки ҳусну қубҳи аъмол ва тамйизи неку бади умур далолат мекунад – ниг.: Амид Ҳасан. Фарҳанги Амид. –Ҷилди дувум. –Теҳрон: Амири Кабир, 1381. –С.1004), дар ҳукми мурда мебошад.  Ин хирад аст, ки инсонро зинда нигоҳ медорад, ҷуръату ҷасорат мебахшад, тавону неру медиҳад  ва озодию озодагӣ ато мекунад. Бинобар ин, ҳар ҷое, ки хирад ҳузуру нуфуз дорад, он ҷо озодию ободӣ ва шукӯҳу шаҳомат ҳукмфармост. Ба ин маънӣ шоир ишораи ҷолибе кардааст:

 Хирад ҳар куҷоест, озодагист,

Тавону шукӯҳи худозодагист.

 Истиқлоли фикрӣ бо андешидан оғоз меёбад  ва  андешидан бо худии худ ҷараёни саҳлу осоне ҳам нест. Ба ин маъно бузургтарин донишманди асри бистум Алберт Эйнштейн таъкид карда  буд: “Фикр кардан мушкилтарини корҳо низ ҳаст” (ниг.: Ризоқулӣ Алӣ. Ҷомеашиносии нухбакушӣ: таҳлили ҷомеашинохтии бархе аз решаҳои истибдод ва ақибмондагӣ дар Ирон. Теҳрон: Нашри Най, 1377. -С.24). Андешидан ва фикр кардан аз мушаххасоти ҳувиятӣ ва шахсиятии нафарони ангуштшуморест, ки зарфияти баланди зеҳнӣ ва эҷодӣ доранд. Масъалаи андешидан ва фикр кардан то он дараҷа ҳассос ва муҳим буда ва ҳаст, ки донишманд ва ҷомеашиноси маъруфи ғарбӣ Ҷорҷ Бернард Шоу дар ин замина ишораи ҷолиб ва дар айни замон ҷиддие кардааст:  “Фақат ду дар сад аз мардуми ҷаҳон меандешанд, се дар сад фикр мекунанд, ки меандешанд ва наваду панҷ дар сад ҳозиранд бимиранд, аммо фикр накунанд” (ниг.: //Бедорӣ. Конуни хирадмадории ирониён. Моҳномаи шумораи 77, соли чаҳордаҳум. Octoder 2014).

  Чаҳорум. Низомҳои муосири демократӣ ва мардумсолорӣ, ки давлат ва ҷомеаҳои мутамаддини ҷаҳонӣ бидуни ин ҳолу ҳаво дигар нафас намекашанд, бар мабнои истиқлоли фикрию сиёсӣ устуворанд ва ҳанӯз дар қадимтарин намунаю моделҳои давлатдории миллӣ зуҳур кардаанд. Ба ин манзур,  муҳаққиқон ба ин нукта таваҷҷуҳ мекунанд, ки тамрини демокросӣ ва мардумсолорӣ асрҳо қабл дар сарзамини Бохтари Ирон ба вуҷуд омада, решаҳои онро дар достонҳои қадимаи юнонӣ ҷустан норавост. Аз ин лиҳоз, тамрини демокросӣ аз Шарқ ба Юнонзамин мунтақил гардидааст. Барои намуна, пажӯҳишгарон менависанд, ки подшоҳи Ҳахоманишӣ  Дориюш  дар  соли  492-и қабл аз милод сардори бузурги эронӣ Мордуниё (шавҳари хоҳари Дориюш)-ро барои саркӯби шӯриши юнониён ба фармондеҳии кулли қувваҳои Эрон мансуб мекунад. Мордуниё ҳамроҳ бо артиши бузург ва неруи дарёии азими худ зимни убур аз соҳилҳои Мадитрона (баҳри Миёназамин) ва шаҳрҳои мухталиф подшоҳон ва фармонравоёнро яке пас аз дигаре мағлуб ва азл мекунад ва ба ҷойин онҳо намояндагони мунтахаби мардумро дар як Шӯро (Маҷлис) ба раҳбарӣ мегуморад (ниг.: Лодан Амир Ҳусайн. Худосолорӣ ва дармондагӣ. Мубориза барои адолат, озодӣ ва мардумсолорӣ. –Лос-Анҷелес, 2014. -С.39). Бад-ин минвол Ҳукумати мардумсолорро Мордуниё ба Юнон интиқол дод. Демокросии Шӯроӣ, ки дар Ирони бостон оғоз шуд, ҳудудан 550 сол пеш ба Юнон ва баъд ба Рум интиқол ёфт, вале тайи қарнҳо тадриҷан рӯ ба завол ниҳод ва ҳамзамон бо тавсеахоҳӣ ва қудратталабии мазҳаб нопадид шуд. Ин аст, ки      мардумсолорӣ, яъне ташхиси андешаманд будани инсон, арҷ ниҳодан ба хиради инсон ва эҳтиром ба ҳуқуқи табиӣ (озодӣ, ирода ва интихоб)-и инсон аст. Мардуми соҳибандеша ва мустақилфикр метавонанд, ки давлат ва ҷомеаи шоистаю боистаро созмон бидиҳанд ва боиси таҳаввулоту дигаргуниҳои куллӣ дар самтҳои гуногуни зиндагӣ бигарданд.

