JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 10 Сентябри 2020 06:30

Истиқлолияти давлатӣ – кафолати саодату хушбахтӣ

Муаллиф: Субҳиддин Зиёев

  Ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар соли 1991 ҳаёти мардуми Тоҷикистонро ба таври куллӣ тағйир дод ва оғози марҳалаи сифатан нави таърихӣ барои кишварамон гардид. Давраи нав, яъне замони соҳибистиқлолӣ дар назди мардуми Тоҷикистон иҷрои вазифаи ниҳоят мушкилу масъулиятноки таърихӣ, яъне бунёди давлати навини миллӣ, ҳифзи  манфиатҳои халқу Ватан ва таъмини амнияти кишварро ба миён гузошт. Хушбахтона, дар оғози замони соҳибистиқлолӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлат интихоб гардиданд ва бо азму иродаи қавӣ ва дастгирии мардуми шарифамон аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои мазкур баромаданд.

  Ба шарофати татбиқи сиёсати созандаю ободкоронаи Сарвари давлат ва заҳмати софдилонаи мардуми арҷманди кишварамон мо дар роҳи таъмини рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат ба натиҷаҳои намоён ноил гардидем. Бо вуҷуди мушкилиҳои зиёд, роҳбарияти давлат дар ин давра барномаи мукаммали ислоҳоти куллии сиёсиро амалӣ намуда, барои рушди иқтисодию иҷтимоӣ шароити мусоидро фароҳам овард. Соҳаҳои муҳимми иқтисоди кишвар, аз ҷумла саноату энергетика, сохтмону нақлиёт, кишоварзӣ ва ғайра рушд ёфта, дар ин самтҳо  давлатамон ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Дар соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, илму маориф ва тандурустиву фарҳанг таҳаввулоту ислоҳот ба амал оварда шуда, инкишофи онҳо таъмин карда шуд.

  Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлолу мустақил ва аъзои комилҳуқуқи СММ дар арсаи байналхалқӣ мавқеи шоистаи худро ишғол кард ва миллати мо ҳамчун миллати тамаддунсозу соҳибватан ба ҷаҳониён муаррифӣ гардид.

  Аммо фаромӯш набояд кард, ки замони истиқлол ва хусусан солҳои аввали он барои давлати навбунёди мо давраи ниҳоят вазнину душвор буд. Дар Тоҷикистон он замон дар натиҷаи амалҳои ғаразнок ва фитнаи қувваҳои бадхоҳ ҷанги таҳмилии дохилӣ сар зада, хатари аз байн рафтани давлати ҷавони мо ва пароканда гардидани миллатамон ҳамчун воқеияти талху даҳшатнок таҳдид мекард. Лекин мардуми шарифи Тоҷикистон дар атрофи сиёсати сулҳоваронаю созандаи Пешвои худ муттаҳид гардида, бо саъю талоши ватандӯстонаву ҷонфидоёна истиқлолияти давлатӣ ва манфиатҳои миллиро ҳифз карда тавонист ва ин имтиҳони сахту сангини таърихро гузашт.

  Мардуми мо бо роҳбарии Сарвари давлат ҳамчун миллати созанда дар як муддати кӯтоҳ на танҳо мушкилоти зиёди баъдиҷангиро бартараф карда, сулҳу суботро дар кишвар барқарор сохт, балки рушду пешрафти мамлакат ва бунёди ҷомеаи солимро таъмин кард. Тоҷикистон имрӯз дар фазои сулҳу оромӣ тараққӣ мекунад ва мардум ҳаёти осудаю хушбахтона доранд. Боиси ифтихору сарфарозист, ки тамоми корҳои бузургу азими созандагиро, ки то имрӯз бо роҳбарии Пешвои миллат дар кишвари маҳбубамон амалӣ намудем, ба номи мубораку муқаддаси истиқлолият анҷом додем. Зеро истиқлол барои мардуми мо рамзи пойдории давлат, ҳастии миллат ва шарафу эътибори Тоҷикистони азизамон мебошад.

  Зиёда аз ин, истиқлол тантанаи хирадмандӣ ва андешаи миллати солору куҳанбунёди тоҷик, оғози марҳалаи навини давлатдории миллӣ, омили иттиҳоду сарҷамъии мардуми ободкору ватандӯсти мо, воситаи муҳимтарини ҳифзи ҳувияти миллӣ ба ҳисоб меравад.

  Мардуми шарифи Тоҷикистон бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд дар замони соҳибистиқлолӣ барои ҳифзу нигоҳдории давлати нави миллӣ, пешрафту ободии ин сарзамини муқаддаси аҷдодӣ ва аз нав эҳё намудану гиромӣ  доштани арзишу суннатҳои миллӣ, ҳифзи марзу буми кишвар талош варзид ва ба муваффақиятҳои беназир ноил  гардид.

  Дар асл, бисту нуҳ соли даврони истиқлол дар муқоиса бо таърихи бостонии халқи тоҷик ва ҳатто аз нигоҳи раванди бунёди давлати муосир давраи чандон тӯлонӣ нест. Аммо дар ин муддати кутоҳ, бо вуҷуди мавҷудияти мушкилоту монеаҳои зиёд, ақлу заковат ва азму иродаи қавӣ ва заҳмати софдилонаи мардуми сарбаландамон имкон дод, ки дар роҳи эъмори давлати муосири демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ қадамҳои устувор гузошта шавад.

