JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 10 Сентябри 2020 10:42

Эмомалӣ Раҳмон ва дастовардҳои замони Истиқлол. Тоҷикони ватандор имрӯз дар атрофи Пешвои миллат муттаҳиданд!

Муаллиф: Муним Оламов
    Дар остонаи 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муқаддастарин ва бузургтарин ҷашни мардуми тамаддунсози тоҷик мебошад ва инчунинин дар арафаи муҳимтарин чорабинии сиёсӣ- интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ иддае аз хоинони миллати тоҷик ва бадхоҳони давлат садо баланд карда, ба тӯҳмату бӯҳтони навбатӣ дар нисбати  Ватан  ва ҳамиллатони худ даст мезананд. Хоинони Тоҷикистон, то ҳанӯз аз нияту нақшаҳои харобиоварашон даст накашидаанд ва дар хориҷи кишвар бо кумаки хоҷаҳои берунии худ ба тӯҳматсозӣ ва дурӯғбофиву дасисабозӣ идома медиҳанд.
  Маъмулан дасисаву тӯҳматбофӣ дар ҳаққи Ватан, миллат, давлат ва зодгоҳи худ, яъне обу хоке, ки онҳоро парваридааст, хусусияти зотӣ ва хислати пасти инсонии чунин шахсони хиёнатпешаҳост. Миллат  бояд бадхоҳони давлати тоҷиконро бишносад:  Ташкилоти террористӣ экстремистии “Ҳизби наҳзат”, Паймони ба ном миллӣ, Гурӯҳи-24 , Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон  ва амсоли инҳо.
  Ин хоинони миллат, бадхоҳони  бадбахту беватану бенангу номус пешравиҳои Тоҷикистони азизро дида наметавонанд ва обрӯю эътибори кишварро бо ҳар гуна восита дар арсаи байналмилалӣ паст задан мехоҳанд. Ин миллатфурӯшон, аз муттаҳидии миллати созандаву бунёдкор, ватандӯсту ватанпарвар, соҳибтамаддуну фарҳангӣ ва сулҳхоҳу таҳаммулгаро, ки метавонанд бо ваҳдату сарҷамъии худ ҷомеаи воқеан муосири демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро бунёд намоянд, бехабаранд. Онҳо намедонанд ва ё донистан ҳам намехоҳанд, ки дигар мардуми Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ фирефтаи ин тоифаи ифлосу сияҳдил нахоҳанд шуд. Ваҳдату ягонагии мардум намегузорад, ки душманони миллат ба ҳадафҳои нопоки хеш расанд ва оромию суботи ҷомеаи моро халалдор созанд.
  Аммо набояд фаромӯш созанд, ки халқи Тоҷикистон, ки тақдирашро ба дасти худ гирифтааст ва ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад, хоинону душманони худро хуб мешиносад, дигар ҳаргиз ба доми фиребу найранги онҳо гирифтор намешавад ва оқибатҳои даҳшатбори ҷанги бародаркуши ибтидои солҳои навадуми асри гузаштаро низ ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад. Ба ҷомеа маълум аст, ки барои чунин миллатфурӯшон мафҳумҳои муқаддаси Ватан, миллат, таърих, забон ва фарҳанги миллӣ ягон арзиш надорад.
  Итминон, дорем, ки чунин амалҳои  номардонаи душманони миллат бо  нокомӣ анҷомида, мардуми хирадманду дурандеш ва соҳибмаърифати Тоҷикистон ва ҷаҳониён аз ҳадафҳои нопоки онҳо огоҳ хоҳанд ёфт.
  Бинобар ин, бо шукргузорӣ аз суботу оромӣ ва рушду шукуфоӣ, ки имрӯз дар Ватани аҷдодиамон ҳукмфармост, мардуми шарифи Тоҷикистон таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ояндаи нек дилпурона қадам мезананд ва Ватани маҳбуби хешро торафт ободу зебо мегардонанд.
