JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 10 Сентябри 2020 09:46

Ба ҷонибдории сиёсати созандагӣ овоз медиҳем

Муаллиф: Хайрулло Раҷабалиев

  Дар таърихи 11-уми октябри соли равон дар кишвари мо интихоботи навбатии президентӣ баргузор мегардад. Ҳамаи ҳавзаву участкаҳои интихоботии дохилу хориҷи мамлакат барои дар сатҳи баланд ва бо назардоштҳои муқаррароти ҳуқуқии байналмилалӣ, принсипҳои ҷомеаи демократӣ ва талаботи конститутсонии кишвар  доир намудани ин маъракаи муҳими сиёсӣ омода карда мешаванд. Он рӯз дари тамоми ҳавзаҳо ва участкаҳои интихоботӣ  шаҳрвандоне, ки тибқи қонун ҳуқуқи иштирок дар интихоботро  доранд, метавонанд ба қитъаҳои овоздиҳӣ омада, ба ҷонибдории  номзади арзандаи худ раъй диҳанд. Ҷараёни баргузории интихоботро садҳо нозири байналмилалӣ ва дохилӣ мушоҳида менамоянд.

  Падидаҳои муҳимтарине, ки дар қонунгузории конститутсионии кишвар ҳамчун асосҳои бунёдии сохтори конститутсионӣ инъикос ёфтааст, соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ будани давлат ба шумор меравад. Тибқи муқаррароти конститутсионӣ дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, ҳадафу хоҳишҳои онҳо ба воситаи номзади интихобнамудаашон амалӣ мегарданд. Ҷавҳари олии ҳокимияти халқ дар интихобот аст. Дар робита ба ин, маъракаи муҳими сиёсӣ ва ҷараёни баргузории интихоботро, ки дар пояи меъёрҳои байналмилалӣ ва риояи арзишҳои демократӣ сурат мегирад, коршиносон ва нозирони байналмилалӣ назорат хоҳанд кард.

  Интихобот бо риояи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ ва дар фазои озод, шаффофу демократӣ анҷом хоҳад ёфт. Дар навбати худ корҳои ташкилӣ хуб ба роҳ монда шуда, аз ҷониби сохторҳои дахлдори давлатӣ ҳуқуқу озодиҳои интихобкунандагон пурра таъмин мегарданд. Ба мисли дигар маъракаҳои пешини интихоботии кишвар интихоботи навбатӣ низ дар фазои мусоиди иштироки шаҳрвандон ва риояи меъёрҳои демократӣ ба анҷоим хоҳад расид.

  Боиси таассуф аст, ки аллакай иғвогарию ҳангомасозӣ, тафриқаандозӣ дар тӯҳматзаниҳо аз тарафи баъзе расонаҳои хабарии ифротӣ нисбат ба ин чорабинии муҳим ба роҳ монда шудааст. Ҳол он, ки барои шаффоф гузаштани интихобот, рафти он таҳти мушоҳидаи даҳҳо гурӯҳ ва садҳо нозирони байналмилалӣ ва дохилӣ қарор хоҳад гирифт. Ҳар гуна дахолат ба ин маърака ғайриқонунӣ буда, танҳо салоҳият ба дасти нозирон аст. Мудохилаи беасоси бадхоҳони миллат ба раванди кории омодагӣ ба интихобот, ки дар пояи меъёрҳои байналмилалӣ ва риояи арзишҳои демократӣ сурат мегирад, халал ворид менамояд.  Мудохила ва сару коргирии бархе аз ашхоси бегона ва бе салоҳият ба ин маърака, ки ақоиди дурӯғину палиди онҳо тавассути  сомонаҳои ифротӣ таблиғ мешаванд, танҳо бо мақсади иғвогарӣ амалӣ карда мешаванд. Ба василаи ахбори иғвоангез ва пахши иттилооти муғризона бедор кардани ангезаҳои номатлуби бадбинӣ нисбати миллат ва ифротгароии қишрҳои осебпазири иҷтимоӣ, яке аз ҳадафҳои асосии расонаҳои наҳзатист. Мақсади асосии пахши иттилооти муғризонаи хабарнигорони ин расонаҳо боиси ташаннуҷи авзоъ ва ниҳоятан, сохтани фазои нофаҳмӣ, миллатбезорӣ ва ифрот аст.

  Мудохилаи бохусумат ва ҳадафноки онҳо ба ин маъракаи мардумӣ  ба тамоми муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ таноқуз дорад. Дурӯғу нифоқангезиҳои чунин сомонаҳо ва туҳматҳои як гурӯҳ хоинони  миллат нисбати ин маъракаи муҳим шаҳодат медиҳад, ки онҳо ҳамагӣ хоҳони ташаннуҷи вазъи сиёсӣ дар кишваранд ва барои барҳам задани амну суботи иҷтимоӣ корбурди тамоми василаҳоро дуруст медонанд.

 Аммо мутмаинем, ки мардуми шарифи кишварамон аз мақсадҳои ғаразноку ниятҳои шуми бадхоҳони Ватану миллат огоҳанд ва амалҳои нангини онҳоро маҳкум мекунанд. Шаҳрвандони ҶТ дар интихоботи навбатии президентӣ ширкат карда, ба ҷонибдории идома ёфтани сиёсати созандагию рушду тараққӣ овоз хоҳанд дод.

 

Хайрулло Раҷабалиев,

ходими илмии АМИТ

Хондан 834 маротиба