  Дар замони соҳибистиқлолӣ ба рушди соҳаҳои тандурустӣ, фарҳанг ва хусусан илму маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шудааст. Бо назардошти он, ки ояндаи ҷомеа, идораи давлатдорӣ, пешрафти миллат, ҳифз ва афзун кардани дастовардҳои истиқлол аз сатҳи донишу омодагии наврасону ҷавонон вобаста мебошад, таълиму тарбияи шоистаи насли наврас яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати давлату Ҳукумат қарор дода шудааст. Давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон дарк кардаанд, ки бунёди ҷомеаи демокративу дунявӣ ва соҳиб шудан ба мақоми арзанда дар арсаи байналмилалӣ бе рушди сармояи инсонӣ, яъне бидуни тарбия ва ба воя расонидани насли донишманду соҳибмаърифат ва ватандӯсту ободгар, инчунин, тайёр кардани кадрҳои баландихтисос ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, ба самти мазкур диққати бештар дода мешавад.

  Албатта ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як миллат неъмати бузург аст, аммо ҳифзу таҳкими он  масъулияти азим дошта, заҳмату ҷонфидоиҳоро талаб менамояд. Бешубҳа, аз асоситарин омилҳои расидан ба қадри ин неъмати бузург, яъне соҳибистиқлолӣ ва ҳимояи он дар зеҳну шуури ҳар як соҳибватан ташаккул додани эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватандорӣ ва ҳувияти миллӣ мебошад. Боиси хурсандист, ки солҳои охир ба шарофати истиқлолият худшиносии миллӣ ва эҳсоси ватандӯстии мардуми мо боло рафтааст. Қавӣ гардидани Артиши миллӣ ва умуман иқтидори мудофиавии давлат, ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ рафта хизмат кардану барои ҳифзи Ватан омода будани ҷавонони кишварамон исботи гуфтаҳои болост.

  Мутаассифона, дар замони муосир ҷаҳон бо хатарҳои даҳшатнок, аз ҷумла паҳншавии коронавирус ва зуҳуроти номатлуби экстремизму терроризм дучор гардидааст. Мо шоҳиди воқеаҳои даҳшатноку фоҷиабор дар як қатор кишварҳои олам ҳастем, ки бар асари шиддати бесобиқа пайдо кардани бархурди манфиатҳои қудратҳои ҷаҳонӣ ва таҳдиду хатарҳои нав, аз ҷумла торафт вусъат гирифтани фаъолияти гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ амнияту суботи баъзе давлатҳои як вақтҳо ором аз байн рафтааст. Дар чунин шароит ҳифзи истиқлолият ва оромию суботи кишвар масъулияту заҳмати бештарро талаб мекунад.

  Набояд фаромӯш кард, ки Тоҷикистони азизи мо аз лиҳози ҷойгиршавии ҷуғрофӣ ва бо дарназардошти вазъи минтақа дар чорсӯйи бархӯрди манфиатҳои қудратҳои ҷаҳонӣ қарор гирифтааст. Вобаста ба таҳдидҳо ва вазъи ноорому хатарзои ҷаҳони муосир ва бо мақсади таъмин намудани амнияту тараққии кишварамон, имрӯз вазифаи муҳимтарини ҳар як фарди ҷомеаи мо ҳифзи истиқлоли давлатӣ, суботу оромии комили ҷомеа ва тақвияти ваҳдату ҳамдигарфаҳмии кулли сокинони кишварамон аст. Имрӯз барои ҳалли ин вазифаҳо зарур аст, ки ҳар як фарди бонангу номуси миллат ва тамоми мардуми Тоҷикистон сарҷамъу муттаҳид бошанд ва дар татбиқи сиёсати ободгаронаву созандаи Пешвои миллат ва давлату Ҳукумат бо воситаи меҳнату заҳмати софдилонаи худ фаъолона ширкат намоянд.

  Бояд ҳар як сокини Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамон қимату арзиши озодиву соҳибихтиёрӣ ва давлати миллиро ба таври дурусту амиқ дарк намояд ва аз ин имконият, ки таърих барои мо фароҳам овардааст, яъне соҳибистиқлолӣ пурсамар истифода барад. Фаромуш набояд кард, ки мо танҳо бо доштани давлати соҳибистиқлол, Ватани озоду соҳибихтиёр ва ҷомеаи пешрафтаи мутамаддин метавонем дар ҷаҳони муосир мақоми арзанда дошта бошем ва ҳамчун миллат соҳибэҳтиром бошем.

 Мусаллам аст, ки дар шароити бисёр мураккабу печидаи ҷаҳони муосир мо танҳо дар сурати доштани ваҳдату сарҷамъӣ ва саъю талоши ватандӯстонаи тамоми сокинони кишварамон метавонем истиқлоли Ватани маҳбубамонро ҳимоя кунем, давлати соҳибихтиёрамонро пешрафта гардонем ва ҳамаи нақшаву ҳадафҳои миллиамонро амалӣ намуда, миллати хушбахт бошем.

  Ҳоло мо дар арафаи ҷашни муқаддаси истиқлолият қарор дорем ва аз ин рӯ, орзу мекунем, ки сулҳу субот дар Тоҷикистони азизамон ҳамеша ҳукмрон ва амну суботи ҷомеаи фарҳангсолорамон ҷовидону бегазанд бошад! Орзумандем, ки нури хуршеди истиқлол то абад равшангари сарзамини биҳиштосои мо бошад! Миллати сарбаланди мо бо роҳбарии Пешвои муаззами худ ба зинаҳои баланди тараққию пешрафтҳо ноил гардад! Бигзор ҷашни муқаддаси истиқлол барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат ва фатҳу зафарҳо  оварад! Ҷашни истиқлол ва соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!

 

Субҳиддин Зиёев,

ходими пешбари АМИТ,

номзади илмҳои филология

Хондан 1764 маротиба