  Набояд фаромуш кард, ки сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дастоварди таърихии халқи тоҷик мебошад, зеро ба шарофати ин неъматҳо мардуми Тоҷикистон аҳлона заҳмат кашида, то имрӯз садҳо иншооти хурду бузургро бунёд намуданд, фаъолияти корхонаҳои саноатиро аз нав барқарор карданд, ба кишоварзӣ такони ҷиддӣ бахшиданд, роҳу пулҳо бунёд карда, кишварро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшиданд ва Тоҷикистони сепорчаро ба қаламрави воҳид табдил доданд, барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ шабонарӯзӣ кор карданд ва дар натиҷа ба пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ муваффақ шуданд. Татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, назири ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини  амнияти озуқаворӣ  аз дастовардҳои муҳими   Ҷумҳурии  Тоҷикистон маҳсуб меёбанд. 
  Баъзан  мо ҳайрон аз он мешавем,ки чаро бадхоҳони миллат,ки худ  дар ободии Ватан ягон саҳме надоранд, ҳамаруза бо танқиди роҳбарияти кишвар ва мардуми заҳматкаши  кишварамон машғул ҳастанд?  Ин курдилон намехоҳанд эътироф намоянд,ки  дар даврони  Истиқлоли давлатӣ кишвар  ва мардуми мо ба дастовардҳои бузург дар   ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ ноил гаштанд.  Сохтмони иншоотҳои бузурги иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар  Тоҷикистон маҳз бо ибтикори Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вуқуъ пайвастанд.
  Муаммои  душвортарини замони Истиқлоли давлатӣ ин масъалаи истиқлолияти энергетикӣ буд. Дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ, ки ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат мебошанд, бо сохтмони неругоҳҳои хурду калони барқи обӣ, хатҳои интиқоли қувваи барқ, тунелҳо, шоҳроҳҳову пулҳои байналмилалии мошингард ва даҳҳо иншооти азими инфраструктураи иҷтимоӣ натиҷаҳои нек ба даст оварда шуданд.Дар доираи Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нергоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2009-2020 даҳҳо нерeгоҳи обии хурд сохта ба истифода дода шуд.  Аз ҷумла, сохмони  нерўгоҳҳои барқи  обии «Сангтўда-1», «Сангтўда-2», ба охир расонда шуд ва он алҳол ба манфиати халқ хизмат мекунад. Таҷдиду бунёди неругоҳи бузурги аср - НБО-и Роғун, ки барои мардуми шарафманди Точикистон сохтмони сарнавиштсоз майдони нангу номус мебошад. Хатҳои баландшиддати интиқоли нерўи барқи Ҷануб - Шимол, Лолазор – Хатлон, Лолазор - Сангтўда-1, 2 ба  истифода  дода шуданд. Хусусан ба кор даромадани  хатти  500 киловаттаи Ҷануб-Шимол ва дар пойгоҳи асосии он насб гардидани трансформатори дуюм - ин ғамхории бузурги Ҳукумати Ҷумҳурӣ барои сокинони вилояти Суғд дар мавсими тобистону зимистон маҳсуб мешавад. Бунёди роҳҳои оҳан ва автомобилгард, ба монанди «Роҳи мошингарди Бадахшон», «Нақби Истиқлол», «Роҳи оҳани Хатлону Кӯлоб», қадами бузург баҳри иҷрои ҳадафҳои стратегӣ ва омили муҳим дар амри ҳамгироии ҷомеа мебошанд. Бо ибтикори Президенти Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ дар кишвар аз ҳисоби лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ беш аз 2100 километр роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ва зиёда аз 1000 километр роҳҳои мошингарди дохилӣ аз ҳисоби дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ бунёду таҷдид карда шуданд.Роҳҳои  аҳамияти байналмилалӣ дошта рагҳои хунгузари иқтисодиёти миллӣ мебошанд. Дар натиҷаи фаоъолияти  ин шоҳроҳ  ҳамчунин инкишофи инфрасохтории шаҳру деҳоти Тоҷикистон вусъат гирифт.   Чор фасли сол робитаи мустақими заминиву ҳавоӣ бо тамоми минтақаҳои кишвар ва хориҷи он барқарор гардид. Ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии бомароми кишвар идома дошта, барои гузариш аз низоми аграрӣ ба индустриалӣ-аграрӣ таҳкурсии амиқ гузошта шудааст.
  Агар ба ободиву созандагӣ назар афканем бисёр сохтмонҳои бузург ва иншоотҳои барои мардум ҳаётан муҳим сохта ба истифода дода шудаанд ё сохтмонашон идома дорад.