   Панҷум. Шартан, истилоҳи “Истиқлол”- ро метавон дар формулаи “огоҳӣ, озодӣ ва масъулиятмандӣ” ғунҷоиш дод, чаро ки бидуни огоҳӣ (донишу маърифат) инсон ба озодӣ даст намеёбад ва истиқлолу огоҳӣ танҳо дар натиҷаи масъулиятшиносӣ ва масъулиятпазирӣ муяссар мегардад. Аз ҷониби дигар, ҷомеае, ки огоҳу масъулиятписанд нест, ба истиқлоли ҳақиқӣ ва воқеӣ намерасад ва ба бунбастҳои фикрию иҷтимоӣ мувоҷеҳ гардида, дар қайдубанди мушкилоти дохилӣ ва берунӣ дармемонад. Огоҳӣ сатҳи шуурнокии инсон аст, ки қудрат ва тавонмандиҳоро ба вуҷуд меоварад ва инсонро дар баробари ҷаҳону ҳастӣ ва табиат мустақил ва муқовим месозад. Ин аст, ки Мавлоно мегӯяд:

Муқтазои ҷон чу ай дил, огаҳист,

      Ҳар кӣ огаҳтар бувад, ҷонаш қавист.

 Шашум. Ҷомеаи шаҳрвандӣ маҳсули сатҳи баланди огоҳиҳои инсонӣ буда, дар фазои истиқлоли фикрӣ созмон меёбад. Кайфият ва чигунагии фазои истиқлоли фикрӣ ба хидмат ва кору фаъолияти ҳадафмандонаи шаҳрвандон вобаста аст. Шаҳрванд нафарест, ки пеш аз ҳама, ҷасорати фикрию иҷтимоӣ дошта, ба хотири боло бурдани сатҳи огоҳиҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, фикрӣ ва мадании омма, ҳаллу фасли мушкилоту муаммоҳои зиндагӣ ва билохира манофеи миллию мардумӣ саъю талош меварзад ва ба масоил ва мушкилоти миллӣ  ҳаргиз бетарафу бетафовут нест. Фаъол будан дар умури сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангию маданӣ  аслу бунёди ҷомеаи шаҳрвандиро ташкил медиҳад. Аз ин ҷост, ки дарёфти  мақом ва ҷойгоҳи шаҳрванд ҳам осон нест. Барои расидан ба ин мартаба саъю талоши фаровон мебояд.

  Ҳафтум. Миллате, ки аз назари фикрӣ қавист, миллати истиқлолист. Миллатҳое, ки фикру андешаи қавӣ доранд, барои рушду нумуи ватан, кишвар ва давлаташон барномарезиҳои дархӯри сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, мафкуравӣ ва маданӣ  роҳандозӣ мекунанд. Аз сӯйи дигар, маҳз истиқлоли фикрӣ шароити  мусоиди гуфтугӯ, муколимот ва мубодилотро дар сатҳи миллӣ ва фаромиллӣ фароҳам меоварад. Илова бар ин, давлате, ки шаҳрвандонаш зарфияти лозимаи сиёсӣ, фикрӣ, иҷтимоӣ ва эҷодӣ надоранд, дар шароити бархӯрдҳои сиёсию тамаддунӣ ва геополитикӣ осебпазир буда, дар баробари бурузу  зуҳури  хатарҳои  рӯзафзуни биологию иҷтимоӣ тобовор буда наметавонанд. Ба ин маънӣ:

               Хушо, он миллате, бо хештан ором мегирад,

               Чу пухта пеши роҳи ҷурми аҳли хом мегирад,

               Ҷилуи фитнаву найрангу макру дом мегирад,

               Ба дунё бо фазилат, бо ҷасорат ном мегирад,

               Ба рағми бардагӣ озодагӣ пайғом мегирад,

               Зи ҳар як миллати доно хирад инъом мегирад,

               Тамаддун вом мегирад,

               Пасон иқдом мегирад.

             

                                   Н. Нуров,

устоди ДДФСТ ба номи М. Турсунзода

Хондан 973 маротиба