  Сохтани иншоотҳои муосири динӣ (масҷидҳо) дар даврони Истиқлол  ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати динии кишвар мубаддал гашт. Агар дар замони шуравӣ дар қаламравӣ мамлакатмон 17 масҷид вуҷуд дошт буд, имрӯз бошад зиёда аз 4000 масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеъ фаолият менамоянд. Ин аз он гувоҳи медиҳад, ки ҳукумати Ҷумҳурӣ ба бунёди иншоотҳои муосири динӣ таваҷҷӯҳ зоҳир менамояд. Аз ҷумла ба дастгирии давлат дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистилоламон сохтмони бузуртарин масҷиди ҷомеи дар минтақаи Осиёи Марказӣ бо ғунҷоиши 115000  намозгузор ба анҷом расид, ки санги нахустини пойдевори онро Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон гузоштаанд. Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе бузургтарин иншооти динии кишвар дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст. Бояд зикр кард, ки давлат барои фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ аз ҷумла масҷидҳо бе восита мусоидат менамояд.  Бояд қайд кард, ки дар Тоҷикистон барои хоҳишмандон ба маълумоти динӣ шароитҳо хуб фароҳам оварда шудааст.
  Ба ҳайси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  эҳёи анаънаҳои миллӣ, ҳифзи забон ва фарҳанги тоҷик корнамои фавқуллода  кардаанд.
Бо ибтикори Пешвои миллат дар даврони Истиқлолияти давлатӣ оину ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки дар давоми асрҳо ягонагии маънавии мардумро ҳифз мекарданд, аз қабили Наврӯз,Тиргон, Меҳргон, Сада, Шашмақом, Фалак, атласу адрас, чакан ва монанди инҳо, эҳё гардиданд.
  Бо талошҳои пайвастаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қисме аз онҳо, аз ҷумла, Шашмақом ва Наврӯз, ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ва шаҳри қадимаи Саразм ба Феҳристи мероси моддии ташкилоти зикршуда ворид гардиданд. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани мероси таърихиву фарҳангии мо аз як тараф эътирофи тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангӣ бошад аз тарафи дигар натиҷаи босамари   талошҳои Пешвои миллат  мебошад . Бо Қарори Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон ёдго-рии қадимии Саразм, ки дорои таърихи 5500 сола мебошад, ҳамчун марка-зи ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозиитоҷикон-«Мамнуъгоҳи таърихиву бостоншиносии Саразм» эълон гардид. Сарвари давлат зимни дидору мулоқот бо зиёиёни кишвар дар санаи 19 марти соли 2018 пешниҳод намуда буданд, то соли 2020-ум 5500-солагии Саразми бостонӣ ҳамчун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон ҷашн гирифта шавад.
  Соли 2020 ҷашни яке аз ёдгориҳои бостонии кишварамон — шаҳри қадимаи Саразмро доир намоем. Ин маъракаи муҳими фарҳангӣ имкон медиҳад, ки мо маданияти беш аз 5500 — солаи аз ҷониби доираҳои илмии ҷаҳон эътирофшудаи худро ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ созем. 
  Дар замони соҳибистиқлолӣ ба рушди фарҳанги миллӣ диққати ҷиддӣ зоҳир карда шуд. Таҷлили 1100-солагии давлати Сомониён, Соли тамаддуни ориёӣ, Бузургдошти 1150-солагии сардафтари адабиёти тоҷику форс маликушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 2500-солагии шаҳри Истаравшани бостонӣ, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, 700-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 3000-солагии шаҳри Ҳисор, бузургдошти Пешвои мазҳаби ҳанафӣ - Имом Аъзам, Ҷомиву Туғрал, Садриддини Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва дигар бузургону азизони миллат мутантан ҷашн гирифта шуд.
  Солҳои охир гулгашту хиёбонҳои пойтахти азизамон таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат ва ҷидду ҷаҳди бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  ободтару зеботар гашта, маҳбуби дили сокинони пойтахту кишвари азизамон ва меҳмонони шаҳрамон гаштаанд. Бунёди пайкараи аввалин давлатдори тоҷикон Исмоили Сомонӣ, барафрохтани Парчами миллӣ, китобхонаи миллӣ, осорхона, театр, сохтмони садҳо биноҳои баландошёна давлати моро дар қатори кишварҳои пешрафта қарор дода, аз дастовардҳои истиқлолият маҳсуб меёбанд. Сокинону меҳмонон бо завқ дар пойтахти мамлакатамон сайру гашт намуда, сайёҳони хориҷӣ шаҳри Душанберо «Шаҳри гулҳо» ном гузоштаанд. Бо ташаббуси муҳтарам Рустами Эмомалӣ  дар ш. Душанбе корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза пайдо кард. Садҳои корхонаву муассисаҳои нав арзи вуҷуд намуда, аксар бино ва иншооти мақомоти давлатӣ, аз ҷумла ҳифзи ҳуқуқу тартибот, амният, соҳаи маорифу тандурустӣ, фарҳанг, варзиш, майдончаи нави варзишӣ барои кӯдакон бунёд ва азнавсозӣ гардиданд. Умуман дар кишвар садҳо майдонҳои варзишии хурду бузург, боғу гулгаштҳо бунёд гардиданд.   Масалан шумораи умумии иншооти варзишии танҳо дар зарфи солҳои 2008-2018 дар Тоҷикистон ба истифода додашуда,  зиёда аз 9300 адад аст.    
  Дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо ибтикори Президенти кишвар таҳким ва густариши робитаҳо дар доираи сохторҳои ҳамкории байналмилаливу минтақавӣ, ҳамчунин, созмонҳои байналмилалии молиявӣ аҳамияти  хосса  пайдо кард. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаллифи чор ташаббуси бузургест, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ амалӣ шуда ва мешаванд: «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», «Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028».
Ҳоло давлати мо дар самти тараққиёт қадамҳои устувор гузошта, дар бисёр нишондиҳандаҳо дар минтақа пешсаф мебошад. Иқтисодиёти Тоҷикистон баланд шуда, мо ба кишвари содиркунанда табдил гардидем. Истихроҷи тиллову нуқра, алюминий ва маъданҳои гуногун, истеҳсоли молҳои ниёзи мардум, нуриҳои минералӣ, сементу кабел, истеҳсоли автобусҳои замонавӣ камтарин дастовардҳои истиқлолият мебошанд.
  Солҳои охир гулгашту хиёбонҳои пойтахти азизамон, шаҳру вилоятҳои дигар ободтару зеботар гашта, маҳбуби дили сокинони пойтахту кишвари азизамон ва меҳмонони шаҳрамон гаштаанд. Дар тамоми даврони истиқлолият, аз тарафи Пешвои фарзонаи миллат бахшида ба ин ё он соҳаи ҳаёт солгард эълон карда мешавад, ки натиҷаи онро дар ҷамъбасти ҳар сол метавон ба хубӣ дарк намуд. Кишваре, ки ҷангзадаву ноором буд, ба як мамлакати ободу зебо ва минтақаи сайёҳӣ табдил ёфтааст. Сол то сол тааҷҷуби сайёҳон оиди кишварамон баръало мушоҳида мешавад.
  Бунёд гаштани осорхонаҳо, театрҳо, марказҳои фарҳанг, боғҳои фароғатӣ, гулгашт ва хиёбонҳо дар ҳар як шарҳу ноҳияҳои мамлакат тасдиқкунадаи гуфтаҳои болост.
  Дар даврони истиқлолият Тоҷикистон дар соҳаи илму маориф иқдомоти ҷиддиеро роҳандозӣ карда, ислоҳот ва навсозиҳоро босуръат пеш бурда истодааст. Нишондиҳандаҳои дараҷаи таҳсилот собит месозанд, ки саводнокӣ миёни аҳолии калонсол боло рафта, ҳиссаи шаҳрвандоне, ки таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ мегиранд, бамаротиб афзуда истодааст.
  Дар маҷмуъ новобаста аз ниятҳои нопоки бадхоҳони миллат - Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   бемайлон рушд карда истодааст ва ояндаи дурахшон дорад.Миллати тоҷик имруз дар атрофи Сарвари давлат муттаҳид аст ва ваҳдати миллии моро ягон кас халадор карда наметавонад.
 
Муним Оламов,
Директори генералии  ҶДММ “ИмрӯзNews”
 
Бознашр аз рузномаи “ИмрӯзNews”. №151(2150). 10 сентябри  2020
Хондан 1243 маротиба